Тоҷикон созандагони умдатарин созҳои мусиқӣ буда, дар санъати эҷодию иҷроии мусиқӣ ҳам нодиракориҳои ҳунарӣ намудаанд.
Махсусан мардуми сарбаланди Бадахшон аз замонҳои қадим ба мусиқӣ дилбастагии хосса дошта, дар густариши ҳунари созтарошӣ саҳми арзанда доранд.
Созтарошони Бадахшон дар баробари эҳёи созҳои қадима ба монанди танбӯри помирӣ, тор, сетор, баландзиком, рубоби қумрӣ, дутор, думбра, ғижак, қобуз, лабчанг, даф, доира, таблак, табли дурӯя, қошуқ ва ғ., инчунин бо шаклҳои гуногун дар заминаи созҳои қадима созҳои такмилхӯрдаи навро бо номҳои масруд, масайнғиҷак, симруд, панҷруд, дилруд, торруд, найруд, хушмақом, ҷонбозғиҷак, давлатбекғиҷак, наҷмонғиҷак ва ғ. ихтироъ намудаанд, ки созҳои мазкур имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ш. Хоруғ инчунин дигар осорхонаҳои дохил ва хориҷи кишвар ҳифз ва ба бинандагон муаррифӣ мешаванд.
Рубоби баландмақом яке аз чунин созҳоест, ки ҳанӯз охирҳои асри 19 аз ҷониби Сӯфӣ Муборакқадами Вахонӣ ихтироъ шудаааст.
Муборакқадам ибни Абдулло бо тахаллуси Мубораки Вахонӣ ва лақаби Сӯфӣ Муборакқадам соли 1843 дар деҳаи Ямги ноҳияи Ишкошим таваллуд ёфта, соли 1903 дар ҳамон ҷо вафот кардааст. Ӯ Шоир, файласуф, мунаҷҷим, наққош ва олими машҳури минтақаи Бадахшон буд. Мероси адабии Муборакқадам 15 асарро дар бар мегирад, ки аз 3 девон, як маснавӣ, як асари насрӣ ва 10 достон иборат аст. Онҳо аз 350 то 11223 байтро дар бар мегиранд. Ӯ дар баробари мунаҷҷим ва шоир буданаш, донандаи амали мусиқӣ буда, санъати хуби навозандагӣ дошт. Маҳорати наққошӣ ва дарки баланди мусиқидонӣ ӯро ба сохтани созҳои мусиқӣ водор намуд ва махсусан ӯ бо мақсади бо мусиқӣ ҳамнаво намудани назмҳои сӯфиёнааш бо дасти худ рубобча ва рубоби баландмақомро сохтааст, ки то имрӯз боқӣ мондаанд.
Рубоби баландмақом аввалин сози сохтаи ӯ мебошад, ки намуди ҷолиб ва садои форам дошта, таърихи зиёда аз 150 сола дорад. Имрӯз ин сози нодир дар хонаи яке аз наберагонаш Абдуллоев Лутфулло, дар деҳаи Ямги ноҳияи Ишкошим дар ҳолати хуб нигоҳдорӣ ва навохта мешавад.
Чуноне, ки театршинос ва санъатштноси машҳури тоҷик, шодравон Низом Нурҷонов дар қисми якуми китоби «Таърихи мусиқии Помир» қайд кардааст: «Муборакқадам рубоби баландмуқомро дар асоси рубоби баландзикоми помирӣ ва рубоби афғонӣ (тоҷикӣ) дар шакли тамоман дигар сохтааст». Инчунин Н.Нурҷонов аз нақли созтароши куҳансоли деҳа навиштааст: «Вақте, ки Муборакқадам рубобро сохта тамом кард, ин айём роҳбари деҳаи Яхшиволро даъват намуданд. Онҳо якҷоя бо Муборакқадам рубобро ҷӯр намуданд ва навохтанд. Ҳангоми навохтан рубоб чунон садои баланди форам дошт, ки атрофро фаро мегирифт». Аз нақли пири деҳа хулоса кардан мумкин аст, ки азбаски рубоби Муборакқадам садои баланд дошт, онро баландмақом ном гузоштааст. Чунки баландмақом истилоҳи вахонӣ буда, маънояш баландсадо мебошад.
Рубоби баландмақом аз чӯби яклухти дарахти зардолу сохта шуда, аз бисёр ҷиҳат ба танбӯр шабоҳат дорад. Баландмақом аз косахона, хазина, тана, сарпанҷа, торгирҳо ва харак иборат аст. Дарозии умумии Баландмақом 102-105 см, дарозии косаи он ҳамроҳи хазина 72 см, қутри косаву хазина 25-30 см, васеъгии хазина 20-30 см, дарозии тана 18-20 ва баъзан 25-30 см мешавад. Баландмақом аз 7 тори асосӣ ва 14 тори иловагӣ иборат аст. Торҳои иловагӣ дар ду тарафи хазинаи соз кашида мешаванд. Тарзи ҷӯркуниии баландмақом ноустувор буда, вобаста ба оҳанги суруд, ҳар мутриб мувофиқи табъу завқи худ онро ҷӯр мекунад.
Баъд аз Мубораки Вахонӣ дуюмин нафаре, ки аз авлоди ӯ рубоби баландмақомро сохтааст, Муборакқадами Бандайшо, набераи Мубораки Вахонӣ мебошад ва бо тахаллуси Муборакқадами рубобсоз машҳур буда, зиёда аз 200 сози мусиқӣ сохтааст. Якчанд созҳои сохтаи ӯ имрӯз дар Хона-осорхонаи Мубораки Вахонӣ (деҳаи Ямги ноҳияи Ишкошим) ва Хона-осорхонаи Шоқамбари Офтобӣ (деҳаи Лангари ноҳияи Ишкошим) ҳифз ва муаррифӣ мешавад.
Дар китоби 1-уми «Хоруғи зебо», ки муаллифонаш Ш. Шоҳнаврӯзов ва А. Амирбек мебошанд оид ба ҳаёти меҳнатию эҷодии дуредгар ва созтароши моҳири д. Хуфаки ш. Хоруғ Сафоев Муродалӣ маълумот дода шудааст. Дар банди якуми ин маълумотнома муаллифон Сафоев Муродалиро аввалин ихтироъкунандаи рубоби баландмақом муаррифӣ намудаанд, ки ин асоси воқеӣ надорад. Сафоев Муродалӣ ҳамчун созтароши номӣ рубоби баландмақомро ихтироъ накардааст, балки онро такмил додааст. Бинобар ин Сафоев Муродалиро яке аз такмилдиҳандагони баландмақом гуфтан ҷоиз аст.
Аз рӯи рубоби баландмақоми Муборакқадам яке аз наберагонаш Маликмамадов Айдимамад (роҳбари Осорхона, шахси санъатдӯст ва созтароши моҳир аст) баландмақоми навро бо номи баландмақоми Мубораки Вахонӣ сохта, дар Осорхонаи ӯ ба намоиш гузоштааст, ки хело шабеҳи баландмақоми Мубораки Вахонӣ мебошад. Инчунин дар осорхона якчанд созҳои тарошидаи Маликмамадов, ба монанди баландзиком, рубоб, танбӯр ва ғ. ба маърази тамошо гузошта шудаанд ва ҳар тамошобине, ки ба осорхона ворид мегардад аз навозиши ӯ баҳраёб мегардад. Маликмамадов А. мегӯяд, ки созтарошӣ ба мо аз бобоямон Мубораки Вахонӣ мерос мондааст ва ин касби муқаддасро ба наслҳои оянда мерос хоҳем гузошт.
Созтароши деҳаи Андароби ноҳияи Ишкошим Масайнов Масайн низ дар такмили рубоби баландмақом нодиракории аҷибе кардааст. Ӯ шогирди Сафоев Муродалӣ буда, асосан баландмақоми худро дар асоси рубоби баландмақоми устодаш такмил додааст.
Инкишофи фаъолияти созтарошии Усто Масайн аз солҳои 70-уми асри 20 бо усули нав ва такмилдиҳӣ сурат мегирад. Махсусан дар иҷрои ӯ созҳои тории баланмуқом, баландзиком, гултор, торруд, масруд, масайнғиҷак ва ғ. сохта ва ё такмил дода шудаанд. Солҳои охир ин созтароши моҳир ба такмили созҳои миллӣ бештар мароқ зоҳир намуда истодааст ва то имрӯз зиёда аз 50 намуд созҳои гуногуннамуди миллиро сохтааст, ки хело аҷибанд.
Чуноне, ки аз таърихи ихтироъ ва такмили яке аз созҳои мардумии тоҷик – баландмақом маълумот додем, дар тӯли садсолоҳо созҳои гуногуннамуди миллии мо такмил ёфтаву то замони мо омада расидаанд ва ин анъанаи эҳёгариву такмилдиҳии созҳои мусиқӣ дар оянда низ аз ҷониби ҳунармандони соҳибзавқи тоҷик идома хоҳад ёфт.
Ҳасан НУРМАТЗОДА, ходими калони илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон