Дар замони Шӯравӣ иди касбии матбуотчиён ҳар сол рӯзи 5 уми май, рӯзи оғози нашри рӯзномаи “Правда” таҷлил мегардид. Бо соҳибистиқлол гардидани кишварамон дар асоси Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 юми ноябри соли 1995 Рӯзи матбуоти миллӣ ҳамасола 11- уми март ба ифтихори аз чоп баромадани аввалин нашрияи тоҷикӣ “Бухорои Шариф” (11 уми марти соли 1912) қайд карда мешавад.

Дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пас аз ташкил ёфтани мақомоти ҳокимияти Шӯравӣ масъалаи таъсис додани нашрияи чопӣ ҳамчун воситаи муҳими ташвиқу тарғиби мақсаду мароми ҳокимияти нав, инкишофи маданияти сотсиалистӣ, чандин маротиба мавриди баррасии мақомоти ҳизбию давлатӣ қарор гирифта аст. Вале ба сабаби муҳайё набудани таҷҳизоти табъу нашр ҳалли ин масъала ба таъхир афтодааст.

Ҳарчанд дар ҳуҷҷатҳои маҳфузмондаи бойгонӣ роҷеъ ба таъсис ёфтани рӯзномаи “Искра Революции” (Шарораи Инқилоб) дар соли 1924 рӯзномаи ҷумҳуриявии “Правда Востока” моҳи апрели соли 1925 бо истинод ба Агентии Телеграфии Россия (РОСТА) хабар ҷо кардааст, вале ягон нусхаи ин рӯзнома то кунун дастрас нашудааст.

Моҳи марти соли 1928 маҷлиси фаъолони ҳизбии вилоят дар бораи таъсис додани маҷаллаи ҳармоҳае, ки мебоист рафти дигаргунсозиҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва мадании вилоятро муфассал шарҳу эзоҳ медод, қарор мекунад. Шӯъбаи маорифи халқии вилоят (мудираш Зиннатшоев А.), ки матбуоти даврӣ низ як ҷузъи фаъолияти онро ташкил менамуд, барои ҷамъоварию таҳрири хабару мақолаҳо, чоп намудани маҷалла азму кӯшиши зиёдеро ба харҷ дод. Ниҳоят, шумораи нахустини маҷалла бо унвони “Бадахшони Сурх” (ҷаридаи моҳвораи Бюрои фирқаи иштирокиюн (болшевикон), Кумитаи иҷроия ва Кумитаи иттифоқи касабаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон) ба сифати дастнавис дар ҳаҷми 26 саҳифа нашр шуд. Маҷалла сиёсати миллии Ҳизби Коммунист ва Ҳукумати Шӯравиро ба меҳнаткашон фаҳмонда дода, онҳоро баҳри мустаҳкам намудани мақомоти Ҳокимияти Шӯравӣ дар маҳалҳо, иштироки фаъолона дар азнавсозии иҷтимоии ҷомеа даъват менамуд.

Дар давраи омодагӣ ба таҷлили ҷашни 70 – солагии рӯзномаи “Бадахшон” (соли 2001) бо кӯшиши директори Бойгонии Давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Давлатмамадов Н. нусхаи шумораи сеюми маҷаллаи “Бадахшони Сурх” дастрас шуда, ки он аз 26 варақ иборат буда, ба сифати дастнавис аз тариқи литографӣ чоп шудааст. Дар маҷалла 24 адад хабару мақолаҳои 16 нафар муаллифон гирд оварда шудаанд, ки аз он 4 мақола ба вазъи пешбурди маорифи халқ ва маданият, 3 мақола ба фаъолияти шӯроҳо, 6 мақола ба баланд бардоштани мартабаю мақоми зан дар ҷомеа, 4 мақола ба фош намудани зарари тарёккашӣ, 6 мақолаю хабар ба танқиди зуҳуроти манфӣ дар ҳаёти мардум, монанди фисқу фоҳишагӣ, судхӯрӣ, қалингирӣ, дӯзандагӣ, бемақсад истифода бурдани пули ширкат бахшида шудаанд. Дар поёни аксари мақолаҳо вақти навишта шуданашон моҳҳои июл ва августи соли 1928 нишон дода шудааст. Аниқ маълум нест, ки ин маҷаллаи басо аҷоибу хонданибоб чанд шумора нашр шудааст.

Аз мақолаҳои ҷойдодашуда бармеояд, ки мақомоти ҳизбию давлатии вилоят дар ҳамон давра низ аҳамияти матбуотро дар дигаргунсозии тафаккури мардум, баҳри иҷрои мақсадҳои пешбурди иҷтимоӣ сафарбар намудани он дуруст дарк намуда, баҳри ҳақиқатнигорию таъсирбахшии сухан, дар шуури оммаҳои васеъ ҷойгир намудани тартиботи сиёсати ҳизбу давлат тадбирҳои зиёде андешидаанд. Дар маркази ноҳияҳо, ҷамоатҳо ва деҳаҳо клубу чойхонаҳои сурх кушода, барои деҳқонони босавод қироати рӯзномаву маҷаллаҳо, намоиши филм, баромадҳои ҳаваскорони санъатро ташкил медоданд.

Моҳвораи “Бадахшони Сурх” дастраси ҳар ноҳияю ҷамоат, клубу чойхонаҳои сурх гардонида мешуд. Аз ин ҷиҳат адади нашри он аз 50 то 100 ва 150 нусха расид.

Нусхаи дастрасшудаи моҳвора аз байни ҳуҷҷатҳои бойгонии Шӯрои ҷамоати Питупи ноҳияи Вахон бо рақами 1588 аз 5 – уми сентябри соли 1928 аз қайд гузаронида шудааст.

Тавлиди рӯзномаи оммавӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба соли 1931 рост меояд. Тобистони ҳамон сол отряди сарҳадчиёни рус ҳамроҳи худ ба Бадахшон (Помир) мошини чоп ва қуттиҳои ҳуруфи чопиро оварданд. Ва 2 – юми сентябри соли 1931 аҳолии шаҳри Хоруғ аввалин шумораи рӯзномаи “Бадахшони Сурх” (ношири афкори Кумитаи вилоятии фирқаи иштирокиюн (болшевикӣ), Кумитаи иҷроия ва Шӯрои иттифоқи касабаи вилоят) – ро, ки ба забони тоҷикию русӣ бо ҳуруфоти арабию кириликӣ ба миқдори 500 нусха нашр гардида буд, бо хурсандии бепоён ба даст гирифтанд.

Ногуфта намонад, ки рӯзномаи “Бадахшон” – нашрияи мақомоти ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Аз 2 – юми сентябри 1931 нашр мешавад. То соли 1955 “Бадахшони сурх”, солҳои 1955 – 1990 “Бадахшони Советӣ” ном дошт ва ҳафтае се маротиба ба забонҳои тоҷикию русӣ ба табъ мерасид. Аз соли 1991 “Бадахшон” ном гирифт ва ҳафтае як маротиба ба забони тоҷикӣ (баъзе матолиб ба забони русӣ) чоп мешавад. Аз ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва адабии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар, мусоҳиба, очерку мақола, лавҳа нашр менамояд.

Рӯзнома дар андак муддат ба минбари баланди ҳақиқату садоқат, орзуву омол ва фатҳу нусрати мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон табдил ёфт.

Таҳияи

Шервони УМРИДДИН

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь