Охири соли гузашта, дақиқтараш 28 декабр аз тариқи шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пахш гардид. Дар зарфи наздик ба сеюним соат Сарвари давлат дар ҳузури вакилони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, доираҳои дипломатӣ, раҳбарияти ниҳодҳои давлатӣ ва намояндагони табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нуқтаҳои ҷолиберо манзур намуд. Аз ҷумла, боло бурдани сатҳи некуаҳволии халқи мамлакат, марҳила ба марҳила афзудани маош ва нафақа, ба вуҷуд овардани шароити мусоиди корӣ ва ташкили зиндагии шоиста дар меҳвари суханронии Паёмии Сарвари давлат қарор гирифт. Ба ин маъно, Сарвари давлат ишора фармуданд, ки аз 1-уми январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 дар сад зиёд мешавад. Илова бар ин, Сарвари давлат масъалаи аз 1 июли соли 2024 30 дар сад боло бурдани нафақаҳои суғуртавии меҳнатӣ, инчунин иловапулии онҳоро ба миён гузошта, дар ин замина ба тасвиб расидани дастуру фармоишоти заруриро паём доданд. Бар ин асос, аз 1-уми июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин стипендияҳо 40 дар сад зиёд мегардад. Зимнан, аз 1-уми июли соли 2024 ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар мегардад, ки ин навъ ибтикороти маишию молиявӣ дар кишвар бесобиқа аст.
Масъалаи рушди илму маорифи ватанӣ ва дар ин замина боло бурдани сатҳи донишу маърифати насли наврасу ҷавон, ки беш аз пеш ба маориф ва шахси омӯзгор вобастагӣ дорад, дар Паём махсус баррасӣ гардид. Ба ин манзур, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вазъи маорифи ватаниро дар қолаби муқоисаи мантиқӣ арзёбӣ намуда, аз ҷумла тазаккур доданд, ки самти маориф дар сиёсати давлатӣ дар авлавият қарор доштаву дорад. Аз рӯйи таъкиди Сарвари давлат, омӯзгор дар ҳамаи давру замон ва бахусус, дар шароити Истиқлоли давлатӣ шахсияти мафкурасоз ба шумор меравад ва рушду тараққиёти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат, пеш аз ҳама, ба кори ҳадафмандонаи табақаи омӯзгорӣ вобастагӣ дорад. Ин масъалаи актуалӣ ҳанӯз дар Паёми қаблӣ (23 декабри соли 2022) матраҳ гардида, дар ин замина Сарвари давлат барҳақ таъкид гардида буданд, ки: “Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф намуда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад. Вобаста ба ин, бори дигар таъкид менамоям, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад. Бинобар ин, ғамхорӣ ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад”.
Зимнан, муҳим будани маорифи ватанӣ, дуруст кор кардани механизми соҳавӣ, боло бурдани сатҳи саводу маърифати насли наврасу ҷавон, такмили донишҳои илмӣ дар муассисаҳои таълимӣ, мубориза бар зидди хурофоту таассуби мазҳабӣ, тарбияи худшиносии миллӣ дар ҷараёни таълиму тадрис, пайванди маорифи миллӣ бо амнияти давлатӣ аз ҷумлаи масъалаҳои асосие буданд, ки дар Паём мӯшикофона баррасӣ гардиданд. Сарвари давлат зимни ҷамъбасти таҳлилҳо дар заминаи соҳаи маорифи ватанӣ фармуданд: “Маҳз ба ҳамин хотир, мо дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ менамоем. Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдом дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад. Фаромӯш набояд намуд, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад. Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад”.
Яке аз масъалаҳои муҳимме, ки дар Паём ишора шуд, масъалаи маърифати ҳуқуқӣ маҳсуб мешавад. Аз ин ҷост, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тазаккур доданд, ки қонунгузорӣ бояд пайваста такмил дода шуда, бо ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҳамоҳанг бошад. Дар ин замина Сарвари давлат аз аъзои парлумони кишвар – аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал оварданд, ки бояд тамоми саъю кӯшиши худро ба ин самт равона созанд. Сарвари давлат дар ин замина пешниҳод намуданд, ки бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 дар мамлакат “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардад. Дар ин замина, дастур дода шуд, ки тамоми сохтори мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамаи захираю имкониятҳоро ҷиҳати таъмини тартибот ва волоияти қонун барои соли 2024, ки 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, сафарбар намоянд. Сарвари давлат аз шароити мураккаби давлатдорӣ дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта ёдовар шуда, нахустин конститутсияи миллиро, ки 6 ноябри соли 1994 дар шароити ниҳоят вазнину ҳассоси сиёсию мафкуравӣ ва иқтисодию мадании ҷумҳурӣ тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида буд, ба унвони ҳуҷҷати зарурии давлатсозӣ ва ҷомеаофаринӣ арзёбӣ карда, дар ин бобат фармуданд: “…аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми мамлакатро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад”.
Сарвари давлат аҳамияти Коснтитутсияи соли 1994-ро, ки соли 2024 аз 30-солагии он таҷлил мегардад, дар Паём махсус таъкид карда, дар ин робита фармуданд: “Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем. Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шавад”.
Эълон шудани соли 2024 ба унвони “Соли маърифати ҳуқуқӣ” дар назди ҳуқуқшиносон, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, омӯзгорони фаннӣ ва умуман, зиёиёну хизматчиёни давлатӣ вазифаҳои мушаххас мегузорад. Ба ин манзур, бояд ҳамагӣ дар боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, аз ҷумла насли наврасу ҷавони ҷомеа саҳми муносиб бигузорем. Дар ин замина, омӯзгорони фаннӣ ва роҳбарони синф муваззафанд, ки бахши “Тарбияи ҳуқуқӣ”-и Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006 таҳти №94 ба тасвиб расидааст, дар доираи саотҳои дарсӣ ва бахусус, соатҳои тарбиявӣ мавзуи тарбия ва маърифати ҳуқуқиро тавзеҳу тафсир намоянд. Аз ҷумла, бо такя ба Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонандагон дуруст фаҳмонидани моҳияти масъала ва махсусан, вазифаи тарбияи ҳуқуқӣ вазифа ва рисолати омӯзгор аст. Тибқи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: “Вазифаи тарбияи ҳуқуқӣ донистани ҳуқуқ ва вазифаҳои муқарраршуда ва риояи онҳо мебошад. Риояи конститутсия, қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳо ва шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намудан, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он, ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, супоридани андозҳо ва пардохтҳо ва ғайра сатҳи маърифат ва ахлоқи шаҳрвандро баланд намуда, мавқеи ҷамъиятии ӯро устувор мегардонанд”. Хулоса, бо гӯшзад кардани асосҳои тарбияи ҳуқуқӣ, ки аз тарбияи миллӣ сарчашма мегиранд, омӯзгор хонандагонро дар руҳияи қонундонию қонунписандӣ тарбия намуда, ҳамзамон дар боло рафтани сатҳи маърифат ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон саҳми муносиб мегузорад.
Бовар дорем, ки таҷлили саросарии 30-солагии қабули Конститутсияи миллӣ дар ҷумҳурӣ ҳодисаи фараҳбахши таърихию сиёсӣ гардида, боиси боло рафтани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеа мегардад.
Матлуба Нурова,
омӯзгори МТМУ №9-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе