Аҷоиб мардуманд гулободиҳо. Кадом ҷашну маросиме набошад, ҳангомае мекунанд, ки гӯши фалак кар мешавад. Суханҳое, ки дар қуттии аттор ҳатто ёфт намешаваду обнорасидаанд, баҳри табрикоти ҳамдигар мавриди истифода қарор медиҳанд, ки ҳангу мангатон меканад, ки аҷаб мардуми суханвару доноянд гулободиҳо. Мутахассисоне, ки бо вожашиносӣ сарукор доранд, агар баҳри тадқиқоти илмии хеш ба гулободиҳо муроҷиат намоянд, метавонанд пеш аз муҳлат рисолаҳои хеш дифоъ кунанд, ки Дисернет наметавонад ягон нуқсоне ёбад. Ана, манбаи илҳом!

Байни ҷашнҳое, ки мардуми Гулобод бо тантанаҳои пурдабдаба қайд менамояд, 8-уми март – Рӯзи Модар хеле муассир асту мемонад. Маҳз аз ин ҷашн баҳсҳои нимшӯхиву нимҷиддии бобои Гулбиддину кампири Гулбибӣ оғоз мегардад. Сабаби ин ҳама хараҷу мараҷ бошад, боз ҳам калимаву таркиби нестандарҷаҳон, ки баъзе аз гӯяндагони ин каломи ноб ҳатто ба маънои вожаи талаффузкардаашон намерасанд, куҷо мутобиқ ба он гуфтор амал намудан.

Баҳси эшон аз арафаи ҷашн оғоз мегардаду то ба ҷашнҳои дигар идома меёбад. Боз ҳам муҷрии баҳс кампири Гулбибӣ мебошад, ки пайваста аз бобо шикоят менамояд, ки бо ӯ ба тариқи писандида муносибату муошират наменамояду аз вожаҳои зебо истифода намебарад. Шикоят мекунад, ки ҷои истифодаи калимаҳои шевову зебо, аз қабили ҷонам, ҳамсари меҳрубонам, гули доимбаҳорам, булбули хушилҳонам, чароғи хонадонам ва ғайраву ҳоказо танҳо аз вожаи кампир, ёри ҷангу оштӣ, муштипар, очаи бачаҳо, занак ва баъзан дар рӯзи ид аз калимаи хӯҷаин кор мегираду бас, ки баъди аз телевизиону радио шунидану аз рӯзномаву маҷаллаву шабакаҳои иҷтимоӣ хондани ин ҳама калимоти шево дилам ба худаму ба муносибати бобой месӯзад. Аз маслиҳату насиҳатам оид ба ҳамдигарфаҳмиву эҳтироми тарафайн кор намегираду ин ҳамаро ба қавли худаш намоишкорӣ ё худ “показуха” медонад. Боз исбот карданӣ ҳам мешавад, ки воқеият дигар асту ҷашнгириҳо дигар, лекин дар баъзе ҳолат агар диққат намоем, мӯйсафед ҳақи гапро мегӯяд.

Бобои Гулбиддин натанҳо бо кампираш, балки бо касе, ки бо риё ва сохтакориву намоишкорӣ бо мардум муносибат мекунад, муқобилият дорад. Ҳатто борҳо бо муллоҳои риёкор дасту гиребонгирӣ намудааст, ки аз риё парҳез намоянду мардумро гӯл наандозанд. Дар масъалаи ҳурмату эҳтироми занону модарон бошад, вақте занеро, ки дар саҳро бо хиштрезӣ машғул аст, ё дар замини пахтаву картошкаву дигар сабзавот дар даст каланду ҳатто дар мардикорбозор, ки аз номаш аён аст, ки барои зан нест, машғули меҳнати тоқатфарсо мебинад, дигар тоқаташ намемонад. Ҳангоме нафари шикамкалонеро аз телевизион намоиш медиҳанд, ки кадом тоҷире асту гӯё ба кадом оилаи камбизоате кумак намудааст, мебинад ва медонад, ки даромади тиҷораташ аз меҳнати гарону маоши пасти бечора занҳост, дигар ба ҳуқуқу озодии занҳо, ки асоси пайдоиши ин ҷашн аст, эътимод намемонад. Вақте мебинад, ки мардҳо бо баҳонаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба дигар кишварҳо рафтаву зани нав гирифтаанду ба ин зани бечорае, ки фарзандони онҳоро нигоҳубин менамояд, назареву силаи раҳме надоранд, эътимод куҷо, дигар зидди ин гуна тарғиби идҳову ҷашнҳои сохта мегардад. Шояд занҳое, ки дар бозорҳо дар ҷустуҷӯи коранд, шавҳаронашон бо олуфтасатангҳои нав ба нави хеш дар истироҳатгоҳҳоянду барои сер кардани тифлакони маъсум аз пайи нонкобӣ гаштаанд. Ин ҷашнгириву намоишкории аксари гулободиҳоро бобои Гулбиддин бо латифае асоснок менамояд:

“Нафареро дӯсташ дидорбинӣ меояд. Дар рӯи кати ҳавлӣ мешинанду суҳбаташон метафсад. Ду-се соат бо ҳамдигар дар суҳбат буданд, ки ногоҳ саги дӯсташ ба кат наздик шуда, аккос мезанад. Соҳиби саг “Марҷон, ором шав!” гӯён, нидо мекунад. Меҳмон ҳайрон ба дӯсташ назаре меандозаду хулоса менамояд, ки “дар хона нони хӯрдан неву номи саг Марҷон”. Ба кампири Гулбибӣ низ мефаҳмонад, ки шароити зиндагиро бину ҷашнгириро, ки бо ҳам мувофиқанд, ё хайр.

Лек бобои Гулбиддин бо ин ҳама норозигиаш хати бутлон ба пешравиву нафарони маданиву муносибати ҳасанаи эшон кашиданӣ нест. Ӯ аз танқиди занаш розӣ асту мегӯяд, ки меҳри ӯ дар сухан неву дар амал аст. Новобаста аз он ки чӣ тавр ном мегираду муошират менамояд, кампирашро хеле дӯст медорад. Ҳатто ҳолатҳое ҳастанд, ки дар ҳаёти оиладорӣ бе муноқиша ва баҳсу мунозира намешавад. Зиндагӣ бо ҳамин шебу фарозаш ширин аст. Мабодо бо кампири ҷон ба ҷонаш гапашон гурезад, аввалин шуда, бо байте, латифаи намкини шӯхе ё бӯсаи ногаҳоние қусури нофаҳмии лаҳзаинаро мебарораду об ба лаби ҷӯй баробар мешаваду ҳам кампир хурсанд мешаваду ҳам бобо аз дилтангӣ халос мешавад. Ба қавле, “ҳам лаъл ба даст меояду ҳам ёр намеранҷад”.

Лекин ин ҳама норозигии бобо аз он аст, ки мардум бояд бо дилу забон яке бошанд. Махсусан, ҷавонон ба маънои том бо овардани алфози шево муносибати мувозӣ дошта бошанд. Бобо мехоҳад, ки Иди Модарон танҳо 8-уми март набошаду 365 рӯзи солро мо барои эшон Ид созему хурсандӣ барояшон фароҳам орем.

Бо насиҳати бобои Гулбиддин,

Бахтиёр Облоқулзодаи ГУЛОБОДӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь