Дурри маънӣ суфтаи ҳамчун садаф,

Фош созад мавҷи ин дарё рози туро.

Иншокунандаи ин сатрҳои ноб шоири ширинкаломи адабиёти охири асри XIX ва ибтидои асри ХХ, охирин намояндаи адабиёти мозӣ Нақибхони Туғралӣ Аҳрорист, ки дар баҳри пуршиғони маъниҳои ашъори Бедил ғута зада, садаф ҷуста, дар дарёи ашъори Шамсиддин Шоҳин ғута зада, маъниҳои ноб ҷустааст.

Дар гулистони суханварони адабиёти пурганҷи ниёгонамон дурри маънӣ ҷуста, аз он дурдонаҳои гаронбаҳо дарёб карда, гулдастаи зебою хушбӯй омада намуда, аз хеш баҳри ҳаводорони назм бо ифтихор замзама мекунад:

Аз ҳунари сайрафаи нутқи хеш,

Ҳалқа ба гӯши сухан аз зар кунам.

Ба ашъори шоирони мутақаддим бо меҳру муҳаббати беандоза нигариста, аз он сабақ омӯхта, бо эҳтироми беандоза таъкид мекунад.

Дар сухан, Туғрал, тариқи пухтагонро пеша кун,

Меваат гар хом бошад, нест дар дандон лазиз.

Нақибхони Туғрал аз падидаҳои ҳаёти нав самараи инқилоб шод шуда, баҳри мустаҳкамкунии ҳаёти нав дар водии Зарафшон ба имдоди Аскари Сурх бар зидди дастаҳои аксулинқилоби кӯмак мерасонад. Сияҳкосаҳои бадбину бахилу ноҷавонмардон аз ҳурмати эҳтироми намояндагони Ҳукумати нав нисбат ба Нақибхони Туғрал ба хашм омада, дарун-дарун месӯхтанд ва барои бадном кардани ӯ ҳаргуна дасисаҳои зишти хешро омода сохта, пайт меҷустанд, то ки ӯро сияҳкору адупеша нишон диҳанд. Ин фитна ва нақшаҳои таҳрезашудаи сияҳкосаҳои фитнаангез самараи худро дод, ноҷавонмардона ва бе таҳқиқу собит кардани гуноҳ соли 1919 Нақибхони Туғрал дар соҳили рӯди пуртуғёни Зарафшон аз тарафи командири Аскарии Сурх паронда шуд. Ин муҷассамаи ақлу хирад, суханвар, оташин сухан, шоири ширинкалом, донишманду ҳозирҷавоб ноҳақ аз по афтид. Ҳамасронаш, бахусус шоирони шаҳри Самарқанд аз марги нобаҳангоми ӯ хеле ғамгину малул шуда, марсияҳо эҷод карданд.

Ду боло шуд зи саҳбои шаҳидон,

Ба барии ҷовидони ҳайфи Туғрал.

Хирад фармуд ба Файёз Баргӯ,

Ба таърихи вафоташ “Ҳайфи Туғрал”.

Хушбахтона, ҳақиқат ғалаба кард, бо ташаббуси ҷавонмардони ҳақшиносу ҷонфидо декабри соли 1960 бо қарори Суди Олии РСС Тоҷикистон беҷурмии Туғрал собит шуд ва ӯ бегуноҳу сафед карда шуд. Ба ин васила, барои барқарор кардан ва нашр намудани ашъори безаволи Нақибхони Туғрал олимони намоёни тоҷик Носирҷон Маъсумӣ ва Муҳаммадҷон Шукуров ба шаҳри Самарқанд ташриф оварданд, зеро ҳанӯз дар шаҳри Самарқанд ҳаммаслакону шоирон дӯстони Туғрал барҳаёт буданд ва ҳаёти адабии Самарқанд Туғралро хеле арҷу гиромӣ медошт ва худаш боифтихор изҳор крада буд.

Дар Самарқанди чу қанд акнун мақом,

Ифтихори зумраи Аҳрориён.

Мерасад аслам ба Аҳрори Валӣ,

Дудаи ман бошад аз ин дудмон.

Олимон бо донишҷӯёни бахши филологияи донишгоҳи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ вохӯрӣ гузаронида, таъкид доштанд, ки барои барқарор кардани мероси Нақибхони Туғрал ёрӣ расонанд, зеро ҳоло дар шаҳри Самарқанд ҳаммаслакон, суханварон, ки дар як маҳфил бо Туғрал ҳамсӯҳбат буданд, барҳаётанд, бахусус олимон ба он донишҷӯёне, ки аз деҳаҳои болооби Зарафшон дар ин даргоҳ таҳсил мекарданд, ҳусни таваҷҷуҳ зоҳир карда, супориш медоданд, ки хотироти мукаммалу танзимҳои суханварони Самарқандро нисбати Нақибхони Туғрал дарёб карда, навишта гиранд. Ба ин мақсад мо як гурӯҳ донишҷӯён аҳд кардем, ки ба ин кори хайр дасти ёрӣ дароз кунем.

Нақибхони Туғрал бо ифтихор аз Самарқанддиёр, дӯстон, ихлосмандон ва ҳаммаслакони хеш бо ифтихор шоирона таъкид кардааст:

Қорӣ Масеҳон фазоилчаман,

Шӯҳра ба Ташҳид ба мулки сухан.

Кӯшиши бисёр ҳаме кард ӯ,

Буд ба чоки дили ман чун руфу.

Дар гузари регистони Самарқанд ин пири хирад зиндагии хоксори дошт ва дар ҳамсоягии ӯ шарикдарсам Раҳбари Акрамова зиндагӣ мекард ва ӯ лутфан таклиф кард, ки моро барои суҳбат оростан бо ин пири хирад раҳнамоӣ кунад. Қорӣ Масеҳон Тамҳид, ки хатмкардаи мадраса буд, донишманд буд, бо иғвои пойлучаки болшевикон бо ҷурми муллогӣ ба таъкиботи сталинӣ гирифтор шуда, ба Сибир бадарға шуду умри бобаракати хешро бар ҷангалзорҳои Сибир дар хорию зорӣ паси кард ва сиҳату саломат ба Ватан баргашт. Ин пири хирад хеле фасурда шуда буд, бо вуҷуди он қабул кард ва дар ноадолатии даврони таъкиботи сталинӣ, ки инсони хирадмандро хору залил карда буд, бо афсӯс нақлҳои аҷоиб карда, ки ин ноадолати низ насиби Нақибхони Туғрал гашта буд. Қорӣ Масеҳои суханавар, шоир, аллома ва Қории Қуръон бо ихлоси баланд, яке аз ғазалҳои эҷодкардаашро, ки дар шумораи 10, рӯзномаи “Овози тоҷик” нашр шуда буд, лутфан тақдим кард:

То боз намудем чун гул ғунча даҳонро,

Мизроби баён гашт забон сози суханро.

Ин ғулғулаи табли сухан буд, ки имрӯз,

Дар зилзила андохт заминрову замонро.

З-ин даври такомул чу тараққист муродат,

Ёд ор ба ибрат ҳама даманҳои кӯҳанро.

Оҳанги тараб шеваи мо гашт чу булбул.

То сабз бишуд нахли амал шохи ватанро.

Тамҳид агар лаб ба тағаззул бикушояд,

Равнақ барад аз дурри дарӣ дурри Аданро.

Нахустин шахсе ки ба истеъдоди беназири Нақибхони Туғрал баҳои мусбӣ додааст, устод Садриддин Айнӣ мебошад, ки дар тазкираи “Намунаи адабиёти тоҷик” аст.

Мудири китобхона, ки марди синчакори чеҳрашинос чун аз лаҳҷаи гуфтори ман донист, ки ман аз деҳаҳои болооби Зарафшонам, ба наздаш даъват кард, суҳбат орост барои ин азамат тавсияҳо дод ва таклиф кард, ки пас аз машғулиятҳо ба наздаш омада, дар тармиму тартиб додани китобҳои қадима ба ӯ ёрӣ расонам. Ин марди дилсӯзу нексиришт он қадар ба китоб бо меҳрубонӣ, дилсӯзӣ муомила мекард, ки кас ба ҳайрат меафтод. Мефармуд китобҳое, ки фарсуда, варақҳояш даридаро ширеш карда, аз сари нав умри дубора бахшида, рақамгузорӣ намуда, ба рафи китобҳо ҷойгир кунем ва барои ин амаламон ба мо кумакхарҷӣ низ медод. Таъкид мекард, ки рӯзи ҷумъа дар назди масҷиди Чорраҳа ва Хоҷа Аҳрорӣ шаҳри Самарқанд намози ҷумъахонӣ баргузор мегардид ва сокинони шаҳри Самарқанд чизҳои нодири хешро дар ду растаи назди Масҷид ба фуруш мебароварданд, ки дар қатори дигар ашёҳои нодир китобҳои бо ҳуруфоти арабӣ чопшуда низ буданд. Соҳибони китобҳо онҳоро ба арзиши хеле ночиз мефурӯхтанд ва шодӣ мекарданд, ки матоъи онҳо харидор ёфт. Ин ганҷинаи нодир ба ёдҳо, девонҳои шоирон, луғатҳои нодир, баёзову дастнависҳое, ки аз авлодонашон ба мерос монда буд, вале ба касе зарур набуд, ба фурӯш бароварда буданд. Китобҳоро ба мудири китобхона марди дилсӯз, китобдӯст, хирадманди оқилу доно Абуҳанифа Пулодӣ меоварданд ва бо супориши он кас онҳоро ширеш карда, муқовабандӣ ва рақамгузорӣ карда, дар рафҳо ҷой медодем, ба онҳо умри дубора ато мекардем.

А. Пулодӣ солҳои 1927-39 Котиби Ҳизби Коммунисти ноҳияи Заҳматобод (ҳоло Айнӣ) кор карда, дар дарёб ва барқароркунии хати суғдӣ ва таъризи Қалъаи Абаргон хизмати шоиста кардааст.

Ин марди шуҷоъ солҳои таъқиботии сталинӣ ба мардуме, ки дар хонаҳояшон китобҳои арабихат доштанд, муроҷиат намуда, мегӯяд, ки онҳо ин китобҳоро насӯзанду ба ҷариҳо напартоянд ва ба идораи ҳизб супоранд, аз муҷозот эмин мемонанд. Бо ин андешаи хирадмандонаи худ ӯ ҳазорҳо китобҳоро аз нобудшавӣ нигоҳ дошта, умри дубора бахшид. Ҳавлии дар шаҳри Самарқанд будааш низ як ганҷинаи бебаҳо, китобхонаи хеле муҳташамро мемонд, ки китобҳо дар рафҳо батартиб чида шуда буданд. Ба ман, ки супоришҳояшро холисона иҷро мекардам, иҷозат медод, ки аз китобхона истифода барам, махсусан гӯшае, ки ба Нақибхони Туғрал бахшида шуда буд, хеле нодир ва пурарзиш буд ва имконият дод, ки аз достони “Лайлӣ ва Маҷнун”-и Туғрал порчаеро навишта гирам. Ин бозёфти нодирро ман дар рӯзномаи бонуфузи ҳамонвақта “Комсомоли Тоҷикистон”, бо номи “Ёддоштҳои самарқандиён дар бораи Туғрал” чоп кунонидам. Бо супориши ходимони илмии Институти забон ва адабиёти АИ Тоҷикистон барои сабт кардани хотираҳои равшанфикрони деҳаҳои болооби Зарафшон ба ноҳияи Заҳматобод сафар кардам. Он солҳои аз шаҳри Панҷекат ба самти Заҳматобод ҳамагӣ як мошини мусофиркаше, ки аслан боркашонӣ буд, мерафту халос. Дар қатори дигар мусофирон, ман ҳам савор шуда роҳи ин мулкро пеш гирифтам. Мошин чун ба даромадгоҳи ноҳия расид, ҳама мусофирон ба деҳаҳои худ фаромада рафтанд, танҳо ман ягона мусофир мондам. Ронанда мошинро нигоҳ дошт, пиёда шуд, боситеза ба куҷо рафтани моро пурсон шуд. Ман фаҳмондам, ки ман донишҷӯ аз шаҳри Самарқанд барои навиштани хотираҳои онҳое, ки Нақибхони Туғралро миедонанд, омадаам. Амр кард, ки аз мошин фаромада, дар паҳлӯяш қарор гирам. Мошини мусофиркаш самти ҳаракатро тағйир дода, ба тарафи деҳаи хушманзар, ки дар лаби пуртуғёни Зарафшон ҷойгир аст, рафта, дар назди ҳавлии зебову барҳаво қарор гирифт.

Ронанда бо шодӣ соҳбихонаро амр кард, ки меҳмонхонаро омода созанд, меҳмон омад. Соҳибхона зуд меҳмонхонаро омода кард ва ба ман бо тааҷҷуб менигарист. Мо ба меҳмонхонаи барҳаво ворид шуда, ба рӯҳи гузаштагони ин манзилу макон дуо кардем.

Дар болои дари меҳмонхона бо хати форсии хеле шинаму зебо ин баёт сабт ёфта буд:

Гар қудуми меҳмон расад ба хонаи мо,

Ба арш таъна занад хоки остонаи мо.

Чун ман ин байтро ба дафтари хотираи хеш сабт кардам ва ба соҳибхона аён шуд, ки ман чунин хатро хонда метавонам, эътиборам дучанд шуд ва соҳибхонаро амр дод, ки боз як курпаи нав густурад. Дар як дам хони неъмат ороста шуд ва як-як равшанфикрони деҳа паси ҳам вориди меҳмонхона шуда, суҳбати гарму хотирмон барпо гардид. Сухан чун аз Нақибхони Туғрал оғоз меёфту ман чанд ғазали дилчаспу хушоҳанги ӯро қироат кардам, суҳбат ранги дигар гирифт. Танбурнавоз танбур менавохт, рубобнавоз рубоб менавохт, дуторе, ки бобои соҳибхона дар ҳузури Туғрал навохта будааст, ба наво даромад, базм тафсид, саҳни ҳавли пур аз сомеон шуд ва рақсу суруд танинандоз гардид…

Субҳи содиқ акаи Сулмонмуроди Хушекатӣ моро ба идораи ҳизби ноҳия, ба назди масъулони он бурд ва фаҳмонд, ки ман ба чӣ мақсад омадаам. Ходими ин даргоҳ маро ба хобгоҳи мактаб-тарбиятгоҳ, ки дар ноҳия ягона буду аз деҳаҳои атроф бачагон ба маркази ноҳия омада, таҳсил мекарданд, ҷой дод.. Чун рӯзи шанбе буд, муҳасилон фориғи дарс ба деҳаҳои худ рафта буданд ва дар саҳни мактаб одам кам ба чашм мерасид.

Мудири ошхона маро ба чойнӯшӣ таклиф кард ва дар рӯи миз чою нон гузошт. Дар ин асно аз дари ошхона марди базебу бовиқоре бо як тамкини ба худ хосе вориди ошхона шуд ва ман ба истиқболаш аз ҷой бархеста, салом додам.

Ин пири хирад дар паси мизи ман нишаст ва аз он пурсон шуд ва ба ӯ гуфтаанд, ки мани донишҷӯ барои навиштани хотираю даргузашти Туғрал, ки дидаанд ва ё дар борааш нақлу ривоятҳо медонанд, омадаам.

Мудири ошхона мизи моро оро доду  пас аз тановулу суҳбати кӯтоҳ ӯ амр кард, ки дафтару қаламро гирифта, суҳбатамонро сабт кунам.

Марди хирадманду оқил бо ваҷд ва шодию нишот дар бораи Нақибхони Туғрал нақл мекард ва ман зуд-зуд менавиштам. Дафтарҳо паси ҳам пур мешуданд ва як посе аз шаб гузошта буд. Мудири ошхона низ ин суҳбатро гӯш мекард. Хоб ғалаба карду нотиқ ва маро чи хел хоб бурдааст, нафаҳмида мондем…

Рӯзи дигар ман навиштаҳояшро аз сари нав покнавис карда, ба ҳайрат афтодам, ки чӣ қадар дар бораи Туғрал маълумотҳои зиёде пайдо кардам…

Ин марди хирадманду оқил Шуҷоъ Муҳаммадшов- мураббӣ ва омӯзгори зодаи шаҳри Самарқанд будааст. Шод шудам бо кулвори пур аз ганҷинаи нақлу ривоятҳо ба Самарқанд бамегардам. Он замон ин гуфтаҳои шоири закитабъ ба ёдам омад:

Ҳамнишине, ки латифу оқил аст,

Роҳати рӯҳ асту ороми дил аст.

В-он ки нодонию ғафлат васфи ӯст,

Суҳбаташ монанди заҳри қотил аст.

Нуриддин Шарифзода,
омӯзгори собиқадор

 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь