(ШАРОРАИ ХОТИРАҲОИ УСТОДИ САҲНА, ҲУНАРМАНДИ ИТТИҲОДИ ШӮРАВӢ ҶӮРАБЕК МУРОДОВ)

Бори аввал мо бо устод Мирзо Турсунзода соли 1964 дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе вохӯрдем. Он вақт ман ба сифати ҳофизи филармония ба ҷашни 40-солагии Тоҷикистон ва ташкилёбии Партияи Коммунистӣ ба шаҳри Москва равона будам. Рости гап дар аввал маро ҳаяҷони сахте фаро гирифт. Лекин пас аз андаке суҳбат ман фаҳмидам, ки устод шахси кушодадилу хоксоранд. Баъди ҳамин худро дар суҳбати он кас озод ҳис кардан гирифтам. Баъдтар ҳам ба ман муяссар шуд, ки бо устод маротибаи зиёд ҳамроҳ ба сафар бароем. Моҳи майи соли 1967 дар Канада намоиши байналхалқии «Экспо-67» барпо гардид. Дар Канада мо якчанд намояндагони аҳли санъат низ иштирок доштем. ( 1967 сол)

Ҳангоме, ки хабари дар қатори вакилони ходимони маданияти Тоҷикистон ба Белгия сафар карданамро фаҳмидам, росташ маро ҳаяҷон фаро гирифт. Охир мо ба мамлакати капиталистӣ сафар мекардем ва дар назди ҳар яки мо – аъзоёни ҳайати вакилони ходимони маданияти республика масъулияти калоне меистод. Мо бояд бартарии сохти сотсиализмро ба онҳо нишон дода, исбот менамудем, ки сохти ҷамъиятии мо ба зоҳир шудани қобилияти ҳар як шахс чӣ гуна имконияту шароити калон фароҳам меовард. (Июни соли 1969)

Ҳоҷӣ Абдулазиз давомдиҳандаи анъанаҳои бою рангини мусиқии халқию классикии тоҷик ба шумор меравад. Ӯ шӯҳрат ва овозаи санъати рангини вокализми тоҷикро на танҳо дар кишварҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон, балки дар байни сокинони Макка, Мадина, Миср, Искандария, Бомбей, Истамбул, Ҳиҷозу Бағдод ва ноҳияҳои Кавказ маълуму машҳур гардонид. (сентябри соли 1973)

Санъати мусиқии халқи тоҷик таърихи хеле қадимӣ дорад. Дар таърихи маданияти мусиқиамон номи ҳофизону машшоқоне сабт гардиданд, ки ҳунари онҳо зеби навиштаҳои аҳли илму адаб шудааст. Махсусан устодони санъати мусиқии мо Ҳоҷӣ Абдулазиз, Содирхон Ҳофиз, Домулло Ҳалим, Бобоқул Файзуллоев, Шоҳназар Соҳибов, Шариф Ҷӯраев ва дигарон ба маънии том санъаткори ҳақиқӣ буданд ва хоҳанд монд.(сентябри соли 1973)

Чандест, ки аҳли санъати советӣ, аз ҷумла композиторони номии рус С.Соловьев-Седой ва С.Туликов роҷеъ ба масъалаҳои муҳими сарояндагию навозандагӣ, тозагии санъати мусиқии рус дар саҳифаҳои рӯзномаи «Советская культура» мунозира менамоянд ва барои пешгирии ин камбудиҳо фикрҳои муфид баён намудаанд. Аз чӣ сабаб бошад, ки аҳли санъати мо ба ин масъала диққат намедиҳанд. Вақти он расидааст, ки санъату адабиёти мо ба ин тарафи масъала диққати махсус дода, барои тозагии санъатамон чораҳои зарурӣ андешанд. Зиёда аз он вақти он расидааст, ки асарҳои сифатан паст ва аз мазмуну мундариҷа, ғоя, диди эстетикӣ холӣ бударо аз байн бардорем. (сентябри соли 1973)

Гуфтан ба мавқеъ аст, ки то кунун дар илми мусиқишиносӣ ва санъатшиносии мо оид ба фаъолият, роҳи пуршарафи дар санъати мусиқӣ ва ҳунарҳои зебо тай намудаи ҳофизон, бастакорону созандагони касбию халқӣ, классикони мусиқиамон Ота Ҷалол, Мирзо Ғиёси Танбӯрӣ, Қорӣ Каромати Дилкаш, Усто Шодӣ, Домулло Ҳалим, Шоҳназар Соҳибов, Бобоқул-ака Файзуллоев, Фазлиддин Шаҳобов ва дигарон рисолаҳои алоҳидаи илмӣ – тадқиқотӣ ба майдон наомадаанд, ки аҳли мусиқии ҷавони тоҷик аз муҳимтарин услуб, сабки сарояндагӣ, навозандагӣ, мактаб ва анъанаҳои беҳтарини онҳо бархурдор бошанд.(августи соли 1975)

Воқеаи фаромӯшнашаванда дар Лоҳур ин зиёрати мақбараи шоираи забардасти тоҷику форс Зебуннисо буд. Роҳбалад нақл намуд, ки ин боғ дар замони худи шоира сохта шуда ва он 10 – 15км масофаро ташкил мекардааст. Ӯ пеш аз маргаш васият мекунад, ки дар ин боғ дафнаш созанд. Ҳоло ин боғ хароб аст, дар ҳар ҷо дӯкону растаҳои савдогарӣ сохта шудаанд. Мо дар сари қабри шоира қариб як соат аз эҷодиёташ шеърхонӣ кардем. Ман чанд намунаро аз шеърҳои шоира хондам. Мо гуфтем, ки дар Тоҷикистон чандин кӯчаву мактабҳо, корхонаҳои маданӣ -равшаннамоӣ номи шоираро доранд.(соли 1976)

Бобоқул-ака ба маънии том қомуси мусиқии санъати мақомхонӣ ва мақомдонӣ буд. Кам санъаткоре ёфт мешуд, ки «Шашмақом»-ро аз ибтидо то интиҳояш аз ёд месуруду менавохт, аммо Бобоқул-ака дорои ҳамингуна истеъдод буд. Ва ҳамин ҳофиза, истеъдоди нотакрори мусиқии ӯ дар ҷараёни сабти «Шашмақом» ба адвор аён шуд ва ӯ ин шоҳасарро бо вариантҳои ҷудогонааш аз аввал то охир бо танбӯр навохта ва сурудааст. Бузургӣ, пурдонӣ ва истеъдоди фавқуттабии Бобоқул дар санъат ва санъатварӣ низ дар ҳамин аст.(апрели соли 1979)

Хотироти сафарҳои хориҷа хеле бисёр асту нақли онҳо фурсати дароз металабад. Вале як лаҳзаи сафарҳо ҳамеша дар ёди ман аст: ин қадами бозгашт ниҳодан ба хоки муқаддаси Ватану ҳис кардани оғӯши пурмеҳри халқи азизи худ… (соли 1979)

Бояд қайд кард, ки бисёр ҳофизони мо сурудҳои русӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ, озарӣ ва дигар халқҳои бародарро ҳам бомаҳорат суруда меоянд. Аммо мехостам ба баъзеи онҳо маслиҳат диҳам, ки сурудҳои халқҳои дигарро бехато, бошавқ ва босалиқа сурудан лозим.  (соли 1979)

Имрӯз ҳам бо алам ва ҳам бо ифтихор аз лаҳзае ёд мекунам, ки устод Боқӣ Раҳимзода дар филми мухтасари «Ҳофизи мо» дар бораи хидматҳои нокирои ман чӣ суханҳои пурмуҳаббате гуфта буданд. Ман барои он хидматҳои некро гуфтам, ки аз ашъори устод кам суруд сохтаам. Фақат «Гули садбарг» ва «Ёри рӯпӯш», «Гули садбарг»-ро бисёр хондаам, аммо «Ёри рӯпӯш» – ро кам. Барои  ҳамин порсол боре аз муаллим хоҳиш кардам, ки бароям ягон шеър, ғазал ё суруди коғазпеч диҳанд, то агар аз дастам барояд, оҳанг бандам. Баъди чанд рӯз, ки дар долони Иттифоқи нависандагон чошт мехӯрдем ва устод дар сари миз нақлҳои аҷиб карданду моро хуб хандонданд, маро гирифта ба кабинети фароху басомони худ ба ошёнаи дуввум оварданд ва аз киса коғазеро бароварда ба ман дароз карданд. Ман шеърро мехондаму муаллим аз зери айнак ба ман синчакорона нигоҳ мекарданд. Шеър «Илтиҷо» ном дошт…(соли 1980)

Вақтҳое, ки муаллим Боқӣ Раҳимзода дар касалхона буданд, барои диданашон иҷозат набуд. Аммо ман як рӯз (чи медонистам, ки дидори вопасин будааст!) ҳамроҳи муаллими муҳтарам Муҳаммад Осимӣ ба аёдаташон рафтем.

Муаллим Боқӣ Раҳимзода бо ҳамон зиндадилӣ ва зарофатгӯии ба худ хос, ки ҳеҷ назирашон нест, моро хуб хандонданд, аммо дар он лаҳза намедонистем, ки давоми ин хандаҳо гиряҳои талх ҳам доштааст. (соли 1980)

Ман худро хушбахт меҳисобам, ки ба эътирофи шунавандагон сазовор гаштаам, партия ва ҳукумати ҷоноҷонамон меҳнати хоксоронаамро қадр намуда, бо унвони олии Артисти халқии СССР ва мукофоти баланд-ордени «Нишони Фахрӣ» сарфароз гардониданд. Ин мукофотҳоро ман чун қадркунии санъати тоҷик медонам ва кӯшиш менамоям, ки доим дар хизмати халқ бошам… (соли 1981)

Дар аэропорти шаҳри Монреал бо устод Мирзо Турсунзода вохӯрдем, ки омодаи баргаштан буданд. Ҳангоми хайрухуш ба ман дастхати шеъри «Ватан»-ро дароз карданд. Гуфтанд, ки «Шеъри навам, дар ҳаққи Ватан» ва чашмонашон лиққи об шуданд. Ҳис намудам, ки устод ёру дӯстон, Ватанро беандоза пазмон шудаанд. Ҳамон шаб шеърро ба оҳанг даровардам ва рӯзи дигар дар зали намоишии Иттифоқи Советӣ сурудам. Дар ёд дорам, ки ҳангоми иҷрои он чанде аз нишастагон дар зал рӯмолча ба даст гирифта, ашк пок мекарданд. Пас аз концерт як нафар аз онҳо омаду гуфт:-Ҷӯрабек, суруди шумо боиси ашкрезии мо шуд, гӯё бӯи Ватан шамида бошем… Устод маро ба дӯстонашон ҳама вақт «писарам» гуфта шинос мекарданд. Ман бошам аз меҳрубонии падаронаи он кас дар дил меболидам. (сентябри соли 1981)

Гоҳе эрод мегиранд, ки «фалон сурудат ғамангез садо медиҳад», «Касеро, ки ғам нест одам нест», гуфтааст халқ. Ва ин суханро классикон бо ҳикматҳои пурбаҳо тасдиқ  кардаанд. Ғамхори касон будан, ба ғаму андӯҳи дигарон шарик шудан, аз хислати беҳтарини инсон аст. Ман мехоҳам, ин сифати беҳтарини инсон-ғамхориро бо сурудҳои худ васф кунам, «Шодам, аммо мехӯрам ғамҳои халқи дигаре»-гуфтани шоири номии мо – Турсунзода худ ба тавзеҳ эҳтиёҷ надорад…(октябри соли 1981)

Толори консертӣ-ҷои ҷамъиятиест, ки мардум барои тамошо ва истироҳати маданӣ ҷамъ меоянд. Барои он ки ба консерт раванд, либосҳои  беҳтарин мепӯшанд, худро ороставу пероста менамоянд. Консерт танҳо аз вохӯрӣ бо ҳофиз, раққоса ё навозанда иборат нест. Шумо ба консерт ба вохӯрӣ бо назми баландпарвози классикон, бо оҳангҳои марғуби ба тамоми ҷаҳон машҳури «Шашмақом» ва санъати пешқадами ҳозиразамон, хулосаи гап, ба вохӯрӣ бо маданияти баланд ва барои ин либос, қиёфа, рафторатон бояд бо ин сифатҳои баланд мувофиқат дошта бошад … (октябри соли 1981)

Пас аз тайёрӣ дастаи ҳунарии мо аз шаҳри Москва роҳи  кишвари офтоббароро пеш гирифт. Самолети ИЛ-62 аз шаҳри Москва ба аэропорти шаҳри Хабаровск пас аз 8,5 соат фуруд омад. Баъд дастаи нӯҳнафараи мо бо поезд ба шаҳри Находка рафт. Дар он ҷо дар қатори бисёр сайёҳони японӣ, ки аз тамошои Иттифоқи Советӣ ба хона бармегаштанд, мо ҳам ба теплоходи «Байкал» савор шуда, ба сафари Япония баромадем.

Сафар ба кишварҳои дигар, ба мамлакатҳои хориҷа дар дили кас одатан як ҳиссиёти аҷиберо бедор мекунад. Кас мехоҳад ба он манзили дар китобҳо хонда ё дар филмҳо дидааш зудтар бирасаду ҳамаро бо чашмонаш бубинад … (июли соли 1982)

Дар байни пойтахтҳои ҷаҳон Токио ҳам аз рӯи масоҳат ва ҳам аз рӯи аҳолӣ ҷои якумро ишғол менамояд. Шаҳр аз шарқ ба ғарб 60 километр ва аз шимол сӯи ҷануб ба масофаи 25 километр тӯл кашидааст.

Шумораи аҳолии Токио бештар аз 12 миллион аст.

Пойтахти Япония бо санъати меъмориаш аз дигар шаҳрҳо фарқ мекунад. Дар ин ҷо ҳам биноҳои бисёрошёнаи осмонбӯс ва ҳам биноҳои маъмурии бо санъати меъмориаш нотакрор ва ҳам кулбаҳои нимвайрона ба чашм мерасанд. Токио-ин шаҳри ибодатхонаҳои буддоӣ ва маъбадҳои синтоистӣ, ки ба шаҳр обу ранг ва хусусиятҳои шарқӣ медиҳад ва дар як вақт ин шаҳри саноатист.  Токиоро калонтарин бандаршаҳр номидан мумкин. Зеро кас дар шаҳр бо тамоми намуди киштиҳои уқёнусгарду дарёӣ вохӯрда метавонад. Ин шаҳрест дорои бисёр эстакадаю роҳҳои ҳавоӣ… (июли соли 1982)

Мо ҳангоми сафар бисёр музею театрҳоро тамошо карда, бо санъату санъаткорони японӣ шинос шудем. Дар рафтору кирдор, хулқу атвори мардуми ин кишвар бисёр чизҳои ибратомӯз ҳаст. Масалан, вақте ки онҳо ба музею ҷомеъҳо медароянд, ҳатман пойафзолро кашида, шиппакҳои латтагӣ мепӯшанд, то ёдгориҳо аз чангу хок хароб нашаванд. Ҳангоми рӯ ба рӯ шудан одами хурдсол ба калонсолон аввалин шуда салом медиҳад. Дар вақти гуфтугӯ бо одами калонсол одами хурдсол сарашро андаке поён дошта, гап мезанад. Дар кӯчаю хиёбонҳо, умуман, ҷойҳои ҷамъиятӣ одамон бо овози баланд гап намезананд … (июли соли 1982)

Дар ин ҷо як лаҳзаи фаромӯшнашуданиро нақл карданиам. Дар шаҳри Ягумба, дар зали консертӣ дар қатори пеш барои нишаст курсӣ не, балки рӯи фарш гилем густурда, рӯи он қариб 25-30 нафар маҷрӯҳҳое, ки ба тамошои консерт омада буданд, дароз кашида мехобиданд. Вақте ки ба саҳна баромадам, баробари дидани ин манзара дилам ларзид, ба ҷангу ҷангҷӯён бори дигар лаънат хондам. Ин одамони бегуноҳ аз дасти бомбаи дар Хиросимаю Нагасаки партофташуда ба азобу шиканҷа гирифтор шудаанд. Ин лаҳзаро дида, суруди «Дили модар» сароидам. Садои чангу рубоб ва мазмуни баланди шеър кори худро карданд: тамошобинонро саросар чашмҳо ашкрез буд. (июли соли 1982)

Дар яке аз шабнишиниҳо, ки баъди консерти навбатӣ барпо гардид, котиби генералии РО-ОН-и умумияпонӣ ҷаноби А. Мураямасан чунин изҳор дошт:-Шумо тоҷикон мардуми хушбахтед. Зеро таърихи ҳазорсола, урфу одат, сару либос ва мусиқии халқи худро зинда нигоҳ доштед. Мо бисёр чизҳои худро фаромӯш кардем. Мо бояд тарзи  ба қадри он ҳама чизи миллию таърихӣ расиданро аз тоҷикон омӯзем. … (июли соли 1982)

Вақте ки дастаи ҳунарии мо бо Токио ва мардуми санъатдӯсти япон  «То боздид» гӯён ба автобус савор мешуданд, духтарчаи 13-14 солае давида наздамон омад. Вай Миноба ном дошта, дар дасташ сурати  Артисткаи халқии СССР Малика Собирова буд. Вай аз Малика Собирова пурсон шуд ва гуфт, ки вай ҳамроҳи падараш баромади ин ҳунарпешаи беҳамторо дар Токио дидааст. Мо ба ростӣ, ба духтарак чизе ҷавоб доданамонро намедонистем. Забон намерафт бигӯем, ки он ситораи тобон акнун хомӯш аст … (июли соли 1982)

26-уми январи соли 1976 дар рӯзи истиқболи республикаи Ҳиндустон дастаи ҳунари моро ходими намоёни ҷамъиятиву давлатӣ, муборизи сулҳ, сарвазири Ҳиндустон шодравон Индира Гандӣ дар қасри худ қабул намуда, суҳбат ороста буд. Чӣ суҳбате буд самимонаву дӯстона! Дар поёни суҳбат бо хоҳиши Индира Гандӣ якҷоя сурат гирифтем. Ҳар вақте, ки албоми суратҳои худро варақ мезанам ва чашмам ба ин расм бармехӯрад, ба ман чӣ нишоте даст медиҳад ва гӯё табассуми саропо меҳрангези Индира Гандӣ тамоми манзиламро фаро мегирад… Сад дареғ, ки риштаи ҳаёти ин зани оқила аз дасти палидон ноҳангом бурида шуд ва ман ҳам мисли тамоми мардуми мураққии кураи арз аз марги ин ходими барҷаста ва муборизи сулҳу амонӣ сахт дар андӯҳам…(январи соли 1985)

Ман чун сароянда ҳамин нуктаро эҳсос менамоям, ки мусиқии касбӣ-классикиамон маҳз бо кӯшиши Борбад барин ҳунармандони бузург шакл ёфт ва дар асрҳои минбаъда анъанаҳои ғании сарояндагии он гуна устодони пурҳунарро идомаю равнақ доданд… (соли 1985)

Бечиз нест, ки халқҳои олам дар бораи қудрати бузурги мусиқӣ ривояту ҳикоятҳои зиёде эҷод кардаанд. Дар Юнони қадим афсонаи Орфей шӯҳрат дошт, ки дар хусуси нерӯи азими мусиқӣ нақл мекунад. Орфей дар навохтан ва сурудан он қадар тавоно будааст, ки аз ҳунари муъҷизаосои ӯ на фақат одамон ва ҷонварон моту мабҳут мешудаанд, балки дарахтон, гиёҳҳо ва дарёҳо аз ҳаракат мемонданд. Дар Ҳинди қадим ақидае ривоҷ дошт, ки баъзе оҳангҳо одамону ҷонваронро ба бозӣ медароранд, баъзе дигар сабабгори рехтани барфу борон мешаванд ва ҳатто гӯё навоҳое  ҳастанд, ки мамлакатро аз гушнагиву қаҳатӣ эмин нигоҳ медоранд. …  (декабри соли 1985)

Номи сарояндагони номдори замони мо Виктор Хара ва Аҳмад Зоҳирро кӣ намедонад? Бастакор, гиторӣ ва сарояндаи машҳури Чили Виктор Хара дар рӯзҳои сиёҳи Ватанаш қаҳрамонона ҳалок шуд, ҷаллодон панҷаҳои ӯро бурида, чашмашро кофтанд, аммо суруди ӯро маҳв карда натавонистанд, суруди ӯ ҳоло ҳам мардуми Чилиро ба иттиҳоду озодӣ даъват мекунад. Сарояндаи мумтози афғон Аҳмад Зоҳирро душманон  ва бадхоҳони Инқилоби Савр нобуд карда бошанд ҳам, суруди диловези ӯ зинда буда, ба мардуми бародари афғон дар роҳи бунёди ҷомеаи навин ёрӣ мерасонад. …  (декабри соли 1985) 

Дар замони мо мусиқӣ ба қувваи бузурги сиёсию маънавӣ соҳиб мебошад. «Марши ҳуррият»-и устод Айниро сарбозон ва фидоиёни инқилоб бо оҳанги «Марселеза» -и машҳур хонда, душманони синфиро зеру забар месохтанд ва дар диёри худ таҳкурсии сотсиализмро мегузоштанд. Суруди «Катюша» маҳбубтарин суруди фотеҳон ва қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ гардид, ки лонаи гургони фашистро сӯхта болои Рейхстаг парчами сурхро барафрохтанд. Қаҳрамони чех Юлиус Фучик менависад, ки вай ва рафиқонаш, ки фашистон онҳоро маҳбус карда буданд, чӣ гуна мусиқии шуҷоатбахши Бетховенро гӯш карда, бо сари баланд пешвоз гирифтанд …  (декабри соли 1985) 

Аммо, мутаассифона, дар кӯдакистонҳои мо таронаҳои тоҷикӣ хеле кам суруда мешаванд. Аз ин рӯ, баъзан аз забони кӯдакон таронаҳои «Бути нозанинам, маҳи меҳрубонам», ё «Хосияти ду кокула»-ро шунида ҳайрон мешавем. Аммо ҷои ҳайрат нест. Ин аз он сабаб аст, ки барои кӯдакон шеъри хуб хеле кам навишта мешавад ва оҳангсозоне низ надорем, ки тамоми ҳарорати дили худро сарфи кӯдаконамон кунад. Аз радиову телевизиони тоҷик ҳам аҳёнан сурудҳои бачагона ба гӯш мерасанд…  (декабри соли 1985)  Ман муаллимони худ Ҳикматулло Ҳоҷиев ва Мирзоохун Собитовро ҳамеша бо эҳтиром ба хотир меорам. Ин муаллимон аз деҳаи Куруд муҳаббати маро ба мактаб афзун кардаанд, маро саводи мусиқӣ, дуторнавозӣ омӯхтаанд. Онҳо ба ман на фақат дониш медоданд, балки инчунин кӯшиш мекарданд, ки маро ҳамчун шахс тарбия кунанд.

Онҳо ба шогирдони худ эҳтиром доштанд, тафаккури образнок ва маданияти эмотсионалии онҳоро инкишоф медоданд, фарқ карда тавонистани оҳанги хубро аз бад, суруди хушро аз нохуш меомӯзониданд, бачаҳоро ба олами зебоӣ шинос мекарданд, ба онҳо фаҳмонидан, баҳо додан ва эҷод кардани зебоиро ёд медоданд…  (декабри соли 1985)

Ман ба Ҳиндустон сафар карда будам. Дар ин сафар аз як чиз ба ҳайрат афтодам. Мардуми ин кишвари афсонамонанд ҳама хурду калон, марду зан, пиру ҷавон мусиқиро бениҳоят дӯст медоранд, сабаб ин аст, ки дар ин мамлакат таълим дар дабистонҳо бо дарси мусиқӣ сар мешавад. …  (декабри соли 1985)

Суруд фақат як жанрӣ мусиқист. Опера, кантата, оратория, балет, симфония ва боз жанрҳои дигаре дорад мусиқӣ. Касе, ки фақат сурудро дӯст медораду дигар жанрҳои мусиқиро инкор мекунад, аз маданият дур аст. Шахси соҳибмаданият бояд аз тамоми жанрҳои мусиқӣ бохабар бошад ва кӯшиш кунад, ки онҳоро фаҳмад ва аз онҳо лаззат барад. …  (декабри соли 1985) 

Мусиқиро дӯст доред, мусиқӣ дар вуҷуди шумо некандешӣ ва хайрхоҳиро мепарварад, моро ошиқи зиндагӣ мекунад, дар роҳи расидан ба мақсадҳои бузург илҳом мебахшад.

Мусиқиро дӯст доред, азизонам!  …  (декабри соли 1985)

Ривояте ҳаст, ки дар як замони қиммативу қаҳатӣ модаре барои фарзандони гуруснаи худ хӯрок пухтанӣ шуда, ба дег оби холӣ ва чанд дона санг андохта, соатҳои дароз ҷӯшондааст. Кӯдакон бо умеде, ки ана ҳозир хӯрок хоҳанд хӯрд, гирдогирди модар парпанак зада, оқибат хобашон бурдааст…

Дар зимни ин ривояти кӯчак як олам маънӣ ҳаст. Он модари камбизоат шояд мехост, ки нури дидагонаш ноумед набошанд. Ба зиндагӣ умед бастан, орзу кардан ва хоҳони рӯзи фирӯз будан ҳар касро ба қолаби инсонӣ медарорад. Дар тӯли умри худ, айёми сафарҳои шаҳру деҳоти Ватан ва мусофирати хориҷӣ ман ончунон чеҳраҳои нурполои модаронро дидаам, ки ҳар кадоме сазои як достон аст…( соли 1985)

Модари ман Бибиоиша ном дошт. Вай зане буд фурӯтан, шикастанафс ва ҳалиму шафиқ. Мо-як духтару се писарро, ба қавли худаш, гурба барин газида калон кард, ба камол расонд. Худ нахӯрду моро хӯронд, худ напӯшиду моро пӯшонд ва худ бесавод буду моро улуми зиндагӣ омӯхт, билохира, ба дасти ҳар кадоме аз мо бо умед васиқаи ҳаёт бахшид, то номи неки ӯ ва аҷдоди ӯро хор накунем…( соли 1985)

Падарам Муродбек деҳқон аст. Ҳар гаҳе озими зодгоҳам деҳаи Куруд мешавам, ҳамроҳи падар ба оромгоҳи модар меравем.

Куҷое равӣ, мартабаат ҳар қадар баланд шавад, ҳамон қадар зиёдтар поси хотири модар кун, писарам-мегӯяд падар бо оҳи гарм.-Модари ту ҷони одам буд.

Ёфту тофташро азони бачаҳоям мегуфт…(соли 1985)

Вақте тавассути суруд дили бузурги модаронро тараннум мекунам, занони пешқадами республика, Қаҳрамонони Меҳнати Социалистӣ, бофанда Розия Қурбонова ва нонпаз Илич Нурова, раиси колхоз Энаҷон Бойматова ва олими файласуф Мунзифа Ғаффорова, инчунин садҳо ва ҳазорҳо қаҳрамонмодаронро дар ҷабҳаҳои мухталифи ҳаёт мебинам, ки бо мардони шуҷоъ паҳлӯ ба паҳлӯ истода, меҳнат мекунанд ва нозу неъмат меофаранд, барои равнақу инкишофи илму маданият ҳисса мегузоранд. …(соли 1985)

Боре дар як концерт «Дили модар» ном шеъри устод Мирзо Турсунзодаро хонда будам. Устод, ки он вақт дар ҳаёт буданд, маро назди худ хонданд ва гуфтанд:

Офарин, писарам! Ман ҳатто вақти ин шеърро навистан то ба ин дараҷа ба ваҷд наомада будам. Ту модари маро дар пеши назарам дубора зинда кардӣ.

Рости гап, ман ҳанӯз сурудеро нахондаам, ки дар равонӣ, мундариҷа ва ғояи олӣ, дар тасвир ва таҷассуми симои ҳақиқии модар аз «Дили модар»-и устод Мирзо Турсунзода бартарӣ дошта бошад…( соли 1985)

Ҳамон рӯз дар анҷоми консерт сюитаи «Санам»-ро пешкаши ҳаводорони санъат гардондем. Дар иҷрои он ҳамаи мутрибону ҳофизон ва раққосаҳо иштирок карданд. Вақте дар кӯчаҳои Бангкок сайру гашт мекардем, писаракону духтаракон моро дидан замон «Санаме…» мегуфтанд. Баъзе мисраҳоро мехонданд. Бешак шоҳиди чунин манзараҳо гашта шод мешудем… (соли 1986)

Рӯзе як духтари таиландӣ (номаш дар хотирам намондааст) бо устодаш ба наздамон омада хоҳиш кард, ки ба ӯ рақси тоҷикиро ёд диҳем. Рақсҳои М.Қаландарова, С.Саломова, С.Қосимова ва дигарон ба ӯ писанд омаданд. Вай гуфт, ки шефтаю шайдои рақси тоҷикист. Духтарак ба орзуяш расид. Малика ба ӯ рақси тоҷикӣ «Валси Ҷӯрабек»-ро ёд дод. Зеҳнаш тез будааст. Ба зуддӣ рақсро аз худ кард. Қариб, ки бехато мерақсид. Саодат Саломова рақси «Чак-чаки борон»-ро омӯзонд. Духтарак ҳар ду рақсро бо либоси миллии тоҷикӣ пешкаши ҳозирон гардонд. Дарвоқеъ Саодат куртаашро ба ӯ ҳадя кард. Вай мерақсиду дигар духтарони таиландӣ ҳамроҳӣ мекарданд. (соли 1986)

Хуб дар хотир дорам, аз ҳама воқеаи фаромӯшнашаванда дар ҳаёти мо, бачаҳои деҳот ба дунё омадани кӯдаки навзод буд, дар он хонадон суруд мехонданд, мерақсиданд. Шодии он хонадон шодии ҳамагон буд. Имрӯз ба дунё омадани тифли навзодро як чизи муқаррарӣ меҳисобем. Аламовараш он аст, ки аз ҳаёт чашм пӯшидану бебозгашт аз байни мо рафтани ҳамсояамон, ҳаммаҳаллаамон, ҳамдеҳаамонро низ як чизи муқаррарӣ медонем. Ин бад аст…  (январи соли 1991)

Мо ҳама аз хок бино шудаем ва боз хок мешавем, хоксор будан беҳтарин хислати одамист, ки инсонро боқадртар мекунад. Банда дар барномаҳои консертиам, бахусус ба ин мавзӯъ диққат медиҳам. Масалан, барномаи охирини таҳияшудаистодаро гирем, сурудҳои шӯх хеле кам ҳастанд, ҷои онҳоро сурудҳои панду насиҳатӣ гирифтаанд. Ба эҷодиёти Румиву Ҳофиз, Саъдиву Сино такя кардаам. (майи соли 1993)

Зоғ бе доғ намешавад. Чунин фоҷиаҳо ба сари ҳар қавму миллат меояд. Ман ҳеҷ гоҳ намехоҳам, ки дар Тоҷикистони мо шайтонҳо бар раҳмонҳо ғолиб оянд. Умед аст, ки оянда миллати ҷафодидаи тоҷик ба қуллаи мурод мерасад…(соли 1993)

Бародарию ҳамхунӣ ва якдилию ҳамраъйӣ зиёда аз ин чӣ шавад, ки дар Самарқанду Тошканд, Бухорою Тирмиз, Бойсуну Сариосиёю Фарғонаю Қаршӣ он қадар дӯстону бародароне дорам, ки ростӣ ҳисоб надоранд… (соли 1998)

Бале, ман қариб саросари ҷаҳонро гаштаам, вале боре ҳам дар сар ҳавои зиндагии доимии хориҷаро напарваридаам. Ман Ҷӯрабеки Тоҷиконам. Бидуни Тоҷикону тоҷикистониён ман моҳиям бе об, булбуле ҳастам бе бӯстон …( соли 2002)

Баъди анҷоми яке аз назаргузарониҳои республикавӣ маро ба филармония ба кор даъват карданд. (Он вақт ман аллакай дар яке аз кафедраҳои Институти педагогии Ленинобод кор мекардам). Чун барои маслиҳатпурсӣ омадам, хешу ақрабо ҳама зид баромаданд. «Дар авлоди мо артист набуд. Одам олимия монда артист мешудааст-а!». Хайрият падарам дастгирам шуданд, вагарна… «Маъмурҷон Узоқовро дида, дар дилам орзуе пайдо шуд, ки писарам чун ӯ шавад»,-гуфтанд он кас ва фотиҳаам доданд, чунин аст ибтадои ман. Аллакай шаст сол шуд. Шаст сол… Аз паррандаи умр тезпар паррандае набудааст. Шаст сол… Ин ҳазорон ҳазор васлу ҷудоӣ, вохӯриву видоъ, тарабу ғам, роҳҳои қарибу дуродур, рӯзҳои тиллоию шабҳои бехобӣ…(соли 2002)

Моҳи сипаригардида барои ман, як фарзанди диёри кӯҳистон, басо хотирмону рангин сурат гирифт, ки ҳар лаҳзаи онро метавон бо ҳарфҳои заррину нигоштаҳои гуворо рӯйи саҳифа овард. Ман барои ин қадар меҳрубонию эҳтироми баланд аз пиру барнои халқи сарбаландам ва дӯстони дигар миллатҳои манотиқи дуру наздик сипосгузорам, ки бандаро ба муносибати ҷашни 70-умин солгарди умрам бо муҳаббати зиёд табрик намуданд… (январи 2003)

Баҳри табрикот ба шаҳри Душанбе ташриф овардани ситораҳои тобони санъат И.Кобзон, Пӯлод Булбул-оғлӣ, А.Серов, Ю.Антонов, дӯсти деринаам В.М. Коган ва дигар меҳмонони олиқадр аз хориҷи кишвар маро хеле сарфароз гардонид. Онҳо ба шабнишинии дилнишину базми ҷамшедии баргузоршуда нуру зиё бахшиданд. Зангҳои пайвастае, ки дар ин як моҳ аз тамоми гӯшаҳои дунё-Иёлоти Муттаҳидаи Амрикою Исроил, Олмону Фаронса, Канадаву Ҳиндустон, Австрияю дигар кишварҳои зиёди хориҷӣ садо доданд, руҳи маро болида сохтанд. Дӯстону мухлисон бо ҳарфҳои  дилнишину садоқати самимӣ бандаро табрик мекарданд… (январи соли 2003)

Ҳодисаҳои соли 1992 маро ба гирдоби азобҳо андохт. Бисёр дӯстонам аз бисёре аз кишварҳои хориҷӣ даъват намуданд. Ман хостам барои санҷиш фикри писаронамро фаҳмида гирам. Онҳо гуфтанд: «Мо бо сурудҳои «Модар»-у «Ватан»-у «Замин»-и Шумо ба воя расидем. Хайр агар танҳо 4-5 сол дар хориҷа монем-чӣ гуфтам ман. «Агар баъди 5 сол ба Душанбе баргардед, шумо Ҷӯрабеки Муроди имрӯза буда наметавонед», гуфтанд писаронам ва ман дарк кардам, ки тарбияи ман беҳуда нарафтааст. Миллати тоҷик овозхон, шоир, журналистро бо бисёр душвориҳо тарбия мекунад. Ҳамин миллат маро Ҷӯрабек кард, агар аз ӯ рӯ гардонам кӯр мешавам. Ман ба ин халқ саҷда мекунам. …(соли 2004)

Бале, 7 қабати осмон мегӯянд, ҳазрати Алҳам ҳам ҳафт оят дорад, округи депутатиам 7, хонаи аввалинам рақамаш 7, Ҷӯрабек 7 ҳарф, Муродов 7 ҳарф, рақами 7 бароям барору бурдборӣ овардааст… (соли 2004)

Консерти аввалинам соли 1963 дар съезди 8-уми занҳо буд. Дуои модарон буд, ки 41-сол боз овозхонам. Модар бузург аст, дуояш бузург аст. Модар имрӯз дар бозор мешинад, сарҳадҳоро гузашта, таҳқир мебинад, инро дида эҷод карданам ҳам намеояд. Кош замоне фаро расад, ки мо мардон ду-се маротиба зиёдтар меҳнат кунему модарон танҳо истироҳат кунанд… (соли 2004)

Асри 21 асри муборизаи тамаддунҳост. Фарҳанги муосири тоҷик бояд аз ҳисоби фарҳанги миллатҳои дигар ғанӣ гардад. Вале, мутаассифона, дар ин самт мо ҳанӯз аз доираи маҳал берун нарафтаем. Аҳмад Зоҳир мехост фарҳанги Шарқу Ғарбро оштӣ диҳад. Солҳои 90-и асри гузашта ин кӯшиш дар овозхонию оҳангсозии мо ҷой дошт. Баъдтар ҷанги шаҳрвандӣ ин шуъларо хомӯш кард. Албатта фазои холӣ намемонад. Ҷойи онро эстрадаи ба истилоҳ нимкасбӣ гирифт. Ҷавонон ба ҳунари овозхонӣ ҷалб шуданд. Падидаи тоза. Вале бузургтарин дороии миллати тоҷик «Шашмақом» ба гӯшаи фаромӯшӣ афтод. Хушбахтона Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон онро бо фармони худ зинда карданд…(соли 2005)

Чорабинии муҳиме, ки рӯзи 6-ноябр дар мамлакат доир гардид, барои ҳаёти сиёсии Тоҷикистон аҳамияти басо фавқуллода дошт. Халқи тоҷик ба муддати 7 соли минбаъда роҳбари давлатро интихоб намуд. Миёни 5 номзад Президенти кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов, ки барҳақ лидери сиёсиву шинохта ва нотакрори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кулли тоҷикони бурунмарзианд бо аксари овози интихобкунандагон бори дигар масъулияти азим, роҳбарии ҷумҳурии азизи моро бар уҳда гирифтанд.

Барномаи имрӯзаи мо як шодбониест, ба ифтихори интихоби навбатии Эмомалӣ Шариповичи муҳтарам (ноябри соли 2006)

Воқеан ҳам, бо ҳамаи ин шахсиятҳо ман дӯстӣ доштам. Хусусан бо Лоиқ Шералӣ, ки имрӯз ӯро меҷӯяму намеёбам. Хотираҳо ҳар яке ҷои худро доранд.

Лаҳзаи фаромӯшнашавандае, ки то имрӯз нагуфтаам, ин аст, ки ҳангоми вохӯрӣ бо Лоиқ дар лаби дарёи Хуҷанд, хато накунам соли 1998 буд, нохост тире аз миёни пои Лоиқ гузашт. Намедонам маро ба нишон гирифта буданд ва ё Лоиқро. Вале муҳим ин буд, ки қотил ё қотилон ба мурод нарасиданд…(соли 2007)

Ҳафт маротиба дар Амрико будам, ҳатто як солу ду моҳ дар он ҷо зиндагӣ ҳам кардам, аммо дар консертҳо чӣ қадар мехостам ба англисӣ суруд хонам, вале забонро намедонистам. Дар Исроил вақте консерт мегузаронидам, то 5,5 ҳазор тамошобин ҷамъ мешуд. Намояндаи миллатҳои гуногун меомаданд. Аммо бо вуҷуди ин, сурудҳои тоҷикӣ мухлиси зиёд дошт ва як маротиба ҳатто маҷбур шудам, суруди «Одам ба одам зинда аст»-ро то даҳ бор хонам…(соли 2007)

Устодон Турсунзода, Лоиқ, Барно, Шоиста, Ҳанифа, Муслима, Одина, Абдулло, Акашариф одамони хоксор буданд ва ин хоксориро воқеан ҳам насли нав аз онҳо мутаассифона мерос нагирифтанд. Имрӯз бубинед, ки мусиқии тоҷик ба чӣ мушкилоте рӯ ба рӯст. Навозандаҳо намерасанд, навозандаҳои касбӣ ангуштшумор мондаанд…(соли 2007)

Ёдам меояд, соли 1976 ҳангоми сафари ҳунарӣ меҳмони бургомистри шаҳри Клагенфурти Австрия, ҷаноби Леопад Гугенберг будем. Ҳунарпешаҳои халқии СССР Малика Қаландарова, Аҳмад Бобоқулов, Малика Собирова низ бо ман буданд. Ҷаноби Гугенберг (ҳамсараш ба наздики вафот карда буд ва ҳашт нафар фарзанд бо ӯ монда) маро то беморхона бурд. Дарди кӯррӯда хурӯҷ кардааст. Фавран ҷарроҳӣ намудан лозим омад. Ҳамон лаҳзае, ки маро бо аробачаи махсус сӯйи хонаи ҷарроҳӣ мебурданд, аз пеши назарам зебоиҳои табиати Ватанам, модарам, падарам, Душанбеи азизам чун навори кино мегузаштанд. Шеъри Лоҳутӣ- «Падарҷон»-ро ки аз бар менамудам, зери лаб зам-зама кардам. Ана, ҳамон вақт қадри Ватан, қимати гарони хешро муайян намуда буд. Аз тарафи дигар, тавассути радио фаҳмидам, ки ҳаммеҳани мо Зебуниссо Рустамова чемпиони ҷаҳон шудааст. Ин хушхабар ҳам дилро қувват бахшид. Баъди ҷарроҳии аппендитсит ба шеъри «Падарҷон» оҳанг бастам. Ба фикрам, бад набаромадааст…(соли 2007)

Бо як ҷаҳон сипос ва миннатдории бепоён ба Шумо – раиси муҳтарам Қоҳир Расулзода, фарзанди барӯманди диёр, роҳбари хоксору бофарҳанг ва писандидаи халқ изҳори ташаккур намуда, бароятон саломатии бардавом ва дар фаъолияти роҳбариатон рушду тараққиёти бемислу монандро таманно дорам.

Дарозои умри хеш роҳбарону сарварони зиёдро дидаам, вале мисоли Шумо ин қадар ғамхори халқу хоксор, чашмикордону маҳбуби дилу дидаҳоро надидаам. Иштироки Шумо дар маҳфилҳои фарҳангӣ ба мо, ҳунармандон илҳому нерӯи дучанд бахшида, моро водор месозад, ки аз пештара беҳтар сайқалгари ҳунари хеш бошем.

Ҳамзамон хушбахтии мо-ҳунармандон аст, ки Шумо дӯстдори аҳли фарҳангу дастгири ҳунармандон мебошед. Иштироки Шумо дар ҷашнвораи 10 солагии фаъолияти ансамбли шашмақомхонони «Нури Хуҷанд» ва чанде пеш дар шабнишинии 70 солагии банда, ки маҳфилорои он базм будед, сари маро ба осмон расонид… (соли 2012)

Бартарии Мавлоно аз дигар шуаро дар он аст, ки орифи Балхӣ (дақиқаш Вахшӣ ва ё Вахшонзаминӣ) асли ваҳдатро дар маркази вуҷуд қарор дода, эҳтироми ҳамаи дину мазҳабҳоро ба ҷо оварда танҳо ба Худо саҷда оварданро пешаи худ донистааст.

Вазифаи мо аз он иборат аст, ки ҳурмати ин некбандаи Худойро ба ҷо орем, дӯсташ дорем, аз боғи маонии ашъораш гулу гулдаста бичинем аз меваҳои шаккарини боғи андешааш ком ширин намоем…(сентябри соли 2007)

Худо тан офарид, аз барги гул зан офарид…

Бубинед, шоир дар васфи зан чӣ қадар мисраҳои хубро рӯи сафҳа овардааст, ӯро ба барги гул ташбеҳ дода, мисли гул нозуку зебояш тасвир  намудааст. Оре, зан мисли гул нозук ва зебо аст. Агар мо, мардҳо барояшон тӯҳфаҳои қимматтаринро тақдим кунем ҳам, фикр мекунам кам аст. Мардҳо бояд ҳамарӯза барои занҳо тӯҳфа тақдим кунанд. Бояд ҳар рӯзи зиндагиро барояшон пур аз шодию фараҳ гардонанд, ҳар рӯз бояд як маротиба изҳори муҳаббат намоянд. Бармегардем ба саволи пешниҳод намудаи шумо. Беҳтарин тӯҳфа барои зан? Шахсан ман ҳар сол дар арафаи иди бонувон барои дӯстону наздикон, фарзандон тӯҳфаҳои гуногун омода мекунам. Лекин барои ҳамсарам тӯҳфае тақдим мекунам, ки дили ӯ бихоҳад. Дар баробари тӯҳфаи беҳтарин гул низ ҳамчун рамзи дӯстдорӣ бояд бошад…(марти соли 2009)

Санъаткор набояд дурӯғ гӯяд. Чунки овозхонон ҳар рӯз бо халқ рӯ ба рӯ мешаванд. Имрӯз, ки сирри дурӯғгӯияшон фош нагардид, фардо ҳатман шарманда мешаванд. Шахси дурӯғгӯй душмани Худост. Аз ин рӯ аз овозхонони ҷавон хоҳиш дорам, ки дурӯғ нагӯянд. Бештар аз паи донишомӯзӣ гарданд, аз шоирони муосир байту ғазалҳоро хонанд, ба маънои сурудҳояшон сарфаҳм раванд. Фикр мекунам, дар ин сурат санъати мо рушд мекунаду санъаткорони моро дар тамоми ҷаҳон мешиносанд…(соли 2009)

Гумон мекунам, танҳо дирӯз буд, ки ман ба саҳнаи бароям ҳамеша муқаддас қадам гузошта, баҳри тамошобинон сурудҳои аввалини худро ҳадя намудам.

Пазироии гарму ҷӯшон, қарсакҳои тамошобинон, дастагулу номаҳои пурмеҳри мухлисон, дӯстдорони санъату эҳтироми волои ҳамон мухлисони аввалин, маро аз он лаҳзаҳои хотирмон водор намуданд, ки дар пайроҳаи интихоб намудаи хеш ҷиддиву устуворона қадам гузорам.

Инак, зиёда аз 55-сол мешавад, ки ман бо мухлисону ҳаводорони сершумори санъати тоҷик – баҳрашон суруд мехонаму дигаре бароям дастагули меҳр меоранд. Дар дарозойи умри хеш сафарҳои зиёди ҳунарӣ дар тамоми кишварҳои ақсои олам доштам, ки дар ёди дил мондааст ва дар байни ду забони маъруфи олам – забони англисӣ ва фаронсавӣ, гумон мекунам забони тоҷикии мо пешоҳанг ва хушоҳанг садо медоданду садои форами ин забони бостонӣ дар саҳнаҳои бузург ба шунавандагон мақбул меомаданд…(моҳи майи соли 2014)

Дар чанд гӯшаю канори олам қатори гурӯҳи ҳунармандон банда нахустин нафаре будам, ки бо либоси миллӣ суруди тоҷикиро сароида, Тоҷикистону тоҷикистониёнро ба онҳо муаррифӣ намудам. Ёд дорам, сафари ҳунарии хешро, ки бахшида ба таҷлили 100-солагии Канада-ЭКСПО-67 дар соҳили уқёнуси Атлантика, дар шаҳри хушманзараи Монреал баргузор гардида, намоишгоҳ дар масофаи 500 гектар, тӯли се сол бо қувваи наздик 10 ҳазор одамон бунёд ёфта буданд ва мо аввалин санъаткорони тоҷик будем, ки дар ин сарзамин ҳунарнамоӣ намуда, бо забони ноби тоҷикӣ суруд хондаем… (моҳи майи соли 2014)

Ёд дорам, он рӯзҳо Раиси Совети Вазирони республика Абдулаҳад Қаҳҳоров бо устод Мирзо Турсунзода ва Муҳаммад Осимӣ дар даст рӯзнома маро ҳузури хеш хонда, бо ифтихор дар саҳифаи маҷаллаи кишвари Аврупо акси маро аз консерти баргузоргардида нишон доданд. Лаҳзаҳои хотирмону таърихӣ бароям, инчунин аз ин рӯзҳое мебошанд, ки дар назди зиёда аз 50-ҳазор нафар мардуми гуногунмиллат, дар сарзамини Ҳиндустон якҷоя бо санъаткори машҳури ҳинд Раҷ Капур паҳлӯ ба паҳлӯ истода суруд хонда будам… (моҳи майи соли 2014)

Чунин вохӯриҳои хотирмону суҳбатҳои дилнишин бо ситорагони санъати ҷаҳон Алла Пугачёва, Филипп Киркоров, Хулио Иглесиас, Иосиф Кобзон, Пӯлод Бул-Бул-огли, Александр Серов, Юрий Антонов, Людмила Зикина, Валерий Леонтев, Саттор, Андӣ, Владимир Винокур ва нафарони зиёд баргузор гардидааст, ки ҳамчун тимсоли некӣ дар ёдҳо сахт нақш бастаанд…(моҳи майи соли 2014)

Ман ҳар гоҳе М. Турсунзода, С.Улуғзода, Б.Раҳимзода, Ҷ.Икромӣ, М.Осимӣ, Лоиқ, Б.Исҳоқова, Ш.Муллоҷонова, З.Нозимов, О.Ҳошимов, Б.Ниёзов ва дигар фарзандони фарзонаи миллатро хаёлан ҷустуҷӯ мекунам, лаҳзаҳои хотирмон, ки шуморашон зиёд буданду бебозгаштанд, ба лавҳи хотир меорам. Афсӯсу дареғи тезгузарии вақт аст, ки аз хирадмандону азизон ҷудо гардидем…(моҳи майи соли 2014)

Тӯли 50-сол дар кӯчаву маъракаҳо қабули гарми одамон, эҳтироми пиру барно, аксбардориҳои пайвастаро дида, шукрона дорам, аз ин тӯҳфаи худододи тақдир, ки насибам гаштааст…(моҳи майи соли 2014)

Хушбахтона, дар баҳри беканори санъати тоҷик дурдонаҳо фаровонанд, аммо интихоби дурдонаҳои асил аз тӯдаи мунтахаби ҷавоҳиротро бояд дастгирӣ намуд. Агар нури офтоб ҷаҳонро файзу хуррамӣ бахшад, пас суруд бо навозиш ва оҳанги хеш сарчашмаи шодмонӣ ва гармии ҳар як хонавода мебошад…(моҳи майи соли 2014)

Солҳои сипаригардида барои ман-як фарзанди диёри кӯҳистон чун афсонаи ширин гузаштанду ҳар лаҳзаи онро метавон бо ҳарфҳои гуворо рӯйи саҳфа овард.

Имрӯзҳо мехоҳам бо гузашти умр барои ин қадар меҳрубониву эҳтироми баланд ба пиру барнои халқи сарбаландам ва дӯстони дигар миллатҳои манотиқи дуру наздик арзу сипоси хешро, аз замин то осмон ба азизони дилам бирасонам:

Ман аз тақдири ҳастии хеш розӣ буда, нахуст ба Худованди меҳрубон сар ба суҷуд меорам, ки бароям ҳунари овозхониро ҳадя намуда, маро  ба ҳаводоронам  наздик сохт;

Сипас, сари таъзим ба рӯҳи мубораки волидонам меоварам, ки маро ҷон офарида дили нармам ато кардаанду ба роҳи рост ҳидоятам намудаанд;

Миннатгузорам, аз сарварони дирӯзу имрӯзаи Ватан, роҳбарону устодони фарҳангдӯсти кишварам, ки баҳри ба чунин арса расидани ман қадршиносиву қадрдонӣ намудаанд!

Ифтихори ширин дорам, аз зодгоҳам Куруди Зарафшон, ки парвозгоҳи олами суруди ман гардидааст;

Шукргузорам, аз халқи ҳимматбаландам, ҳунари маро зиёда ним аср чун мухлисони ҳамешагӣ бо дастфишориву гулфишонӣ эҳтиром мекунанд;

Арзи сипос дорам, аз дӯстони содиқу вафодорам, ки дар лаҳзаҳои шодиву ғам бари ман буданду ҳастанд;

Дуруди бепоён дорам, ба он ромишгарони чирадастам, ки солҳои тӯлонӣ ба сурудҳои ман ҷомаи заррин пӯшонида, оҳанги сурудаҳоямро ба дуриҳои дур бурданд;

Сано мехонам, ба он ҳунарварони кошонаи оинаи нилгун, наворбардорону суханварони фарзона, ки баҳри ман заҳмат кашидаанд;

Ташаккури зиёд ба қаламкашони моҳир, ки ин солҳо бо хомаи хеш васфи ҳунари ман мекунанду аз қаъри дил сухан берун меоранд;

Арзу сипос ва эҳтироми зиёди худро ба сарзамини Хуҷанди бостониву мардумони меҳмоннавозу бохирадаш мерасонам, ки як навраси зодаи кӯҳистонро ба оғӯш гирифта, соҳиби маълумоту соҳибҳунарам гардонида, сипас ба арсаи санъат ба пойтахти кишвар Душанбе равонам намуд ва бо гузашти умр боз ба оғӯшаш фарзандвор гирифт;

Шукрона дорам аз шаҳри ормону орзуҳоям Душанбеи зебо, ки овози маро ба оламиён-ҷаҳони  дигар, чор уқёнуси олам – Аврупову Осиё расонида бо ҳазорон ҳазор дӯстони нав қарину шиносам намуд;

Шукрона дорам, аз аҳли адаб-ворисони назми ҳазорсолаи форсу тоҷик, ки баҳри мо асар эҷод намуда, ҷон бар сурудҳои мо бахшидаанд;

Дуогӯям ба аҳли оилаам ҳамсар ва фарзандони нозпарварам, наберагону аберагони дӯстрӯям, пайвандони азизам, ки маро нури дидаи хеш дониста, шабонарӯзӣ эҳтиромгузору хизматгузорӣ мананд.

Ниҳоят, ман аз ҳамаи неъматҳои Худодод обу хоки Ватани муқаддас шукргузорам ва ҳамеша дар роҳи ибодати Худованд роҳ мепаймоям ва шиори ман дар зиндагӣ «Бо Худо, бо халқ, бо худ» буда, маҳз ҳамин даъвати қалб роҳнамову роҳкушо ва мушкилкушои мананд.

Орзу дорам дар сарзаминҳои олам ҳамеша сулҳ пойдору садои хандаву мусиқии ҷаззоб танинандоз бошад… (моҳи майи соли 2014)

Мураттиб: Сардори шуъбаи

илмӣ-методии Китобхонаи вилоятии

 оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ,

Қаландаров Абдулазиз

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь