30-юми июни соли 2000 шоири шаҳир ва аз бузургони адабиёти навини тоҷику форс Лоиқ Шералӣ олами фониро падруд гуфт. Фақид 59 сол дошт, ки тӯшаи реҳлат басту аз маргаш ду даҳсола сипарӣ мешавад, аммо ному осораш вирди забони тоҷикону форсизабонони олам аст.

Шоир авҷи шуҳратро дар аввали солҳои шастуми қарни пеш ёфтаву минбаъд суханвари бузурги адабиёти навин гашт. Лоиқ Шералӣ, ин сутуни барқади шеъри тоҷик чандин китоби шеър, аз ҷумла, «Сари сабз» (1966), «Илҳом» (1968), «Нӯшбод» (1971), «Соҳилҳо» бо силсилаи «Илҳом аз “Шоҳнома”, “Ҷоми Хайём”, «Хоки ватан» (1975), «Марди роҳ» (1978), «Хонаи дил» (1982), «Хонаи чашм» (1986), «Фарёди бефарёдрас» (1997) ва ғайраро ба мухлисонаш ба ёдгор гузоштааст.

Лоиқшиносон исми шоирро ба одамушшуаро Рӯдакӣ пайванд медиҳанд, ки “он чи аз Рӯдакӣ то ба Лоиқ камиву шикасту рехти адабӣ буд, ӯ он ҳамаро баровард!” ва моқабли ин иқтибосҳо ва ба ҳамин монанд андеша ва нигораҳову ёдномаҳо, китобҳое чанд бар зиндагиномаву эҷоди шоир таълиф гаштаанд, ки ҳунари эҷодии волои ӯро гӯёст.

Аз баҳри ҳазор сол баъди сари худ,

Қутби раҳи умр менамоям имрӯз.

Устод Лоиқро чун шоир бештар мешиносанд ва ҳамчунин ибрози он ҳам ҳаст, ки ӯ қолаби шеърро шикаст ва берун ҷаст, шеъри ӯ андешаву ногуфтаҳои халқро ба тасвир кашид, аз қалб бархосту бар қалбҳо маскан ёфт.

Аскар Ҳаким, шоири шинохтаи тоҷик мегӯяд, “суол диҳам, ки беҳтарин шеърҳоро дар бораи худогоҳии миллӣ, гиромидошти таърих, фарҳанг ва забони модариамон, ҷонгудозтарин шеърҳоро дар бораи ҷанги бародаркуш, азобу уқубати миллат ва шоир кӣ гуфтааст, ҷавоб ин хоҳад буд, ки устод Лоиқ!”.

Ҳифзи ормонҳои миллӣ ва муқаддасоте, чун забони миллӣ аз мавзӯъҳои аслии ашъори устод Лоиқ буд ва соли 1989, вақте забони миллӣ мақоми давлатӣ гирифту “Бунёди забон” таъсис ёфт, маҳз Лоиқро раиси ин ниҳод интихоб карданд.

Лоиқи солҳои 90-ум ва замони ҷанги шаҳрвандӣ эҷодиёти хешро маҳкамтар ва мушаххасу мунаққидтар равона сохт. Ин замон шоир ашъоре рӯи қоғаз овард, ки миллати парокандаеро ба якдиливу якандешӣ, ҳувияту шуури миллӣ ва хештаншиносӣ даъват мекард.

Ало, эй ҳамватан, хоҳам камолат,

Вале аз ин сухан н-ояд малолат,

Зи тундар осмон таркид, аммо

Ту дар хоби гаронӣ, хуш ба ҳолат.

Лек бо ин вуҷуд устод Лоиқро аз ин ҳам болотар ва аз доираи шоирӣ бурунтар зикр мекунанд. Муҳаққиқони осори шоир ӯро чун шоир, муҳаққиқи соҳибандеша, мунаққид, мутарҷим, донандаи хуби осору таърихи гузаштаи миллат, забоншинос, рӯзноманигор, публитсист ва вожаофар ном мебаранд. Боҳир Раҷабов, устоди ДДХ ба номи Бобоҷон Ғафуров ва муҳаққиқи осори шоир манзалати бузург ва фаъолияти чандҷанбаи устод Лоиқро дар илму иҷтимоиёт ногусастанӣ арзёбӣ мекунад:

– Устод Лоиқ на танҳо дар шеъру шоирӣ мақоми хос ва манзалати воло ба даст оварда буд, балки бо таълифоти зиёди илмӣ, публитсистӣ-танқидӣ, ҳамзамон чун чораҷӯи дардҳои милливу иҷтимоӣ бо гузориши масоили муҳими ҷомеа ва сӯҳбатҳояш дар байни мардум, матбуот, радио ва телевизион нақши арзандаву шоиста гузоштанд. Мақоми Лоиқ Шералиро на танҳо ба сифати шоири барҷаста ва камназири миллӣ, балки афзун бар ин ҳамчун публитсисти фаъоли шӯълавар, мунаққиди моҳиятбину матинирода, муаррихи мумтоз, ҷомеашиноси амиқназар ва фардонигар мушаххас мебояд ном бурд.

Диловар Шералӣ, писарбузурги устод Лоиқ имрӯз дар сӯҳбат бо мо аз рӯзи ташйиъи ҷанозаи падар ёд намуда, аз ашкҳои сӯзони пайвандон ва сиришки равони мухлисони эҷоди шоир гуфт:

– Падарам дар субҳгоҳон бо мо падруд гуфтанд ва дигар ба андешаам офтоб тулӯъ намекард. Рӯзи видоъ мо дар ҳолати аз тасвир берун будем ва на кори мекарда буду на сухане барои гуфтан доштем. Ҳамаи аҳли байт ва пайвандон гирд омада буданд ва ҳазорҳо мухлисонашон аз дуру наздик ашкрезон буданд. Ҳама талоши охирин дидори устодро мекард.

Ӯ аз хидматҳои раиси вақти Душанбе ва раиси коммисияи дафни устод Лоиқ – Маҳмадсаид Убайдуллоев дар рӯзи ташйиъи ҷаноза ёдоварӣ намуда,  гуфт, “якуми июл рӯзи ҷумъа буд, раис ҳамаи чораҳои заруриро андешида, мадфани шарифи устодро дар Мазористони Лучоб муайян намуда, маросими видоъро пеш аз намоз баргузор кард”.

Ҳамчунин, Диловар аз табиби чандинсолаи устод Лоиқ – Соҳибназар Раҳмонов ном бурд, ки мо натавонистем бо пизишк дар ин маврид сӯҳбат анҷом диҳем.

Баъди марги шоир “Куллиёт”-и Лоиқ соли 2003 дар Хуҷанд ва соли 2008 нашри комилтари ин “Куллиёт” дар як ҷилд, дар нашриёти “Адиб”-и шаҳри Душанбе ба зевари чоп рафт.

Ва устод Лоиқ пеш аз марг гуфта буданд:

Ман баъди ҳама завол меоям боз,

Чун мурғи хуҷастафол меоям боз,

Аз баъди ҳазор сол ёдам бикунед,

Ман баъди ҳазор сол меоям боз!

Меҳрофарин НАҶИБӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь