Мушкилоти асосӣ дар равшан намудани масъалаи мавриди баҳс, дар камӣ ва нуқсони сарчашмаҳои таърихӣ доир ба Ҷамшед аст. Осори авестоӣ ва бештари навиштаҳои паҳлавӣ нобуд гашта ва дар аксари маврид ба ҳам омехтаанд. Сарчашмаҳои исломӣ доир ба Ҷамшед ва Зардушт асосан ноқис ва хеле сатҳианд. Омӯзиш ва таҳқиқи сарчашмаҳои авестоӣ асосан аз асри ХVII ба дасти урупоиён оғоз гардид. Матнҳои бисёре аз ин мерос тарҷума гардиданд. Дар асри ХIХ ин раванд хеле фаъол шуд. Вале бо оғози Ҷанги якуми ҷаҳон ин омӯзиш эътидоли худро аз даст дод. Сарчашмаҳои қадимаи авестоӣ ва паҳлавӣ мавриди омӯзиши яктарафаи пайваста бо таҳриф қарор гирифтанд. Баъд аз Ҷанги дуюми ҷаҳон дар омӯзиши ин сарчашмаҳо як навъ таваққуф ва таҳлилу тафсирҳои ғаразнок ба вуҷуд омад.

Идеологияҳои тоталитарии асри ХХ (фашизм, натсизм, коммунизм, болшевизм) масъалаи миллат ва миллатгароиро ба сӯи бероҳа кашиданд ва то дараҷае ҷозибаи воқеии онро камранг намуданд. Баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва пайдо гардидани давлатҳои миллӣ дар фазои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, масъалаи миллат ва идеологияи миллӣ аз нав мавриди таваҷҷӯҳи сиёсатшиносон, ҷомеашиносон, равоншиносон ва файласуфон қарор гирифт. Ҳамин таваҷҷуҳи ҳамагонӣ нисбат ба масъалаҳои миллӣ дар рӯзгори мо, сабаби интихоби ин мавзӯъ гардид.

Чуноне ки дар сатрҳои пешин ишора намудем, доир ба Ҷамшед сарчашмаҳои мавҷуд андак ва пурихтилофанд. Аз ин гузашта, то солҳои 1940-1950 асри ХХ ба забони форсӣ-тоҷикӣ доир ба Ҷамшед аз тарҷумаҳои муҳаққиқи номдори мероси авестоӣ, устод Пури Довуд маълумоте фароҳам омада буд.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Аз солҳои 1950 то ба имрӯз бо ҳиммати шогирдон ва идомадиҳандагони кори ӯ Муҳаммад Муъин, Диншоҳи эронӣ, Меҳрдоди Баҳор, Фаридуни Ҷунайдӣ, Муҳаммад Карамӣ, Ҷалили Дӯстхоҳ, Ҳошими Разӣ ва дигар муҳаққиқон осори таҳқиқии арзандае ба вуҷуд омад. Дар ин соҳа баъзе тадқиқотҳо тавассути олимони тоҷик низ анҷом дода шуд[6]. Акнун форсизабонон метавонанд бевосита аз сарчашмаҳои дасти аввали мероси авестоӣ ва тадқиқоти бонуфуз истифода намоянд. Ба таври мушаххас метавон аз фаъолияти пурсамари таҳқиқии устодон Ҳошими Разӣ, Меҳрдоди Баҳор, Фаридуни Ҷунайдӣ, Бобоназари Ғаффорӣ, Ҳамдамҷон Мӯминҷонов, Абдуғаффор Шарифов, Муҳаммадқул Ҳазратқулов ва Додихудо Саймиддинов ёд кард.

Акнун ба асли мавзӯъ баргардем: Ҷамшед кист? Ҷавоби ин саволро аз сарчашмаҳо ва таҳқиқоти навтарин пайгирӣ менамоем. Он чи то имрӯз ба мо маълум шуда, ин аст ки муҳимтарин сарчашмаи таърихӣ, ки доир ба Ҷамшед баҳс мекунад, китоби «Вандидод» аст. Ба аҳли таҳқиқ маълум аст, ки китоби «Авесто» дар замони Сосониён аз 21 ҷилд (наск) иборат будааст. Бисёре аз ин ҷилдҳо аз байн рафтаанд. Хушбахтона, мо имрӯзҳо тарҷумаи форсии ҷилди 19 «Вандидод»-ро дар даст дорем. Ин китобро, ки ҳоло тарҷумаи форсии он дар 4 ҷилд дастраси хонандагон гардидааст, устод Ҳошими Разӣ аз матни авестоӣ ба форсӣ тарҷума кардааст [3]. Қадимтарин ва муфассалтарин маълумот доир ба Ҷамшед дар фаргарди (фасли) 2 ҳамин китоб бо номи «Достони Ҷам» омадааст. Доир ба арзиши ин китоб иқтибосро аз фаргарди 5, Яшти 2 ва Яснои 1 овардан ба мақсад мувофиқ аст:

«Зардушт пурсид аз Аҳуромаздо: Эй Додор (офарандаи адолат) чӣ андоза ҳаст бузургтар, беҳтар ва зеботари ин (Вандидод) қонуни зидди дев, ки зардуштӣ аст, нисбат ба дигар ойинҳо дар бузургӣ ва некӣ ва зебоӣ? Он гоҳ гуфт Аҳуромаздо: Эй Спитамани Зардушт, ин «Қонуни зидди дев»-и зардуштӣ (=Вандидод) нисбат ба дигар ойинҳо дар меҳӣ (бузургӣ) ва дар беҳӣ(хубӣ) ва дар зебоӣ, чун дарёи Фарохкарт аст нисбат ба дигар дарёҳо… Ин қонуни зидди дев, ки зардуштӣ аст, дар меҳӣ ва дар беҳӣ ва зебоӣ, чун бузургтарин обҳост, ки кӯчактари обҳоро бипӯшонад… чун бузургтарин дарахтест, ки кӯчактар дарахтҳоро бипӯшонад… чун Осмон аст, ки ин Заминро аз ҳар сӯ фаро гирад» [2,c. 5].

Феҳристи фаргарди 2-уми Вандидод аз нуктаҳои зерин иборат аст: Ҷамшед ва гуфтугӯ бо Аҳуромаздо; Ҷамшед паёмбариро намепазирад; Ҳурмузд пешниҳод мекунад, ки вазъи моддии ҷаҳони ӯро (Ҳурмуздро) парвариш диҳад ва ӯро муҷаҳҳаз (омода) кунад; Ҷамшед зиндагии моддӣ ва Заминро мегустаронад (васеъ мекунад); Пешомади тӯфон ва моҷарои он.

Ҷумлаҳои аввалини «Достони Ҷам» дар Вандидод чунин сар мешаванд:«Пурсид Зардушт аз Аҳуромаздо: Эй Аҳуромаздо, эй минавӣ, эй поктарин, эй додори гетии астуманд (моддӣ), эй муқаддас, бо кӣ нахуст аз мардумон гуфтугӯ кардӣ, ту ки Аҳуромаздоӣ? – Ҷуз ман ки Зардушт ҳастам, киро [ба кӣ] омӯхтӣ дини аҳуроии зардуштиро?Он гоҳ гуфт Аҳуромаздо ба Ҷами зебои хубрама: эй Ашу-Зардушт. Бо ӯ нахуст аз мардумон гуфтугӯ кардам ман, ки Аҳуромаздо ҳастам ҷуз ту ки Зардушт ҳастӣ, ба ӯ омӯхтам дини аҳуроии зардуштиро.

Он гоҳ ба ӯ гуфтам, эй Зардушт, ман ки Аҳуромаздо ҳастам: Омода бош, эй Ҷами зебо, [некдидор] писари Вивангаҳон. Барои ман ба ёдсупоранда ва барандаи [интишордиҳандаи] дин бош. Он гоҳ ба ман посух дод Ҷами зебо. Эй Зардушт: ман барои дин наофарида шудаам ва на омӯхта ва ёдсупоранда ва на баранда [интишордиҳандаи] онам.

Он гоҳ ба ӯ гуфтам эй Зардушт мани Аҳуромаздо: Эй Ҷам, агар нестӣ омода ва ёддоранда ва барандаи [интишордиҳандаи] дини ман, пас ҷаҳони маро биболон [=шукуфо гардон]. Пас ҷаҳони маро фарох кун. Пас бош ҷаҳони маро парваранда ва нигаҳбон ва сардор. Он гоҳ ба ман инчунин посух дод Ҷами зебо: Эй Зардушт: Ман ҷаҳони туро биболонам. Ман ҷаҳони туро фарох кунам. Ман бошам ҷаҳони туро парваранда, нигоҳбон ва сардор. На андар шаҳриёрии ман бувад сардбод, на нармбод, на дард, на марг» [4,c.249-250].

Аввалан, бояд ба эътибор гирифт, ки Вандидод пеш аз ҳама китоби динӣ аст. Яъне ба саргузашти Ҷамшед аз нигоҳи ҷаҳонбинии зардуштӣ менигарад. Ҳамзамон ин достон аз нигоҳи имрӯз арзишманд ҳам ҳаст. Ба ин маъно, ки як пайғамбари дини тавҳидӣ, яъне Зардушт нисбат ба Ҷамшед чи назаре дорад. Аз ин гузашта, ин достон собит мекунад, ки Ҷамшед шахсияти таърихӣ буда, дар ташаккули андешаи динии ориёиён мақоми худро доштааст. Барои муҳаққиқи имрӯза ҷолиб аст, ки Ҷамшед дар гуфтугӯи Зардушт бо Аҳуромаздо тарафи сеюмро ташкил медиҳад. Яъне бо Зардушт ҳамвазн будани ӯ ба исбот мерасад.

Сониян, аз ин гуфтугӯ пайдост, ки Ҷамшед дорои шахсияти барҷастае аст. Аҳуромаздо ӯро ситоиш мекунад: «Эй Ҷами зебо, некдидор»… Бузургии шахсияти Ҷам буда, ки Аҳуромаздо ба ӯ пешниҳод намуд, то пайғамбариро қабул намояд. Аммо Ҷамшед рад кард ва гуфт, ки ман барои пайғамбарӣ офарида нашудаам. Ба фикри мо, дар ҳамин нукта андешаи миллӣ аз андешаи динӣ ҷудо мешавад. Ҷамшед дар ин гуфтугӯ бо Аҳуромаздо ҷаҳонро интихоб мекунад. Ҷаҳони моддӣ, густариши он ва ҷомеаи дунявиро. Аз ин рӯ, Ҷамшед ба Аҳуромаздо ваъда медиҳад, ки ман ҷаҳони моддии туро шукуфон хоҳам кард.

Ин бисёр нуктаи ҷолиб ва ҳассос аст. Дар сарчашмаҳои дигар омада, ки Аҳуромаздо ба Зардушт гуфтааст: «Ҷамшед сахт зирак буд. Ва барои ҳамин ҳам рисолати пайғамбариро қабул накард. Ва гуфт, ки ман танҳо аз ӯҳдаи корҳои заминӣ бармеоям» [1,c.37]. Ин андешаҳо гувоҳи онанд, ки дар фарҳанги бостонии мо тамоилоти воқеъбинӣ, реалистӣ, озодандешӣ ва равшанфикрӣ хеле қавӣ ва тавоно будаанд. Ин баъдҳост, ки бо пайдоиши сохторҳои сиёсии диктаторӣ ва динҳои дигари мутаассиб бар шохаи динии фарҳанги мо ғолиб омада, ҷараёнҳои озодандешии онро зери фишор қарор додаанд.

Гуфтаҳои болоро муҳаққиқон низ қайд намудаанд. Масалан, М.Ҳазратқулов муколамаи Зардушт бо Аҳурамаздаро роҷеъ ба расидани ваҳй аз Аҳуромаздо бо истинод ба Бобаки Олихонӣ чунин тасвир намудааст. «Зардушт аз Аҳуромаздо пурсид, ки ин динро нахуст ба чи касе намудӣ? Ҳурмузд гуфт: Нахуст ба Каюмарс намудам. Зардушт гуфт: Чаро ин динро аз тариқи ваҳй ба Каюмарс намудӣ ва ба ман аз роҳи гуфтор илқо кардӣ? Ҳурмуз гуфт: зеро лозим аст, ки…ту ин динро фаро гирӣ ва ба дигарон биомӯзӣ, ҳол он ки Каюмарс касе надошт, ки онро бипазирад, пас беҳтар аст хомӯш бошӣ, то ман сухан гӯяму ту бишнавӣ ва ту сухан бигӯй, то мардумон бишнаванду бипазиранд. Зардушт ба Ҳурмузд гуфт, ки оё ин динро пеш аз ман бар касе ҷуз Каюмарс намудаӣ? Ҳурмузд гуфт: Оре, ин динро ба Ҷамшед намудам… Зардушт гуфт: чун медонистӣ, ки ин динро намепазирад, пас чаро онро бад-ӯ намудӣ? Ҳурмузд гуфт: агар инро бад-ӯ наменамудам, дин ба ту намерасид» [5,c.435].

Аз ин иқтибос маълум мешавад, ки се ваҳй аз Аҳуромаздо содир шудааст. Ваҳйи аввал ба Каюмарс расида, ки он ваҳйи шахсӣ ё худ инфиродӣ будааст, чун Каюмарс ҳамчун аввалин кадхудои ҷаҳон ба мисли Абулбашар шахси ягона дар рӯи замин буд. Муҳаққиқон ин ваҳйро ваҳйи пинҳонӣ ба қалам дода, Каюмарсро барои пайдоиши ин дин замина сохтааст. Ваҳйи дуюмӣ ба Ҷамшед расидааст ва аҷобати кор дар он аст, ки дар ин ҷо инҳироф аз таълимоти динӣ ба назар мерасад. Чун Аҳуромаздо метавонист ба онҳое, ки омода ба пазироии он нестанд, ваҳй иблоғ накунад. Вале ин ноҳамоҳангии динӣ минбаъд боиси ба вуҷуд омадани сулолаҳои шоҳони эрониуласл бо номҳои пешдодиёну каёниён мегардад, ки роҷеъ ба таърихи онҳо дар «Таърих»-и Табарӣ, «Форснома»-и Ибни Балхӣ ва бахусус дар «Шоҳнома» сухан рафтааст. Ҷои тааммуласт, ки иқтибоси боло, аз як тараф, фикри баёншудаи моро тақвият мебахшад ва, аз тарафи дигар, агар Ҷамшед пайғамбариро қабул мекард, ӯ ҳамчун дорандаи дониши илоҳӣ ба худкомагӣ ва бузургманишӣ роҳ намедод ва пайдоиши сулолаҳо низ имконнопазир мегардид.

Аз давоми достон маълум мегардад, ки Ҷам ба ваъдаи додаи худ ба Аҳуромаздо вафо намуда, ҷаҳони моддӣ ва инсонҳоро аз мусибатҳои табиӣ наҷот додааст.

Бояд қайд кард, ки Ҷамшед ҳамчун як шахсияти таърихӣ пеш аз Зардушт зиндагӣ кардааст. Дар ҳамаи сарчашмаҳои мансуб ба анъанаи зардуштӣ аз Ҷамшед ёд кардаанд. Аз ин гузашта номи Ҷамшед дар китоби «Ригведа»-и ҳиндиён низ сабт шудааст [7,c.45].

Ҳамаи ин далолат бар он мекунад, ки Ҷамшед ҳамчун як шахси таърихӣ, дар маснади фарҳанги эронӣ ва ҳиндӣ қарор дорад. Дар ҳарду фарҳанг ба ҷиҳатҳои дунявӣ, воқеъбинӣ ва ғайридинии Ҷамшед таъкид шудааст. Дар ҳамин асос метавон ба ин натиҷа расид, ки асосгузори назари миллӣ ва озодандешии мардумони форсу тоҷик маҳз ҳамин Ҷам писари Вивангаҳон будааст.

Адабиёт

Баҳор, Меҳрдод. Пажӯҳише дар асотири Эрон. Теҳрон, 1378.

Вандидод (ҷилди аввал). Муқаддима, фаргардҳои (фаслҳои) 1-4. Тарҷума аз матни авестоӣ, муқаддима, татбиқ бо тарҷумаи паҳлавӣ. Тарҷумаи доктор Ҳошими Разӣ, чопи аввал 1376.

Вандидод (ҷилди аввал). Муқаддима, фаргардҳои (фаслҳои) 1-4. Тарҷума аз матни авестоӣ, муқаддима, татбиқ бо тарҷумаи паҳлавӣ. Тарҷумаи доктор Ҳошими Разӣ, чопи аввал 1376.

Вандидод (ҷилди аввал). Муқаддима, фаргардҳои (фаслҳои) 1-4. Тарҷума аз матни авестоӣ, муқаддима, татбиқ бо тарҷумаи паҳлавӣ. Тарҷумаи доктор Ҳошими Разӣ, чопи аввал 1376.

Ҳазратқулов М. Ориёиҳо ва тамаддуни ориёӣ. Душанбе, 2006.

Раҳмонов Э. Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ. Душанбе, 2006;Мӯминҷонов Ҳ. Тӯрон – гаҳвораи тамаддуни ориёӣ. Душанбе, 2004; Ҳазратқулов М. Ориёиҳо ва тамаддуни ориёӣ. Душанбе, 2006: История таджикской философии с древнейших времен до ХV в. -т.1. Душанбе, 2010.

Ригведа. Мандалы I-IV. Издание подготовила Т.Я.Елизаренкова. М. «Наука», 1989.

Комил БЕКЗОДА, доктори илмҳои фалсафа,

Дидавар БЕКЗОДА, ходими илмии АМИТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here