Аксари ҷашнҳои ғайрирасмии мардумие, ки аз кишваре сарчашма гирифтааст, бо мурури замон маъруфият пайдо карда ва дар натиҷа ба як ҷашни байналмилалӣ табдил меёбад. «Рӯзи китобдӯстон» низ яке аз чунин ҷашнҳо дониста мешавад, ки муаллифи halva.tj пайгирӣ кардааст.

Шурӯъ аз соли 1995 созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО ҳар сол шаҳри пурхонандатарини дунёро муайян мекунад ва аз соли 2001 бошад, ҳар сол пойтахти ҷаҳонии китобро эълом медорад. Соли гузашта пойтахти ҷаҳонии китоб шаҳри Тиблисии Гурҷистон интихоб шуда буд.

Ҷашни мазкур дар Амрико пайдо шуда, дар муддати кӯтоҳ таваҷҷуҳи нафарони зиёдро дар тамоми гӯшаи олам ба худ ҷалб намуд. Ҳамасола 9-уми августро нависандагон, шоирон, адабиётшиносон, китобдорон, ноширон, кормандони мағозаҳои китобфурӯшӣ ва умуман дӯстдорони китоб ҷашн мегиранд.

Ҳар шахс ҷашни мазкурро ба таври худ таҷлил мекунад: баъзеҳо дар ин рӯз ба мутолиаи китоби дӯстдоштаи худ мепардозанд, қисми дигаре якҷо бо дӯстон таҷлил мекунанд ва гурӯҳе бошанд, ба мағозаи китобфурӯшӣ мераванд, то китобе бихаранд (дар ин рӯз дар аксари мағозаҳои китобфурӯшии дунё намоиши китобҳо баргузор гардида, китобҳо бо тахфиф ва нархи дастрас пешниҳоди харидорон мешавад) ва ғайра. Дар ин рӯз ҳамчунин, адибон китоби тозаэҷоди худро ба хонандагон муаррифӣ карда ва ба китобе, ки ба хонандагон ҳадя мекунанд, соядаст мегузоранд. Ҳадафи аслии ҷашни мазкур тарғиби китобхонӣ миёни ҷавонон дониста мешавад.

Бояд гуфт, ки имрӯз ба масъалаи китобхонӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад. Ҳоло чанд сол аст, ки маҳз бо дастгирии бевоситаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии китобхонӣ бо номи «Фурӯғи субҳи доноӣ» баргузор мешавад, ки дар он нафарони синну соли гуногун иштирок мекунанд.

Мо тасмим гирифтем, доир ба донистани сатҳи китобхонии ҷавонон дар мағозаҳои китобфурӯшии шаҳри Душанбе назарпурсие гузаронем ва муайян кунем, ки ҷавонони мо имрӯз бештар кадом китобҳоро мутолиа мекунанд ва кадом муаллифон байни онҳо маъруфияти бештаре доранд.

Аз натиҷаи назарпурсие, ки аз мағозаҳои китобфурӯшии «Дониш», «Китобхон» ва «Bookshop» муайян шуд, муаллифон: Ирвин Уэлш, Рэй Брэдбери, Ҷоан Роулинг, Ҷоҷо Мойес, Ҷейн Остин, Эрих Мария Ремарк, Маргарет Митчелл, Стивен Кинг ва Холид Ҳусайнӣ дар байни хонандагони ҷавони Тоҷикистон маъруфияти бештар доранд.

Чӣ тавре, ки фурӯшандагони китоб мегӯянд, дар гузашта ҷавонон бештар ба китобҳои илмӣ таваҷҷуҳ доштанд ва имрӯз бошад, зиёдтар китобҳои бадеӣ мехонанд. Ба гуфти онҳо асарҳои шоиру нависандагони классик низ харидорони бештаре доранд.

Имрӯз ҷавонон дар баробари асарҳои бадеӣ ба китобҳое, ки доир ба худшиносист низ таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.

Донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон бошанд, бештар китобҳои бадеӣ мутолиа мекунанд. Дар ин донишгоҳ «Клуби китоб» ном маҳфиле бо ҳадафи ҷалби бештари ҷавонон ба китобхонию китобдӯстӣ ва ташкили як муҳити солим дар ҷомеа фаъолият мекунад.

Имрӯз бисёре аз донишҷӯёни донишгоҳи мазкур ба ин маҳфил аъзо буда, дар баргузории он фаъолона иштирок мекунанд.

Дар ин бора яке аз аъзоёни маҳфил чунин гуфт: «Дар рӯзи баргузории он мо дар атрофи китоби “Се нафар дар қаиқ, бидуни ҳисоби саг”-и нависанда Ҷерома Клапка ва дар маҳфилҳои дигар китобҳои «Лолите»-и Владимир Набоков, «Оводу»-и Этел Лилиан Войнич ва «Чуме»-и Албера Камюро мулоҳиза намудем. Ҳамчунин, дар атрофи романи фоҷиавии «Граф Монте-Кристо» низ суҳбат оростем.

Бояд гуфт, ки иштирок дар маҳфил озод аст. Дар маҳфили баъдӣ бояд кадом асарҳо хонда шавад, инро иштирокчиёни маҳфил бар асоси қур интихоб мекунанд. Барои ба ҳама дастрас будани маҳфил дар сомонаи иҷтимоии “Телеграмма” низ саҳифаи “Клуби китоб” таъсис дода шудааст. Дар ҳафтаи навбатӣ кадом китобро иштирокчиёни маҳфил бояд мутолиа кунанд, интихоб шуда, дар саҳифа гузошта мешавад. Ҳамчунин, дар саҳифа тарҷумаи ҳоли муаллифи асар, баъзе асарҳои дигари ӯ, як қатор далелҳои ҷолиб дар бораи ҳаёти ӯ ва ғайра нашр карда мешаванд”.

Ҳоло таъсисдиҳандагони маҳфил умедворанд, ки ҷавонони зиёде ба маҳфили онҳо мепайванданд ва ба ин васила онҳо дар Донишгоҳ як муҳити китобдӯстдору огоҳро ба вуҷуд меояд.

Амина АЗИЗОВА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь