Нимаи аввали асри 21 ба тавлиди театру синамои тоҷик як қарн пур мешавад ва таърихи ин ду санъати ниҳоят муҳими ҳаёти иҷтимоӣ гувоҳӣ аз он медиҳад, ки театру синамои миллӣ дар тарбияи ахлоқию маънавӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ, арҷгузорӣ ба адабиёту фарҳанг, хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ, таҳамулпазирӣ ва сабру тоқат, савқ додани тафаккури интиқодию ҳисси зебопарастии миллат саҳми босазое гузоштааст.

Шинохти театру синамо ва таҳлили ҳар як намоишномаи театрию телевизионӣ, филмҳои ҳунарӣ, китобат кардани ҳаёту зиндагиномаи ҳунармандону коргардонҳо, ки дар умум далели раднашавандаи таърихи миллатро бозгӯӣ менамояд, аз таҳқиқотгар дониши баланди касбӣ: шинохти санъати театрию синамоӣ, дарки мазмуну муҳтавои асари адабӣ- саҳнавӣ – синамоӣ, ҳунари таҳлили нақшу амалиёт ва ҳирфаӣ баромадни бозии ҳунармандро талаб мекунад. Аз ин рӯ, дар ҷомеаи мо машғул шудан ба таҳқиқоти илмӣ, ки мавзуи онро соҳаи театру кино ташкил диҳад, таваҷҷуҳи камтар зоҳир гардида, таҳлили ин гуна асарҳо танҳо дар асоси як ё ду асари нақдии ноқидони театрӣ ва санъатшиносон, ки он дар ҳаҷми як ё ду саҳифа дар нашрияҳои даврӣ ба чоп мерасад, анҷом мепазирад.

Зикр кардан бомаврид аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, таваҷҷуҳи бештар зоҳир кардан ба ду санъати муҳим, ки дар он таҷассуми фарҳанги миллӣ дар зинаи баланд қарор меёбад, корест ниҳоят муҳим ва даст задан ба он аз ифтихормандии фардияти таҳқиқотгар дарак медиҳад. Рустамҷон Воҳидов –Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, дотсенти кафедраи режиссура ва продюсерии МДТ «ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода» аз зумраи он шахсиятҳои барҷастаи санъати театр ва синамои тоҷик аст, ки диққати том ба асарҳои санъати театрию синамоӣ зоҳир карда, бобати фаъолияти ҳунармандони касбӣ корҳои илмӣ- таҳқиқотӣ анҷом додааст.

Фаъолияти пурсамари ӯро ба самтҳо ҷудо кардан мумкин аст: якум, ҳунарманди театру синамо, дуввум эҷодгари асарҳои бадеӣ, саввум машғул гардидан ба таҳқиқотҳои илмӣ, чорум роҳбарӣ ва дар тарбияи шогирдон.

Заҳматҳои пайваста, мушоҳидакорӣ, ҳифзи хотираҳои овони донишҷӯӣ ва фаъолият дар театру синамо, мутолиаи ҳамешагии адабиётҳои соҳавӣ, ошноӣ пайдо кардан ба методҳои анъанавӣ ва муосиру пешрафта ва ғ., ки аз устодони кордони соҳа омӯхтаю дар таҷрибаи корӣ амалӣ кардааст, Р. Воҳидовро дар ин ҷодаҳо муваффақ гардонидааст. Муҳимтар аз ҳама анҷом додани корҳои илмӣ- таҳқиқотии ӯ бозёфти нодиру нотакрор аст, ки бо хусусияти таҳлилгарӣ, муҳокимаронӣ ва хулосабарорӣ ҷамбаҳои фаъолияти илмии ӯро равшан инъикос намудааст. Натиҷаи рисолаи илмӣ маводе нест, ки рӯи варақ оварда шуда, дар соҳае ба кор бурда нашавад, беҳтар он аст, ки таҳқиқи илмии мавод дар амалияи донишгирии ин ё он соҳа ба кор бурда шавад. Маҳсули таҳқиқи устод имрӯзҳо дар тайёр кардани кадрҳои соҳаи театру синамо фаровон истифода мегардад ва ин исботи он аст, ки самти фаъолияти ӯ ба илм ва таҳқиқотҳои илмӣ алоқаи ҳамешагӣ пайдо кардааст.

Р. Воҳидов дар эҷоди жанрҳои хурди адабӣ- тарона, латифа, ҳаҷвия, пиесаҳои бачагона дар асоси афсонаҳои халқӣ барои намоишномаҳои театрӣ маҳорати махсуси касбӣ дошта, то имрӯз китобҳои «Шиҳоби ишқ», «Чашмаи ишқ», «Парвози хаёл» (2016), «Даме бо Маҳмуд» Душанбе: нашриёти «Файз»- 2005 с., 40 саҳ., «Пок аз адам омадаем» (2004), «Маҳмуди сухангӯй» соли 1990, «Гули худрӯйи хушранги кӯҳистон» дар бораи Раҷабгул Қосимова –Ҳунарпешаи мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе, «Нурафзои нур» – 2016с, 120с., «Сароянда -актёр» дар бораи Ҳунарманди театри тамошобини ҷавон «Аҳорун» ба номи М.Қосимов Амрихудоев Ҳиматхудо, «Намирад ҳунарманд» ба чоп расида ва пиесаҳои «Кӣ айбдор?» (2003), «Роҳи пуршарафи эҷодӣ», «Қиссаи Юсуф» (мураттиб) «Ба некӣ бадӣ», «Ишқи Фариштамоҳ», «Ман зан гирифтан мехоҳам», «Халтаи сеҳрнок», «Харгӯши доно» ва ғайраҳо ба саҳнаҳои театрҳои касбӣ роҳ ёфта, писанди кӯдакону наврасон ва аҳли ҷомеа гардидаанд. Ӯ дар чопи китобҳои бадеӣ ва методӣ – таълимии бо нашриётҳои «Эҷод», «Парвин», «Паёми ошно», «Нурафзои Нур», «Абдураҳмон -Р», «Шумон» ва «Файз» ҳамкорӣ кардааст.

Фаъолияти ҳурании ӯ ҳамчун ҳунарманд дар театр ба даҳаи охири солҳои 70-ум ва шуруъи солҳои 80-и асри гузашта рост меояд. Дар саҳнаи театри тоҷик нақшҳои зиёдро бозидааст. Аз ҷумла, нақши Николай аз асари М. Зошенко «Решаҳои капитализм», Лундабек аз намоишномаи Қ. Эшонов «Қоқалӣ ва Лундабек», нақши Асалбек аз асари худ «Асалбеки ҷодугар», нақши Бобои Салим аз намиши худ «Бобои Барфӣ ва Заррина», нақши Эраҷ аз асри худ «Далери ҷасур», нақши Карим аз асари Н. Шоҳназаров «Нахӯтак», нақши Хирс аз намоишномаи Ф. Қосимов «Шер ва Харгӯш», нақши Саид аз асари Насриддин Исломов ва Фаррух Қосимов «Раъно», нақши Ломов аз асари А. Чехов «Хостгорӣ» хотирнишин ва барҷастатарин нақшҳои саҳнавии ӯ ба шумор мераванд.

Фаъолияти эҷодӣ- ҳунарии Р. Воҳидов дар филмномаҳои телевизионӣ ва филмҳои бадеӣ хеле назаррас буда, дар кинои тоҷик чандин нақшҳоро бозидааст, ки аз ҷониби санъатшиносон баҳои мусбат дода шуданд. Аз ҷумла, дар филми С. Р. Афардӣ «Маҳдӣ» нақши Ҳомидов филмҳои бадеии коргардон С. Қодирӣ «Муъҷиза» нақши Ваҳҳобов, «Асрори хуфта» нақши духтур Ҷабборов, филми Т. Раҳматуллоев «Ҷазо» нақши Нонпаз, филми бадеии Ҳ. Камолиддин «Ман гунаҳкор» нақши муаллим Шодиев, Филми С. Набизода ва Азиз Ҷомуродов «Лайка» нақши Неъматулло ва дар филми Бахтимуроди Элмурод Ҷавонмард» нақши декани факултет нақшҳои марказӣ ва эпизодиро ба иҷро расондааст.

Р. Воҳидов ба ҳайси коргардон дар таҳияи намоишҳои фарҳангӣ аз қабили шаби эҷодӣ бахшида ба «60 –солагии фаъолияти эҷодии Ҳунарпешаи мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Майрам Исоева» (қисмати «Модарнома» 2017 с.), шаби эҷодӣ бахшида ба «50 –солагии фаъолияти эҷодии Арбоби санъати Тоҷикистон, коргардон ва драматург Абдулҳафиз Қодиров» (соли 2018), шаби эҷодӣ бахшида ба 50 –солагии фаъолияти эҷодии Ҳунарпешаи мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Савринисо Сабзалиева «Модарнома» (соли 2018), барномаи фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2020), барномаи фарҳангӣ – ҳунарӣ бахшида ба Рӯзи омӯзгорон (2021), барномаи фарҳангӣ таҳти унвони «Меҳргони Истиқлол» бахшида ба ҷашни Меҳргон (соли 2021), барномаи консертӣ бахшида ба Рӯзи Шашмақом дар доираи 110 –солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода (соли 2021), барнома ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2022), чорабинии фарҳангӣ бахшида ба «30- солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2023), намоиши адабӣ мусиқӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ (соли 2022), намоиши адабӣ- мусиқӣ бахшида ба ҷашни «Рӯзи модар», намоиши адабӣ- мусиқӣ бахшида ба иди байналмилалии «Наврӯз», барномаи консертӣ ба ёдбуди 80- солагии Ҳунарманди халқии Тоҷикистон М. Воҳидов (дар ноҳияи Ашт) (2019) ва ғайра дар мавзуҳои гуногун, вале ҳама саршор аз худшиносӣ ва худогоҳии чеҳраҳои сарсупурдаҳои миллӣ барномаҳо таҳия намуда, пешкаши тамошобинони нуктасанҷ гардонидааст.

Калонтарин қисмати илмӣ – таҳқиқотӣ дар самти фаъолияти Р. Воҳидов китоби «Рисолати касб» маҳсуб мешавад, ки аз 8 қисм иборат мебошад. Ҳар як қисмати ин китоб таҳқиқоти илмии ӯро дар соҳаи театру синамо фаро мегирад. Аз ҷумла, қисмати 1 «Коргардон- мураббӣ» _ Душанбе: 2012, 155 саҳифа, қисми дуюм- «Тағйири қиёфа», қисми 3 «Ҷовидон дар саҳнаи дилҳо» Душанбе, нашриёти «Шумон»-2013, қисми 4 «Ғолиби майдони саҳна»- Душанбе , «Паёми ошно»-2015 с.,98 саҳ, ҷилди 5 «Нутқи саҳна» Душанбе, «Нурафзои нур»- 2015, қисми 6«Луғати русӣ- тоҷикии истилоҳоти театрӣ ва бузургон дар васфи театр» Душанбе, «Нурафзои нур»-2015, қисми 7 –ум «Асрори зебоӣ».- Душанбе, «Паёми ошно» -2015 ва қисми 8 «Сайре дар олами синамо» -ро ба осори илман асоснокшудаи Р. Воҳидов нисбат додан мумкин аст, ки дар он хусусияти ин ё он фанни таълимӣ- тахассусии актёрон, режиссёрон, ороишгарони чеҳра ва саҳна ба чашм расида, дар аксарияти онҳо маълумоти муфассал дар бораи ҳунармандон, таҳлили нақшҳои бозидаи онҳо, дарёфти хусусияти хоси фардии ҳунармандон ва усулҳои гуногуни иҷроиши нақш аз ҷониби онҳо таҳқиқӣ илмӣ ёфтаанд.

Устод Р. Воҳидов барои тарбияи касбияти ҳунармандони театру синамо дар донишкада аҳамияти хоса дода, усул ва равиши хоси худро дар китоби таълимии «Асосҳои маҳорати актёрӣ» Душанбе: нашриёти «Абдураҳмон -Р»- 2023с., 148 саҳ., «Ҳунари ровигӣ» Душанбе: наш. «Эҷод»-2023 ва «Ҳамкории режиссёр бо рассом» Душанбе: «Абдураҳмон- Р»-2023 с., 132 с. овардааст, ки манфиати дучанд дорад. Зеро ҳар яке аз ин китобҳои таълимӣ тақвиятдиҳандаи донишҳои тахассусии ҳунармандони ояндаи соҳаи санъати театрию синамо хоҳад гашт.

Мутолиаи асарҳои эҷоднамудаии Р. Воҳидов, ки дар онҳо самтҳои таҳқиқоти илмӣ ба мушоҳида мерасад, барои ноқидони соҳаи театру синамо ҳамчун роҳнамо метавон хизмат кард.

Хулоса, тамоми зиндагӣ ва фаъолияти эҷодию ҳирфавии Р. Воҳидов намунаи ашхоси тарбиятгар ваҳунарманди сарсупурдаест, ки ҳастӣ, истеъдод ва ҳунари асили худро ба хидмати халқу Ватани азизаш бахшидааст.

Бобоҷон Раҳимов

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь