Дар чанд матлаб чун мутахассиси соҳа ба мақомоти дахлдор, хоса ба Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ҳушдор дода ва таъкид ҳам карда будам, ки паҳнсозии филмҳои туркӣ оқибати ногувор дорад. Ҳафтаи гузашта як ҳодисаи ташвишовар дар зодгоҳам – деҳаи Нонҷемасти ноҳияи Восеъ рух доду боиси аз нав бонги хатар заданам гашт.

Аслан ва феълан ин руҷуъ аз рӯи силсилафилми туркии «Чуқурӣ» («Гудол») таҳрезӣ гашта буд. Субҳи содиқ, вақте деҳа бо бонги азону ҷеғи хурӯсон ва овози ваҳшу туюр бедор мегарданд, мардуми ин деҳ дар чанд ҷои намоён, аслан дар сафил ё тавора нишонае аз навиштаҷоти марбут ба ин филмро пайдо карданд. Бархӯрди матлаъ нишонрас ва аъмоли он нисбат ба ҳокими маҳал, яъне раиси деҳ равона шуда буд. Таҳқири шахс, махсусан касе, ки мартаба дорад ва тавофи хонаи Каъба кардаву назди дигарон обрӯи бештаре дорад, аз ахлоқи тарбиявии мардуми деҳ дур мебошад. Ҳоҷӣ Раҳмон Ашуров – раиси маҳалла иброз дошт, ки тамоми умр дар ин деҳа умр ба сар бурда, чунин амали ношоистаро бори аввал мебинад. Аз тамошои силсилафилмҳои туркӣ ҷавонон, хусусан мактаббачаҳо бетарбия шудаанд. Суханҳои таҳқиромези навиштаи онҳо бар ӯ хеле таъсири бад расонидаанд.

– Худо аз бадаш нигаҳ дорад. Ҳозир дар девор ҳаккокӣ карданд, метарсам, ки дар оянда корду табар истифода набаранд. Аз ҳозир сари роҳашро нагирем, фардо дер мешавад. Фарқи тарбияи насли деҳ дар эҳтиром нисбати калонсолон ва махсусан зоирину зоҳидин то он рӯз мутмаинан бо итминони комил метавон аз диди назарам костагие дида намешуд,- мегӯяд раис.

Асари фалокатбори касратнизоофари ин силсилафилм таъсири манфӣ боровар гардонид, ки эҳтиром куллан дар авҷи нуқтаи сатҳи бе ин ҳам пасти маънавӣ қарордошта зарбаи ниҳоӣ зад. Ҳангоми суҳбат бо мудири қисми илмии муассисаи таълимии умумии №22-и деҳаи фавқуззикр Шоев Исломуддин маълум гашт, ки ҳафтаи сипаришуда кормандони ШКВД-и ноҳия бо намояндагони шуъбаи маориф ва илми ноҳия оид ба маҳз ана ҳамин гуна силсилафилмҳои туркӣ суҳбат ороста будаанд. Ин амали номатлуб боиси ташвиши омӯзгорон гаштааст. Пайдошавии аломати «гудолиён» дар ҷойҳои намоёни ноҳия кормандони мақомоти қудратиро водор кардааст, ки дар макотиб вохӯриҳову мулоқот баргузор кунанд. Баҳри пешгирии ин амали номатлуб мо ҳам бо хонандагони синфҳои болои суҳбат кардем. Мутаассифона, ин аломатҳо дар деҳаи Нонҷемаст пайдо шуданд. Ногуфта намонад, ки ин амали онҳо на он қадар дуртар аз хонаи ман пайдо гашта буд. Дар ин самт мактаб ва ҷомеа наметавонад сари роҳи ин гуна зуҳуротро бигирад. Сад офарин ба устодон, ки дар ин ҷанги идеалогӣ то кунун истодагарӣ намудаанд.

Эҳёи синамо – заволи омилҳои номатлуб

Заҳролудсозии шуури ҷавонон маҳз дар давраи гузариш ба балоғат боиси костагардии эътимод, эътиқод ва эҳтирому эътибор гардида, замимаи харобшавӣ ва латма ба ҳисси онҳо мегардад. Дар гаравидан ба гуруҳҳои номатлуб то шомилшавӣ ба ин узвиятҳои сиёҳкорон оварда мерасонад. Боиси тазаккур аст, ки мактаб, ҷамъият ва ҷомеа ин равияи номатлубро пайгирӣ ва пешгирӣ карда наметавонанд. Ҳақ ба ҷониби устод Шоев Исломуддин аст, ки омӯзгори деҳ инро дарк намудаасту иброз намуд: «Дар сангар танҳо муаллимонро гузоштан ва аз онҳо садд гузоштан омили хатост. Ниҳодҳо ҳам ночори ин амали номатлубанд. Бояд чораи дигар ҷуст». Садди роҳи инро танҳо ва танҳо офарандаи ҳамон навъ силоҳ, яъне филмҳои истеҳсоли ватанӣ мегирад. Чунончи, русҳо мақоле доранд, ки «Клин клином вибивается». Инро ҳамчун мутахассис мегӯям, ки мағзшӯии филмҳо танҳо ба воситаи синамо боровар мешавад, дигар ягон навъ тарғибот дар ин раванд ба кор намеояд. Таъкиду маҷлису маърӯзаву насиҳату панду андарз ва ё дӯғу пуписаву зориву зару тумору таштову дуд дар ин самт кор намеояду намеояд! Самурайҳои ҷопонӣ ҳазорсолаҳо пеш дар таърих овардаанд, ки «Нинзаро танҳо нинза маҳв месозад». Инро набояд фаромӯш сохт, ки ин Шарқ аст, на Ғарб. Идеали Шарқ хатарзотарин ва хунхортарин ваҳшониятро тавлидгаро аст.

Кино аз бомбаи атомӣ ва коронавирус ҳам хатарзост. Кино – ин силоҳи муқтадири ағлаб бар латмашавии асаб, бедории ҳиссиёт, сутурги ваҳшоният ва фаҳшу зӯроварӣ мебошад, ки дар арсаи ҷаҳонӣ бадтар аз вабои коронавирус аст. Вабо – ин маризии табобатшаванда ва ин таблиғ зодаи хиёнат аст ва табобатнашаванда мебошад. Хиёнат оқибат сари ҳамагуна ҳоқимиятро мехӯрад. Миллионҳо хонумонро бесомон мекунад ва ҳазорон қатлу куштор ба амал меояд. Тинҷиву амонӣ ва сулҳу ваҳдат аз байн меравад. Бузургтарин яроқи идеалогӣ кино мебошад. Кино – ин асбоби аёнист, ки ҳоҷат ба нишон додан ва такрору фаҳмондадиҳӣ кардану ташреҳу тавзеҳотро талаб наменамояд. Дар силсилафилми мазкур нишон медиҳанд, ки қаҳрамон ба мисли «Фантамас» нишон ва ё салиби худро дар деворҳо мекашаду менависад. Тахаюлоти киносозони турк тару тоза ва ғанӣ набуда ва пайкори асосии он аз филмҳои эронӣ, афғонӣ ва ӯзбекиву Голливуду Болливуд копишуда мебошад. Азбаски ҳамбастагии мазҳабиву динӣ дорем нисбат ба истеҳсолгарни Болливуд ва пайвандгари хусусияти миллиамон ҳамоҳанг аст, мардум рӯ ба он овардаанд. Набояд фаромӯш кард, ки дар ин раванд асоси бунёдгароии он забон буда, дар натиҷаи зарбаи таҳдиди ба он буда ва сониян ба симову сират таъсирпазир мегардад. Симову сираташ ҳоло дар мо мӯд гаштааст. Шарҳи возеҳ он аст, ки ришмониву сатрпӯшӣ аз кулвори ин силсилафилмҳо шодобхӯрда шудаанд. Тақлиди кӯркӯрона ва рафтори тутиёна ва пайравӣ ба туркҳо омили хатарзои мафкуравии мо дар ҳама самтҳо гаштааст. Калу кӯр, мурдаи лаби гӯр ба ибораи мардуми бумӣ, ҳама туркӣ гаштаанд. Либосвориҳои миллии туркӣ аслан дар синамо тавассути силсилафилмҳо реклом мешаванд. Баъди ин дар бозорҳои кишвар пешниҳод менамоянд, ки ҳамаи онҳо бинобар гаронии нарху наво копӣ ё нусхабардорӣ гашта, аз тарафи хитоиҳо истеҳсол мешаванд. Маҳсулоти ватанӣ қудрату тавоноие надорад, ки муқобили ин раванд манофеъ ба даст орад. Ба ибораи мардуми бумӣ, «Манашка» ва шими папирусу сигарети хиштактанг модда шуд. Бовар намо, хонанда, ин хитоиҳо чунон сарфакоранд, ки бо шими дӯхтаашон ҷавонони ҳозира ҳатто дуруст нишаставу хеста наметавонанд. Пӯшидану бадалнамоии ин гуна сарулибос дарди сари зиёдест. Аз назари мантиқан илмӣ барои мардҳо, маҳз ҷавонон, пӯшидани шимҳои танг ба саломатиашон зараровар мебошад. Силсилафилмҳои туркӣ тавонистанд занҳои бе ин ҳам бекори моро аз чақчақи лави ов назди телевизор оваранд. Баъзе ин тоифаро чунон муассир намудааст, ки ҳатто шаби хоб ба ҷои номи ҳамсар номи қаҳрамонҳоро ба забон меоранд. То филм интиҳо наёбад, даст ба коре намезананд. Дар мурдаи волидайнашон чунин гиря ва навҳа намекунанд, ки назди телевизор вақти намоиш менамоянд. Ҷомеаи ҷавонони мо бошад, дар тавоноӣ назди занҳои лави ов ҳеҷ асту ҳеҷ.

Ин омили саропо номатлуб на танҳо шаҳру ноҳияҳо, балки деҳаҳоро низ имрӯз фарогир шудааст. Ин бешак заминаи ифротгароӣ мебошад, ки баъдан сари роҳи онро гирифтан мушкил мешавад. Аз шарора аланга бармехезад, в-он гаҳ хомӯш намудани он мушкилфизо мегардад.

Офтобро бо доман пӯшида намешавад. Нигаред ба тамоми деворҳои шаҳрҳо, ҳама акси нишони «Гудол», бо суханҳои қабеҳ ва бо хати сиёҳ навиштаҷотро хонед!

Дар шаҳри Кӯлоб рӯ ба рӯи тамоми мактабҳо, хусусан ҷои намоён ва ҳатто сад қадам дуртар аз майдони Ливо ин нишон ва ё символи «Гудол»-ро мебинему оид ба ояндаи зеҳнии ҷавонон андешае намекунем. Баъд таассуф мехӯрем, ки ҷавонон пайрави иртиҷопарастони ҳизбҳои мамнуъ ва ё гуруҳҳои экстремистӣ шудаанд. Василаи аввали ташкилнамоии ҷомеаи ифротӣ аз ана ҳамин амалҳои аёнии силсилафилмҳо асос мегардад. Ҷавонон не, мо худ гунаҳкорем, ки сари роҳи ин амалҳои мушрикинро намегирему сиёсати ҷанги идеалогиро роҳандозӣ наменамоем. Худ қазоват намо, дар минтақаи Кӯлоб дар бадали ду сол як филме тавассути МД «Тоҷикфилм» намоиш дода нашудааст. Муасисаи давлатии «Тоҷикфилм» тайи ду соли арзи ҳастияш ба коми ҷаҳолати маҳз ҳамин туркфилмҳо ғӯттавар асту мутахассисони асилашро аз кор рондааст. Ин баҳси дигарест, ки сари он баъдтар дар матолибе меорам. Сари роҳи онро гирифта мешавад ва инро «Тоҷикфилм», ки рисолаташ аст, карда метавонад.

Гуфтам ва мегӯям, ки дигар ягон ниҳод барои поксозии ин мағзшӯӣ қудрат ва тавоноӣ надорад. Ин ҷо «агар»-е ҳаст, ки агар хоҳанд… Танҳо ва танҳо «Кӯлобфилм» метавонад заволдиҳандаи силсилафилмҳои туркӣ бошад. Фақат мазраи «Фалак»-и ватанӣ, қаҳрамонҳои абадзинда Бабр Тархун, Шоҳ Хонум Бика, Шоҳбол, Катан, Вастан, Восеъ ва хунёгарону донишмандоне мисли Одина Ҳошим, Ҳошим Гадо, Муққадас Набиева, Гулчеҳра Содиқова,Салим Муқим, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Шамсиддин Шоҳин, Сайдалӣ Вализода, Абдулҳамид Самад, Саид Раҳмон, Аҳмад Иброҳим, Ашур Сафар, Ҷурақул Наҷиб, Одина Сомеъ ва садҳо дигарон метавонанд ба муқобили ин «панктуркистон» истодагарӣ намоянд.

Дар охирсухан мегӯям, ки то мо филмҳои меҳанпарастии асарҳои Саид Раҳмон – «Охирин сипаҳсолори тоҷик», романи «Масъуди сипаҳсолор», асари сегонаи Аҳмад Иброҳим – «Катан», «Куруши Кабир», «Спитамен», романи Ҷурақул Наҷиб – «Як қадам сарнавишт»-ро рӯи саҳна наоварем, наметавонем нобиғаи асри кино шавем. Боз як бори дигар хотирмон месозам, ки хоҳед «панктуркистон»-ро маҳв созед, дар Кӯлоб «Кӯлобфилм»-ро иҷозат диҳед, варна «Тоҷикфилм» қудрати истодагарӣ дар ин набарди идеологиро надорад.

Ҳамчун синамочӣ ва шоир ҳушдор дода, рисолати шаҳрвандиамро чун инсон назди шумо иҷро намудам. Боқӣ, шумо донед!

Араби ДӮСТМУРОД

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь