Бо рӯзноманигор, нависанда ва драматурги шинохта Ҷумъа Қуддус, ки аз ҷумлаи эҷодкорони сермаҳсул ҳаст, пешопеши 66-солагиаш сӯҳбат кардем. Зиёднависӣ дар адабиёт, майдони холии нависандагӣ, ҳаққи қалам, мушкилоти драматургияи миллӣ, зарурати таъсиси кафедраи журналистӣ аз мавзӯи аслии суҳбат буд.

Зодрӯз ва пириву танбалӣ

– Зодрӯзро чӣ гуна ҷашн мегиред? Оё мушкилие доред?

– Аслан, ман зодрӯзамро ҷашн намегирам ва бароям ҳеҷ маънои хос ҳам надорад. Шукр, ки боз ба баҳоре расидам.

Мушкили ман танбалӣ ва пирӣ аст. Яъне, бо ин ду сабаб наметавонам ҳама он коре, ки мехоҳам, анҷом диҳам.

– Шумо дар расонаҳо ва муассисаҳои фарҳангии зиёд ва ҳатто Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъат низ фаъолият доштед. Чаро зиёд ҷойи коратонро иваз кардаед?

– Аксари ин ҷойивазкуниҳо бо даъват буданд ва вақте ки ҷойи дигар мегузаштам аз ҷойи собиқ хоҳиш мекарданд, ки ҳамкориро қатъ накунем. Аз ҷониби дигар, худам ҳам дар як ҷо зиёд истода наметавонам, зеро зиндагӣ якранг мешавад. Ман наметавонам як умр як кору як вазифаро иҷро кунам, фаъолият дар идораҳои гуногун ба ман таҷрибаи бисёр дод, барои асарҳоям қаҳрамонҳои зиёд ёфтам, ҷаҳонбинию фаҳмишамро зиёд кард.

– То ҷое медонем, яке аз таъсисдиҳандагони кафедраи журналистика дар Донишкадаи фарҳанг ва санъат шумо ҳастед. Чӣ зурурат пеш омад, ки онро ташкил кардед?

– Соли 1997 дар телевизион кор мекардам. Бачаҳо таҷрибаомӯзӣ меомаданд, аммо мутаассифона, аз бисёр корҳои телевизион огоҳ набуданд. Ин суханро барои танқиди факултети журналистика намегӯям, балки кори телевизион нозукиҳои худро дорад ва махсусияти онро омӯхтани донишҷӯён ҳатмист.

Бобохон Маҳмадов, вазири пешини фарҳанг барои рафъи мушкилии мазкур пешниҳод карданд, ки ба бачаҳо самти алоҳидаи журналистикаи телевизионро омӯзонидан даркор аст. Барномаи таълимӣ таҳия кардем, муаллимонро ҷалб намудем, оҳиста-оҳиста дастурҳои таълимӣ навиштем ва ҳамин тавр кафедра ташкил шуд.

– Шумо яке аз драматургҳои ангуштшумори кишвар ҳастед. Ҳоло театрҳо аз пйесаҳои шумо истифода мекунанд?

– Бале, солона 4-5 тояшро таҳия мекунанд. Лекин имсол нақшаи театрҳоро намедонам.

– Пйесаҳотон дар кадом театрҳо намоиш дода мешаванд ва аз куҷоҳо гонорар мегиред?

– Асосан, аз театрҳо пул намегирам, зеро гонорари моро Вазорати фарҳанг медиҳад. Хушбахтона, соли гузашта аз вазорат гонорари се пйесаро доданд. Аз театрҳои пойтахт бошад, аз ҳисоби тамошобин фоизи муайян дода мешавад, аммо чанд сол шуд, он ҳам нест.

– Бо гонорари се пйеса як мошин харида мешавад?

– Дар умум 7 ҳазору 500 сомонӣ шуд.

Аз пурмаҳсулӣ то баҳои ҳақиқӣ нагирифтани романҳои таърихӣ

– Оё бисёр навиштан формулаи хос дорад?

– Агар дар замири инсон ишқу шавқи эҷод бошад, ӯ ором намегирад. Ҳамеша фикр мекунад, қаҳрамон меёбад, месозад ва мегӯяд. Фикр мекунам, бисёр навиштан ё умуман навиштан ягон формулаи душвор надорад, балки басандааст, ки ба ҳодисаҳои ҷомеа бетаваҷҷуҳ набошем.

– Шумо муаллифи чанд филмнома низ ҳастед. Чаро аксари филмномаҳои шумо бо ҳаммуаллифии Муҳаммадкарими Карим нашр шудаанд?

– Замоне ки бо шодравон Акбари Саттор ҳамкорӣ мекардам, устод Муҳаммадкарими Карим бо мақсади навиштани филмномаҳо даъват карданд. Он кас пешниҳод намуданд, ки филмномаи таърихӣ нависем ва мо ба навиштан оғоз кардем. Дар миёни чанд сол се романи таърихӣ навиштем. Барои онҳоро навиштан корҳои зиёди таҳқиқӣ анҷом додем ва сафарҳои хориҷӣ ҳам доштем. Вақте ки романҳо омода шуданд, бо сабабҳои зиёд филмбардорӣ нашуд ва онҳоро пасон дар шакли китоб чоп кардем.

– Маълум аст, ки болои романҳои таърихӣ заҳмати зиёд кашидед. Оё ҳамон гунае, ки интизор будед, хонанда пайдо кард?

– Намедонам чаро, аммо романҳо баҳои ҳақиқӣ нагирифтанд.

– Силсилафилми “Ширин” дар ҷомеа хуш қабул шуд, аммо чаро ба Шумо чун муаллифи сенария шуҳрат наовард?

– Дар асл, мо силсилафилми “Ширин”-ро 15 қисм карданӣ набудем, вале рафта-рафта паҳлуҳои гуногуни мавзӯъ пайдо шуданд ва онро навиштем. Дар мавриди машҳур шудан бошад, бояд бигӯям, ки ҳамеша муаллиф зери парда мемонад. Пас аз филми хуб одатан ҳунармандон ва коргардон шинохта мешаванд, аммо нависанда не.

Гонорар, майдони холӣ ва драматургияи тоҷик

– Оё маҳорати навиштан метавон омӯхт?

– Метавонад, вале ба шарте, ки омӯзанда хоҳишу фаҳмиш дошта бошад.

– Назди шумо барои омӯзиши навиштан меоянд?

– Бисёртар барои драма навишан меомаданд… Аз дасти мо ҳар коре ояд барои насли нав мекунем.

– Чаро шоири ҷавон зиёду нависанда кам дорем?

– Омили якум албатта, иқтисодист. Ва баъдан хоҳишу завқи кам доштан аст. Эҷодкорӣ маҷбурӣ намешавад.

– Нависандаи ҷавон ғайр аз истеъдод ва китоб чӣ дошта метавонад?

– Ба гумон аст, ки чизи дигар дошта тавонад.

– Нависандаи хушноми мо Абдулҳамид Самад дар як суханронӣ гуфта буданд, ки “Имрӯз шароит барои эҷодкорон чандон созгор нест. Садои баланду гӯшхароши асбобҳои таъмиргарӣ осоиштагиеро, ки барои эҷодкор бисёр муҳим аст, халадор мекунад”. Оё чунин садоҳо ба шумо низ халал мерасонад?

– То се сол пеш дар ҳавлӣ зиндагӣ мекардам, бисёр ҳавои тозаву форам буд. Аммо бо сабаби бунёи Боғи “Истиқлол” ба кӯчаи Айнӣ кӯчидам ва ба ҷуз биноҳои баланд чизеро намебинам. Хоҳ-нохоҳ ҳолат таъсир мекунад ва шояд яке аз сабабҳои камҳавсала шуданам ҳамин бошад.

– Чанде пеш вазири фарҳанги кишвар Матлубахон Сатториён бо адибон вохӯрӣ кард ва дар он ҷо масъалаи гонорар ҳам гуфта шуд. Ҳоло барои як китоб чанд пул гонорар мегиред ва то чанд фоиз баланд мешавад?

– Ташаббуси мазкур бисёр хурсандибахш аст. Масъалаи гонорари китоб ба нашриётҳои давлатӣ дахл дорад, аммо дар онҳо хеле душвор аст чоп кардани асар, зеро навбат дер мерасад. Дар вохӯрӣ гуфта шуд, ки гонорар камаш се баробар зиёд мешавад. Масалан, барои пйеса, ки то ин дам 2500 сомонӣ ҳаққи қалам дода мешуд, дар назар аст, ки 7500 сомонӣ шавад.

– Вақте мегӯянд драматургияи мо заиф аст, ба шумо сахт намерасад?

– Не, сахтам намерасад. Асосан, ин гапро бархе коргардонҳое, ки дар хориҷа таҳсил кардаану назари баланд доранд, мегӯянд. Ман ҳамаро дар назар надорам, аммо бархе коргардонҳо ҳоло худашон асар навишта дар театрҳо мемонанд ва дар он миён бо вуҷуди драмаҳои хуб бадаш бисёр аст ва ин боиси чунин гапҳо мешавад.

– Барои рушди драматургия чӣ бояд кард?

– Драматургия на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дунё рушд мехоҳад. Фикр мекунам, дар кишвари мо бояд ба ин соҳа таваҷҷуҳ зиёдтар шавад. Барои мисол, санъати тасвири, мусиқӣ ва ғайраҳо дар мактабҳо ба мактаббачагон омӯзонида мешаванд, вале аҳамият театр не. Хуб мешавад оҳиста-оҳиста дар мактабҳо театр ташкил кунему ба бачаҳои шавқманд ин соҳаро аз хурдиашон омӯзонем.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь