Намедонам, онҳое, ки Муродбеки Насриддинро азоб медоданд, зиндаанд ё не, вале медонам, ки на ҳоло ва на пас аз сад сол касе номи онҳоро нахоҳад донист. Онҳо гумноми таърих шудаанд, аммо ҳазорон нафар садои Муродбекро бо шӯри дил мешунаванд ва барояш «аҳсант» мегӯянд. Ва ҳамин гуна идома хоҳад кард, чун «танҳо садост, ки мемонад…»

Ёд дорам, донишҷӯ будаму шунидам, ки маъмурони фарҳанг яке аз беҳтарин сурудҳои ӯ «Дунё ғанимат аст, аз ман хабар бигир»-ро ки бар матни Гулрухсор суруда шудааст, ба саҳна роҳ надоданд. На танҳо роҳ надоданд, балки ӯро ба хурофоту тақдирпарастӣ ва пессимизм айбдор карданд. Он «оқилон» матни Гулрухсорро яъс шумурданд ва тарона маҳбус шуд. Ин воқеа, тахминан, охири солҳои 70-ум буд. Қариб пас аз 20 сол тарона ҳамроҳи Тоҷикистон озод гашт. Бархе аз таронаҳои дигари Муродбеки Насриддинро, ки бар пояи осори шифоҳӣ ё фолклорӣ эҷод мешуданд, «оқилон»-и давр хуш надоштанд ва шоистаи саҳна намедонистанд. Ҳоло сели таронаҳои кӯчагӣ на танҳо саҳна, ҳама ҷоро шуставу бурдааст. Ё кори ҷуғрофиё буд ё ҳасад, ки овозхони худододро ба ҳар шева мешикастанд, рӯҳафода мекарданд, атрофаш хат мекашиданд, ба саҳна роҳ намедоданд, то дар соя бимонад. Агар ба ҷойи ин ғамхорӣ медид, шояд чакомаҳои зиёд ва зебову нотакроре ба дунё меомад. Ӯ метавонист аз худ як қурбонии зӯргӯӣ ба фарҳанг орояд ва хостори таваҷҷӯҳи ҷомеа шавад. Аммо инсони фурӯтану хоксор ҳаргиз дар пайи шуҳрати дурӯза набуд ва ба ҳама нокомию нописандиҳо мардона тоб овард.

Бо вуҷуди ин ҳама фишорҳо Муродбеки Насриддин созанда ва сарояндаи беҳтарин таронаҳост. Садои ӯ вижа, махмалӣ ва дилнишину нодир аст. Нашунидаам, ки беҳтар аз садои ӯ садое «Мезанад борон ба шиша»-ро хонда бошад. Шояд трагизм ва тобиши фитрии ғамангезии садояш буд, ки «оқилон» онро пессимистӣ мешумурданд. Вале ба садои Демис Руссос гӯш диҳед. Ё Игор Талков. Ё ҳатто Давлатманди Хол. Ҳамин тобиш аст, ки ба садо ранг медиҳад. Ва суруд бояд ранг дошта бошад.

Овози Муродбек ба садои булбуле мемонад, ки ҳарчанд аз ишқу фараҳ чаҳчаҳа мезанад, дардро канори шодӣ мегузорад ва аз поёни фоҷиаомези достони инсон паём медиҳад ва дар миёни бамҳои шодмонӣ зерҳои ғамангезе дорад, ки дили моро мефишоранд ва огоҳамон мекунанд, ки зиндагӣ фақат навбаҳори гулафшон нест. Гоҳи дигар ин тобишҳо ба садояш лаҳни ғуруру қаҳрамонӣ ва ҷасорат ҳамроҳ мекунанд.

Дар комёбии худ дар радио ман бидеҳкори устод Муродбеки Насриддинам. Дар бораи нахустин сафари сипаҳсолори бузург Аҳмадшоҳи Масъуд ба Тоҷикистон гузориш таҳия мекардам. Он аз як хабари рӯз фаротар рафт ва ба шахси ин чеҳраи мондагор рабт гирифт. Ниёзе пеш омад, ки зиндагӣ ва корномаи Масъуд барои шунавандаи тоҷик бештар шарҳ дода шавад. Дар поёни кор гӯё чеҳранигорие аз Масъуд рӯнамо шуд. Ва чун нахустин бор ба Тоҷикистон омадани ӯро зикр мекардам, ин суруди Муродбекро ба барнома ҳамроҳ намудам:

Ин кист ин, ин кист ин ширину зебо омада,

Сармасту наълин дар бағал, дар хонаи мо омада.

Хона дар ӯ ҳайрон шуда, андеша саргардон шуда,

Сад ақлу ҷон андар паяш бедасту бепо омада.

Ин пайванде буд осмонӣ. Вақте дубора барномаро гӯш кардам, худам ларзидам. Донистам, ки чунин эҳсос ба шунаванда низ даст хоҳад дод. Воқеан, чанд сол баъд яке аз ҳамкоронам он барномаро ба ёд оварду гуфт, ки гузоштани ин суруди Муродбек дар ҷойи муносиби барнома барояш чунон дилгудоз буда, ки дар чашмонаш ашк дамидааст.

Барномаи ман тахминан охирҳои соли 1996 ё аввалҳои соли 1997 дар радио садо дод. Ду сол баъдаш шунидам, ки ҳамин таронаи Муродбекро эрониҳо дар як намоиши телевизионӣ дар лаҳзаҳои берун омадани Имом Хумайнӣ аз ҳавопаймо дар фурудгоҳи Меҳрободи Теҳрон низ пахш кардаанд. Плагиат? Намедонам. Шояд бузургӣ ва зебоии худи тарона сабаб шудааст. Матни зебои Мавлавӣ бо садои зебои Муродбек ва дар як оҳанги дилчасп. Мегӯянд, ки аз шоирон чанд байт мемонад. Пас, аз нависандагон чанд достон ва аз овозхонон як ё ду тарона. Ин чакомаи Муродбек бар замми «Мастон саломат мекунанд», “Ҳар гаҳ, ки бо туям», «Рубоиёти Зарафшон» баъд аз сари мо ҳам садо хоҳад дод ва шунаванда ҳам хоҳад дошт. Суруди «Ин кист ин» шояд замоне низ садо диҳад, ки Масъуди наве ба хонаамон хоҳад омад.

Салим АЮБЗОД

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь