Бо апаи Хуршеда бори аввал дар ҳавлии аммаам Меҳринисо вохӯрда будам. Баъди супоридани имтиҳони аввали дохилшавӣ ба мактаби олӣ ба ҳавлии аммаам Меҳриносо омадам ва дар айвони болопӯшида болои кӯрпачаҳои нав зани калонсоли танутӯшдор ва ситорагарм бо аммаам сӯҳбаткунон нишаста буданд.

Аз имтиҳони аввал чанд гирифтӣ,- пурсиданд аммаам. Баҳоям «4» шуд, гуфтам. Муборак шавад, акнун ба дигар имтиҳонҳо низ тайёрии хубтар бину соҳиби баҳои «5»-шав гуфта, ба ояи Хосиятхон нигоҳ карда, ин писари хурдии акоям, барои ба институт дохил шудан аз Ӯротеппа омадааст. Омади кораша диҳад гуфта, меҳмон фотиҳаи нек доданд ва аз аҳволи падару модарам ҷӯён шуданд.

Ҳамон вақт дарвоза кушода шуду як ҷавонзани миёнқади зебоандом, сару либоси зебанда пӯшида ва дар даст ҷузвдондор (сумкаи занона) ворид шуда, ба аммаам ояи Меҳринисо ва модарашон Хосиятхон салому алейк ва ҳолпурсӣ намуда, гуфтанд:

– Барои дидани Шумо ба ҳавлиамон равам, хоҳаронам гуфтанд, назди ояи Меҳринисо рафтанд. Бинобар он, ба инҷо омадам, то модараму ояи Меҳринисоро низ якбора дида, равам. Шукри Худо, ки ба дидани дидоратон мушарраф шудам. Ин писари кӣ? ,- пурсиданд апаи Хуршеда. -Писари акоям аз Ӯротеппа омадагӣ. Имрӯз аввалин имтиҳонро ба факултаи забон ва адабиёти тоҷик бо баҳои «4» супоридааст, номаш Сайфулло,- гуфтанд аммаам. Апаи Хуршеда ба ман нигариста, «муборак шавад» гуфтанд. Раҳмат,-гуфта, ду даст пеши бар гирифта, истодам. Баъд барояшон чойи гарм дам карда овардам. Ягона духтари аммаам Умринисо дар ин вақт дар Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон таҳсил мекарданд. Ҳоло доктори илми тиб, профессор мебошанд.

Баъдтар дар яке аз маросимҳо бо шавҳарашон акои Ҳазратқул Файзиев шинос шудам ва ин шиносоӣ бо меҳру муҳаббати дӯстона тадбил ёфт.

Боре барои аёдати акои Ҳазратқул ва апаи Хуршеда ба хонаашон рафтам. Ҳарду дар хона ба навиштани кори илмӣ машғул буданд, маро дидан замон аз ҷой бархоста, хеле самимӣ ҳолу аҳволпурсӣ карда, хуш қабул намуданд. Баъди ба сари миз нишастан, даст ба фотиҳа бардоштанд, апаи Хуршеда зуд дастурхон кушода, рӯйи онро аз анвои хӯрданӣ пур карданд. Фурсате пас, як чойник чойи кабудеро апаи Хуршеда оварда, назди шавҳарашон гузоштанд. Ман зуд чойникро аз он шахс гирифта, худам чойгардон шудам. Як ду пиёла чой нӯшида бошем ҳам, аз апаи Хуршеда дарак набуд. Баъд фаҳмам барои пухтани ош ба ошхона рафта, масолеҳи ошро тайёр мекарданд. Ҳарчанд эътироз кардам, ки ташвиш накашед, апаи Хуршеда гуфтанд: Шумо бори аввал ба хонаи мо омада истодаед. Бароятон оши палав напазам, чӣ пазам. Он солҳо ман донишҷӯ будам. Баъди меҳмондориҳо ва тановул кардани оши палави болаззати апаи Хуршеда, ба дастурхон фотиҳа хонда, ба хобгоҳ равон шудам ва дар роҳ худ ба худ суоле додам: Апаи Хуршедахон, олимаи номдор, дар соҳаи адабиётшиносӣ дар байни занон ҳамто надоранд. Барои мани донишҷӯй кори илмии худро як сӯй монда, дегу табақ карда, ош пухта, маро меҳмондорӣ карданд. Оё инсонигарӣ аз ин зиёд мешуда бошад?- аҳсан ба шумо апаи Хуршеда.

Борҳо ба ҳавлиашон ва ё ҷои кори апаи Хуршеда Институти забон ва адабиёт ё ҷои кори ако Ҳазратқул Файзиев- нашриёти давлатии «Ирфон», ки мудири шӯъбаи табъу нашр шуда, кор мекарданд, мерафтам ва ҳар дафъа бо табъи болида аз назди онҳо баромада мерафтам.

Пас аз супоридани имтиҳонҳои аз курс ба курсгузаронӣ нияти ба Ӯротеппа назди падару модар рафтан кардам. Пеш аз рафтан хостам ба ҳавлии ако Ҳазратқулу апаи Хуршеда рафта, хайру хуш кунам. Рӯзи якшанбе ба ҳавлиашон рафта, бинам ако Ҳазратқул анҷири дарахтро мечинданд. Он шахс дар ҳавлиашон ду дарахти калони анҷир доштанд. Ба сафар рафта истодани маро фаҳмида, гуфтанд, ки ту ба сари хирман омадӣ, чӣ қадар дилат хоҳад тановул куну ин халтаи пур аз анҷири хушккардаро ба падару модарат бар, мураббо пазанд, дар зимистон онро истеъмол мекунанд.

Ҳангоми бозгашт, ки ба моҳи август рост меомад, ман ба онҳо ангури чиллагӣ, ки дар ширинӣ ҳамто надорад, савғо бурдам. Бисёр истаравшаниҳое, ки дар шаҳри Душанбе ва дигар водиҳо зиндагӣ мекунанд, ҳар сол имкон ёфта, моҳҳои июл, август ва сентябр махсус барои аз ангури чиллагӣ сер шудан ба зодгоҳашон меомаданд. Бештар академикон Аҳрор Мухторов, Раҷаб Амонов, Ӯлмас Мирсаидов, Раҳим Маъруфзод, нависандаи ҷангоманавис Ҳазратқул Файзиев ва даҳҳо дигарон қариб ҳарсол омада, аз ангури чиллагӣ сер шуда мерафтанд.

Моҳи августи соли 1981 буд. Занги телефони идора баланд садо дод. Гӯшакро бардошта, он касро зуд шинохтам ва хеле ҳолу аҳволпурсӣ кардем. Он шахс нависандаи ҷангоманавис, корманди шоистаи Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи ҷумҳуриявии журналистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, муаллифи ҳикояю повест ва очеркҳои зиёд дар мавзӯи ҳарбӣ-ватандӯстӣ Ҳазратқул Файзиев буданд. Акои Ҳазратқул аз ман пурсон шуданд, ки рухсатии меҳнатиатро истифода, бурдӣ ё на? Ҷавоби инкори маро шунида, хеле шод гаштанд ва гуфтанд:- Рухсатиатро гир ва бо ҳамсарат ба осоишгоҳи «Ӯротеппа» роҳхат гирифта, тайёр шав. Мо бо ҳамроҳии Хуршедахон ба осоишгоҳи «Ӯротеппа» рафта, ҳам табобат мегирему ҳам истироҳат мекунем. Ту ҳам бо оилаат бо мо табобат ва истироҳат карданат хеле хуб мешавад. Ман розӣ шуда, зуд аз пайи кор шудам. Ба осоишгоҳ рафта бароямон ду роҳхатро гирифта, рӯзи ба осоишгоҳ рафтанамонро ба акои Ҳазратқул мувофиқа кардам. Он рӯзи муқарраршуда ман бо оилаам ба осоишгоҳ рафта дар як ҳуҷра ҷойгир шудем, барои онҳо низ ҳуҷраи дукасаро интихоб кардем, ки он дар паҳлӯямон ҷой гирифа буд. Худи ҳамон рӯз акои Ҳазратқул бо нақлиёти худ, «Жигулӣ» бо ҳамроҳии апаи Хуршеда Отахонова, ки он солҳо номзади илми филологӣ, баъдтар академик шуданд ба осоишгоҳ омаданд ва аз ҳуҷраи гирифта мондаамон хеле шод гаштанд. Баъди кӯфти роҳро баровардан барои тановули хӯроки шом ба ошхонаи осоишгоҳ рафтем. Баъди дар сари миз нишастан, апаи Хуршеда якбора аз ҷой бархоста ба мо гуфтанд:

– Устод Шарифҷон Ҳусейнзода ҳам ҳамин ҷо будаанд. Ман пеш аз хӯрок хурданамон наздашон рафта, он шахсро зиёрат мекунам.

Баъди гуфаҳои апаи Хуршеда мо низ аз ҷой бархоста сӯйи мизи устод Шарифҷон Хусейнзода, ки бо завҷаашон нишаста буданд, рафтем. Онҳо апаи Хуршеда ва ҳамсарашон акои Ҳазратқулро дида, аз ҷой бархоста, бо онҳо вохӯрдӣ ва аҳволпурсӣ намуда, баъд бо ману завҷаам, ки моро акои Ҳазратқул шинос намуданд, низ вохӯрдӣ карда, ҳолу аҳволпурсӣ намуданд ва ҳамаро ба мизи хӯрокхӯрӣ даъват карданд. Гарчанде мизи хӯрокхӯрии мо дар тарафи дигар буд, апаи Хуршеда ба ин таклиф розӣ шуданд, ки якҷоя нишаста, хӯрок тановул кунем. Мо зуд мизи дигарро бо мизи устод якҷо карда, гирди он нишастем. Баъди хӯроки шом ба саҳни ҳавлии осоишгоҳ баромада, ба харак нишастем. Ҳамон шаб сӯҳбати дӯстона хеле дер давом кард. Ҳангоми сӯҳбат карда нишастан, аз куҷое суратгир пайдо шуд ва мо якҷоя акс гирифтем.

Дар ҳамон сӯҳбат акои Ҳазратқул таклиф карданд, ки пагоҳ баъди қабули нишондодҳои табиб ба саёҳати шаҳр мебароем ва Сайфуллоҷон моро ба ҷойҳои таърихии шаҳр бурда, шинос мекунад,- ва шӯхиомез илова карданд ман ронандаи шумоён мешавам.

Пагоҳ баъди ноништа ва қабули нишондодҳои духтур ба «Жигулӣ»-и акои Ҳазратқул устод Шарифҷон Ҳусейнзода бо завҷаашон, апаи Хуршеда Отахонова ва банда нишаста, аз осоишгоҳ баромада ба маркази шаҳр омадем ва тамошою зиёратро аз мавзеи таърихии Ҳазрати Шоҳ сар кардем. Баъди он ба чойхонаи «Ҳавзи морон» рафтем. Ба устод Шарифҷон Ҳусейнзода чойхоначӣ акои Бобоҷон Пӯлодов сари як пиёла чой аз таърихи об ва манзили бузургон будани он нақл карда, гуфтанд, ки аксарияти олимону шоирони истаравшанӣ дар айёми хурдсолии худ аз оби шифобахши «Ҳавзи морон» нӯшида, ба воя расидаанд.

Сафарамонро давом дода, ба ҷойҳои таърихии Истаравшан рафтем. Бо марди донишманд, адабиётшиноси номӣ, ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон, профессор Шарифҷон Ҳусейнзода муяссарамон гашт, ки бо ҳамроҳии акои Ҳазратқул ва завҷаашон академик Хуршеда Отахонова як ҳафта дар сӯҳбаташон бошем ва ҳарчӣ тавонистем хизматашонро ба ҷо овардем.

Як пагоҳи баъди ноништо апаи Хуршедахон аз ман хоҳиш карданд, ки як ба бозори марказии Ӯротеппа равем.

Бо апаи Хуршеда вориди бозори мева шуда, ангури чиллагӣ, себи ҳусни Юсуф, ки он танҳо дар деҳаҳои Ругунду Суркат мерӯяд, ангури чиллагӣ ва дар деҳаи Ниҷонӣ себи Ҳусни Юсуф мешавад, харидорӣ кардем. Агар як сар ангури чиллагиро шахс тановул кунад, ширааш гулӯятонро мегирад, себи Ҳусни Юсуф бошад бо зебогӣ ва обдору ширин буданаш мардумро ба худ ҷалб намудааст.

Пас ба бозори сару либоси ҳунармандони Ӯротеппа ки аз матоҳои гуногун офарида, барои фурӯш мебароранд, рафта, бо апаи Хуршеда тамошо кардем. Ба ҳунари ҳунармандон аҳсан хонда, як ҷомаи беқасаби занона ба апаи Хуршеда хеле хуш омад ва мо онро зуд харидор шудем. Вақте онро ба тан пӯшиданд, яктаки абраву астардор аз беқасаби тоҷикӣ дӯхта шуда, шинам омад ва ба апаи Хуршедахон гӯё махсус ҳунармандони Ӯротеппа дӯхта бошанд, хеле писандашон гашт. Онро аз тан накашида бо фурӯшанда савдо кардем ва бо нархи аз гуфтаи фурӯшанда хеле арзонтар, харидорӣ намудем.

Рӯзи ҳимояи номзадии устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Умедҷон Мақсудов 29 марти соли 2012 муқаррар шуда буд. Ҳимояи номзадӣ дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии назди Академияи илмҳо муқаррар шуда буд. Банда ба хотири иштирок кардан ба ҳимояи номзадии набераи тағоям ду рӯз пеш ба шаҳри Душанбе рафтам. Аввалин кори кардам, ин апаи Хуршедахонро дар ҳавлиашон хабар гирифтам. Он шахс дар паси мизи кориашон нишаста, машғули таҳияи мақолае буданд. Дар кадом мавзӯъ менавиштанд ман напурсида будам. Маро дидан замон аз ҷой бархоста, аҳволпурсӣ карда, хеле шод гаштам,- ки саломатиашон хуб будааст. Мақсади дидан доштам. Дар ин фурсат аз чойники чойи дар наздашон буда, ба пиёла рехта гуфтанд: Сари мизи хони хӯрокхӯрӣ равем, хӯрокам тайёр як пиёла чойи гарм ҳам дам карда, як дам сӯҳбат мекунем. Апаҷон ман рост ба хонаи Шумо омадам, ҳоло хешу таборонамро бубинам, шояд боз наздатон оям, гуфтам. Ҳоло ҷиянбачаро кофта ёбам, шояд ба ӯ ёрдам даркор бошад.

Рӯзи 2-уми март, пагоҳии барвақт ба Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёт рафтам. Иштироки мо ин дастгирии маънавӣ будааст. Соат ба 9 наздик мешуд. Раиси комиссия Назарзода бо ҳамроҳии апаи Хуршедахон вориди толор шуда, маро ба ҳайрат гузоштанд. Ман апаи Хуршедахонро ба ҳимоя даъват накарда будам. Наздашон омада салому алейк кардам ва пурсидам,- апаҷон, Шумо магар аъзои комиссия ҳастед, ман намедонистам. Ҳа, Сайфуллоҷон ман муовини раиси комиссияи ҳимояи номзадӣ мебошам. Бинобар ин, иштироки ман ҳатмист.

– Узр мепурсам апаҷон, ман дирӯз нахостам, ки Шуморо ташвиш диҳам. Бинобар ин, ба Шумо дар бораи ҳимояи номзадии ҷиянбачаам сухане нагуфтам.

Аз сабаби он ки ду шахс номзади ҳимоя мекарданд, он бе танаффус бо иштироки наздик 40 нафар докторону профессорон ва номзадҳои илм баргузор гардид. Дар ин муддат Хуршедахон дар бораи мавзӯъҳои актуалӣ будани асарҳои ҳимояшаванда сухан карда, ба кори илмии Умедҷон Мақсудов баҳои баланд доданд ва гуфтанд, ки дар ин мавзӯъ аввалин асари илмӣ аст, ин бароям хотирмон монд.

Пас аз ҳимоя ба сари як пиёла чой бо апаи Хуршедахон сӯҳбате оростем ва якҷоя аксбардорӣ намудем. Ҳоло ин сурати таърихӣ 10 соли расо аст, ки дар дасти банда аст.

Соли 2012 буд. Дар маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Тоҷикистон конфронсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 80-солагии Академики Академияи илмҳои Тоҷикистон, донишманди соҳаи адабиёт, профессор Хуршеда Отахонова баргузор гардида буд. Дар он олимони соҳавӣ, профессорону дотсентон ва даҳҳо шогирдони устод иштирок доштанд. Дар қатори онҳо нависандаи сатрҳо ҳамчун намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан иштирок карда, тӯҳфаи раиси шаҳрро супорида, баромад намудам, ки ин бароям хотирмон буд.

Сайфулло Маҳкамов, рӯзноманигор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь