Ман гоҳ- гоҳ барномаҳои рангоранги телевизиони “Сафина”-ро тамошо мекунам. Нисбат ба дигар телевизионҳои ҷумҳурӣ дар идораи мазкур бачаҳои кунҷков ва андаке лаёқатманд ҷамъ шудаанд. Дар ҳар барнома мехоҳанд навигарие ворид созанд. Метавонам бурду бохти ҳар як барномаро ин ҷо ёдрас шавам, аммо ман бо таҳлили филмҳои барномаи “Ҷавҳар” иктифо мекунам.

Ҷумъа Рустамӣ, баранда ва муҳаррири барномаи “Ҷавҳар” бо намоиши филмҳои кӯтоҳ аз меҳмон (албатта, чеҳраҳои шинохта) даъват менамояд, ки андешаашро нисбат ба филм баён намояд. Ин нияти хуб аст. Бо ин амалаш мехоҳад тамошобинро бо нозукиҳои филм шинос кунад ва дар баробари ин таъкид карданӣ аст, ки бинанда ба ҳар як ҷузъиёти филм бодиққат назар андозад ва ба умқи он фурӯ равад. Ҷумъа Рустамӣ баъзе филмҳои кӯтоҳи пурпечутобро дидаву дониста ба намоиш мегузорад. Ин кори хуб аст. Бо ин амалаш хислати худро ошкор месозад. Аз рафтораш пайдост, ки ӯ ба кори коргардонӣ таваҷҷӯҳи зиёд дорад. Мехоҳад аз гуфтаҳои ҳар як меҳмони соҳаи кино нозукиҳои филмро омӯзад ва фардо (албатта, гумони банда аст) беҳтарин филмро рӯи навор оварад. Боз ҳам кӣ медонад?

Ҷумъа Рустамӣ ба қарибӣ дар барномааш “Ҷавҳар” филми кӯтоҳи амрикоӣ бо унвони “Инержи”- ро ба намоиш гузошт. Устод, ҳунарпешаи шоиста, Толиб Бобоев даъватӣ буданд. Ман ягон нақши Толиб Бобоевро дар саҳнаи театр тамошо накардаам, аммо баъзе баромадашонро дар бораи ин ё он мавзӯъ дар телевизион дидаам. Аз гуфторашон пайдост, ки марди огоҳ ҳастанд ва медонанд чӣ бигӯянд. Дар таҳлили филм бошад, андаке нобоварона ҳарф заданд ва гуфтанд, ки дар ҳолати тамошои дигарбора шояд андешаи дигаре пайдо шавад. Боз хоҳиш карданд, ки тамошобин нисбат ба филм андешаашро навишта, ба суроғаи идораи телевизион ирсол намояд.

Ҷумъа Рустамӣ чанде пеш филми кӯтоҳеро ба намоиш гузошта буд, ки ман номашро фаромӯш намудаам, аммо мазмунаш дар хотир мондааст. Филм чунин оғоз меёфт: писаре хурдсол гирифтори бемории саратон аст ва лаҳзаҳои охирини умри худро дар беморхона мегузаронад. Меҳмони барнома баъди тамошо ба танқиди филм гузашта, гуфт, ки филм бадеият надорад ва ӯ чунин асари камарзишро ҳеҷ гоҳ тамошо нахоҳад кард. Аз авзои Ҷумъа Рустамӣ мушоҳида мешуд, ба чунин андешаи меҳмон чандон розӣ нест. Рустамӣ гаштаву баргашта мегуфт, ки ин филм беҳтарин ҷоизаро дар соҳаи кино дар Амрико гирифтааст. Аз андешаи меҳмон, яъне, “бе бадеият будани филм” ман ҳам чандон розӣ нестам. Дар асарҳои бадеӣ, филм ва саҳнаи театрӣ офаридани хислати (характер) инсон  худ бузургтарин бадеият аст.

Пеш аз таҳлили филмҳое, ки дар боло зикрашон рафт, мехоҳам мисоле биоварам. Ман тӯли панҷ сол ба маҷаллаи “Иностранная литература” обуна будам. Соли 1992, яъне соли охирини обуна, маҷалла ду ҳикояи нависандаи бузургсол, аммо ҷавони амрикоиро чоп намуда буд. Ҳамин шабу рӯз маҷаллаҳо дар хонаам набуд, барои пайдо кардани номи муаллиф ва номи ҳикоя илоҷе надоштам. Аммо мазмуни ҳикояи хурдакаки дуввуми он дар майнаам нақш бастааст: падару модар барои харид вориди мағоза мешаванд. Дар мағоза баҳсашон оғоз меёбад. Падар мехоҳад ба писараш танк бихарад, аммо модараш розӣ намешад. Модар мехоҳад писараш мусиқидон шавад ва бар вай скрипка тӯҳфа карданӣ мешавад.

Нависанда дидаву дониста дар образҳои падару модар образи типӣ офаридааст. Падар мехоҳад писарашро дар рӯҳияи ғурур ва ҷоҳилият (танк) тарбия намояд. Аммо модар мехоҳад писарашро меҳрубон ва башардӯст (скрипка) бубинад.

Ду филме, ки дар боло зикрашон рафт, фарогири чунин маъниянд. Аммо дар филми “Инержи” кӯдак нест. Ҷумъа Рустамӣ дар ҷараёни барнома чандин бор такрор кард, ки филм филми фалсафӣ аст. Пайдост, ки Ҷумъа мафҳуми филмро хуб дарк накардааст. Филм сар то по филми иҷтимоӣ аст. Аммо муаллифи филм бо воситаи рамз фикрашро баён месозад. Филми ҳунарии “Дар дами теғ”, ки ба забони тоҷикӣ тарҷума шудааст ва гоҳ- гоҳ дар телевизионҳо дар намоиш мегузоранд, сирф тобиши фалсафаи ирфонӣ дорад. Камина дар мақолае бо унвони “Таъсири тамаддуни тоҷик бар тамаддуни ҷаҳон” дар бораи филми мазкур  назари кӯтоҳе андохта буд ва он дар рӯзномаи “Минбари халқ” рӯи чопро дида буд.

Филми “Инержи” ду қаҳрамон дорад: мард ва зан. Зан аз қабилаи сурхпӯст, яъне ҳиндуи амрикоӣ аст. Ҳарду дар як утоқ кори илмӣ мебаранд. Кори илмӣ гоҳ натиҷаи нек ба бор меорад, гоҳ натиҷаи бад. Оддитарин ҷузъиёт дар филм маънӣ дорад. Вақти бозии қарта, агар таваҷҷӯҳ намуда бошед, рақами даҳи холҳояш сиёҳ ногоҳ пайдо мешавад ва боз ғайб мезанад. Ин маънӣ дорад, яъне чигунагии фардои ҷомеъаро муайян мекунад. Марди ихтироъкор бо ранги даҳи холҳояш сиёҳ (“сиёҳ” бори маънӣ мекашад) ишорае ба фардои фаъолияташ мекунад. Ӯ аввал истаконро безарар мебардорад ва дар ҷояш мегузорад. Баъд навбати лаълича мерасад. Вақти дубора гузоштан лаълича мешиканад. Аз ҳамин ҷо кори сиёҳи ӯ оғоз меёбад. Мард киштичаи кайҳониро, ки ба кулоҳи бомбаи атомӣ шабоҳат дошт, ба парвоз медарорад. Баъд сабзаро санҷиданӣ мешавад. Зан бо хоҳиши “ӯ табиати зинда аст” пеши роҳи мардро мегирад. Мард гӯш намекунад ва бо нерӯи ботин сабзаро хазон мекунад. Ин лаҳза тақ- тақи дар мешавад. Ва оқибат натиҷаи кори мард  дар шакли қарта дар ҷангал пайдо мегардад. Ҷангал рамзи ҷомеъа аст.

Муаллиф дар филмаш чунин гуфтанист: чигунагии фардои курраи замин дар дасти инсонҳои ихтироъкор вобаста аст. Агар онҳо чизҳои нек ихтироъ кунанд, замин мешукуфад. Агар аслиҳа созанд, фардои замин ва инсонҳо сиёҳ хоҳад шуд.

Филми дуввум, писарбачае, ки гирифтори бемории саратон аст, низ чунин маънӣ дорад. Агар таваҷҷӯҳ намуда бошед, писарча дар ибтидои филм бозичаи кулоҳи ядроиро рӯи даст гирифта, бозӣ медоронад. Ин бозичаро кӣ тӯҳфа кардааст? Албатта, падараш. Фарроши беморхона аз пуфаки дарози сурх (“сурх” бори маънӣ мекашад”) сагча месозад ва ба писарак тӯҳфа мекунад. Дар охири филм дар суфачаи тирезаҳои бешумор яктоӣ саги пуфакӣ бо ранги сурх пайдо мегардад. Саг рамзи муҳаббат аст. Аммо ин ҷо саги пуфакӣ! Яъне муҳаббати падару модарон нисбат ба фарзандашон сохта (пуфакӣ) аст. Аз дасти онҳо буд, ки кӯдакон ба чунин ҳол гирифтор шудаанд. Ранги сурх дар тамоми филмҳои ҷаҳон ба мафҳуми марг омадааст. Агар таваҷҷӯҳ намуда бошед, чароғаки сурх дар филмҳои гуногуни ҷаҳонӣ корбурд шуда бошад, ҳатмӣ қаҳрамонро дар пай нохушие интизор аст.

“Ҷавҳар”- и Ҷумъа Рустамӣ чандон барномаи бад нест. Аммо Ҷумъа дар таҳлили барнома хуб омода нест. Аввал худи ӯ бояд нозукиҳои филмро эҳсос мекард, баъд меҳмонро ба ҳамун пайроҳа мекашид. Барои ба чунин дараҷа расидан ӯ навиштаҳои тамоми мунаққидони кинои ҷаҳон ва ҷумҳуриро меомӯхт. Баъд нигоҳаш ба кино дигар мешуд.

Ин ҷо мехоҳам саргузаштеро аз рӯзгори худам ҳикоя намоям. Қариб тӯли панҷ сол (солҳои 1995- 2000) ман дар телевизиони марказӣ дар бахши фарҳанг фаъолият доштам. Дар барномаи “Чеҳра” хостам бо устоди шодравон Ато Муҳаммадҷонов сӯҳбате ороям. Пеш аз ба наздашон рафтан дар китобхонаи собиқ Фирдавсӣ чанд рӯз тамоми сӯҳбат ва мақолаҳоро, ки дар бораи ҳунари он кас буд, дастрас намудам ва хондам. Вақти бо мақолаҳо ошно гаштан бузургии он кас маро пахш кард. Рӯзе ларзида- ларзида дарашонро кӯфтам. Иҷозати даромадан шуд. Вақти даромадан дидам, ки устод бо як нафар ҷавони тақрибан бистсола бозии нард доранд. Баъди дидани чунин манзара тарсу ҳарос якбора маро тарк намуд. Бо овардани ин саргузашт ман чӣ гуфтаниям? Пеш аз омода намудани барнома бояд мавзӯъро хуб омӯхт.

Камина дар бораи паҳлӯҳои рамзии филмҳои “Дарди ишқ”, “Ситораҳои сари танӯр”, “Братан”, “Қош ба қош”, “Падари маҳтобӣ”, “Муаллим”, филмҳои Мӯҳсини Махмалбоф ва духтараш андешаамро баён намудаам ва онҳо дар рӯзномаҳо чоп шудааст. Агар бар шумо филмҳои шодравон Бахтиёр Худойназаров лозим шавад, дар китобхона номи Бахтиёрро ҷустуҷӯ кунед, мақолаҳои дигарон низ, ки дар бораи филми Бахтиёр навиштаанд, ҷо дода шудааст.

Муҳаррири телевизони Синамо Акбари Ёр дар хусуси филми Сайф Раҳимзод “Ситораҳои сари танӯр” барномае омода намуда буд. Барнома шакли хабарӣ ва рекламавӣ дошт. Манзараҳое, ки филмбардорӣ шуда буданд, аллакай дар онҳо нишоне набуд. Дар ҷои бинои кӯҳна бинои нав қомат афрохта буд. Яъне баранда гӯё бинои навро реклама менамуд. Аммо дар хусуси мӯҳтавои филм ягон сухане нест. Коргардон бо офаридани ин филм чӣ гуфтан мехост? Чаро биноҳои фартут ва кӯҳнаро интихоб кард? Наметавонист деҳаҳои ободтареро ба тасвир кашад? Метавонист! Аммо ба мӯҳтавои филм чандон созгор намеафтид. Акбар дар ҷараёни барнома Искандарро, ки нақши падарро бозидааст, ба сӯҳбат мекашад. Искандар гила мекунад, ки ӯро низ чандин бор ба навор гирифта буданд. Дар вақти тамошо боумед интизор буд, ки чеҳраашро нишон медиҳанд, аммо нишон надоданд. Чунин гила кардан аз ҷониби ҳунарпеша айб аст. Вай бояд аз ҳунари коргардонӣ огоҳ мешуд. Баъд Акбар чунин гилаи Искандарро дар намоиш ҷо намедод. Барнома пеш аз ҳама барои тамошобин омода мешавад. Тамошобин пай барад, ки симои Искандарро дар филм нишон надоданд, шояд аз кори Сайф ранҷидахотир гардад. Аммо тамошобини оддӣ нозукиҳои филмро аз куҷо медонад? Барои нишон надодани симои падар як мисол меорам. Нависандаи машҳури эронӣ Маҳмуди Давлатободӣ романе дорад бо унвони “Ҷои холии Салуч”. Роман бо чунин сатр оғоз меёбад: саҳар аз хоб хестанд, аммо Салуч дар ҷояш набуд. Баъди ғайб задани Салуч, падари як хонадон, беназмиву бетартибӣ дар хонадон сар мешавад. Салуч ин ҷо рамзи низом аст. Вай то охири роман дигар пайдо намегардад, аммо бетартибӣ авҷ мегирад.

Падари филми “Ситораҳои сари танӯр” низ рамзист. Мулоқоти онҳо бо завҷааш дар боғи ботаникӣ сурат мегирад. Чаро боғи ботаникӣ? Ин ҳам бори маънӣ мекашад. Дар боғи ботаникӣ дарахтҳои гуногун ва растаниҳоро аз дигар кишварҳо оварда, дар ин ҷо мешинонанд ва ба табиати Тоҷикистон мутобиқ месозанд. Падар низ рамзи омезиши фарҳангҳои гуногун аст. Имрӯз даъво мешавад, ки омезиши фарҳангҳо авҷ гирифтааст. Ин омезиш сад сол пеш оғоз ёфта буд. Агар дар вақти тамошои филм мушоҳида намуда бошед, Нӯшин (рамзи рӯҳи миллат) шишаи чароғро дар оби чашма мешӯяд. Ӯ вақти шустушӯ қурбоққаеро дар дохили шиша андохта, бо кафаш сӯрохии поёнро мепӯшад. Қурбоққа дар оби дохили шиша шино мекунад. Дурбин ба шиша наздик мешавад ва манзараи дилкаше пайдо мегардад. Оби софи дохили шиша ва шинои қурбоққа рамзи фарҳанги кӯчак ва беолоиши миллат аст. Бо кӯмаки падар, албатта, ноаён, беҳтарин фарҳангҳои бегона дар боғ санҷида мешавад, дар ҳолати бо обу хоки замин мутобиқ гардидан, пас дар зиндагӣ ҷорӣ мегардад. Филм ду қаҳрамони асосӣ дорад: падар ва духтар.

Акбари Ёр пеш аз омода намудани барнома ба китобхона мерафт, мақолаҳое, ки дар хусуси филми “Ситораҳои сари танӯр” навишта шудаанд, мехонд, шояд барнома ранги дигар мегирифт. Зеро мақолаи камина “Нӯшин рамзи чист?” соли 2000 дар рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”, дертар дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” чоп шуда буд. Баъди ошноӣ бо мақола ба ҷуз андешаҳои дар боло зикршуда дар хусуси дубора биноӣ пайдо кардани Нӯшин, чаро “Ситораҳои сари танӯр” ном гирифтани филм маълумот пайдо менамуд.

Дар охир чунин маслиҳат доданӣ ҳастам: шумо ҳоло ҷавон ҳастед, бар сари ҳар чиз сар- сарӣ нагузаред. Кӯшиш кунед, ки ба умқи ҳар асар фурӯ равед. Зеро фардо фарҳанги филмофарӣ ба дасти шумо меафтад. Чунон барномае офаред ва филме созед, ки мо бо ифтихор онҳоро дар саҳнаҳои ҷаҳонӣ пешниҳод кунем. Зеро мардуми тоҷик ҳамеша тамаддунофар буд ва тамаддунофар хоҳад монд.

Ҳамроҳи  АВЛИЁПУР

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here