Ҳангоме перомуни устод Лоиқ Шералӣ ва зиндагиву эҷодаш зарурати ҳарф задан пайдо мегардад, бештар рӯ меоранд ба маълумоти хронографӣ, ки фарогири ҳаёту эҷоди ин шоири қолабшикан гардидаанд.

Қолабшикании Лоиқро бо далел аз осораш, ки бозгӯи ҳаёту эҷодаш аст, метавон исбот намуд. Зеро ҳаёту эҷоди устодро осораш пешорӯи хонандаи хушзавқу хушсалиқа бармало месозад. Ба қавли бузургон: “Аз кӯза таровад ҳар он чӣ дар он аст”. Ааз устод Лоиқ низ рӯи варақ он чӣ рехта, дар ӯст. Вақте ҳамагӣ 18 сол дошту аввалин шеърашро бо унвони “Ном” мардумӣ сохт, ҳушдоре буд баҳри хешу дигар нафароне, ки номи баланди оламгиру абадӣ орзуяшон аст, аз хидмати содиқонаву софдилона баҳри ватану миллат ва халқ.

НОМ

Як ҷавон мехост шуҳрат ёбад андар байни халқ,

Номи худро зинда гардонад ба олам ҷовидон.

Фикр карду оқибат як чорае пайдо намуд:

Канд номашро ба рӯи сангу зон шуд шодмон.

Гуфтамаш: Он сангро селоб агар аз ҷо барад,

Созад онро дар ягон ҷое зи чашми кас ниҳон,

Ё кафад он санг аз гармову аз сармои сахт,

Номи ту гум мешавад, бешубҳа, бо санг аз миён.

Гар ту хоҳӣ зинда бошӣ солҳои бешумор,

Умр бинӣ ҷовидонӣ то ҷаҳон дорад бақо,

Аз таҳи дил хидмати халқу диёри хеш кун,

Сабт кун номат ба қалби мардумони бовафо!

Бо ин шеър оғоз намудани осори Лоиқ масъулияти бузургу сангинеро дар қибол дошт. Зеро касе ном бардорад, ки тавонад азхудгузаштагии бештаре дошта бошаду манфиати ҷомеаро болотар аз манофеи хеш донад. Устод Лоиқ аз намоишкориву тамаллуқ дурӣ меҷусту воқеиятро аз расмият авло медонист ва дили софу орӣ аз кинаву ҳасад ки дошт, мехост “покбозу покимон ҷавонмарде чун хеш” дошта бошаду воқеъгаро бошад:

Ман ки мурдам, ба рӯи турбати ман

Нутқҳои дароз кам гӯед.

Монда айнак ба чашму аз коғаз

Шарҳи сӯзу гудоз кам гӯед.

Чун бигӯед бо забони дароз

“Дар дили мост зинда ҷовидон…

Мурд Лоиқ, вале ашъораш

Зинда монад, ҳаме забон ба забон…

Бале, мо низ ният дорем, чун аз коғазу айнак дурӣ ҷустан муҳол аст, дар навиштаи хеш аз расмиятчигӣ дурӣ ҷӯем, то андаке бошад ҳам, бо фармудаи устоди нотакрори сухан амал намоему даме фаротар, ба осори безаволи шоири шаҳир, ки ба қавли хеш “дар қалби мардумони бовафо сабт намуда” рӯй орем, то посухи суолҳои хеш дарёбему лаҳзае бошад ҳам, рӯҳи эшон шод гашта бошад.

Устод Лоиқ Шералӣ 20-уми майи соли 1941 дар деҳаи хурди Мазор ва дар як вақт яке аз рустоҳои бузург, ки бузургонеро ба оламиён бахшидааст, чашм ба олами ҳастӣ кушоду ба қавли хеш:

Ибтидои ман – деҳи хурди Мазор,

Интиҳои ман – ҷаҳони беканор…

ба ҷаҳони беканор пару бол кушоду то ба дуриҳои дур парвоз кард ва ба воситаи шеъри оламгираш имрӯзу оянда ва пайваставу мудово низ дар парвоз хоҳад буд.

Хатми мактабу омӯзишгоҳу донишкада пайи ҳам ба вуқӯъ пайваст. Нахустин устодаш модари хушназараш Бибизаҳро духти Ҳамро буд, ки алфози авваллинро баҳраш омӯхту комашро бо сухани ноб, сухани ҳикмат бардошт ва болотар аз ҳама, ростиро омӯхташ, ки беҳтарин аз хисоли одамист:

Модарам мегуфт доим вақти хоб:

“Хоб кун, албатта бо паҳлуи рост”.

Он ҳама коре, ки ният мекунӣ,

Сар бикун бо қувваи бозуи рост.

Нонро доим ба дасти рост гир,

Пӯш аввал остини ростро.

Гар бибандӣ аҳд, дасти рост деҳ,

Дасти чап не хайр дорад, не бақо.

Хурд будам, бехабар будам ҳанӯз,

Фарқ байни дасти чапу рост чист?

Хоб кардан сер будан муддао,

Муддао дар дасти чапу рост нест.

Баъд фаҳмидам муроди модарам,

З-ин насиҳатҳош дигар будааст:

Бо чунин панду насиҳатҳо ба ман,

Ростиро тарбият бинмудааст.

Бо дуову насиҳати модар, ки ростиву покиро талқин мекард ва “Сари сабз” Лоиқ ба майдони бекарони шеъри Аҷам қадам ниҳоду бо “Илҳом”-и баланду шӯру шавқ ва дастгирии устодони сахтгиру меҳрубон ва нотакрораш Турсунзодаву Раҳимзода, Улуғзодаву Отахон Латифӣ ва “Нӯшбод”-и базмҳои шеъру таронаву хурсандӣ дар “Соҳилҳо” идома бахшид то ба соҳили муроди хеш расад. Бо “Хоки Ватан” парешон гаштани хоки бе ин ҳам кам ва дар як вақт хоки бузурги шоирхези  меҳанро тавассути шоирону олимон ва бузургони ғариб зери шаккарнами “Резаборон” чун “Марди роҳ” замзама менамуду ин марворидҳои суфтаи қиматтар аз ақиқи яманиро дар “Варақи санг” ҳаккокӣ месохт ва дар як муддати начандон тӯлоние, ба қавли хеш:

… Тирборон кардани мо кӯшиши беҳудаест,

Ҳар кӣ моро мекушад, бо шеърборон зинда бод!

шеърборон кард муштоқони каломи нобашро.

Ин нерӯи хираду завқу заковат ва салиқаи баланди эҷод шояд тавассути “Илҳом аз “Шоҳнома”-и пири Тӯсӣ боз ҳам тақвият ёфта буд, ки соли 1978 шарафманди Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ гардид ва ин аз аввалин қадамҳояш баҳри фатҳу исботи аввалин шеъраш буд:

Парвози баланд болу пар мехоҳад,

Урдугаҳи шоирӣ ҳунар мехоҳад.

Олиҳаи шеъри хуб на лофу газоф,

Маҷнунсифативу шӯру шар мехоҳад.

Фосилаеро барои расидан ба қуллаи баландтарини назми оламгир гузошту бо иродаву матонате бештар ва нотакрор пардохт ба давраи дигари эҷоду офариниш. “Хонаи чашм”-и хешро макони дӯстиву ошиқӣ баргузиду баҳри ошиқони сухани сеҳровар “Рӯзи сафед” барпо намуд. Дӯстдорони ватану модар ва забони миллатро андар “Хонаи дил” маъво бахшид. Чун “Офтобборон” буд ва бидуни насими серуни дарё будан маъное надошт, “Ману дарё” суруду “Ҷоми саршор”-и шукронаи зебоиҳои дунёву шару шӯраш, шебу фарозаш дар даст ҳамаро дар қиболи “Дасти дуои модар”, ки фотиҳаи некаш дода буд, ҳеҷ донисту андешаи хеш хулоса кард дар “Аввалу анҷоми ишқ”, чун ҳар оғозеро анҷоме интизор аст. Чун қалби ҳассосу саршори меҳри ватану миллат дошт, аз балое, ки солҳои навадум болои меҳан таҳмил шуда буд, дарду ранҷ кашиду фарёде зи қалб бурун оварду фарёдрасе наёфт, “Фарёди бефарёдрасаш”-ро офарид. Интиҳо 30-юми июни соли 2000 бо шеъри “Видоъ” парвози баланду бебозгаште ба дуриҳои дур, ба олами тақаддус, олами малакут, назди Худованди хеш кард.

Лоиқ фарёдрас ёфт, лек худ дарк накард. Ягона фарёдраси Лоиқ Худованд буд, ки ин ҳама ранҷу азият, ин ҳама сӯхтанҳову сохтанҳо ва ин ҳама нолаҳои ҷонсӯзи бандаи хешро имтиҳон донисту баҳри вуҷуду бақои миллату Ватан диду раҳме кард, пайки сулҳи деринтизорашро фиристод.

Нобасомониҳо паси сар шуданд, “Раҳми парвадигори мо омад…”, осудагиву оромӣ болои кишвари азиятдида бо инояти Худованд фурӯ рехт, аммо Лоиқ куҷост, куҷост Лоиқ, то ин ҳама рушду нумӯъро бинаду боладу боз бештар ишқи ватану миллат сарояд… Дар ин марҳила бо ин гуфтаҳо иктифо намуда, аз забони устоди зиндаёд Гулназар мегӯем:

Лоиқ, Лоиқ! Нумӯи миллат боқист,

Мастии ту дар сабӯи миллат боқист.

Аз гӯши гарони нокасон боке нест,

Фарёди ту дар гулӯи миллат боқист.

Устод барои хизматҳои шоёнашон бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ гардидаанд. Аз соли 1965 узви ИНТ, соли 1991 Шоири Халқӣ, 1999 “Нилуфар”, намояндаи мардумӣ дар Шӯрои Олӣ, Ордени “Шараф”, вале беҳтарин мукофот – шеъри аввалине, ки пешкаши ин миллату халқ намуда буд, нишони худро ёфт. Номи муаллифашро то ба Сурайё расонид ин шеъри “Ном” ва маҳз, беҳтарин мукофоти шоир ин аз ҷониби на танҳо тоҷикон, балки ҷаҳониён пазируфта шудани сухани сеҳровару сеҳрофараш буд, ки ба аксари забонҳо тарҷума гашта, имрӯзҳо мақбули қалбҳо гаштааст.

Бахтиёр ОБЛОҚУЛЗОДА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь