Рустам Орифӣ зодаи шаҳри Душанбе буда, хатмкардаи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода мебошад. Ҳоло ӯ 38 сол дорад. Рустам аввалин эҷодкорест, ки нашри комиксҳои тарбиявиро дар Тоҷикистон бо номи “Одамкитоб” ба роҳ мондааст. Ӯ аз роҳи тайкардааш ба мо қисса кард.

“Шикаст оғози дигар буд”

– Аз хурдӣ ба эҷод шавқ доштам. Вақте ба 18-солагӣ расидам, комикси нахустинамро кашидам. Он “Ҷаҳонро нигар бо чашми хирад” ном дошт, – мегӯяд Рустам Орифӣ.

Нахуст комиксро падари хонадон дид ва “намешавад” гӯён, дигар таваҷҷуҳ накард. Рустам дилгир нашуда, ба модар нишон дод. Ӯ низ як назар карда, чанд эрод гирифт. Бо ҳамин, оташи қалби қаҳрамони мо якбора хомӯш шуд ва дигар фурӯзон нагашт.

Рустам баъди хатми донишкада ба Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ба кор даромада, то зинаи коргардонӣ расид. Ӯ саъйю талош мекард, то лоиҳае омода созад, аммо ҳар дафъа кӯшишҳояш бебарор анҷом меёфтанд, нақшаҳояш амалӣ намешуданд.

– Бо вуҷуди он, ки маош намегирифтам, норозӣ набудам, зеро корамро дӯст медоштам.   Аммо нофаҳмие, ки дар коргоҳ сар зад, боиси дилсардиам гардид, – ба хотир меорад ӯ.

Қаҳрамони мо аз ноомади кор рӯҳафтода нашуда, роҳ сӯйи муҳоҷират пеш гирифт. Дар Русия, ба як ширкате ба кор даромада, зиндагиро аз саҳифаи нав оғоз кард.

Сари чанд вақт идеяҳои ҷолиб ба сараш меомад, аммо ба онҳо аҳамият намедод. Кӯшиш мекард, ки ҳамаро фаромӯш кунад, аммо шавқу шӯри дил имкон намедод.

– Боре сари миз бо ҳамкорҳо нишаста будам, ки кадоме аз онҳо фиттаи филмҳои тоҷикиро пайдо карда, ба намоиш гузошт. Он чӣ дидем, на филм буд, на намоиш. Нишастагон механдиданд, ман аз шарм сурх мешудам, – ба ёд меорад Рустам Орифӣ.

Маҳз ин воқеа сабаб гардид, ки ӯ дубора барои амали кардани орзуҳои хеш рӯй овард. Шабу рӯз меҳнат карда, аз ҳисоби музди меҳнат дастгоҳи хурди наворбардорӣ харид.

Ҳатто давоми якуним соли муҳоҷират филми кӯтоҳметраже ба навор гирифт, ки дар аввал баҳсҳои шадидеро ба миён оварда, дар охир ба ҷоизаҳои баланд ноил гашт.

-Филми нахустинам “Мӯрча”-ро сабт карда, дар “Тоҷикфилм” ба танзим даровардам. Давомнокии он 27 дақиқа буда, ҷаҳонро аз чашми мӯрча нишон медод,-мегӯяд Рустам.

Вале, тавре худи қаҳрамон бо лабханд иброз медорад, ин “мӯрча нашуд, бало шуд”. Зеро бисёриҳо сахт танқид карда, гуфтанд, ки беҳтараш аз баҳри ин филм барояд.

Ғайричашмдошт, филми мазкур дар бахши “Беҳтарин кори коргардонӣ”-и  Фестивали байналмилалии Қазоқистон сазовори ҷойи якум гардид ва бо Диплом сарфароз шуд.

Ин дастовард Рустамро хушҳол намуд ва ҷиддан аз пайи амалӣ намудани орзуҳо шуд.  Сенарияи филмеро бо номи “Чора” навишт, ки  сабти он аллакай оғоз шудааст. Ин филм оиди нафароне қисса мекунад, ки дар кӯчаи сарбастаи зиндагӣ раҳгум задаанд…

-Нашри комикси “Одамкитоб” ё “Bookmаn” аввалин қадами ман дар ҷодаи амалӣ намудани орзуҳоям буд, ки хушбахтона ҷомаи амал пӯшид,-мегӯяд Рустам Орифӣ.

Ин нахустин комикси тоҷикӣ буд, ки қаҳрамонаш сирф аниматсионии фантастикӣ аст. Ӯ дар вақти холигиаш китоб мехонад, дониш меандӯзад ва саводашро комил месозад.   Аз мутолиаи зиёди китоб дорои қувваи аҷибе мегардад, ки аз дигарон фарқ месозад.

Рустам тамоми донишу малакаи худро сарф намуд, то қаҳрамони мазкурро офарад. Вай сурату сират, хӯю хислати онро кайҳо дар ниҳоди хеш мепарварид. Мақсади қаҳрамони мо ин натанҳо хушҳол намудани кӯдакон, балки тарбия намудани онҳо буд.

Ӯ “Одамкитоб”-ро 40 маротиба таҳрир карда, бо теъдоди 2000 нусха ба табъ расонид. Барои нашри он 30000 сомонӣ маблағ харҷ намуда, орзуи кӯдакиашро амалӣ намуд.

Ҳоло қаҳрамони мо шумораи навбатии “Bookmаn”-ро омода карда истодааст. Ҳамчунин, дар студияи “Cartoon & Movie” тарзи кашидани комикро меомӯзонад.

Тавре Рустам мегӯяд, мо бояд ҳамқадами замон бошем ва асло аз роҳи худ нагардем. Умед мебандем, ки “Bookmаn”-и ӯ ҳамчун қаҳрамони фантастикӣ машҳур мегардад.

Амони Муҳаммад

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь