Моҳи май моҳест, ки ду устоди барои ташаккули маънавии ман ва албатта, барои шогирдони бешумори дигарашон низ нақши муассир гузоштаанд, солрӯз доранд. Яке устоде, ки дар замони донишҷӯӣ моро дар маҳфили омӯзиши «Шоҳнома» ба забону фарҳанги бостониамон ошно карда, ба водии худогоҳии миллӣ расонд, Зафар Мирзоён мебошанд ва устоди дигар шахсияти нотакрор –  символи як марди ориёӣ, уқёнуси бекарони донишу санъати ҳунар, барои шинохти саргузашти эҷодкорони бузурги адабиёт ва фарҳанги ҷаҳонӣ, ба вижа адабиёту санъати оламгири форсу тоҷик, Рими қадим, Аврупо, ҳунарманду нависандаи беҳамто Ҳошим Гадо. Аҷиб он аст, ки сабаби ошно шудан ва чанде ифтихорманди ҳамсуҳбати Ҳошим Гадо гаштани каминаи ҳанӯз дар ҷодаи омӯзиш қарор дошта, устод Зафар Мирзоён мебошанд. Устод пайваста дар маҳфилҳо аз театр, аҳамияти он дар фарҳангӣ сохтани шахс, нобиғагии Ҳошим Гадо ва нақши ӯ дар муаррифӣ кардани қаҳрамонони бостон, намунаву ибратомӯз будани пайкари ӯ бо қомати баланд, чашмони уқобӣ, гардани фарох, овози марғуладору гиро, илова бар ин, худсӯзӣ ва худсозӣ, мутолиа ва машқу тамринҳои шабонарӯзии дардовар сухани бисёр мегӯфтанд. Устод Зафар Мирзоён мегӯфтанд, ки як умр интизор дошт, ки мисли Ҳошим Гадо ҳунарманде дар саҳнаи театр ва экрани филмҳо пайдо шавад, то ки чеҳраи ориёии як тоҷикро ба ҷаҳониён нишон диҳад ва бад-ин васила дар назди дигарон сарбаландона аз миллати худ гуфтугӯ дошта бошад.

Саргузашти мушарраф шуданам ба дидори устод Ҳошим Гадо, чунин аст: Устод Зафар Мирзоён як сол пеш аз Кӯлоб тариқи телефон аз ман муроҷиат карданд, рӯзномаи донишгоҳӣ, ки дар он мақолаи ба эҷодиёти Ҳошим Гадо бахшидаашро ба устод расонам. Ҳамзамон, бо устод акс гирифта, таассуротамро аз вохӯрии нахустин дар шакли мақола бинависам, амр намуданд устод Мирзоён. Бо як душворӣ устод Ҳошим Гадоро пайдо карда, чанд рӯзномаро ба дасташон додам, вале хоҳишамро дар бораи акси хотиравӣ гирифтан, бо баҳонаи риши нотарошидаашон рад карданд. Бори дуввум, ки ҳамроҳи дугонаам мақолаи дар 40 саҳифа чоп кардаи устод Зафар Мирзоёнро дар таҳлили эҷодиёти ӯ мебурдам, моро хуш пазируфта, чанд шӯхии ширин низ карданд. Ҳамон гуна ки бо як симои ҷиддӣ пурсиданд: «Росташро гӯ, ту дониву худо, чанд бача барои ту шуда худашонро овехтаанд? » Дар ҷавоби ман, ки гуфтам «ягон кас», гуфтанд: «Не. Ту худат намедонӣ, чанд йигит худашро овехтагӣ». Ва ҳамин тур чанд хушгӯиҳои дигар намуданд. Дар охир мо хоҳиш намудему якчанд акси хотиравӣ  гирифтем, ки яке аз онҳоро дар ин саҳифа ба чоп додаам.

Чӣ бигӯям дар бораи хонаи устод Ҳошим Гадо?! Агар бигӯям, ки ба ҷуз тал – тал китобҳои наву куҳна дигар чизе ба чашм намерасид, хато нахоҳам кард. Ҳатто гумон кардам мабодо заминларзаи сахттар рух диҳад, устод метавонад дар зери чанд тонна китобҳо монад ва китобҳо нахоҳанд гузошт, ки бар пайкари ӯ осеб расад. Устод 320 ҷилд китоб навиштаанд ва он ҳам китобҳои андак -мандак не; ҳамаашон пур аз фалсафа, таҳқиқи асарҳои драмавии адабиёти ҷаҳонӣ, таҳлили андешаҳои андешавароне чун Нитше, Пикассо, Ван Гог, Штраус, Достоевский ва дигарон. Симои устод новобаста ба синну сол дилкаш аст, мӯйи сапеду ожангҳои рӯйяш ӯро афсурдаҳол нишон намедиҳанд, овозаш бардаму бурро, қадамгузориаш устувор, хулоса, умраш бардавом бошад, зеро ба чашм як ҷавонмарди «чор кас медидагӣ» ҷилгар мебошад.

Таассуротамро дар Кӯлоб ба устодам Зафар Мирзоён нақл кардам. Хеле хурсанд шуданд. Ба ростӣ, устоди мо як шахси худфидо мебошанд. Ҳама шогирдонашонро, бо вуҷуди он ки на он қадар аз худ вафодорӣ нишон медиҳанд, дӯст медоранд. Доимо таъкид мекунанд, ки «ба корҳои ҳукуматӣ шуғл варзед, ҳукумати миллии мо ба истеъдодҳои вафодор ниёз дорад, шумо агар хуб кор кунед, барои осудагиву оромии фарзандону наберагонатон шароити хуб фароҳам биоваред… »

Устод Ҳошим Гадо як баста китобҳояшонро ба ман туҳфа карданд ва ҳоло аз ҳар сатри он баҳраҷӯӣ дорам.

Ва устод Зафар Мирзоён ҳанӯз ҳам илҳомбахши корҳоямон мебошанд. Аз тариқи шабакаи иҷтимоии Фейсбук ва почтаи электронӣ офаринамон мехонанд ва ба корҳоямон баҳо медиҳанд.

Табиати устод Мирзоён чунин аст, ки аз паси унвонҳо, шуҳратпарастӣ, гирдоварии сарват нагашта, умре хостаанд биниши хонандагони андешаҳояшонро ба бозгашти бештар ва амиқтар ба мероси ниёкон равона созанд. Ду – се ҳафта пеш китоберо зери унвони «Бозёфтҳо аз «Шоҳнома» ба чоп расондаанд, ки дар муқовааш ин сатр сабт аст: «Китоб ройгон дастрас карда мешавад». Ин бор навиштаҳои устод ба наврасону ҷавонон нигаронида шудаанд. Муҳтавои он шомили 20 ҳикоят, иборат аз саволу ҷавоб мебошад. Дар ин маврид ҷуръат карда, ба таври муъҷаз гуфтаниам, ки китоби мазкур ҳаҷман хурд аст, вале аҳамияти он беҳамтост. Пеш аз ҳама бо санъати бадеъ маънии як достони калон дар 50 – 60 калима бозгӯ шуда, дар саҳифаи паҳлӯи он тасвирҳо барои дарёфти пурратари маънӣ ва дар хотира хубтар ҳифз намудани он, ҷой гирифтааст.

Масалан, ба саволи «Нахустин бор аспро дар куҷо рому саворӣ кардаанд?», посух додаанд: «Дар Вароруд – зистгоҳи тоҷикон». Ва дар шарҳ оид ба ром кардани аспҳои ёбоӣ далелҳое овардаанд, ки ҳеҷ кас онҳоро рад карда наметавонад. Ва ё ба хонанда ба гунаи зерин савол дода шудааст: «Бозии Чавгон дар куҷо пайдо шудааст?» Посух дода мешавад: «Бозии чавгон (поло) -ро гузаштагони мо эҷод кардаанд». Сипас муаллиф дар муҳтавои 12 ҷумлаи кутоҳ далелҳои қотеъ меоварад, ки ин бозиро аврупоиҳо аз гузаштагони мо баргирифтаанд. Яке аз далелҳои муаллиф бозёфтҳои ҳафриётии академик Юсуфшоҳ Яъқуб дар шаҳри бостонии Карон мебошад. Ҳама достонҳо тобишҳои худшиносии миллӣ дошта, хонандаро ба осонӣ бо кашфиётҳои ниёкони тоҷикон ошно месозад.

Ҳаргиз аз ёдҳо фаромуш намешавад, ки он кас образҳои «Шоҳнома» -ро таҳлил карда, рамзҳои дар он ҷой доштаро бароямон мефаҳмонданд, ки акнун мебинам онҳо дар тарбияи ҷавонон метавонанд василаи хубе бошанд. Чуноне рамзҳои Заҳҳоки мордушро бароямон бозкушода буданд ва пайваста мегуфтанд: «Хоҳиш мекунам напиндоред, ки Заҳҳок ва морони сари китфи ӯ афсонаву устура аст. Фирдавсии бузург бо рамз тозиёни ҳамлаварро дар назар дорад, ки ақидаҳояшон чун морони мағзи сархор, ақлҳову андешаҳои ҷавононро нест хоҳанд кард. Фирдавсии меҳанпараст огоҳона Заҳҳокро аз байн набурда, ӯро ба Байтулмуқаддас гурезондааст. Яъне ишора кардааст, ки андешарабоӣ, хӯрдани мағзи сари ҷавонон ҳоло низ ҳадафи бадхоҳон аст ва аз самти гурехтаи Заҳҳок ақидаҳои моргунаашон ҳамеша ба зеҳнҳои ҷавонони ноогоҳ таҳдид хоҳанд дошт».

Ҳамин аст бузургии асари адабие, ки онро адиби бузург офаридааст.

Ҳамин аст нобиғаи беҳамто устод Ҳошим Гадо, ки нақши чандҳазор сол пеш офаридаи Софокл- Эдипро бо як маҳорати олӣ офарида, барои тарбияи ҷавонон ба ҷомеа бахшидааст.

Дар ин ҷо мехоҳам бо таассуф изҳор намоям, ки масъулони соҳаи иттилооту фарҳанги мо, ба вижа шабакаҳои телевизионӣ, соҳибони толору минбарҳо аз донишу хиради дар ниҳоди устодон Ҳошим Гадо ва Зафар Мирзоён ҷой доштаро истифода карда наметавонанд. Хуб мебуд агар ба ивази намоишу барномаҳои сусту бемоя, намоишномаи «Эдип» – ро дар таҳияи Ҳошим Гадо дар шабакаҳои телевизион пахш менамуданд. Ҳикматҳои «Шоҳнома» -ро дар тафсири Зафар Мирзоён ба намоиш мегузоштанд. Чунон, ки надидаам дар атрофи китобҳои устод Ҳошим Гадо ягон намоиши телевизионие сабту пахш карда бошанд. Ҳамчунин, итминони комил дорам, ки боре ҳам китобҳои устод Зафар Мирзоён тариқи шабакаҳои телевизион муаррифӣ нагардидаанд. Ба хусус, «Динпаноҳӣ ва меҳанпарастӣ», «Офаридгори сухан» ва ё охирин китоби нашр намудаашон «Бозёфтҳо аз «Шоҳнома»,ки хеле дар тарбия худшиносии миллӣ аҳамияти калон дорад, дар байни ҷавонон паҳн гардида ва ё бозчоп шуда бошанд.

Дар фаровард сухан гуфтаниам, ки устодон Ҳошим Гадо ва Зафар Мирзоёнро, ки даҳаи аввали моҳи май зодрӯз доранд, аз самими дил табрик гуфта, барояшон тандурустӣ, умри дароз ва дар корҳои эҷодиашон комёбиҳои нав орзу менамоям.

 PS: Пеш аз он ки матлабамро ба ҳафтаномаи “Самак” биоварам, нахуст ба газетаи “Адабиёт ва санъат”-и ИНТ барои чоп намудан муроҷиат карда будам. Дар зарфи ду ҳафта ин матлаби кӯчаки каминаро мутасаддиёни газетаи номбурда, ба қавле вақт наёфтаанд, ки таҳрираш кунанду ба чоп тавсия диҳанд. Хулласи калом, дар ниҳоят, натиҷа он шуд, ки яке аз кормандони газет ба банда изҳор дошт, ки матлабат ба талабот ҷавобгӯ нест! Пас аз шунидани чунин гуфтор, дар сар андешае маро то ин дам ором намегузорад, ки Пешвои миллат махсус  ба масъулони идеалогии кишвар такрор ба такрор таъкид мекунанд, ки ҷавононро дастгирӣ кунед ва барои ҳавасманд намудан, аз ҳар вақта бештар ёриву маслиҳатҳои худро дареғ надоред! Аммо аз номи худ мегӯям, ки чунин муносибат ва рафтор нисбати насли ҷавон агар идома ёбад, аз ҷавонон набояд умеди оянда басту дошт!

Мартаба СУЛТОНЗОДА,

коршиноси Кумитаи кор бо ҷавонони назди ҳукумати ҶТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь