Аслан, бештаре аз мардум андеша мекунанд, ки нафареро хандондан осон аст, вале хато фикр мекунанд. Дар жанри мазҳака нақш бозӣ намудан, кори саҳлу осон нест. На ҳар ҳунарманд аз иҷрои нақш баромада метавонад. Аммо, ҳастанд нафароне, ки худро ба ин ҷода аз овони хурди бахшида тобу тавонашонро сарфи ҳунар кардаанд.
Яке аз ингуна нафарон Гулбиби Абдулхайрова ҳунарпешаи театри давлатии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ва яке аз ҳунарпешагони гурӯҳи барномаи “Лаҳзаҳои Гуворо” мебошад, ки солҳои тӯлонӣ дар саҳнаи ҳунар дили ҳазоронро шод намудааст. Ӯ аз овони хурди дар дили кӯчакаш орзуи ҳунарманд шуданро мепарварид. Дар озмуну дарсҳои иловагии мактаб дар саҳначаҳо нақш мебозид. Дар яке аз саҳнаҳое, ки дар мактаб бо номи “Ғунчаҳои санъат” намоиш дода мешуд нақши ҷӯгиро бозид. Пас аз нақши ҷӯгидухтарро бозидан ҳамсинфонаш ӯро ҷӯгидухтар садо мекарданд. Баъд аз хатми мактаби миёна соли 1993 ҳуҷҷатҳояшро ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода месупорад. Дар он айём дар гурӯҳи “Ғарибшо Компания” нақш бозӣ мекард. Пас аз хатми Донишкада соли 1997 дар театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов ба кор шурӯъ кард. Ҳунарпешаи дигари театри давлатии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов Насриддин ба Гулбиби Абдулхайрова пешниҳод мекунад, ки дар як барномаи ҳазлу ханда нақш бозӣ кунад. Бечунучаро Гулбиби розӣ мешавад. Ҳамин тавр, барнома номи “Лаҳзаҳои Гуворо”-ро мегирад. Баъдтар ба ҳайати онҳо Ҷамшеди Ҳалим ҳамроҳ мешавад. Аввалин нақше, ки Гулбиби дар барномаи “Лаҳзаҳои Гуворо” бозид нақши модар буд. Аз ҳамон рӯз мардум Гулбибиро мешиносанд. Онҳо дар саҳнаҳояшон муносибати хушдоман бо келин, хостгорӣ, ҳамсояи муфтхӯр, зани дуюм, духтари пулхур, духтури бесавод, марди занкалон, зани сархур ва дигар табақаи аҳолиро ба тарзи ҳазл инъикос мекунанд. Гулбиби дар нақшҳои: зани бадҷаҳл, зани пурхур, духтари ҷавон, хушдомани золим, савдогар, арӯсак, ҳамсояи хира, модари бадрашк бози намуда, бо ҳазлу шӯхиҳои намакинаш аллакай дар дили мардум ҷой гирифтааст. Бо сабабҳои гуногун гурӯҳи овозадори “Лаҳзаҳои Гуворо” пароканда шуд. Баъдан Гулбиби Абдулхайрова бо Насриддин ва дигар ҳунармандон дар саҳифаи иҷтимоии ютуб гурӯҳи “Лаҳзаҳои Ногувор” ташкил карданд. Ҷамшеди Ҳалим бо Холмуроди Сиддиқ бошад бо дигар ҳунармандон гурӯҳи алоҳидаи худро бо номи “Ханда ҳам доруст” таъсис доданд.
Гулбиби Абдулхайрова дар театр спектаклҳои “Аҳмади бинӣ”, “Ба пеш холаҳо”, “Марги ду тан”, “Заволи Чамбули Мастон”, “Киштишикастагонем”, “Торҳои муҳаббат”, “Тири маломат”, “Зани сарватманд”, “Меҳмони нохонда”, “Моҷарои имтиҳон”, “Моҷаро”, “Шоҳдухтар Фефела”, “Харгӯши доно”, “Аловиддин ва чароғи сеҳрнок” ва ғайраҳо нақш бози намудааст. Соли 2022 бо медали Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон қадр карда шуд. Аз миёни бонувон ошнотарин чеҳраи ҳунар маҳсуб меёбад.
Маҳина ОРЗУЕВА