Фардияти ҳунарии овозхонон беш аз ҳама дар тарзи адояшон зоҳир мегардад, на дар созу наво ва интихоби матни суруд аз тарафи онҳо.

Вусъати пайравӣ ба сабки сарояндагии Ҷӯрабек Муродов имрӯз ба дараҷаест, ки метавон бо камоли боварӣ аз бунёди мактаби махсуси вай дар сарояндагӣ дарак дод. Баъзе аз пайравони ӯ ҳатто ба тарзи захмазанӣ, ҳаракати дасту бадан, талаффузи ҳарфу овозҳои ҷудогонаи хоси шеваи хонандагии вай, ба сару либосаш тақлид мекунанд. Агар аз сари инсоф нагузарем, мебинем, ки онҳо овози хуб дошта, соҳибмаҳорат ҳам мебошанд. Лекин бо ин ҳама бо ӯ баробар намеоянд ва сарояндагии ӯ аз сурудхониҳои онҳо хеле ва хеле фарқ мекунад.

Чӣ асрорест дар савту суруди ӯ, созу навои ӯ, ки дили мухлисони зиёдашро рабуда, шефтаи санъати хеш намудааст?!

Дилам гувоҳӣ медиҳад, ки мухлисонаш ҳама, бидуни истисно, фавран ва бе ҳеч дудилагӣ дар ҷавоб овози хуши ӯ ва маҳорати нотакрори сарояндагиашро шафеъ меоранд ва ҳақ ҳам ҳастанд. Дарвоқеъ, овози ширадору пурҷозиба ва муассири Ҷӯрабек Муродов ва маҳорати баланди сурудхониаш такрорнашаванда аст. Аз ҷумлаи ҳунарпешагони тоҷик, ба гумонам, танҳо овози зиндаёд Маҳмудҷон Воҳидов чунин шарофате дошт.

Ҷои баҳс нест, ки овози хушу маҳорати тамом, хусусан барои сарояндагон имтиёзи бас бузургест. Вале ба назаримо, доштани чунин як имтиёз, агарчи бузург бошад, басанда нест. Аз ин сабаб, тамоми зебоии ҳунари ба худ хоси устод Ҷӯрабекро наметавон маҳз ба овози ӯ ва маҳораташ нисбат дод.

Осори завқи бағоят баланду салим ва фаросати бадеии фавқулодаи ӯро мо дар интихоби шеъри нағз ва оҳанги муносиби сурудҳояш, дар эҷоди оҳангҳои дилнишини вай бармало ҳис мекунем. Ҷӯрабек бар хилофи ҳофизоне, ки онҳоро ҳар сари чанд вақт танқид мекунанд, ҳаргуна шеър ва ҳар навъ оҳангро намеписандад. Вай мисли як сухансанҷи соҳибҳунар аз осори шоирону ҳофизони гузаштаву имрӯза ва эҷодиёти бойи халқ танҳо он шеъру оҳангҳои сараеро интихоб менамояд, ки аз ҳар ҷиҳат қобили таваҷҷуҳ мебошанд. Тасодуфӣ нест, ки асоси барномаи ҳунарии ӯро маҳз шеърҳои шоироне, мисли Рӯдакӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Мавлавӣ, Ҷомӣ, Соиб, Қассоб, Лоҳутӣ, Турсунзода, Лоиқ ва ҳунармандоне монанди Ҳоҷӣ Абдулазиз, Содирхон ва Ака Шариф ташкил медиҳад. Сурудҳои маълуму машҳури ӯ «Шаби ошиқони бедил», «Савти муноҷот», «Муғаннӣ», «Ушшоқи Ҳофиз», «Рамзе шунав», «Марги қу», «Гиря», «Бозургонӣ», «Дили модар», «Замин», «Суруди Рӯдакӣ», «Ватан», «Ҳамин кофист», «Зан агар оташ намебуд», «Заррае гар зарпарастам», «Аз кӯҳ чун санге фитад» ва ғ. аз он ҷумлаанд. Ин ҷо ба мавридаст, ки аз ҳамкории бобаракати Ҷӯрабек Муродов бо устоди бузургвор МирзоТурсунзода, Сотим Улуғзода, Маҳмудҷон Воҳидов, Қутбӣ Киром, Лоиқ ва дигар намояндагони адабу санъати тоҷик ёд оварем. Шоистаи тақдир аст, ки Лоиқ маҳз барои ӯ матни сурудҳои «Хосияти дукокула» ва «Арӯсбиёрон»-ро навиштааст.

Ҷӯрабек ҳар шеърро, оҳангро ба тамоми нозукӣ ва нафосаташ дарк мекунад ва онро бо ҳамон зебоию расоияш ба гӯши шунаванда мерасонад. Ҳунари волои навозандагию созандагиаш ба ӯ дар ин кор мададгор шудаанд. Аз ин ҷиҳат вай беҳтарин анъанаҳои ҳофизони номдори тоҷик Бобоқул Файзуллоев, Фазлиддин Шаҳобов, Шоҳназар Соҳибов ва Барно Исҳоқоваро идома додааст ва заминаи миллии ҷустуҷӯҳои ҳунариашро мустаҳкам намудааст.

Осори завқи салим ва фаросати фавқулодаи Ҷӯрабек Муродовро мо дар ниҳояти серталабиаш нисбат ба худ низ мушоҳида мекунем. Мухлисонаш кайҳо пай бурдаанд, ки ҳофиз сурудҳои аввалинашро қариб намехонад ва онҳоро радио ва телевизион ҳам бо исрори муаллиф такрор намекунанд. Аммо ин ҳаргиз маънои онро надорад, ки он сурудҳо аз даҳон мондаанд ва бинобар ин, сароянда аз баҳрашон гузаштааст. Асли гап дар он аст, ки Ҷӯрабек агачи имрӯз онҳоро ҳамчун маҳсули қадамҳои нахустинаш дар шоҳроҳи ҳунар эътироф менамояд, ҳамзамон нағз дарк кардааст, ки он сурудҳо ё моли ҳунари асил ва ё комил набуданд ва аз ин рӯ, ба шунавандаи муосир пешкаш намудан шарт нест. Ин кори ӯ бар хилофи он ба ном сарояндагоне буд, ки солҳои сол як суруд ва як оҳангро бе ҳеч истиҳола такрор мекунанд.

Боре шоҳиди он будам, ки Ҷӯрабек дар ҳалқаи дӯстони наздикаш нишаста, ҳар сари чанд вақт бо овози паст ва барои аксари атрофиён ноаён як-ду суруди бароям ношиносро замзама мекарду лаҳзае чанд ба андеша фурӯрафта, боз аз нав онҳоро такрор менамуд. Пас аз се рӯз он сурудҳо бори аввал дар Хонаи нависандагон садо доданд ва маълум шуд, ки яке «Илтиҷо» (шеъри Боқӣ Раҳимзода) ва дигаре «Арӯсбиёрон» (суруди Лоиқ) ном доштанд.

Ҳамин тавр, Ҷӯрабек қариб дар ҳар як барномаи навбатиаш, албатта, ягон суруди тозае, оҳанги наверо ба мо мухлисонаш тақдим менамуд ва мо бо суруду оҳангҳои тоза ба тоза ӯ кайҳо одат карда будем. Ба ҳарҳол, ман чунин гумон доштам. Вале вақте ки тамошои барномаи консерти ҳисоботии ҳофиз дар соли театри эстрадаи Маскав насибам гашт, ростӣ, ки бароям ғайричашмдошт буд. Дар он тарафҳои то ҳол тамоман номаълуми ҳунари рангин ва ғании вайро ошкор намудам.

То он рӯзи муборак тасаввур доштам, ки Ҷӯрабек Муродов асосан сарояндаи сурудҳои классикӣ ва халқии тоҷикӣ буда, фақат ягон-ягон ба забонҳои дигар низ овозхонӣ мекунад ва он сурудҳо чеҳраи ҳунарии ӯро муайян намекунанд. Шуҳрату обрӯи вай низ маҳз аз сурудҳои классикӣ ва халқии тоҷикист ва майли ӯ ҳам бештар ба онҳост. Маълум мешавад, ки мо то ҳол ба суруданҳои вай ба забони мардуми дунё, чунонки мебоист, диққат ва ба маҳорати расояш дар ин замина баҳои сазовор намедодааем. Шояд ин ҳолат ва тасаввур аз он сар зада бошад, ки он сурудҳо ба забонҳои халқҳои дигарро ҳунарманд дар барномаҳои консертиаш пеш аз ин танҳо-танҳо мехонд. Ва акнун, ки онҳо дар як барномаи мустақил гирд омадаанд, таъсиру кайфияти махсус ва бештар пайдо намудаанд. Аҳли гуногунмиллату гуногунзабон, сурудҳои русӣ, арманӣ, туркманӣ, ӯзбекӣ, арабӣ, ҳиндӣ, туркӣ ва урдуро он шаб дар иҷрои сарояндаи тоҷик бо иштиёқи тамом шуниданд ва чун подоши хизмат ба ҳунари олияш дурудароз кафкӯбиҳо ва гулафшониҳо карданд. Он рӯз ӯ 23 суруд ба 18 забон сароида буд.

Бисёр касоне ҳастанд, ки суруди ҳиндӣ, арабӣ ва халқҳои дигарро мехонанд, аммо ба назокатҳои он сурудҳо ва мусиқии онҳо сарфаҳм намераванд. Бо онҳо муяссар намегардад, ки он нозукиҳоро дарк намоянд. Аммо Ҷӯрабек Муродов бо фаросати фавқулодае, ки дорад, ҳамчун ҳунарманди асил онҳоро дарк кардааст, моҳияти онҳоро, асрори онҳоро ҳамчун як сарояндаи асил ба шунавандагони худ, ба алоқамандонаш мерасонад.

Ин омезиши бисёр огоҳона ва устодонаи ҳунари миллӣ бо ҳунари умумидунёӣ на ба ҳар кас муяссар мешавад. Бахти баланди Ҷӯрабек Муродов дар он аст, ки ӯ ба ин муяссар гардидааст. Дар ҳамин аст як заминаи шуҳрати устод Ҷӯрабек Муродов дар берун аз Тоҷикистон, на танҳо дар байни тоҷикон ва ҳамзабонони мо, ки дар кишварҳои гирдуатроф зиндагӣ мекунанд, балки дар байни халқҳои дигар низ обрӯ ва эътибор пайдо намудааст.

Ҷӯрабек дар Маскав аз як имтиҳони ҷиддие гузашт. Он имтиҳон, имтиҳони танҳо як худи ӯ не, балки тамоми санъати сарояндагии миллии тоҷикӣ буд. Чунонки рӯзномаи «Советская култура» дар он рӯзҳо хабар дода буд, консерти ҳофизи тoҷик бомуваффақияти калон баргузор шуд. Ва бори дигар он ҳақиқати баҳснопазирро ба субут расонд, ки ҳамаи комёбиҳои имрӯзаи адабиёт ва санъати мардумони шӯравӣ, пеш аз ҳама, дар асоси заминаҳои пойдору бобақои миллӣ ба даст даромадааст. Ва ҳарчи қадар, ки дар ҳунари ин ва ё он намояндаву санъати халқҳои шӯравӣ вижагиҳои миллӣ барҷастатар зуҳур дошта бошад, ба ҳамон андоза он моҳияти байналмилалӣ касб менамояд.

Мо ба муваффаққиятҳои Ҷӯрабек бовар доштем, лекин аз ин ки бино ба шунидамон, ингуна консерти ҳисоботии як нафар сарояндаи сирф сурудҳои миллӣ дар Маскав аз таҷрибаҳои аввалин буд, хавф доштем, ки оё аудиторияи гуногунмиллат ва ҳам серталаби пойтахт онро ба хушнудӣ қабул менамуда бошад ё на? То он рӯз дар он ҷо асосан барномаҳои ҳунармандони драмма, эстрада, опера ва балет расм буд…

Ҳунарманди мардумии Иттҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов сарояндаи зебоиҳои ҳаёт, табиат ва одамон, покию сафо, мардию бузургманишӣ, дӯстию рафоқати мардуми дунё, муҳаббату садоқат ба зан, модар, ватан мебошад. «Ҷӯрабек сарояд, меҳри зодгоҳ, навозиши модар, панди падар, муҳаббати ёр бештар қадр пайдо мекунад», навиштааст мухлисе. Худи сароянда ҳам, чунонки ба қарибӣ дар вохӯрӣ бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон арз намуд, маҳз ҳамингуна шунавандагон ва тамошобинонро талабгор мебошад. Ва хушбахтии ӯ дар он аст, ки ингуна шунаванда ва тамошобини барояш дилхоҳро кайҳо пайдо намудааст ва дар суруду оҳангҳояш рози дили он, олами мураккаби эҳсосоту андешаҳои онро тараннум менамояд. Барои ҳамин ҳам ҷустуҷӯҳои ҳунарии ӯ бар мабдаи маънавӣ қарор гирифтаанд ва аз ин ҷиҳат аз муҳтавои умумии раванди имрӯзаи адабиёту санъати тоҷик ва минтақаву ҷаҳон ҷудо нестанд.

Ҷӯрабек Муродов аз насле мебошад, ки солҳои 60-и асри ХХ дар Тоҷикистон майдондароӣ карда, дар арсаи фарҳангу ҳунар ва илму адаб як марҳалаи сифатан тозаеро боз намуда буданд. Маҳз дар ҳамин солҳо ин насл дар Тоҷикистон як ҷунбиши бедории миллиро оғоз карданд, ки ба шарофати он дар фарҳангу ҳунар ва илму адаби тоҷик тафаккури миллӣ, андешаи миллӣ, худшиносии миллӣ роҳ ёфт. Ва он таъкид бояд намуд, ки маҳдуд ба як маҳал, як ноҳия, як минтақа, як шаҳр набуда, берун аз ин доираҳо, маҳдудаҳои музофотию маҳаллӣ, берун аз Тоҷикистон рафт ва ба мол ва дастовардҳои умумимиллӣ табдил ёфт. Сурудҳои Ҷӯрабек Муродовро имрӯз танҳо дар як гӯшаи як ноҳия, як шаҳр, як минтақа ва як вилояти Тоҷикистон гӯш намекунанд, балки дар сартосари  Тоҷикистон ба ҷон гӯш мекунанд ва қадр менамоянд.

Ин насл тавонист, ки дар баробари зинда намудани асолати миллӣ ва суннатҳои миллии ҳунару адабиёту илму фарҳанги тоҷикиро эҳё бикунад ва онро огоҳона ва дониста бо арзишҳои умумибашарӣ, бо санъату ҳунари мардумони дунё омезиш диҳад ва бо ҳамин фарҳангу ҳунари тоҷикӣ, адабиёт ва илми онро ба зинаи болотари тараққиёташ бардорад.

Таърихи зиёда аз 60-солаи охири ҳунари тоҷик, махсусан бахши сарояндагӣ, овозхонии он бо ном ва фаъолият ва шахсияти Ҷӯрабек Муродов пайванд аст. Ҳеч имкон надорад, ки таърихи навини ҳунари сарояндагии тоҷикро дар даврони муосир, яъне дар нимаи дуюми асри ХХ ва оғози асри ХХ1 бидуни ҳунар, шахсият ва фаъолияти ҳофизии Ҷӯрабек Муродов тасаввур намуд.

Абдунабӣ Сатторзода,

профессор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь