Банда бо ном ва фаъолияти эҷодии Холиқназар Ҷумъазода ҳанӯз аз аввали солҳои 2000-ум, замоне ки навиштаҳои адабӣ ва пулбисистиаш дар матбуоти кишвар ба чоп мерасиданд, ошноям. Баъдан, бо ӯ соли 2008, яъне замоне аз наздик шинос шудам, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргашта, дар идораи Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ба ҳайси Директори иҷроия ба фаъолият шуруъ карда буд.

Ӯ яке аз рӯзноманигорони фаъоле буд, ки мақолаҳояш пайваста дар нашрияҳои «Фараж», «Ману Ту» , «Самак» ва ғайра чоп мешуданд. Он вақт ман дар нашрияи «Нигоҳ» фаъолият доштам ва дар саҳифаи 16-и ин нашрия ҳар ҳафта 5-6 латифаи ягон рӯзноманигорро чоп мекардам. Вақте Холиқназар нахустин латифаҳои худро барои чоп пешниҳод кард, ба ман хеле писанд омаданд ва ташвиқ кардам, ки навиштанро идома диҳад. Зеро, ҳанӯз аз латифаҳои нахустин қобилияти ҳаҷвнависии ӯро хуб эҳсос карда будам. Баъдтар ба ҳафтаномаи “Фараж” кор омадаму бо Холиқназар ҳамкорӣ бештар шуд. Ҳангоми бо Холиқназар дар як ҷо кор кардан ман тамоман Холиқназари дигареро кашф кардам, дар баробари шӯх ва ҳозирҷавоб будан, хеле масъулиятшинос буд. Ӯ ба ҳар саволи ҳатто ҷиддӣ бо шӯхӣ посух медод, ҳар мушкилиро бо шӯхиву ханда ҳал мекард. Хашмгинтарин шахсро бо ханда қабул ва бо ханда гусел мекард. Шӯхиҳояш ҳамеша бомаврид ва таъсирбахш буданд. Бинобар ин, вақте китоби навбатиашро барои таҳрир ба ман пешниҳод кард, бе ягон дудидагӣ розӣ шудам. Зеро медонам, ки вақти таҳрир хаста намешавам, баръакс, фароғат мекунам. Дар чопи китоби ҳаҷвии «Биё, ки фолат бинам» (Душанбе-2021) муҳаррир будам ва хуб медонам, ки ҳаҷви ӯ то чӣ андоза лаззатбахш аст. Ба андозае, ки ҳангоми мутолиа ҳатто дандони ақли хонанда намоён мешавад. Чопи пайдарпайи китобҳои ӯ навиде дар боби ба арсаи адабиёти тоҷик ворид шудани номе нав бо сабке хос мебошад.

Бояд гуфт, ки Х. Ҷумъазода дар ҷодаи ҳаҷв алъон муваффақ аст. Ҳаҷвияҳои ӯ асосан инъикоси рӯзгори кунунии ҷомеа ва вокуниш ба падидаҳои манфӣ ва гоҳе ғайриоддию  пандомези он буда, гувоҳ бар мушоҳидакорӣ ва нигоҳи тезбини муаллифашон ҳастанд. Боиси хурсандист, ки латифаю ҳикоёти танзии Ҷумъазода ҳам марбут ба ҳазлия (юмор) ҳастанд ва ҳам ба ҳаҷви иҷтимоӣ (сатира). Бо таваҷҷуҳ ба он ки мавқеи ҳаҷв, бахусус насри ҳаҷвӣ солҳои охир дар адабиёти кишвар коҳиш ёфтааст, ба майдони адабиёт ворид шудани ҳаҷвнигоре чун Холиқназар Ҷумъазода боиси хурсандист.

Хотираҳои зиёдеро аз нишастҳо бо Холиқназар инҷо овардан мумкин аст, ки ба хонанда як ҷаҳон таассуроти нек ва фароғати хуш мебахшанд, вале бо овардани якчандтои он қаноат мекунам.

Боре, нав вориди кабинет шудам, ки ҳама ба кори худ машғулу Холиқназар ором аст. Ба назарам хеле зиқ менамуд. Ростӣ, хавотир ҳам шудам ва  пурсидам:

– Устод, чӣ шуд? Ба назарам зиқ менамоед?

Гуфт:

– Бибиам мурдаанд.

Афсӯсхӯрон ӯро таскин дода, пурсидам:

– Магар бемор буданд?

Оромона посух дод:

– Намедонам. 30 сол пеш буд.

Аз чунин посух аввал ба ҳайрат афтодам, баъд хеле хандидам. Ӯ ба саволҳо чунон ҷиддӣ ҷавоб медод, ки посух бештар ба воқеият шабоҳат дошт. Баъди чанд рӯз дидам, ки чунин латифае навиштаанд:

«Бибиям мурданд. Ғарқи хаёл нишаста будам, ки Фазлиддин Хоҷаев пурсиданд:

– Устод, чаро ба фикр фурӯ рафтед ва чаро зиқ ҳастед?

Гуфтам:

– Бибиам мурдаанд.

Афсусхӯрон гуфтанд:

– Тасаллият мегӯям. Магар бемор буданд?

Гуфтам:

– Намедонам, 30 сол пеш буд».

Ҳар як латифа ва шӯхиҳои ӯ таърихе доранд ва аз натиҷаи ин ё он суҳбат пайдо шудаанд. Масалан латифаи «Ман ҳоло дар куҷоям?» низ аз баҳсе пайдо шуда буд, ки миёни мо – кормандони «Фараж» ба амал омад. Мавзуъ мавзӯи ҷиддӣ буд, вале Холиқназар онро ба шӯхӣ гардонида, ҳатто шӯхӣ-шӯхӣ дағалгуфторӣ ҳам кард ва ман бо ҷаҳл гуфтам:

– Устод, ҷойи шумо девонахона аст.

Ӯ оромона посух дод:

– Ҳоло ман дар куҷоям?

Ва худи ҳамон рӯз ин латифа пайдо шуд:

«Дар ҷойи кор нишаста, шӯхиҳои гуногун мекардем. Шӯхии безебе кардам, ки ба ҳамкорон маъқул нашуд. Фазлиддин Хоҷаев бо ҷаҳл гуфтанд:

– Устод, ҷойи шумо девонахона аст.

Хандидаму гуфтам:

– Ман ҳоло дар куҷоям?».

Рӯзе ҳавсала накардам, ки ба ошхона равам. Ин аст, ки хӯрокро барои тановул дар идора фармоиш додам. Хӯрокро оварданд ва ман нав ба хӯрдан сар кардам, ки Холиқназар вориди утоқ шуда, паҳлуям нишаст ва ба хӯрдан шуруъ карда, гуфт:

– Биёед ба ошхӯриатон шарик шавам, ки «ба шахси танҳо шайтон ҳамроҳ мешавад» мегӯянд.

Ман ҳам бо шӯхӣ гуфтам:

– Мӯйсафедон мегуфтанд, ки «агар бе бисмиллоҳ ба хӯрдани таъом оғоз кунӣ, ҳатман шайтон ҳамроҳ мешавад». Ин гап рост будааст, ана шумо ҳамроҳ шудед.

Гумон кардам, ки қаҳраш меояду аз хӯрдан даст мекашад, вале ин тавр нашуд. «Шайтон ҳам шудем»,- гуфт ӯ, вале хӯрокро то охир бо ман хӯрду рӯзи дигар ин латифа пайдо шуд:

«Дар идораи «Фараж» ба назди устод Фазлиддин Хоҷаев даромадам, ки танҳо хӯрок мехӯрданд. Баъд аз салому алейк назди Фазлиддин нишаста, даст ба табақи ош бурда, гуфтам:

– Биёед ба ошхӯриатон шарик шавам, ки «ба шахси танҳо шайтон ҳамроҳ мешавад» мегӯянд.

Хандиданду гуфтанд:

– Мӯйсафедон мегуфтанд, ки «агар бе бисмиллоҳ ба хӯрдани таъом оғоз кунӣ, ҳатман шайтон ҳамроҳ мешавад». Ин гап рост будааст. Ман ин хӯрокро бе бисмиллоҳ оғоз карда будам, ки шумо ҳамроҳ шудед».

Як рӯз барои дидорбинии дӯсте ба беморхона рафтам. Устод низ аз куҷое пайдо шуданду гуфтанд:

– Фазлиддинҷон, биёд якҷоя дароем, ки бе шумо даромадан намемонанд.

– Чӣ хел бе ман намемонанд?,- ҳайрон шуда пурсидам.

– Ана, эълонро бинед,- гӯён ба ман эълонеро нишон доданд, ки навишта шудааст: «Бе бахил даромадан манъ аст».

Хуб хандидем ва худи ҳамон бегоҳ ин латифа дар саҳифаи “Фейсбук” чоп шуд:

«Фазлиддин Хоҷаевро дар саҳни беморхона дида, баъд аз ҳолпурсӣ илтимоскунон гуфтам:

– Устодҷон! Ба дохили шифохона даромадан мехоҳам, аммо бе шумо намемонанд. Илтимос, маро ҳамроҳӣ кунед.

– Чӣ хел бе ман намемонанд?,- ҳайрон шуда пурсид.

– Бубинед дар даромадгоҳ чӣ навиштаанд?,- гуфта, эълони «Бе бахил даромадан манъ аст»-ро нишон додам.

– Ин эълон ба ман чӣ иртибот дорад?,- суол кард Фазлиддин.

Гуфтам:

– Шумо бахилед ку».

Умуман, ҳар як латифае, ки Холиқназар менависад, аз ҳаёти воқеии ин ё он шахсони воқеӣ гирифта шуда, кулли ҳодисаҳо заминаи воқеӣ доранд ва бо тахайюли эҷодии муаллиф ва кинояҳо тақвият дода шудаанд.

Ин гуфтаҳоро на танҳо банда, ки бо ӯ якҷо кор кардаву аз наздик ошноям, балки аҳли илм низ тасдиқ мекунанд. Масалан устоди ДМТ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Сангин Гулов менависад: «Ҳаҷви Холиқназар Ҷумъазода ҳаҷви публитсистӣ аст, реша дар воқеият дорад. Баъзе ҳаҷвнависон латифаҳои русиро тарҷумаву таҳрир карда, чун ҳаҷв пешниҳод мекунанд, ки намедонӣ ба ҳолашон хандӣ ё ба фиребкориашон. Аммо ҳаҷви Холиқназар дигар аст. Қаҳрамонони ин ҳаҷвияҳо худи моем, саргузашти ҳамарӯзаи моянд. Дар ин ҳаҷвияҳо мо худро мебинему мехонем. Забони ҳаҷвияҳояш низ забони худи мост, яъне бо забони шево. Гоҳе бо киноя менависад, ки на ҳар кас пай мебарад.

Ӯ ба аксари падидаҳои рӯзгор бо диди ҳаҷв менигарад ва ҳатто мушкилоти рӯзгорро низ ба ҳаҷв мекашад. Ман фикр мекунам, ки баҳои нақди адабии мо ба ҳаҷвияҳои Холиқназар дар пеш аст. На ҳар танзи ӯ барои ханда аст».

Навиштаҳои Наҷмиддини Шоҳинбод низ гуфтаҳои устод Сангин Гуловро тақвият мебахшанд: «Холиқназар дар танзу ҳаҷв салиқаи худодод дорад. Танзи ӯ барои ханда нест. Ин танз барои тамасхур ба доғҳои зиндагӣ мебошад».

Абдурауф Муродӣ итминон дорад, ки «Холиқнзар Ҷумъазода (Ҷумъаев) қавоиди эҷод, сабку услуби нигориш ва махсусиятҳои осори бадеиро медонад, забони эҷодиёташ хушрангу муассир аст. Навиштаҳояш, ки дар нашрияҳои даврӣ, маҷмӯаҳои дастаҷамъӣ ва дар шакли китобҳои алоҳида чоп шудаанд, ин гуфтаҳоро собит месозанд. Ҳаҷваш ҳадафгиру дилпазир буда, аз истеъдоди баландаш дар ин жанри адабӣ гувоҳӣ медиҳад. Китоби нахустини ҳаҷвиёташ «Биё, ки фолат бинам» собитгари он аст, ки ин эҷодкори кӯшо минбаъд метавонад барои рушди ҳаҷв дар адабиёти муосири тоҷик хидмати шоиста бикунад».

Доктори илмҳои филогӣ, профессор устод Қироншоҳ Шарифзода бар он назаранд, ки «Холиқназар нағз, муъҷаз, мухтасар ва воқеӣ менависад».

Ҳаҷвнигори шинохта Наҷмиддини Шоҳинбод дар тақризи худ ба ҳаҷвияҳои Холиқназар дар нашрияи «ИмрӯзНюс» чунин хулосабарорӣ карда буданд: «Латифаҳои Холиқназар ба иллати мантиқи қавӣ ва зарофати тоза зуд ба моли мардум табдил меёбанд. Холиқназар  моҳирона завқи танзофарии мардумро ба қолаби латифа ғунҷонидааст. Умуман, ҳаҷви Холиқназар нусхабардории воқеаҳои аҷоибу хандаовари зиндагӣ  нест. Дар танзи ӯ мантиқи раҳоӣ аз яъсу ғамгинӣ фаровон эҳсос мешавад».

Абдумудассир Аҳмадзода, ки дар китоби «Биё, ки фолат бинам»-и ӯ пешгуфтор навиштанд, гуфта буданд: «Дар насри ҳаҷвии имрӯза нақши Холиқназар хеле бузург аст ва китобҳои ӯ арзиши воло доранд».

Китоби «Хандасарой»-и Холиқназарро барои мутолиа ба хонандагон тавсия намуда, қайд мекунам, ки тавре устод Шоҳинбод мегӯянд, «инак, дар кӯчаи латифа тӯй аст. Моли зеҳнии Холиқназар ба хандабозори адаб ворид шуд. Арвоҳи Афандӣ, Мушфиқӣ, Асадбек, Ҷуҳӣ, Талҳак, Лугарӣ, Қазвинӣ,  Румонӣ, Ёвонӣ шод хоҳад шуд».

Бо пешкаш намудани китоби «Хандасарой» Холиқназар Ҷумъазода барои шикастани ташнагии дӯстдорони ҳаҷв «ретсепт»-и нав пешниҳод мекунад ва бо ин тарзи табобат умри дӯстдорони хандаро дарозтар месозад.

Ин ретсепти Холиқназар, ки «Хандасарой» ном дорад, бо дархости ҳаводорони ҳаҷву ханда пешкаши хонандагон мегардад.

Боварӣ дорем, ки беҳтарин навиштаҳои ӯ ҳанӯз дар пешанд…

Фазлиддин АСОЗОДА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь