(Ёдномаи хотирмон ба шодравон шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Қутбӣ Киром ва дӯсти деринаам бародари устод, Баҳриддини Киром бахшида мешавад).

Соати чори пагоҳии 14-уми июли соли 2022 пас аз ибодати намози бомдод, китоби устод Қутбӣ Киром «Аз гулу хоку шӯълаи оташ»-ро дар даст гирифта, баробари симои зебойи шоиронаи ин соҳибфазлро дидан замон, беихтиёр аз чашмон ашк рӯйи мижгон омад. Пеш аз он, ки дар бораи бародари устод Қутбӣ Киром, Баҳриддини Киром суханронӣ намоям, чанд лаҳзае аз дидаву шунидаҳо, нисбати устод шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи устод Абуабдуллоҳи Рӯдаӣ|, Қутбӣ Киром ҳарф занем, то мутолеагарон аз он баҳраманд бошанд. Инак, китоби устод дар дастам, аввалсуханро аз китоби худи устод Қутбӣ Киром оғоз мекунем, ки гуфтанд:

Асри ман, манро бубахш!

Ман чу шоирҳои даврони қадим.

Аз дур оғоз хоҳам кард, имшаб шеъри худ,

То барорам аз димоғи ҳар кӣ дорад дард, дуд…

Ҳине, ки кас ин номаи устод Қутбӣ Киромро мутолиа менамояд, ба хулосае меояд, ки он саропо дард дорад, дарди миллат, дарди мардуми Яғноби Бостон, дарди Помири зебо, дарди бешазорони беканори Сибиру ва дарду дардҳои дигар… Устод дар китобашон чунон шоирона илҳом гуфтаанд, ки ҳар хонандаро мутаассир мекунад.

Кунун фурсате фаро расид, ки чанд лаҳзаҳои хотирмони худро аз дидаву шунидаҳои хеш, нисбати устоди гиромиқадр рӯи сафҳа орем…

«Лаҳзаи хотирмони илҳом»

Боре ман ҳамроҳи ҳамсабақам шоири шаҳири роҳи озодӣ Махсум Олимӣ, ки аз тарафи нохалафону курдилон, моҳи октябри соли 1992 ваҳшиёна кушта шуд, сӯи хонаи иттифоқи нависандагонро пеш гирифтем…

Дар роҳ шодравон Махсум Олимӣ ба ман рӯ оварда, суҳбати аҷибе намуд, ки матлааш чунин буд:

Шарифҷон, биёед, ҳамроҳ назди устоди ман Қутбӣ Киром даромада, эшонро зиёрат намоем, зеро ман ду ғазали тозаэҷоди худро ба он кас нишон диҳам то ки ин ғазалҳо аз нигоҳи устод бенуқсон бошанду пасон онҳоро омодаи чоп намоям.

Ҷавобан, хуб шудааст, Махсумҷон гуфтаму мо якҷоя ба ошёнаи дуввуми хонаи иттифоқи нависандагон, назди дари шоир устод Қутбӣ Киром баромада, дари устодро тақ-тақ намудему бо иҷозат вориди утоқи кории устод шудем. Баробари моро дидан, устод аз ҷояшон хеста, бо лаҳни ширину гуворои ба худ хос, биёед, биёед шогирдони азизу гиромӣ, «Хори раҳа кӣ гирифт», ки Махсум Олимию Шарифи Гулзод назди ман омаданд. Махсум Олимӣ низ бо лаҳни ба худ хос ҷавобан гуфт:

«Устоди азизу гиромиқадр хори раҳа бузургии Шумову ҳамин як ду шеъраки тозаэҷоди банда гирифт, ки мо назди Шумо ташриф овардем».

Хулоса, паси чанд лаҳзаи суҳбат бо устод шоири ширинкалом Қутбӣ Киром, шогирдаш Махсум Олимӣ ба сари мақсад омадан, перомони фаъолияти эҷодиаш Махсум Олимӣ чуни иброз намуд:

«Устоди гиромиқадр ман ҳоло як шеъри тозаэҷоди худро ба Шумо қироат менамоям ва аз Шумо эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки нуқсони шеърамро ба ман рӯйирост гӯед».

Устод хандида, ба шогирдашон шиори ҷавони ҳамон давру замон Махсум Олимӣ чунин ҷавоб доданд:

«Махсумҷон, ҳамаи ҳушу гӯшам ба Шумо! Канӣ шеъри тозаэҷодатонро шунавему лаззат барем». Пас аз шунидани шеъри навэҷоди шоири ҷавон Махсум Олимӣ, устод Қутбӣ Киром дар рафти қироати он ислоҳоте дароварданд, ки ин ислоҳот ба таври зайл буд:

Масалан, Махсум Олимӣ чунин мисраъҳоро қироат намуд:

Он, ки афтод дар раҳи ҳамвор дар рӯи замин,

Кай тавонад аз раҳи душвори кайҳон бигзарад.

Ҳамин вақт устод Қутбӣ иброз намуданд, ки ин ҷо пешоянди «дар» агар «бар» шавад, боз беҳтар ва ибораи «афтод» «афтад» шавад боз хубтару гуворо мешавад.

Дарҳол Махсум Олимӣ ба ин мисраҳо ислоҳ дароварду боз такроран бо овози баланд шеърро қироат намуд:

Он, ки афтад дар раҳи ҳамвор бар рӯи замин,

Кай тавонад аз раҳи душвори кайҳон бигзарад.

«Махсумҷон, дидед чӣ хел мисраҳои шеъратон хушруву гуворо баромаданд!» – гуфтанд дар ҷавоб устод Қутбӣ Киром.

Мо ҳар дуямон хушнуд хандида, ба ислоҳоти даровардаи устод Қутбӣ қоил шудем.

Ин буд лаҳзаи хотирмони илҳом бо устод Қутбӣ.

Ашки шоир

Кадом сол буд дар хотиротам нест. Шаби эҷодии шодравон устод Лоиқ дар толори фарҳангии иттифоқи нависандагон шуда, гузашта буд…

Бояд қайд кард, ки дар рафи якуми толор номбурда, шоир шодравон Қутбӣ Киром низ нишаста буданд.

Банда ҳам иштирокчии ин маҳфили шабнишинии бошукӯҳ будам…

Паси қироати чанд шеъри тозаэҷоди худ устод Лоиқ риштаи суханро ба ромишгари нотакрор, устоди шашмақомхонон, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Барно Исҳоқова дод.

Сараввал Барноапа як ғазали устод Лоиқро, ки ба оҳанги Шашмақом кашида буданд ва чунон бо нозукии ба худ хос онро сароиданд, ки тамоми нишастагони толор бо кафкубии пурмавҷ садои сурудхонии ин ҳофизаро пешвоз гирифтанд…

Якбора Барноапа савти мусиқиро дигар намуда, ғазали барҷастаи Ҳофизи Шерозӣ, ки мисраҳои аввалаш ба таври зайл буд:

«Дӯш дидам, ки малоик дар ин майхона заданд,

Гили Одам бисириштанду ба паймона заданд,-

гӯён чунон бо нозукию шукуҳу шаҳомати хоса Барноапа сароиданд, ки устод Қутбӣ Киром ашкрезон аз ҷойяшон хеста, дастагулеро бароварда, ба ин ромишгари шашмақомхони нотакрори давру замони мо тақдим намуданд. Аҳли толор ҳама нишастагон ин манзараро дида, дар ҳайрат монда, аз ҷой хестанд, бо кафкубии пурмавҷи бардавом ин ҳолатро истиқбол гирифтанд.

Устод Лоиқ ин манзараро дидан замон ба устод Қутбӣ рӯй оварда, чунин гуфт: «Муллоқутбӣ, Шумо маҳфили шаби эҷодии маро бо ашку дастагули зебо ва гуфтору рафторатон даҳчанд шукуҳу шаҳомат бахшидед, ки ин ҳолат барои ман хотирмонтарин лаҳза буду ҳаст ва мемонад».

Устод Қутбӣ низ пас аз гуфтори устод Лоиқ чунин изҳори ақида намуд: «Барноапа Шумо мусиқии зиндаи классикии шашмақомхонони тоҷик ҳастеду ва онро чуноне, ки дар ихтиёр доред, бояд дар арсаи байналмилалӣ муаррифгар бошед, мо бояд, ки ин ромишгари нотакрори давру замонро эҳтиёт намоем».

Чунин буд лаҳзаи ашки шоир Қутбӣ Киром.

Аёдати бузургони миллат

Афсӯс, ки мо зиндабузургон нашиносем,

В-он гоҳ шиносем, ки гӯянд куҷо шуд?

Ҳабибулло Файзулло

Субҳи нахусти ҳаштуми майи соли 2000, ман ва аҳли адабу ҳунари тоҷик: Устод Ҷӯрабек Муродов, писари устод Парвизбек Муродов, Хурсандмурод Зарифов, шоир Фарзон Нарзӣ, домуллою расмгир Шуҳратбой, рӯзноманигор Саидмуроди Хоҷазод ва наворбардор Шарифи Мирсаидзод ба аёдати бузургони миллати тоҷик сари оромгоҳашон, раҳсипор гардидем. Он рӯз ҳаво софу беғубор буд. Ба аёдатгоҳ сараввал ба зиёрати шоҳсутуни назми муосири тоҷик устод Мирзо Турсунзода расида, фотеҳаеро қироат намуда, ба руҳу арвоҳи ин абармарди бузурги миллат бахшидем. Сипас, каме болотар аз он, ки оромгоҳи дигар бузургони миллатамон буд, раҳсипор гардидем, то ба рӯҳу арвоҳи эшон низ дуову фотиҳа бахшем.

Инак, дар сари қабри устод шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Қутбӣ Киром қарор дорем.

Дар ин ҳолат рӯзноманигор Саидмуроди Хоҷазод ба устод Ҷӯрабек Муродов чунин суоле дод, ки мӯҳтавояш ба таври зайл аст:

-Устод, мехоҳам бигӯед, ки дустии Шумо ба устодони назми тоҷик, Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода ва Қутбӣ Киром чӣ гуна сурат гирифтааст?

Устод Ҷӯрабек чунин посух доданд: Шиносоии ман бо ин устодон солҳои 1964 – 1965 аз дур сурат гирифт. Баъдан дар маҳфилҳои адабӣ аз наздик шинос шудем.

Мо хӯроки нисфирӯзиро дар ошхонаи иттифоқи нависандагон бо устодон Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Қутбӣ Киром ва шоирони ҷавон Лоиқу Гулназар мехӯрдем. Мо бо устод Қутбӣ ҳамкории қавӣ доштем. Ман дар шабҳои эҷодиам пеш аз ҳама ба устодон, Мирзо Турсунзода, Қутбӣ Киром, Лоиқ Шералӣ маслиҳат мекардам. Ҳар як шеъри ба оҳанг кашидаамро аз назари онҳо мегузаронидам. Устод Қутбӣ ҳам бисёр зарофатгӯй буданд. Шеъру ғазалҳоро бисёр хушру қироат мекарданд. Дар синни 24-солагии ман бароям шеъре эҷод карда буданд, ки матлааш чунин аст:

Овози ту бардошта чун кӯҳ баландам,

Ин шева магар шеваи ёрони Куруд аст.

Устод Ҷӯрабек дар охир ба домулло Шуҳратбой ишорат намуданд, ки фотеҳае ба руҳу арвоҳи ин абармандони миллат дуову фотиҳа бахшанд. Ниҳоят, пас аз қироат, Шуҳратбой ишора ба устод Ҷӯрабек намуд, ки фотиҳаро Шумо бахшеду ҷамбаст намоед:

Устод Ҷӯрабек Муродов ин фарзро иҷро намуданд:

«Ҳар дам ғанимат аст, одам ғанимат аст».

Аввал Худо, охир Худо, ботин Худо, зоҳир Худо, доно Худо.

Ба номи Худои якка ва ягона, ба номи парвардигори Кулли олам, ба номи подшоҳи асру замон, ба номи Худои бахшандаи меҳрубон, ба Шумоён Шарифҷон ва Саидмуродҷон, ки заҳмат кашида, ин мусоҳибаро омода намудед, аз даргоҳи Парвардигор тавфиқ металабам.

Мо дар ду ҷаҳон ғайри Худо ёр надорем,

Мо ҷӯз ғами ӯ ҳеч дигар кор надорем.

Ба гуфти ҳазрати Ҳофиз:

Оқибат манзили мо водии хомӯшон аст,

Ҳолиё ғулғула бар гунбади афлок андоз.

Ба боқимондаҳо умри бобаракат орзумандам.

Ин буд лаҳзаи аёдати бузургони миллату шоир шодравон Қутбӣ.

Нахустшиносойии ҷозибаи меҳру дӯстӣ

Мо бо ин дӯстам Баҳриддини Киром тахминан шонздаҳ сол пеш шиносоӣ пайдо намуда будем.

Аз бародар буданаш бо устод Қутбӣ Киром бехабар будам. Соати даҳи пагоҳии соли 1995 буд.

Дар ҷойи корам собиқ техникуми молиявӣ – иқтисодии шаҳри Душанбе, ҳозира Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисодии Тоҷикистон, дар синфхонае дарс медодам, ки касе дари синфамро тақ-тақ намуд ва ман омада, дарро кушода бинам, ки навбатдори ин маҳзани дониш ба ман чунин иброз намуд:

«Шуморо дар берун як марди миёнқаду мӯйлабдоре интизору ба Шумо ким чихел суҳбате доштааст». Сардори синфро ба курсии мизи кориам шинонида, ба берун баромада, бинам, ки марди миёнсоли мӯйлабдоре ба ман салому алейк намуда, худро чунин муаррифӣ намуд: «Муаллим, ман Баҳриддини Киром мебошаму ҷиянам дар назди Шумо таҳсил намуда истодаасту шумо Гулов Шарифҷон?».

Ҷавобан гуфтам, бале, ман Шариф Гулов, тинҷист?

Дар ҷавоб: «Баҳриддини Киром гуфтанд, ки ҷиянам бемор асту паси пурсиш бароямон маълум гардид, ки Шумо ба он сарпараст будаеду аз Шумо илтимос, ӯро “нест” намонед, зеро баробари сиҳату саломат шуданаш, ба дарс бо маълумотномаи тиббӣ меояд». Ман ному насаби ин шогирдро дар дафтари кориям қайд карда, ба гуфтори ин шахс дар ҳайрат мондам…

Ҳайратам дар он буд, ки равиши суханрониҳою салому каду қоматаш ба устод Қутбӣ Киром сахт шабоҳате дошту ман пурсон шудам, ки Шумо ба устод Қутбӣ Киром чӣ хешигарӣ доред?…

Баҳриддин гуфтанд, ки ман бародари хурдии шоир Қутбӣ ҳастам…

Аз ҳамон сол то ба имрӯз мо дӯстии хешро мисли бародар давом дода истодаам…

Ин буд лаҳзаи шиносоӣ бо бародари устод Қутбӣ, Баҳриддини Киром…

Ғамсору дилсӯзи водии Зарафшон…

Ӯ, ки якдилу, якҷиҳату, якру аст,

Ба дили пиру ҷавон хушрӯ аст.

Шарифи Гулзод

Дар бораи кору фаъолияти ин шахси оқилу доно беш аз ин ҳарфе нахоҳам гуфт, зеро ба гуфти мардум:

«Он чӣ аён аст, ҳоҷат ба баён нест».

Фақат дар байни фикрронии минбаъдаам мехоҳам, лаҳзае аз дилсӯзиву иштироку фаъолиятнокии ин марди наҷиб, ки дар тамоми мавридҳои водии Зарафшон ва берун аз он сари як по истода, меҳнат мекунад, як ду сухан гӯям…

Ин марди дилсӯзу меҳрубон дар тамоми маъракаҳои водии Зарафшон ҳатто берун аз он, то ба охир расидани ин маъракаҳо хизмати самимона мекунад.

Ба наздики мо бо ин бородар дар мавриди тӯйи арӯсию домодии фарзандони ромишгари нотакрор Афзалшо Шодиев ва Некбахтҷон дар беруни тарабхонаи «Дунё» суҳбати самимӣ намуда истода будам, ки ромишгари нотакрори давру замони мо устод Ҷӯрабек Муродов омада, сараввал ба ин бародари қадрдони мо Баҳриддини Киром вохурии самимона намуда, аз ӯ хоҳиш намудан, ки барояшон фотиҳае бидиҳад.

Баҳриддини Киром рӯ суи устоду Қибла оварда, чунин фотиҳаи гуворо гуфт:

«Худовандо, ба  ромишгари бузурги мусиқии классикии тоҷик, Ҷӯрабек Муродов, Хуҷаи Хизр алайҳиссалом назар карда бошанду арвоҳи  Борбади Марвазӣ тарбияткунанда бошаду мо сурудҳои нав ба нави ин ромишгари нотакрори давру замонамонро гӯш намоем!».

Устод Ҷӯрабек Муродов дар ҷавоби фотиҳаи Баҳриддинҷон низ рӯ ба тарафи мардум ниҳода, суханони хуби хотирмони борбадона гуфтанд: «Баҳриддинҷон, бародари устод Муллоқутбӣ сари як по истода, бисту чор соат дар маъракаҳои водии Зарафшон ва берун аз он хизмат мекунанд, ки ин хизмат ба ҳар кас муяссар намешавад!».

Муллобаҳриддин мисли шодравон устод Муллоқутбӣ шахси Худододанд!

Чунин буд лаҳзаи ғамсору дилсӯзи мавридҳои водии Зарафшон, бо бародари устод Қутбӣ, Баҳриддини Киром.

Шахсони наҷиб…

Шахсони наҷибу инсонҳои накукору одамони хирадманду фозил, ки ҳама ҳасти худро софдилона баҳри заҳмати халқу Ватан медиҳанд, ба садабурсоне ё шоҳсутунони пуршукӯҳе шабоҳат доранд, ки онҳо бо гузашти солҳо қадру манзалаташон беш аз пеш афзун шуда, ба диёри арҷманди хеш ҳусну таровати тоза мебахшанд.

Пасояндагон аз кору пайкори онҳо, ҳатто бо хатогии онҳо, ки шояд ин хатогӣ пур аз ҳикмат бошад, меболанду ифтихор мекунанд…

Ҳастии ин гуна инсонҳо ба ҳастии сарнавишти халқу Ватани маҳбубамон пайванданд, зеро онҳо ҳар як кори ба субут расониадаи худро аввал ба тарозуи ақлу хирад бар мекашанду пасон онро ба қисмати ҳама мепайванданд ва пешрафти ҷомеаро бахту саодати худ меҳисобанд…

Суханони дар боло зикр гардида, ба ҳаёту фаъолияти ин садабурсон, яъне, ки шодравон шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи ба номи Устод Абуабдулоҳи Рӯдакӣ, Қутбӣ Киром ва дигаре бародари устод Баҳриддини Киром марбутанд…

Дар нигоштаи ин ёднома, ки хонандагони гиромӣ, инак, зери даст доранд ва он бо меҳру мкҳаббат ва ихлоси сипосу таҳният, чу як гулдаста ба ифтихори ҳафтодупанҷумин солгарди умри пурбаракати дӯсти деринаам Баҳриддини Киром муборакбодӣ намуда, таманнои онро дорем, ки гули ханда аз лабонашон дур нагардад.

Хоҳони онем, ки баракати Худованд ҳамеша бар сари Шумо ва аҳли оилаатон ҷовидон бод!

Фикри хешро бо чор мисраи табрикоти мавлудӣ, ки аз он хотири кас шод мегардад, ба итмом мерасонем.

Парвози баланди мавлудат табрик,

Хушрӯз баҳори некрӯзат табрик.

Он гуна ба сад даро бо фахре гӯем,

Толеи баланди фахррӯзат табрик.

Шарифи ГУЛЗОД, аълочии маориф, шоир

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь