Аз он чӣ гуна метавон раҳоӣ ёфт?

Таъсири фарҳанги рус ба мардуми минтақаи Осиёи Миёна ҳанӯз дар асри 18 оғоз гардида буд. Чунин як таъсиргузорӣ пас аз зери таъсири армияи ҳукумати подшоҳии рус қарор гирифтани ин минтақа ба авҷи аъло расид. Маданияту фарҳанги рус солҳо инҷониб дар ин минтақа ҳукмрон буд. Тӯли солҳои зиёд мардуми ин минтақа зери таъсири ин ҳукумат қарор гирифта буд. Чунин бархӯрд пас аз барҳам хӯрдани ин ҳукумат ва таъсис ёфтани империя бузурги Шӯравӣ низ ба мушоҳида расид. Аммо сиёсати ин импрерия дар тафовут ба сулолаҳое, ки ин сарзаминро ғасб карда буданд, ба куллӣ фарқ мекард.
Тӯли 70 соле, ки мардуми тоҷик зери таъсири идеологияи коммунистӣ қарор дошт, тавонист аз як тараф худро муаррифӣ кунад, аз ҷониби дигар, бо ҷурми роҳбарияти вақт баъзе аз муқаддасоти худро аз даст диҳад. Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин, мардуми 15 республика зери як унвон – «советский человек» ва ё таври маълум, «шуравӣ» муаррифӣ мешуданд. Идеологияи ягона зери ливои ҳизби ҳоким онҳоро бо ҳам мепайваст. Мардум тавони ба ҳамдигар кӯмак кардан ва хоҳони ба ҷо овардани эҳтироми ҳамдигарро доштанд. На рус тоҷикро мекушт ва на тоҷик русро ба ин ҷурм бад медид.
Лозим ба таъкид аст, ки дар муқоиса ба намояндагони мардумони дигар, русҳо дар ин макону дар ин маврид нақши хоса доштанд. Ин падида ба ду омил пайвастагии қавӣ дошт: аввалан ин ки русҳо дар тафовут ба мардумони дигари минтақа дорои дониши хуби техникиву электрикӣ ва сиёсиву иқтисодӣ буданд. Аз ҳамин лиҳоз, онҳо бештар дар ташаккули илму техника дар ин сарзамин саҳми сазовор гузоштанд, ки дар натиҷа сатҳи зиндагии мардум низ дигар гардид. Омили дигаре, ки мавқеи хоса доштани русҳоро дар минтақа бозгӯ буд, ин аст, ки танҳо онҳо метавонистанд ба талаблоти роҳбарияти компартия ҷавобгӯ бошанд. Аз ин рӯ, дар арсаи сиёсат русҳо дар муқоиса бо мардуми таҳҷоӣ вазифаҳои калидии давлатиро ишғол карда буданд. Чунин ҳолат то замони пайдо шудани кадрҳои наву соҳибтаҷриба аз миёни мардуми ин кишварҳо идома ёфт.
Тоҷикистон низ дар радиф истисно набуд. Русҳо дар самтҳои мухталифи сиёсиву иҷтимоии кишвар нақши бориз доштанд. Хусусан, дар соҳаи инкишофи хоҷагидорӣ саҳми онҳо бараъло мушоҳида мегардид. Шумораи мардуми русзабон низ дар ин давра миқдори зиёдро ташкил медод. Аммо дар аввали солҳои 90-ум вазъият ранги дигарро ба худ касб кард. Империяи Шӯравӣ бо коми марг фурӯ рафт. Вазъияти ногувори сиёсӣ, пайдоиши гуруҳҳои сиёсиву манфиатҷӯ ҳастии давлтҳое чун Тоҷикистонро зери шубҳа қарор дод. Дар қатори садҳо ҳамватанон, мардуми руссзабон низ тарки кишвар намуданд. Авҷи ҷанги шаҳрвандӣ, ки ҷони ҳазорҳо нафарро ба коми марг бурд, ба ҷараёни кӯчбандии мардуми русзабон вусъат бахшид. Вале ин падида охирин пайвандгари маданиву иқтисодӣ ва сиёсии ин ду кишвар набуд. Муносибатҳои дӯстонаву дипломатии ин кишварҳо то имрӯз низ дар сатҳи олӣ қарор дорад. Заминаи муносибатҳои дипломатии Русия ва Тоҷикистон 8-уми апрели соли 1992 гузошта шуд ва то имрӯз ҳамчун шарики боэътимоди стратегии ҳамдигар ба шумор мераванд. Моҳи феврали соли 2017 сафари Президенти Русия В. Путин ба Тоҷикистон сурат гирифт. Роҳбарият зимни мулоқот 25-солагии муносбатҳои дипломатии ду кишварро таҷлил карданд. Дар ин радиф, метавон аз омилҳои дигаре низ ёдовар шуд, ки аз муносибатҳои қавию дуҷонибаи Тоҷикистон ва Русия гувоҳӣ медиҳанд. Ба ҳайси мисол метавон аз азимтарин базаи ҳарбии Русия – 201-ум дивизия ном бурд, ки дар сарзамини Тоҷикистон карор дорад. Сафорати Русия дар кишвар аз 4-уми майи соли 1992 инҷониб фаъолият мекунад. Ба сифати яке аз дастовардҳои бузург метавон ба имзо расидани «Шартнома дар бораи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ва кӯмаки ҳамдигарӣ» («Договор о дружбе, сотрудничестве и взаимопомощи»)-ро зикр намуд, ки ҳанӯз 25-уми майи соли 1993 миёни ин ду кишвар ба тасвиб расида буд. Имрӯз чандин ҳазор муҳоҷирони тоҷик дар ин сарзамин кору фаъолият доранд. Илова бар ин, ҳамин миқдор ҷавонони Тоҷикистон дар макотиби Русия таҳсили илм доранд. Миқдори чунин далелҳое, ки аз дӯстиву рафоқати ду кишвар гувоҳӣ медиҳанд, зиёданд. Аммо он чӣ, ки дар фавқ зикр шуд, кофист, то хонанда дар зеҳни худ ин нуктаро ғунҷонад, ки Русия муҳимтарин шарики стратегии Тоҷикистон ба шумор меравад, ҳамон тавре, ки Тоҷкистон барои Русия. Аммо…
Кӯчбандии мардуми русзабон аз Тоҷикистон ба сатҳи зобондонии мардуми мо таъсири ҷиддӣ расонд. Айни замон, мувофиқи Конститутсияи кишвар забони русӣ ҳамчун забони муоширати байналмилалӣ муаррифӣ шудааст. Дар ин баробар, забони русӣ ҳамчун василаи дастрасӣ ба технологияи наву ҳозиразамон, фарҳанг ва санъат ва омӯзиши он дар тамоми макотиби кишвар ба роҳ монда шудааст. Бо вуҷуди ҳамаи ин, савияи забондонии ҷавонони кишвар дар сатҳи паст қарор дорад. Чунин ҳолат метавонад аз ду падида гувоҳӣ диҳад: аввалан, аз паст будани сатҳи таълим ҳам дар макотиби миёна ва ҳам дар макотиби олӣ. Дуввум, чунин хунукнназарӣ боис гардид, ки дигар нигоҳи мардум ба забону адабиёти рус коста гардад. Дар умум, ин ду падида гувоҳ аз хунукназарии Вазорати маориф ва илми кишвар аст.
Чанде пеш ҳафтаномаи «Тоҷикистон» суҳбати мустақимеро тариқи телефон бо вазири ин ниҳод баргузор намуд. Мардуми огоҳ саволҳои зиёд доданд. Нафаре аз он азият мекашид, ки бо вуҷуди доштани ду диплом наметавонад кори хубе пайдо кунад. Нафари дигаре аз он пурсон мешуд, ки ба кадом сабаб фалон китобро азбарномаи дарсӣ гирифтаанд. Аммо дар ин моваро касе ҳам аз вазир пурсон нашуд, ки чаро дар барномаи дарсии мактабҳои миёна таълими фанҳое чун «адабиёти рус», «таърихи рус» ба роҳ монда нашудааст?!
Аммо дар ин миён як амали Вазорати маориф ва илм «боиси таҳсин гардид». Соли равон вазорат тасмим гирифт, ки дарсҳои «таълими меҳнат ва тарбияи ҷисмонӣ» ба забони русӣ газаронида шаванд. Чунин як тасмим ҳанӯз ҳалли мушкилот нест. Тасмими мазкур метавонад чун ҳарвақта аз ҷониби вазорат ба коми фаромӯшӣ равад. Бо вуҷуди ин, иқдоми роҳбарияти вазорат ба интиқоди «журналистони мустақил» рӯ ба рӯ гардид. Ин тоифа журналистон иқдоми мазкурро «тамаллуқ ва чоплусӣ» унвон карданд. Вокуниши ин тоифа бозгӯи он буд, ки онҳо метавонанд аз ин ба баъд низ монеи инкишофи забони русӣ дар кишвар гарданд. Аммо дар ин баробар, метавонанд аз эронпарастӣ ва ё ба ибораи дигар, аз кӯмаки «бародарони эронӣ» даст накашанд.
Барои дар муқобили чунин падидаҳо қарор гирифтан, бояд сифати таълиму тарбияро дар макотиби кишвар ба таври дурусту замонавӣ ба роҳ монд, шумораи дарсҳои забони русиро бештар кард, мутахассисони хуби ин соҳаро ба кор қабул намуд. Амалӣ шудани чунин иқдом шояд номи ин ниҳодро дар саҳифаи таърих солҳо нигоҳ дорад. Дуруст аст, ки шумораи мактабҳои русӣ дар кишвар кам нестанд. Вале қимати таҳсил дар ин гуна мактабу гимназияҳо гарон буда, мардуми оддӣ аз истифодаи онҳо фарсахҳо дур қарор доранд. Ба назар чунин мерасад, ки дар сурати ҳал нашудани мушкилиҳои зикршуда ва ё хунукназарӣ, қабл аз ҳама насли ҷавону солим маҳв мегардад. Чунин фазо метавонад беҳтарин имкон баҳри пайдо кардани «луқма» барои гуруҳҳои терористӣ бошад.
Аз рӯи адл нест, агар талошҳои ҳукуматро баҳри баланд бардоштани сатҳи забондонии ҷавонони кишвар нодида гирем. Баланд бардоштани сатҳи забондонии ҷавонон ва омӯзиши донишҳои наву замонавӣ аз мавзуҳои муҳим дар баромадҳои роҳбари давлат ба шумор меравад.
Соли 2013 сарвари давлат зимни сафари худ ба Русия, дар шаҳри Маскав аз роҳбарияти ин кишвар дархост карда буд, то 4 ҳазор муаллим ба Тоҷикистон фиристонад. Ҳамчунин, гуфта шуда буд, ки дар баробари кафолати амният, онҳо бо манзили истиқоматӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд. Аммо ҷониби Маскав хомӯширо ихтиёр кард ва то имрӯз низ касе дар ин бора дигар наандешид.
Аслан, барои нигоҳ доштани забони русӣ на танҳо Тоҷикистон, балки бояд ҷониби Маскав низ аҳамияти ҷиддӣ диҳад. Сафорати Русия бояд бо истифода аз сайти интернетии худ барои густариши забони русӣ тадбирҳои зарурӣ андешад. Барои мисол, таъсиси курсҳои махсуси омӯзиши забони русӣ ба таври ройгон на танҳо дар пойтахти кишвар, балки дар манотиқи дурдасти куҳистон, гузаронидани озмунҳои гуногун барои донандагони забони русӣ, чопи китобҳои мутобиқсохташуда аз ашъори М. Горкий, Тургенев, Чехов, Булгаков, Толстой, А. С. Пушкин ва ғ. метавонанд барои ташаккули минбаъдаи забони мазкур замина гузоранд. Нашри маҷалла ва ё рӯзномаи мактабӣ ба забони русӣ, иштироки муаллимони забони русӣ дар курсҳои такмили ихтисос ва дар ин баробар фиристодани муаллимони соҳибтаҷриба ба Тоҷикисон низ метавонад омили баланд бардоштани сатҳи забондонӣ гардад.
Соли 2012 Думаи давлатӣ қонунеро ба тасвиб расонд, ки дар заминаи он муҳоҷирон вазифадор шуданд, то барои роҳ ёфтан ба Русия сараввал имтиҳон супоранд. Чунин иқдом вазъиятро боз ҳам душвортар кард. Агар қаблан забони русӣ барои такмили илм ва тамошои барномаҳои русӣ истифода мешуд, пас имрӯз он ҳамчун калид барои роҳ ёфтан ба бозори мардикорӣ гардид.
Вале, ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, имрӯз забонҳое чун англисӣ ва хитоӣ мавқеи забони русиро танг карда истодаанд. Эҳтимол чунин омили аслии чунин ҳолат дар паст будани савияи забондонии муаллимон аст, ки ин забон мавқеи дувумдараҷа ба худ касб кард. Аз тарафи дигар, набудани китобҳои ҷолиб ва оммафаҳм боиси он гардидааст, ки ҷалби насли нав ба ин забон коста гардад. Масалан, имрӯз дар «Шаҳраки донишҷӯён» маркази омӯзиши забони русӣ, ки роҳбариашро Нағзибекова Меҳриниссо Бозоровна ба уҳда дорад ва маркази фарҳангиву маънавии Конфутсия бо роҳбарии Дзия Дзин Фан фаъолият доранд. Ба назар чунин мерасад, ки шумораи довталабони забони хитоӣ дар муқоиса ба забони русӣ меафзояд.
Албатта, дар шароити ҷаҳонишавӣ моро зарур аст, ки на танҳо забони русӣ, балки забонҳои дигаре ба мисли англисӣ, хитоӣ, олмонӣ, франсузиро омӯзем. Аммо, чун мо бо мардуми рус пайванди фарҳангиву таърихӣ дорем, забони хитоӣ, ки тамаддуни мардумаш аз тамаддуни мо фарсахҳо дур аст, бояд бароямон мавқеи дувумдараҷа дошта бошад.
Муҳимтарин роҳи раҳоӣ аз бунбасти бесаводӣ (надонистани забони русӣ) бояд таълими ҷавонон дар мактоби русӣ, чи дар кишвар ва чи дар ҳудуди Русия бошад. Забони русӣ ба ҷавонони мо имкон медиҳад, ки таърихро омӯзанд, воқеаҳои имрӯзаро таҳлил кунанд ва ба ин васила ояндаро пешгӯӣ карда тавонанд. Барои мисол, метавон Донишгоҳи федералии шимолии Русия (ДФШР)-ро, ки дар шаҳри Архангелски Русия қарор дорад, зикр намуд. Аслан, Архангелск, ҳамон тавре, ки худи русҳо мегӯянд, «город воинской славы», шаҳри ором ва зебост, шаҳрест, ки дар он нобиғае чун М. И. Ломоносов ба дунё омадааст. Дар хусуси мардумаш танҳо метавон гуфт, ки мисоли мардуми Шарқ меҳмоннавоз ва меҳрубонанд. Соли равон ДФШР дар рейтинги байналмилалӣ дар қатори 100 беҳатарин донишгоҳи Русия ворид гардид. Имрӯз дастпарварони ин донишгоҳ дар вазифаҳои калидии давлатӣ низ қарор доранд. Муаллимони донишгоҳ дорои донишҳои замонавӣ буда, аксарияташон дасрпарварони донишгоҳҳои Маскаву Питер мебошанд. Имрӯз дар донишгоҳ ҷавонони зиёд аз кишварҳои гуногун таҳсили илм доранд. Тоҷикистон низ дар ин радиф истисно нест. Дониши наву замонавӣ ва забондонӣ ба онҳо имкон медиҳад, ки минбаъд муаррифгари миллату давлати худ бошанд. Аз ин лиҳоз, таълими ҷавонони тоҷик дар чунин донишоҳҳо метавонад барои раҳоӣ аз «бунбасти забонӣ» мусоидат кунад.

Диловар САЛИМОВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь