Шарҳи чанд нукта аз ҳаёт ва фаъолияти илмиву ҷамъиятии ду фарзанди бузурги халқи тоҷик ва баъзе даъвоҳои бепоя нисбат ба яке аз онҳо

Таҳти грифи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш китоби академики АМИТ Акбар Турсон таҳти унвони “Аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зуҳал…” (“Велик от Земли до Сатурна предел…”)  соли 2023 ба забони русӣ ба табъ расид.

Китоби мазкур ба фаъолияти ду арбоби барҷастаи илму фарҳанги тоҷики қарни ХХ- Бобоҷон Ғафуров ва Муҳаммад Осимӣ бахшида шуда, зери таҳрири муҳаррири масъул профессор Аскаралӣ Раҷабов ба табъ расидааст.

Китоби Акбари Турсон “Аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зуҳал…” бо “Сухане чанд дар бораи муаллиф” оғоз меёбад, ки метавон онро ба ҳайси “Пешсухан” ё “Пешгуфтор” қабул кард. “Сухане чанд дар бораи муаллиф” ба қалами доктори илми фалсафа, профессор А. Қурбонмамадов мансуб аст. Мавсуф дар ин навиштаи мухтасару пурмуҳтавои хеш оид ба фаъолияти илмиву ҷамъиятӣ ва публитсистии Акбари Турсон маълумот дода, роҳҳои пурпечу хами то ба ин сатҳ расидан тайкардаи ӯро равшану возеҳ шарҳ дода, нуктаҳои ҷолибро зикр кардааст.

Воқеан, номи Акбари Турсон дар даврони Шӯравӣ ҳамчун файласуф машҳур буд. Ягона файласуфе буд, ки дар он замон навиштаҳояш дар маҷаллаҳои бонуфузе чун “Масъалаҳои фалсафа” (“Вопросы философии”), “Масъалаҳои адабиёт” (“Вопросы литературы”), рӯзномаи “Ҳақиқат” (“Правда”) ва ғайра ба забони русӣ чоп мешуданд, ки дар ҳар кадоми он андешаҳои наву тозаи фалсафӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиаш баён мешуданд.

Дар китоби Акбари Турсон “Аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зуҳал…” оид ба фаъолияти илмиву ҷамъиятии ду фарзанди баруманди халқи тоҷик – Бобоҷон Ғафуров ва Муҳаммад Осимӣ сухан меравад. Муаллиф худро аз он хушбахт меҳисобад, ки шахсан бо ин ду абармард аз наздик ошноӣ дошт, ҳамкорӣ мекард ва перомуни баъзе нуктаҳои илмиву иҷтимоӣ табодули назар менамуд. Муаллиф, ҳамзамон, таъкид менамояд, ки дар байни ҳамзамонону ҳамасрон он ҳар ду на танҳо бо пуристеъдодию серҳаракатии ҳаётӣ, балки бо ҳаёти илмию тахассусӣ ва ҷамъиятии хеш аз дигарон фарқ мекарданд.

Ҳар қадар ки солҳо мегузаранд, ҳамон андоза шахсияти Бобоҷон Ғафуров барои мо равшантар мегардад: роҳбари тавоно, меҳрубон, рафиқи мушфиқ, устоду мураббӣ; сиёсатмадори нозукфаҳм ва инсони боҷуръату нотарсу бо тамоми самимият суханронӣ кардан маҷлисҳои сатҳи баланд дар замонҳои даҳшатовар; илҳомбахши баҳсҳои мустаҳками илмӣ. Ҳамаи ин хусусиятҳо дар шахсияти нотакрори Б. Ғафуров муттаҳид ва мунъакис гаштаанд. Бобоҷон Ғафуров, дар ҳақиқат, одами давр буд. Ӯ ҷузъи замони худ буд, вале ду феълу атвори муҳиммаш: табиати ташкилдиҳандагию донишмандӣ ва олиҳимматӣ ба ӯ имкон доданд, ки дар фазои Шӯравӣ корҳои наҷибу шоистаро анҷом диҳад.

Муаллиф баъдан менависад:

“Ин тавсифҳоро метавон дар фаъолияти ҷамъиятию илмии Муҳаммад Осимӣ низ татбиқ кард”. Муаллиф таъкид мекунад, ки, умуман, Бобоҷон Ғафуров ва Муҳаммад Осимиро фарзандони шоистаю арзандаи даврони худ номидан кам аст; онҳо аз гурӯҳи арбобони шоиста, шахсиятҳои нодири фаъоли ҷомеа буданд.

Ба андешаи мо, андешаҳои нодурусту муҳокимарониҳои ноадолатонаи И. М. Дяконов ва Б. А. Литвинский муаллифтро водор сохтанд, ки аз ҳуҷуми ноҳақонаи “ҳамкоронашон” Б. Ғафуровро ҳимоя кунанд. Дар бораи Б. Ғафуров дар ёддошт ва мақолаҳои солҳои охир навиштаашон олимони мазкур бисёр туҳматҳо дар ҳаққи Б. Ғафуров задаанд. Ва ё бисёр ноадолатиҳоро нисбат ба фарзанди миллати тоҷик будани Абуалӣ Сино раво дидаанд, бо вуҷуди он ки Муҳаммад Осимӣ аз ӯ дифоъ карданд. Намояндаи миллати тоҷикро дар ҷашн, ки Муҳаммад Осимӣ ширкат доштанд, ҳатто таҳқир кардаанд…

Ҳол он ки нисбат ба Бобоҷон Ғафуров эроншинос-тоҷикшиноси машҳур Д. С. Комиссаров гуфтааст: “Бобоҷон Ғафуров, бешубҳа, инсони муосир буд. Вале дар ӯ хислатҳои гузаштагонаш кам набуданд. Бар ин асос, ӯро метавон ба унвони ҳаким – донишманд сарфароз гардонид”.

Хулоса, китоби Акбари Турсон “Аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зуҳал…” бисёр лаҳзаҳои фаъолиятҳои Бобоҷон Ғафуров ва Муҳаммад Осимиро, ки дар ягон асару мақолаи то ин замон нашршуда касе нахондааст, фаро мегирад.

Бояд таъкид кард, ки ин ҳар ду чун Мирзо Турсунзода корҳоеро барои ҳифзу нигаҳдошти обрӯйи миллат анҷом доданд, ки танҳо бар асоси ёддоштҳои ҳамсолону шогирдони содиқашон фаҳмидану донистан мумкин аст. Аксар рози дилашонро бо худ ба гӯр бурдаанд, зеро барои равшану возеҳ гуфтан имкон надоштанд.

Дар охир мехоҳем як нуктаро ишора кунем.

Китоби мазкур ҳамагӣ дусад нусха нашр шудааст, ки бисёр кам аст.

Азбаски муҳтавои китоб бисёр муҳим аст ва донистани ҳар як соҳибназари миллати тоҷик зарур мебошад, онро ба забони тоҷикӣ ва бо теъдоди зиёд нашр кардан шарт аст. Ҳоло ки муаллиф бо лутфи қисмат дар қайди ҳаёт аст, матни тоҷикиашро низ бо ташаббуси худи ӯ бо забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд омода ва нашр кард. Зеро ҳар тарҷумон қодир нест, ки навиштаҳои Акбари Турсонро дақиқ тарҷума намояд. Ин асари илмиест, барои дарки он дар дар сатҳи муаллиф бояд буд.

Итминони комил дорем, ки Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳарчи зудтар варианти тоҷикии асари мазкурро нашр ва дастраси олимону пажуҳишгарон, муҳаққиқони ҷавон ва донишҷӯён мегардонад.

С. Аминов, корманди Муассисаи нашриявии “Маориф”-и Вазорати маориф ва илми ҶТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь