“ОРОМГОҲ

Бо рафиқе ба ҳуҷраи роҳбари муассисае рафтем ва хуш пазируфта шудем. Сардор ба котибааш қаҳва фармуд. Аммо ҳини нӯшидан он дӯст осемасар шуд магар, ки каме қаҳва болои мизу дастонаш рехт. Хост бо рӯмолчааш пок кунад, аммо сардор хоҳиш кард, ки ба ҳуҷраи дарун гузарад ва даст бишӯяд. Баъди баромадан аз он ҳуҷра дӯстам таърифкунон гуфт:

– Ҷойи хуби дамгирӣ будааст-ку… Ҳам яхдон, ҳам дивани мулоим, ҳам… Оромгоҳи таппа-тайёр…

Ҳис кардам, ки ба сардор хеле сахт расид калимаи ахир, яъне оромгоҳ.

– Ҳа, маро ба зиндагиам ба гӯр монданӣ шумо… Оромгоҳ дар ҷойи дигар будагист, монед, ки аввал бимурем, баъд ҳамаамон меравем ба оромгоҳ…

– Э, не, монед, хафа нашавед, ман ба маънои ҷойи кайфу роҳат гуфтам…

– Чӣ хел роҳату кайф, магар дар гӯр истироҳат мекунанд…, – дидам, ки ду абрӯи сардор ба ҳам гиреҳ хӯрд…

Дилам ба ҳоли он рафиқ сӯхт, охир, ӯ бо тақозое назди ин сардор омада буд, акнун умедаш батамом канда шуд.

Банда бидуни навбат сухан гирифта, ба он сардор фаҳмондам, ки танҳо маънои маҷозии “оромгоҳ” гӯристон аст, ин вожа боз маъноҳои дигар ҳам дорад – макони истироҳат, осоиш, ҷойи амн, паноҳгоҳ…

– Ин дӯст яхдону диван, дастшӯиву сачоқу ким-чиҳои дигарро дида, дуруст гуфтааст, ки ин ҷо оромгоҳ аст, яъне одам дам мегирад, ором меёбад… Он оромгоҳе, ки Шумо мепиндоред, яъне қабристон, он ҳам оромгоҳ аст, аммо ҷойи дамгирӣ нест, он ҷо ҳисобот медиҳанд, пурсупос мекунанд, хулоса, ягон осоише надорад… Ҳатто як байти Саъдиро мисолаш овардам, ки мутмаин шавад:

Гар аз фитна ояд кас дар паноҳ,

Надорад ҷуз ин кишвар оромгоҳ

…Дидам, ки он сардор андаке мулоим шуду “эҳ, ин забон ҳам ин қадар сермаъно будаст-да”-гӯён гапро ба дигар тараф бурд…

Аз он ҳодиса вақти зиёд нагузаштааст ва ҳар гоҳ, ки он дӯстро бинам, калимаи “оромгоҳ” ба хотирам меояд…

…Дар аксар идораҳо сардору роҳбарҳо андаруни ҳуҷраи расмиашон ҳуҷрачаи дигаре ҳам доранд, ки воқеан ба оромгоҳ (ба маънои осоишгоҳ) хеле шабеҳ аст. Агар имкон ёбанд, он ҷо андаке ором мегиранд. Аммо маъмулан, дар умум, мардуми мо оромгоҳро танҳо ба як маъно – гӯристон мефаҳманд, ки бояд мантиқан дуруст бошад…

ХАБИСА

Қиссаи воқеиро навиштан роҳат аст, ба ҷуз як нороҳатӣ – номи одаму макони мушаххасро гирифтан илоҷ надорад… Дар балои азим мемонед, ҳатто дӯстон хафа мешаванд… Барои ҳамин маҷбурем, ки номҳоро иваз бикунем…

Бо Раҳим ном рафиқе ба яке аз навоҳии ҷануби кишвар (ақаллан маконашро гӯям – Қубодиён) барои коре аз пойтахт сафар кардем ва азбас саҳар ношто накарда будем, қариби нисфирӯзӣ хеле гурусна мондем. Имонам комил, ки Худованд нидои эҳтиёҷмандонро мешунавад ва гоҳо мешавад, ки филфавр хоҳишеро мекунад иҷро. Ҳамин тавр, дӯстамон Раҳим орзу кард, ки хеле шудааст гӯшти буз нахӯрда ва кошки ҳозир гӯшти дар об пазондашудаи як бузи ҷувонимарг муҳайё мебуд…

Аз ин “оҳу афсӯс” панҷ дақиқа нагузашта, рӯ ба рӯямон Фарҳод ном мардеро дидем, ки дӯстамонро шинохт ва баъди ҳолпурсии бардавоми “аз куҷову то куҷо…” ба хонааш даъват кард. Банда худро нороҳат ҳис кардам, ки “охир ман-ку намешиносамаш”, аммо Раҳим “ин аз ҷумлаи қадрдонҳо”-гӯён кашолаам кард…

Ҳавлии калони серниҳол, ҳарчанд гармиаш аз Африқо камӣ надошт. Гарми нафасгир. Болои кати таги дарахте моро ҷо карданд. Садое диққати маро ҷалб кард, ки “Хабиса, чой биёр, Хабиса мева биёр”- гуфтани соҳибхона буд.

Гуфтамаш, ки киро мегӯӣ, Хабиса кист?

-Духтарамро мегӯям, синфи 3 мехонад, ҷону ҷигар…

-Пас, чаро Хабиса? О, ин номи бад-ку…

– Чӣ хел бад? Як одами доно ин номро мондааст…

Маҷбур шудам, ки ба тафсилот гузарам. Гуфтам, ки ин ном аз решаи “хубс” аст – бадиву палидиву нопокӣ… Хабис, яъне разилу пасту бадкирдор… Агар ягон фарҳанг дошта бошӣ, худат бин…

Соҳибхона андаке гаранг шуду “наход”- гӯён сӯи хона рафт. Гумонам, ин “шумхабар”-и маро ба хонумаш расонданӣ шуд. Раҳим норозиёна ба ман нигарист, ки “о, мардаки хуб, мемондӣ, ақаллан чизе мехӯрдем, баъд мегуфтӣ”. Гуфтамаш: андаке сабр. Соҳиби хона бозгашту гуфт, ки имкони ислоҳаш ҳаст?

-Агар молу ҳол дошта бошӣ, якеро “хун карда”, нон додан лозим, вале ҳарчи зудтар, – булбул барин ба сухан даромад Раҳим ва калимаи “зудтар”-ро гумонам, махсус, баландтар гуфт. Масалан, агар гӯсфанд, ё беҳтараш буз бошад…

-Худоро шукр, бузамон бисёр. Якта не, дуто бузро якбора “хун мекунам”, якеро ҳозир мехӯрем, чанд ҳамсояро ҳам даъват мекунам, дигарашро дар бордони мошинатон мемонам, ба Душанбе мебаред… Аммо якбора номи навашро шумоҳо фикр кунеду якбора бимонем…

Ҳамин тавр, банда Дурдона гуфтаму Раҳим Фаришта. Оқибатуламр номи зебои Фаришта интихоб шуду мо баъди иҷрои корҳоямон наздики шом баргаштем ба Душанбе. Раҳим маро назди хонаам фуроварду дигар фаромӯш кард, ки пушти мошин бузи халтапече ҳаст…

Саҳар буд, ки Раҳим занги дарамро зад. Бинам, як ҳиссаи он бузи халтапеч дар дасташ…

ШӮХИИ МОДАРИ ЗИНДАЁД

Худованд раҳмат кунад падару модари бандаро… Умре якҷо зистанд ва пасопеш рафтанд аз ин дунё. Қиблагоҳ модарамро гиромӣ медоштанд, рӯзи фавти модар басо нолаҳои ҷонгудозе карда буданд. Андаке нагузашта худашон ҳам рафтанд, яқинан ба ранҷу бемориашон дарди ҷонгудози фироқи модари азиз зам гашту идомаи зистанро барояшон тоқатфарсо кард…

…Падари азиз умре орзуи ҳаҷ доштанд ва бо ин мақсад бо дасти худашон чорво мепарвариданд. Шиорашон ҳамин буд, ки “агар ҳаҷ равӣ, бояд аз пули заҳмати ҳалол биравӣ”, вагарна манфиате надорад. Ҳамин тавр, гову молашро фурӯхта, санади сафар дуруст карданд. Рӯзе пеш аз сафар, чӣ шуду чӣ монд, ки ногаҳон гапашон бо модар гурехт. Ду-се ҷумла радду бадал карданд ва натиҷаи он гуфтумон ба таъхир мононда шуд.

-Ҳоло ман аз хонаи Худо баргардам, баъд медонам бо ту чӣ кор кунам, – ғазабашонро фурӯ бурданд падар.

Модар паст нарафта, ҷумлае гуфтанд, ки баъдан дар хотираҳо монд.

-Одамон орзу мекунанд, ки хонаи Худо рафта ҳамон ҷо бимонанд, шумо боз нияти баргаштан доред?…

…Ҳар гоҳ, ки ёди падару модар дилгирам мекунад, ҳамин шӯхии модари азизам маҷбурам мекунад, ки табассум кунам…

***

Боз ду-се ёддошти дигар омода буд, аммо Алекси азиз бетоқат шуд: ин махлуқи зебо гумонам, реҷаи кори бандаро хуб дарк кардааст: ҳамин ки навис-навис аз 2 ё 2,5 соат гузашт, мефаҳмад, ки банда бояд дам гирам, ӯро хорумол кунам… Аз ин дунёи фонӣ ин гурбаи азиз ҳамин ду чизро мехоҳад: ғизо ва навозиш…

Ҳамин ду чиз бошад, парвои он надорад, ки байни Байдену Путин чӣ муноқишае ҳаст, ё чаро дар конфронсҳои илмӣ ба маърӯзачӣ имкон медиҳанд, ки 40-45 дақиқа вақти қимати мардумро бигирад. О, ҳамон гапро дар 10 дақиқа гуфтан мумкин-ку…

Хайрият, таваҷҷуҳ намекунад, ки чаро гароншавии нархҳо маҳмез задани аспи бадҷаҳлро мемонад, чаро як бадзоте инсони шариферо таҳқир мекунад, чаро ба ном “номзади илм”-и чалласаводе ба 8-10 олими воқеан донишманд худсарона бо шиори “худам шоҳу табъам вазир” роҳбарӣ мекунад, чаро олиму мулло парвои қиёмат надорад, чаро гӯшти ба заҳр баробар дар ду соат ҷӯшонидан ҳам мулоим намешавад, чаро наврасон хоҳарони ҳамдигарро дашномкунон боз якдигарро ба оғӯш мекашанд, чаро… чаро…

Алекси азиз, хайрият, ки он чизҳои дар боло номбаршударо донистан намехоҳӣ, вагарна, ҳар рӯзе то 5 соат корам фақат фаҳмондани ту мешуд…

Хайрият, ки гурбаӣ ва беозорӣ…

Ҳафиз РАҲМОН

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь