Ба номи Худованди ҷону хирад,

К- аз ин бартар андеша барнагзарад.

Сароғози суханро бо байти мазкури парвардгори сухан, Ҳакими доно Фирдавсӣ айни савоб донистем. Равони покашон шод, ёдашон, осорашон гиромӣ бод! Ҳаким Фирдавсӣ 30 сол ранҷ бурд, Аҷамро бо порсӣ зинда карду аз худ кохи сухан ба ёдгори ҷовидон гузошт, ки аз боду борони ҳаводис газанд нахоҳад ёфт. Фирдавсӣ бо шоҳкори беназири худ “Шоҳнома” ҳам миллат, ҳам хираду фарҳанг, ҳам таъриху ҷуғрофияву ҳам шаҳриёриву шаҳсаворӣ, ҳам расму оину суннатҳои гузаштаи мардуми Ориёиро зинда карду ба мо ба мерос гузошт. Бо гузашти солҳову ҳаводиси таърихӣ, бо сабабҳои ҳуҷумҳои ғоратгаронаи аҷнабиён фарҳанги мардуми Ориёӣ ба фарҳанги қавму миллатҳои дигар таъсири бориз гузошт ва ин бегонагон дар пайи аз худ кардани фарҳангу таърих ва сарзаминҳои ориёӣ шуданд. Дар шинохти ҳудуди сарзамину кишварҳо, яъне ҷуғрофияи сарзаминҳои Ориёӣ низ каҷфаҳмиҳои (ҳадафмандона!) зиёд рух дода, ҳар як хирасари нотавонбини бетаърих мувофиқ ба фаҳмиши ноқиси худ, сарватҳои бебаҳои ориёиро моли худ арзёбӣ кардан гирифт.

Якҷо бо муяссар гардидани неъмати бебаҳои Истиқлоли давлатӣ олимони кишвар ҳамчун ворисони асили арзишҳои миллӣ, имконият пайдо карданд, ки бо иродаи қавӣ аз пайи омӯзишу таҳқиқи таърихи аслии сарзаминҳои Ориёӣ шаванд. Яке аз чунин олимон, ки бо амри виҷдон, бе супоришу дастури махсус дар Эроншиносӣ ва сарзаминҳои Ориёӣ китобу мақолаҳои зиёде ба нашр расонида, хидмати босазое намудааст, устод Муҳтарам Ҳотам мебошанд.

Ҳаким Фирдавсӣ бо навиштани “Шоҳнома”, албатта, аз ҷониби Султон Маҳмуд умедвори силаи раҳм буд, ҳарчанд си сол ранҷ бурда, асбоби роҳати зиндагии худро аз боғи худ таъмин мекард. Қаҳрамони ин навиштаи мо, Шоири халқии Тоҷикистон, нависанда, тарҷумон, забоншинос, ношир, таърихшинос, Шоҳномашинос – Муҳтарам Ҳотам низ давоми си  сол, бе ягон умедвориву тамаъу чашминтизорӣ аз касеву чизе, ба пажуҳишу омӯзиши ҷуғрофияи сарзаминҳои Ориёнӣ – Эрони бостон ва Ҳинди бостон пардохта китобу рисолаҳои пурарзише ба чоп расонидаанд.

Бо амри тақдиру таърих, ки сарзаминҳои нопайдоканори Ориёиҳо аз ҷониби ҳамсояҳои кӯчӣ ғасб гардида, байни аҷнабиён пора-пора тақсим шуда ва аз он сарзаминҳои нопайдоканор як пораи хурде, ба қавли қаҳрамони навиштаи мо – мисли як пора марвориде аз ганҷи барбодрафта – ба соҳибони аслиашон боқӣ монд ва аммо ғосибон дар пайи дуздиву аз худ кардани таъриху фарҳанги ниёгонамон камари “ҳиммат” баставу номардона таърихи гузаштаи миллати моро таҳриф намуда, ба ҷаҳониён аз номи худ муаррифӣ кардан гирифтанд. Он гуна ки бисёр фарзандони гузаштаи ин миллатро низ аз худ карданианд. Ин ҳол Муҳтарам Ҳотамро қарор нагузошту бо амри дилу виҷдон ба ҳимояи сарзаминҳои таърихии ниёгонамон бархост.

Солҳои шӯравӣ олимони баъзе кишварҳои хориҷӣ барои муайян кардани сарзаминҳои Ориёнӣ таҳқиқотҳои зиёде анҷом дода, китобу рисолаҳо низ нашр карда буданд. Дар ин миён бештаре аз онҳо воқеан барои миллати мо ва таърихи он хидматҳои шоён намуданд. Аммо на ҳама корҳои баъзе аз онҳо воқеияти таърихиро мукаммалу мушаххас бозгӯ намудаанд. Бояд гуфт, ки гулӯи баъзе олимони ин соҳа аз ҷониби “дастандаркорон”-и қавмҳои таърихдузд равғанин карда мешуд, то таърих ва арзишҳои миллати моро бо номи онҳо муаррифӣ намоянд. Ҳамакнун, маълумотҳои мушаххасро дар асоси мадракҳои таърихӣ бо далелҳои қотеъона устод Муҳтарам Ҳотам ба мо пешниҳод кардаанд. Ҳама маводҳои пешниҳодкардаи ин муҳаққиқ кашфиёти тозаанд дар таърихшиносӣ ва ҷуғрофиёи таърихии ориёиҳо.

Албатта, “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров дар бахши таърихи тоҷикон як асари бебаҳо ва беназир аст, аммо ин асар, ба қавле, мухтасар ва фишурдаи таърихи тоҷиконро фаро гирифта, барои эҷоди асарҳои таърихӣ ҳамчун як консепсия, як барнома хидмат мекунад. Дар асоси “Тоҷикон” имкон дорад даҳҳову садҳо асарҳои таърихӣ навишта шавад.

Устод Муҳтарам Ҳотам дар байни мардум ҳамчун шоири баркамол маъруфу машҳур аст. Дар баробари шеърҳои нобу гуворо, асарҳои насрӣ- повесту роман, асарҳои забоншиносӣ низ навиштаанду асарҳои адибони хориҷиро ба тоҷикӣ тарҷума карда, дар баробари ин ба таҳқиқи таърих ва ҷуғрофияи сарзаминҳои Ориёнӣ низ машғул шудаанд. Ба кам касон чунин истеъдоди Худодод даст медиҳад, ки якбора дар чанд самти соҳаи эҷод даст зананду муваффақ ҳам шаванд. Мухтасари феҳристи маҳсули фаъолияти эҷодиашон аз китобу мақолаҳои зерин иборатанд:

  1. Ёздаҳ маҷмуаи ашъор; 2. Даҳ асари илмӣ. 3. Панҷ асари тарҷумавӣ. 4. Се асари публисистӣ. 5. Мураттиби тақрибан 50 асари назмиву насрӣ. Дар маҷмуъ то имрӯз 29 асарашон нашр шудаву ба дасти хонанда расидааст. Шаш асари ҳанӯз ба дасти чоп нарасида доранд. Шеъру мақолаҳояш дар зиёда аз 60 маҷмуаҳои гуногун дар дохилу хориҷи кишвар ба табъ расидаанд. Шеърҳояшон ба забонҳои русӣ, белорусӣ, ӯзбекӣ, арманӣ, литвонӣ ва дигар забонҳо тарҷума шудаанд. Аз эҷодиёти назмии устод Муҳтарам Ҳотам дар баробари ашъори гуногун достони “Сурӯши сухан”, манзумаи “Ҳамосаи ҳазораи ориёӣ”, намоишномаи “Бозгашти Баҳор”, силсилаи байтҳо бо унвони “Ҳазориспанд” дар ҷумлаи намунаҳои беҳтарини эҷодиёташон ба шумор мераванд.

Аз асарҳои илмии сегонаашон – “Эрони гумшуда”, “Ҳинди гумшуда” ва “Помир: таърихи гумшуда” дар илми ориёишиносии на танҳо кишвар, балки берун аз он наву нодир буда, аз лиҳози ҳаҷму муҳтаво (ҳар яке 600-700 саҳифа) камназир ба шумор мераванд. Дар тамоми асарҳо, рисолаҳо ва мақолаҳояшон кашфиётеву навгоние ба назар мерасад. Дар китоби “Эрони гумшуда”, ки соли 2012 ба нашр расидааст, бори нахуст ба таври мушаххас собит намуданд, ки Эрони бостон, Эроне, ки то ҷудо шудан ба Эрону Турон вуҷуд дошт, дар миёни рудҳои Панҷу Сир воқеъ гашта буд. Давлатдории Пешдодиёну Каёниён дар ҳамин минтақа амалӣ гардида буд. Ин назарро олимони эронӣ Меҳрдоди Баҳор, Ҷалил Дӯстхоҳ, олими фақиди тоҷик Ҳамдам Муминҷонов низ иброз намуда буданд. Аммо Муҳтарам Ҳотам ин назарро ба таври мушаххас, бо нишон додани ҳудуди 7 кишвар, 16 сарзамини Аҳуроофарида, 5 сарзамини ориёинишин, панҷ пойтахти Эрони бостон дар ҳудуди нави ҷуғрофӣ бо далелҳои раднашаванда собит намуданд, ки ин назар дар муқобили назари дигар олимони дохилу хориҷ назари тамоман нав ба шумор меравад. Кашфиётҳои илмӣ-таърихӣ-ҷуғрофияшон хеле зиёданд. Бигирем, ҳадди ақалл, рисолаи “Эронвиҷ”-ашонро. Тавре маълум аст, тамоми ориёшиносони бисёр кишварҳо беш аз 200 сол аст, ки дар суроғи Эронвиҷ тахминеву назаре иброз менамоянд ва ин сарзамини хостгоҳи ниёгони ориёиро дар ҳар гӯшае тахмин кардаанд. Аммо Муҳтарам Ҳотам ин сарзаминро бори нахуст бо тамоми нишониҳояш ошкор намуд, ки то кунун ҳеҷ як муаррихе, ориёишиносе чунин амалро анҷом надодааст. Чанде пеш ба тақвияи рисолаи мазкурашон мақолаҳои “Эронвиҷ ва 33 нишонии ин сарзамин”, “Ниёише барои Эронвиҷ”-ро нашр намуданд, ки дар бораи дақиқияти ҷойгоҳи ин сарзамин дигар ҷои ҳеҷ шубҳае барои аҳли илм боқӣ намемонад. Ӯ соли 1990 дар кишвар нахустин Муассисаи хурди нашриявиро таъсис додаву номашро “Ориёно” гузошта буд, яъне аз ҳамон даврон ба Ориёно дилбастагӣ дошту онро мавриди пажуҳиш қарор дода буд.

Дар мақолаҳои “Эрони бостон куҷо буд?”, “Порси нахустин куҷо буд”, “Кангдижҳо ва ҷойгоҳи онҳо”, “Кӯҳи Қоф”, “Саразм – Хоразми Авасто ва “Шоҳнома” аст”, дар таърихшиносии Эрони бостон ҳамчун бозёфт ва кашфиёти нодиру беҳамто зоҳир мешаванд, ки қисмате аз онҳо 10-12 сол пеш навишта шудаанду нафаре аз донишмандону муҳаққиқон ба ин китобу мақолаҳои гаронарзиш назари таваҷҷуҳ накардааст. Мақолаҳои “Симпозиуми байналмилалии “Ҷуғрофиёи Шоҳнома” (“Минбари халқ” №37, 21 сентябр) “Муҳофизи арзишҳои таърихиву фарҳангии миллат бошем” – “Маркази ҷаҳон, меҳвари дунё, нофи замин дар бовари ориёиҳо”, “Панҷ пойтахти Эрони бостон дар шарқи Осиёи Миёна” силсиламақолаҳои “Зиндагиномаи Фаридун”, “Ямани нахустин (дар “Шоҳнома”) куҷо буд?”, “Сирдарё дар сарчашмаҳои куҳан”, “Кобули “Шоҳнома” куҷо буд?” мақолаҳои нодиру арзишманд буда, ҳар яке як кашфиёти илмиро фарогир аст.

Ин донишманд дар асари дигараш “Ҳинди гумшуда” дар асоси омӯзиши асарҳои ҳиндуориёии “Ригведо”, “Маҳабҳарата”, “Пурон”-ҳо, “Стҳананга-Сутра”, “Шримад Бҳагаватам” ва ғайра бори нахуст дар илми ориёшиносӣ сарзаминҳои дар ин асарҳо тасвирёфтаро дар шарқи Осиёи Миёна ва ғарби Ҷумҳурии Чин суроғ намудаву айният додааст. Аз ҷумла, руди Сарасватиро, ки онро аксари олимони ин бахш ривояту устура медонанд, дар симои руди Торим пайдо намуданд, ки ин руд ба қавли ӯ дар “Шоҳнома” бо номҳои руди Шаҳд, руди Зиреҳ, дарёи Об зикр шудааст. Ӯ собит намуда, ки кӯҳи ривоятии ҳиндуориёиҳо – Меру бо қуллаи ба номи Исмоили Сомонӣ айният меёбад, ки мувофиқи назари олими фаронсавӣ Брюнуф ва олими рус Н. Федоров вожаи Помир аз номи ҳамин кӯҳ (уПАМЕРу – паҳлуи Меру) тасмия шудааст. Помир дар адабиёти ҳиндуориёӣ Ҷамбу ном дошта, ин ном баъдан ба шакли Замбу-Замбул-Зобул баргашта, Зобули ватани Рустами Достон ҳамин ҷойгоҳ будааст. Руди Ганги аслӣ, ки дар ривоятҳо аз чор (ва 7) шоха иборат аст, аз чаҳор паҳлуи куши Меру – қуллаи ба номи Исмоили Сомонӣ ҷорӣ мешавад. Ин гуна назарҳои нав дар китоб зиёданд.

Асари дигари ӯ “Лашкаркашии Александи Македонӣ ба Паретакен (Қаротегин)” аст, ки ба муносибати 2350-солагии исёни Спитамен навишта шуда буд. Дар асар хатти ҳаракати Искандари Мақдуни ба кишвари Паретакен, ки мувофиқи таҳқиқоти муаллиф ба водии Рашт (Қаротегин) айният мегирад, то “Кишвари сокоиҳо” (водиҳои Лахшу Олой) хеле дақиқ ва мушаххас арзёбӣ шудааст. Муаллиф дар асоси омӯзиши асарҳои муаррихони Юнони қадим ва муқоиса бо “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ собит намудаанд, ки Искандар бо Рухшона баҳори соли 327 дар қалъаи Аримаз (Гарум, дар “Шоҳнома” Ҳарум) издивоҷ карда будааст, ки мувофиқи пажӯҳишҳои устод имсол ба ин издивоҷашон 2350 сол пур мешавад. Соли 2021 муаллифи ин асар борҳо аз тариқи чанде аз васоити ахбори омма эълом доштанд, ки соли 2350-солагии исёни Спитамен ёдбуд карда шавад, аммо садояшонро олимони соҳа ба инобат нагирифтанд.

Яке аз асарҳои дигари ӯ “Тоҷик” ном дошта, ба масъалаи баромад, сайри таърихӣ, вусъати ҷуғрофӣ ва дигар паҳлуҳои вожаи тоҷик дар асоси сарчашмаҳои тибетӣ, чинӣ, санскрит, арманӣ, юнонӣ, форсӣ, русӣ ва ғайра аз дидгоҳи нав изҳори назар карда, собит намуданд, ки вожа ва халқу кишвари тоҷик садсолаҳои зиёде пеш аз ҳуҷуми арабҳо ба Осиёи Миёна вуҷуд дошта будааст.

Чанде пеш китоби нави ин муҳаққиқ “Сарнавишти вожаҳо” иборат аз 386 саҳифа, аз нашр баромад, ки ба бисёр масъалаҳои ҳанӯз дастназадаи забоншиносӣ бахшида шудааст. Масъалаҳои баргаштҳои овозӣ дар вожаҳо, пасвандҳову пешвандҳои гумшуда, муносибати шеваҳои забони тоҷикӣ бо забони санскрит, ҳамвожаҳои забонҳои санскрит-русӣ-тоҷикӣ, вожаҳои ориёӣ дар забони арабӣ, фарҳанги вожаҳои ҳамрешаи русӣ-тоҷикӣ, маъно ва баромади як силсила вожаҳо ва бисёр масъалаҳои дигари нодир фарогири ин китоб гардидаанд.  Асари мазкур як фарҳанги ориёиро мемонад ва дар шумори Пешзабон ва ё Нахустзабон қарор доштани забони моро шаҳодат медиҳаду аз ин забон баромадану реша доштани дигар забонҳоро тасдиқ мекунад. Ва пажуҳиши чунин як китоб роҷеъ ба сарнавишту саргузашти вожаҳои забонамон як кори илмии пурзаҳмат аст. Пажуҳишҳо ва кӯшишҳои устод Муҳтарам Ҳотам амали занбӯри асалро, ки ҳазорҳо фарсахро тай кардаву барои мо аз умқи қарнҳо ангубин, шаҳди худро дар шакли китобҳои гаронмаъниву пурбаҳо, ки то кунун назирашон дар илми таърихшиносиву эроншиносӣ вуҷуд надошт, пешкаш кардаанд. Аммо мутаассифона, то кунун дар ин бора аз ҷониби ягон мақомоти марбутаи илмӣ ва ё таърихшиносону донишмандон ва васоити ахбори омма таваҷҷуҳ ё ҷавоби илмие дар шакли мақолаву гузорише ба назар нарасидааст. Аз ҷумла, дар бораи китоби “Эрони гумшуда “, ки соли 2012 ҳамагӣ 200 нусха чоп шуда буду аз чопи он 10 сол сипарӣ гаштааст, то ҳол, мутаассифона, ягон нуқтаи назар иброз нагаштааст. Нодида гирифтан, хомӯш истодани чунин асарҳои муҳим аз рӯи инсоф нест. Зеро ин масъала масъалаи сарнавиштсози миллат аст, хусусан дар даврони авҷ гирифтани шумораи таҳрифгарони таърихамон аз ҷониби баъзе олимони кишварҳои ҳамсоя ва дуздони арзишҳои фарҳангиву таърихии миллиамон.

Устод Муҳтарам Ҳотам ба муносибати тамоми рӯйдодҳои кишвар ва бузургдошти шахсиятҳои таърихии кишварамон, ки бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат таҷлил карда мешаванд, асаре, рисолае китобе навиштаанд. Аз ҷумла, соли 1999 ба ифтихори 1100-солагии Давлати Сомониён ва 100-солагии Роҳи оҳани Тоҷик асари “Роҳ дар масири асрҳо”, (дар ҳаммуаллифӣ), ба муносибати Соли Оби тоза эълон шудани соли 2003 рисолаи “Қасидаи  диёри обҳои тоза”, ба муносибати Соли 2006 эълон шудани Соли тамаддуни ориёи асари “Ориётоҷикон: 18000 сол пеш…”, ба муносибати Соли забони тоҷикӣ эълон шудани Соли 2008 достони “Сурӯши сухан”, ба муносибати эълон шудани солҳои 2018-2028 даҳсолаи амал “Об барои рушди устувор” асари “Обҳои сарзамини ориёӣ” ва ба муносибати дигар ҷашнҳои муҳим низ мақолаҳои зиёд навиштаанд. Ҳаммуаллифи асари “Фарҳанги номҳои ҷуғрофӣ” мебошад. Иштирокчии Конфронси байналмилалии адибон ва тарҷумонҳои адабиёти Литва дар шаҳри Вилнюс (1988), Конфронси адибони Осиёи Марказӣ дар шаҳри Чимкент (1989), Ҳамоиши адибони ҷавони Иттиҳоди Шӯравӣ – “Вохӯрии кӯчаки Иссиқкӯл» (1990), Конфронси тарҷумонҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар Маскав (1990), Ҳамоиши “Гуфтугӯи тамаддуниҳои кишварҳои Осиёӣ” (Истанбул, 2011) Конфронси байналмилалии “Гуфтугӯи тамаддунҳои кишварҳои Осиёӣ” (Пекин, 2019) ва ғайра мебошад. Ҳангми нооромиҳо дар Ворухи Исфара мақолаеро бо номи “Муҳоҷирати қирғизҳо ба водии Рашт ва дигар сарзаминҳои тоҷикон” нашр намуда, сана ва сабабҳои ба сарзаминҳои тоҷикон омадани онҳоро ба таври мушаххас собит намуд, ки дар байниаҳли зиё бо ҳамовозии гарм мавриди истиқбол қарор гирифт. Дар тӯли фаъолияти эҷодиву ношириаш зиёда аз 800 мақола навишта, муҳаррир, мураттиб ва иштирокчии тақрибан ҳазор китоб будааст.

Ҳамчун як фарди равшанфикри миллат, ки ба таъриху фарҳанги он фахру эҳтиром дорам, арҷгузораш ҳастам, мехоҳам фаҳмам, ки чаро асарҳо ва дастовардҳои илмии ин олим аз мадди назар дур мондаанд? Чаро олим бо заҳмат, аз ҳисоби хобу истироҳаташон асар эҷод кунанд, онро аз ҳисоби маоши нокифояи худ чоп кунанд ё сарпараст ёбад? Барои таълиму тарбияи  як унвонҷӯ чи қадар маблағ сарф мешавад ва оё он унвонҷӯ дар оянда воқеан олим мешавад, посухгӯи масрафҳову хароҷотҳо шуда метавонад, аз ӯ ба илм манфиате мерасад? Вале олиме, ки аз ҳисоби хобу истироҳат бе мавҷуд будани шароити корӣ, бо заҳмати тоқатфарсо тамоми ҳастияшонро ба илм бахшидааст, зиндагиашро барои муҳофизати арзишҳои миллӣ сарф кардааст, 11 китоби хурду бузурги илмӣ навиштааст, ки шояд баъзе олимони унвондор ин қадар китоб нанавишта бошанд, оё нодида гирифтани чунин заҳматҳо аз рӯи инсоф аст? Мо медонем, ки баъзе муғризону аз воқеияти таърихи ориёиҳо ноогоҳ дар ҳаққи навиштаҳои ин олим дар гӯшаҳову ғоибаш ҳақношиносӣ мекунанд, аммо ин масъалаест, ки бояд беибо ва рӯирост гуфта шавад. Имрӯз ғаразу кинаву рашку ҳасадро ба хотири дифои арзишҳои фарҳангиву таърихии миллатамон бояд яксӯ гузошт, бар дифои ин манфиатҳо иттиҳод бояд кард, ба қавле ҳақиқатро авлотар бояд шумурд. Ба хусус ин шабу рӯзҳое, ки кӯчиёну хаймашинони саҳрогарди дирӯза ҳам соҳиби давлат шудаанду барои худ таърих сохтанӣ шуда, аз девори кохи таърихи мо хишт-хишт кандаву барои худ қаср сохтанӣ мешаванд, асарҳои устод Муҳтарам Ҳотам моҳияти тақдирсоз пайдо мекунанд. Мақолаҳои илмии устод Муҳтарам Ҳотам дар саҳифаи фейсбукиашон талабгор ва хонандаи бешумор дорад. Вале, магар олимро фақат тариқи фейсбук муаррифӣ кардан мумкин аст? Ман шукр дорам, ки дар миёни олимони тоҷик Муҳтарам Ҳотам барин як донишманди пурқудрати бе унвон, ба амри виҷдон заҳматкаш, бо ғуруру шарафи тоҷикӣ фаъолият доранд.

Агар ҳадафи устод Муҳтарам Ҳотам унвони илмӣ мебуд, ҳамаи унвонҳоро соҳиб мешуданд. Аммо он кас барои унвон наменависанд, барои тақдири миллат, барои таърихи миллат бо амри дилу виҷдон менависанд. Ҳол он, ки натиҷаи самараи илмии он кас сарҳади меъёри ҳамаи унвонҳои илмиро убур кардааст. Китобу мақолаҳои устод Муҳтарам Ҳотам дорои кашфиётҳои тозаву нодири илмӣ буда, дархури мавзуи Ориёнӣ ва сарзаминҳои Ориёнӣ мебошанд ва аҳамияти ҷаҳонӣ доранд! Вале мо онҳоро бо хомӯшӣ ва нодида гирифтан таҳаммул кардаем.

Масъалае, ки устод Муҳтарам Ҳотам мавриди таҳқиқ қарор додааст, масъалаи сода нест, дар оянда ин масъалаи хеле муҳим аз ҷониби олимону донишмандон ҳатман мавриди баррасиву омӯзиш қарор хоҳад гирифт. Зеро масъалаи мазкур масъалаи тақдири арзишҳои таърихиву фарҳангии миллат аст.  Мабодо гирифтори маломати наслҳои оянда шавем, ки ин донишманд ва таҳқиқоти ӯро нодида гирифтем, қадршиносӣ накардем…

Сайдулло Амонзода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь