Насри моҷароӣ дар адабиёти тоҷик таърихи тӯлонӣ дошта, он аз эҷодиёти шифоҳии мардум, амсоли «Ҳазору як шаб», «Самаки айёр», «Синдбоднома», «Чор дарвеш» маншаъ гирифта, баъдан дар асарҳои адибони забардасте ба монанди Маҳмуд Зайниддини Кошифӣ ривоҷу равнақ ёфтааст. Мусаллам аст, ки жанри детективӣ аз мисоли қадимтарини моҷаро «Ҳикоёт дар бораи се себ»-и Шаҳрзода аз афсонаи «Ҳазору як шаб» оғоз мегардад.

Аломати асосии моҷаро (детектив) ҳамчун жанри адабӣ мавҷудияти ҳодисаи пурмуаммо, ҳолатҳои номаълум, ки бояд аз ҷониби тафтишгар муайян карда шавад, ба ҳисоб меравад. Ҳолатҳои тасвиршаванда, яъне ҷиноят бояд аз ҷониби муаллиф пурҳаяҷон тасвир ёбанд. Вале баъзан дар таҷрибаи адабиёти ҷаҳонӣ на ҳамаи ҳолатҳо ба ҷиноят бурда мерасонанд. Масалан, аз 18 ҳикояи Артур Конан Дойл дар панҷ ҳолат ҳодисаҳо таркиби ҷиноятро ташкил намедиҳанд. Чунин ҳолат дар эҷодиёти адиб Зариф Ғулом низ мушоҳида карда мешавад. Аз 20 ҳикояи ба табъ расида дар 5-тояш: «Шоҳиди асосӣ», «Хатои судӣ», «Марги дорбоз», «Боварӣ» ва «Чалаи гадо» содиршавии ҷиноят тасвир наёфтаанд.

Хусусияти асосии жанри моҷаро аз он иборат аст, ки ҳолати кушодани ҳақиқии ҳодиса ба хонанда то ба охир расидани тафтишот пешниҳод карда намешавад. Аз рӯйи ақидаи моҷаронависи машҳур Вэп Макдермид, моҷаро ҳамчун жанр пас аз мурофиаи судӣ бо исботи ҳолати содиршавии ҷиноят арзи ҳастӣ менамояд.

Аслан, детектив калимаи лотинӣ буда, маънояш кушодан мебошад. Дар забони англисӣ бошад, ба маънои ошкор намудан, таҳқиқ кардани ҳодисаҳо омадааст ва айни замон ба жанри адабӣ ва синамогароӣ табдил ёфтааст. Асарҳоеро, ки дар ҷараёни тафтишоти ҳодисаҳои асрорангез ба муайян кардани ҳолати содиршавӣ ва кушодани асрори муаммоҳо бахшида шудаанд, асарҳои детективӣ меноманд. Ба сифати ин ҳодисаҳо ҷиноят рӯи саҳна мебарояд ва ҷӯянда (таҳқиқгар, тафтишгар, муфаттиш) асрори содиршавии ҳодисаро кушода, гунаҳкорро муайян менамояд. Муноқиша дар бархӯрди адолат ба риоя накардани қонун, ба таври дигар гӯем, муборизаи хайр бо шар сурат гирифта, дар охир адолат бар ҷиноят ғалаба мекунад.

Ин жанри адабӣ дар Ғарб ривоҷу равнақ ёфта, адибоне ба монанди Александр Дюма, Эдгар По, Артур Конан Дойл, Жюл Верн, Агата Кристи аз маҳбубтарин нависандагон ба шумор мераванд. Ба хотир биёред, вақте ки Конан Дойл қаҳрамонаш Шерлок Холмсро дар қаторкуҳҳои Алп ба ҳалокат расонд, тамоми аҳолии Англия ба по хест ва мавҷи эътироз сарзамини Британияи Кабирро фаро гирифт. Хонандагон аз адиб талаб карданд, ки қаҳрамони дӯстдоштаашонро зинда гардонад ва нависанда маҷбур шуд, ки Шерлок Холмсро аз нав ба майдони адабиёт баргардонад.

Жанри моҷароӣ дар адабиёти рус ба номи нависандаи бузург Федор Достоевский маҳсуб меёбад, ки ӯ дар асарҳояш «Ҷиноят ва ҷазо» ва «Бародарон Карамазовҳо» бори нахуст дар таърихи ин жанр ҳолати руҳии ҷинояткорро хеле моҳирона тасвир намудааст. Баъдтар, яъне пас аз барқарор гаштани Ҳокимияти Шӯравӣ идомадиҳандаи ин жанр дар адабиёти рус Л. Р. Шейнин ва Юлиан Семенов гардиданд.

Дар адабиёти муосири мо бори нахуст адиби рангинхаёл Абдумалик Баҳорӣ ва нависандаи маъруф Фазлиддин Муҳаммадиев ба ин мавзуъ даст заданд. Бори шуҳрати ин жанрро нависандаи рустаборамон Михаил Левин бар дӯш дошт, ки ӯ якчанд асарҳои детективӣ эҷод намуд ва аз рӯи баъзеи онҳо филмҳои ҳунарӣ низ офарида шуданд.

Шукри Истиқлол, шукри сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба майдони адабиёт адибон Нарзулло Тилозода, Ғайрат Ҳаким, Шарифбеки Азизбек, Хуршед Атовулло ва Зариф Ғулом бо қадамҳои устувор ворид гардиданд ва дар натиҷаи кӯшишу заҳматҳои бепоён ин жанри адабиро ба пояи баланди эҷодиёт бардошта истодаанд.

Дар ин ҷойи гузориш тасмим гирифтем, ки вобаста ба ҳар як адиби моҷаронависамон маълумоти мухтасар диҳем.

Шарифбеки Азизӣ пас аз хатми факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли 1981 ба Вазорати корҳои дохилӣ ҳамчун муфаттиш ба кор омада, то ба нафақа баромадан дар ин даргоҳ фаъолият намуда, аз таҷрибаи андӯхтааш асарҳои «Ҷосус», «Порикоб», «Оҳ, Тамара», «Пораи қанд», «Парвоз», «Сангчарх» ва чанди дигарро навишта, бештар фаъолияти кормандони раёсати фаврӣ – ҷустуҷӯиро ба риштаи тасвир кашидааст.

Нарзулло Тилозода низ хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун муфаттиш дар мақомоти милиса гузаронидааст. Солҳои ҳаштодуми асри гузашта ба эҷоди асарҳои детективӣ пардохтааст. Китоби қиссаву очерку ҳикояҳои «Қотили ниқобпӯш», «Қиссаи портфели сурх», «Туҳмат», «Доми фиреб» ва дигарон ба меҳнати пурмашаққати кормандони милиса ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷамъиятии кишвар бахшида шудааст.

Ғайрат Ҳаким дастпарвари факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буда, силсилаи асарҳои моҷароӣ, аз қабили «Вохӯрӣ дар роҳ», «Тирамоҳи вопасин», «Ифшогари асрор», «Дар роҳи адолат», «Иллатҳои ҷомеа»-ро пешкаши хонандагон гардонидааст.

Хуршед Атовулло ҳамчун рӯзноманигори касбӣ ба насри моҷароӣ маҳбубият пайдо карда, дар ин мавзуъ «Зиндони зиндагӣ», «Марги журналист», «Хунро бо хун мешӯянд» ном асарҳо офаридааст. Ногуфта намонад, ки аз рӯи асари «Марги журналист» филми ҳунарӣ низ ба навор гирифта шудааст.

Зариф Ғулом аслан ба жанри детектив майл дошта, қаҳрамонони асарҳояш алайҳи тоифаи баттоли ҷомеа муборизаи беамон мебаранд. Тӯли фаъолияташ романҳои «Бори каҷ – дар роҳи каҷ», «Табаддулот», «Шикасти салтанат» ва маҷмӯаҳои қиссаву ҳикояҳояш бо номҳои «Шоҳиди асосӣ» ва «Ҳақиқати талх»-ро ба табъ расонидааст. Аввалин адиби моҷаронавис мебошад, ки дар офаридаҳояш ҳолати руҳӣ – равонии судяҳоро тасвир намудааст.

Аммо қайд кардан бамаврид аст, ки ин жанри адабӣ ҳанӯз ҳам дар адабиёти тоҷик мавқеи устуворро ба худ касб накардааст. Чунин ранг гирифтани ҳолат аз он шаҳодат медиҳад, ки аз як тараф маҳорату истеъдоди адибони мо ба дараҷаи таҷрибаи нависандагони ҷаҳон баробар набуда, аз тарафи дигар сабабҳо ва омилҳое мебошанд, ки жанри детективӣ дар байни хонандагон маҳбубият пайдо накардааст. Пеш аз ҳама ба теъдоди кам ва ё тамоман нашр нагаридани асарҳои детективӣ аз ҷониби нашриёти «Адиб» сабабгори ин ҳолат гардидааст. Баъдан, аз тарафи муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва шабакаҳои телевизионӣ таваҷҷуҳ зоҳир накардан ба эҷодиёти нависандагони моҷаронавис ва наофаридани филмҳои ҳунариву мустанад ба шумор меравад. Ва сабаби аз ҳама муҳим набудани тарғиб ва ташвиқоти асарҳои моҷароӣ мебошад, ки ин боиси пайдо нагардидани маҳбубияти хонандагон ба ин жанри адабӣ гардидааст.

Дар ин гузориши начандон бузургҳаҷми худ эҳтимол на ҳамаи паҳлуҳои жанри моҷароиро кушода бошам. Аз ин хотир, аз хонандагони муҳтарам эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки бо пешниҳоду дархосту эроду таклифҳои худ мазмуну мундариҷаи жанри моҷароиро бо мақсади баланд бардоштани мавқеъ ва манзалати он пура ва мукаммал намоянд.

Зариф ҒУЛОМ,

нависандаи моҷаронавис

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь