Ӯ дар ҷаласаи  пагоҳӣ ба тобеинаш дастурҳо дода, ҳар якеро ба самти фаъолияташ созгор дар татбиқи бечунучарои сиёсати давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ муваззаф менамуд. Суханони самимӣ, пурҳарорат, оммафаҳм ва маънирас орӣ аз серталабӣ набуданд. Ҷавонмардӣ ва назокати роҳбарӣ хоси ӯст. Зердастонашро монанди акаву додар ва апаву хоҳар меҳисобад. Аз бозе ӯ ба ҳайси сарвар омад, аҳли коллектив хурсанданд. Ҳеҷ гоҳ худро аз дигарон боло намешуморад, ҳамдаму ҳамнафаси мардум мегардад. Аз хоксориву тавозуаш ҷумлагӣ ибрат меомӯзанд. Чаро ки худи Раҳим Санъат Асо аз волидайни бузургвораш ҳамин пандро ба гӯш гирифтааст: “Бачам, яке молу дигар вазифа мисли чирки дастанд. Ҳаргиз дили касеро маранҷон. Агар дасти афтодаеро бигирӣ, мо аз ту розием. “Ҳаҷ куҷо меравӣ, дилеро дарёб.”  Ҳамин панди эшон шиораш мондаасту то нафаси вопас чунин мемонад.

Инсонҳои хирадманд аксаран хушсухан ва анҷуманоро мешаванд. Ӯ аз ҳамин зумра буда, низоми коргузорӣ, талаботу масъулият ва уҳдадориҳои кормандонашро муназзам пайгирӣ менамояд. Дар коргоҳ ҳамеша аз накӯкорӣ, табиати покиза доштан, ҳимматбаландӣ, ростравӣ, ҳақталошӣ, маъракаороӣ ва садоқаташ лаб мекушоянд. Агар дар масъалае дармонанд, ба фаҳму даркаш нарасанд, зуд ба сарвари ғамхору дилсӯз муроҷиат менамоянд. Бале, то имрӯз ҳеҷ кас аз даргоҳи кориаш навмед нарафтааст.

Хисоли ҳамида андар вуҷудаш бармаҳал хона гузоштааст. Ӯ бо шири поки модар ба воя расида, дар муҳити одамоне зистааст, ки зотан сарбаланд омадаанд. Замоне аҳли байташон дар кӯҳистони биҳиштосои Сарихосор мезистанд. Бо гардиши фалак, солҳои муҳоҷирӣ ба ноҳияи Данғара кӯч баста, рӯзгори нав басар гирифтанд. Дар ин ҷо ҳамсояҳои хуб дарёфтанд, зеро худашон аз бунёд покзамиру оринажоданд. Ҳамон солҳо ва ҳамин ҳоло пораи нонеро бе мардум намехӯранд. Иқроранд, ки дар танҳоӣ об аз гулӯяшон намегузарад. Ҳамнишинӣ бо одамон ва дарду алами ҳамдигарро қисмат намудан ба дили инсон таскин ва неруи тоза мебахшад. Беҳуда “Заҳри одамро одам мегирад” нагуфтаанд. Чунки инсонҳо барои он таваллуд шудаанд, ки дар пастобаландиҳои зиндагӣ муттакову дастгири ҳамдигар бошанд.

Оре, аз хурдтарин пеша то вазоифи баланд расид, вале аз худ нарафт, дар миёни халқ буд. Чанд сол дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои фаъолият дошт. То ҳанӯз аз кораш хурду калон қаноатманданд. Ҳаргиз аз ҳадди эътидол бар манофеи хеш по нагузошта, иҷрои қатъии қонуну қарорҳои давлатиро муқаддам мешуморад. Ҳоло низ дар чунин паймон аст. Аз ибтидо сиёсати собитқадамона ва дурандешонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мепазирад. Медонад, ки давлатдорӣ кори саҳлу осон нест. Дар ин роҳ сарбозиву ҷонбозӣ мебояд. На ҳама сиёсатҳо то охир муваффақона ба анҷом мерасанд. Хушо, сиёсати оқилонаву мардумнавози ин абармард барои ҷаҳониён дарси ибрат шудааст.

Аз оғоз ин марди ҷонфидо то имрӯз дар ҷабҳаи мубориза ва татбиқи сиёсати давлат қарор дорад. Дидааст, ки бо чӣ ҷаҳду ҷадал ва сарсупурдагиҳои ватандорон ин мулк рӯ ба шукуфоӣ овардаву пиру барно дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ баҳри ободонии навоҳӣ, шаҳраку водӣ ё музофот, дар маҷмӯъ, кишвари азизамон-Тоҷикистон сидқан пайкор доранд. Дар ҷабҳаи набард по болои по нанишаставу ба ғайбати касе даҳон накушуда, бал ба хотири барқарории Ҳукумати конститутсионӣ боҷасорат дар сафи пеш мерафт. Медонист, ки ин раҳ садҳо хавфу хатар дорад, наметарсид, либоси низомӣ бар тан, дар хатти даргир мақсаду мароми ҳукуматдоронро ҳимоят мекард, сиёсати бунёдии Сарвари давлатро  мефаҳмонд, ҳиссаи шаҳрвандӣ мегузошт.

Ӯ ба сурати зебову мубаррои дохили чаҳорчӯби бари девор нигариста, ба андеша меравад. Мактаби Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои ҳамагон оинаи ибрат мехонад. Бо тақозои масъулияти шаҳрвандӣ барои ҳимояти Меҳани озод ва дифои мулки ободаш ҷавонмардона бархоста буд. Некӯ сарфаҳм рафта буд, ки ин ҷанг бо дасисаи курситалабони дохиливу киш-киши хоҷагони бурунмарзӣ тарҳрезӣ шудааст. Мешуд, ки бе ҳай-ҳаю доду вой пеши роҳашро чим зад, вале кор аз кор гузашта буд. Оби ба замин рехтаро ғундошта намешавад. Охируламр, салоҳи корро фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷонфишониву худфарсоӣ пайдо намуд…

Ӯ тавонист, ки дар ҷабҳаи ҷавонмардӣ низ иддае аз ғофилону гумроҳзадагонро ба ҷодаи ростину ҳақпарастӣ биоварад, на бо зулму тааддӣ ва истибдод, балки бо лаҳни хушоҳангу малеҳи инсонпарварона, чун бародар бо бародар. Дар он шабону рӯзон сиёсати давлати тозабунёдро ба мағзи мардуми роҳгумзада гунҷондан кори басо душвор буд, сари ҳар қадам таҳқиру тардид шунида мешуд. Касе аз бинӣ боло гап мезад, ҳолаш ба табоҳӣ мерасид. Дар майдони тиру туфанг чизе ба кор намеомад, яъне ба масал “Ҷигари шер надорӣ, сафари ишқ макун”-ро ба ёд меовард. Ҳанӯз дар мағзаш андарзи волидайн мечархиду аз роҳи Ҳақ заррае берун по намегузошт.

Ҳар гоҳе чӣ дар маъракаҳои расмӣ ва чӣ дар маҳфилҳои омиёнаву суҳбатҳои ҷудогона аз ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ сухан оид мешавад, мурғи хаёли Раҳим Санъат Асо ба дуродур парвоз мекунад. Худаш кам сухан мегӯяд, бештар шунидан мехоҳад. Таҳаммулпазирӣ хоси инсонҳои дурандеш аст, на ҳар фард тоқати ба мусоҳиб гӯш фаро додан дорад…

Хуб дар ёдаш ҳаст, ки Иҷлосияи ХУ1-уми Шӯрои Олӣ дар толори Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд таҳлукабор гузашта, қисми зиёди вакилон барои табодули афкор ҳозир нашуданд. Лекин бисёриҳо дар қалбашон орзуи тахту минбардориро мепарвариданд, аммо аз мили камонҳо сахт меҳаросиданд. Маҳз Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар ин толори пурҳаросу пурбим бо сари боло ва иродаи сангин менишаст. Вақте ки вакилони мардумӣ бо як овоз ӯро ба маснади Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон хонданд, мавҷи қарсак толорро фаро гирифт. Ӯ бо дидагони аз шодӣ ва ҳаяҷон пурашк сӯи минбар рафт ва рӯ ба ҳозирон дастҳо пеши баргирифта, эҳтироми ҳамагонро ба ҷой овард ва дар пои Парчами миллӣ дузону заду онро ба дидаҳояш молида, ашкрезон бибӯсид. Бархе аз вакилони ҳассосдил дар баробараш ашки шодӣ рехтанд. Ин Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ба дарди дили мардуми азияткашида малҳам мешуд ва бо қудрати Офаридгори беназиру якто пуштибонӣ мекард…

Масири сисола паймудаи Президенти мардумӣ садсолаҳо дар дилу дидаи омма ҷойгузин шудаву бунёди роҳҳои оинасон ва нақбҳои ба истифода додааш аз ёдҳо зудуда нахоҳад шуд. Дар оинаи назари сиёсатмадори тавонманд ғами танҳо тоҷикон не, балки қисмати башарият пеши рӯст, баҳри беҳдошти иҷтимоъ ва фарҳангашон талошу иқдоми созанда пеш мениҳад. Ин аст, расми сиёсатмадорӣ дар арсаи байналмилалӣ!

Ӯ дар иҷрои фаъолияти зердастонаш сахт серталаб аст, вале ба ҳангоми хориҷ аз кор мӯнису меҳрубони ҳар кадом мегардад. Бишнавад, ки яке мариз асту ба табобат ниёз дорад, зуд паи доруву дармони ӯ мегаравад. Пагоҳӣ, пеш аз оғози кор аз тансиҳатияшон ҷуё мешавад. Дили ҳассосу беолоиши худотарсаш ба ҳама бандаи муъмин месӯзад, ҳаргиз кина намеварзад. Метавонад бадхоҳонро ҳам бо лафзи ширин бар худ моил гардонад. Бегонаҳо, берун аз идора ҳам номашро ба некӣ вирд меоваранду дар ҳаққи гузаштагонаш дуои хайр мегӯянд. Таъкидан мефармояд, ки ҳеҷ гоҳ аз кардаҳои хеш миннатгузор набошед. Хайру сахо боистӣ ҳамон тавре сурат пазирад, ки дасти рост аз чап хабар наёбад. Вай дар ҷодаи некномиву ҷавонмардӣ ва панҷаи сила гузоштан бар сари ятимон ба дигарон идиоли ҳақиқӣ шуда метавонад!

Бар ин боварем, ки кулли шаҷараи ӯ хоҷазодаву чашмсер ба дунё омадаанд. Апаи меҳрубонаш Зубайда-хола (ҷояш ҷаннат-ул-қудс бод!), бародаронаш Асфат, Қудрат ва Шафқат, ҷиянҳояш Сангимоҳ, Рустаму Аслам ва дигарон аз ҳамин роҳи одамдӯстиву меҳрнавозӣ гом бардоштаанд. Дар ҳар маҳфиле аз ин авлоди покзод ҳузур дошта бошанд, он ҷо шӯхиву ханда ва ҳазлу мутойиба пойбарҷост. Дар сархати ин хушгӯйиҳо албатта, бародари дилогоҳу маънирасашон Санъат меистад. Ӯро гули сари сабади маҳфилҳо метавон ном бурд. Ҳар як ҳарфу ҳиҷояш бо шӯхиву танзи намакин ба дилҳо менишинад, ба иззати нафси касе расидан намехоҳад ва ин хислати зиштро ҷоиз намешуморад. “Мард бояд рӯ ба рӯи мард бигӯяд, на дар ғоиби ӯ” -иддао дорад қаҳрамони матлаби мо.

Бе ситоиш, ӯ ҳини кор худро сарпарасти зердастон меҳисобад, берун аз дар ҳар кадоминро бародару хоҳар мехонад. Ҳатто рӯзҳои шанбе, баъди анҷоми меҳнати аҳлона-тозаву озода нигоҳ доштани саҳну атрофи Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даври миз ҷамъ омада,  аз каму кости рӯзгори ҳамдигарӣ воқиф мегарданд. Ин дидорбинӣ аз як тараф дар ниҳоди инсонҳо муҳаббати самимӣ доштанро илқо намояд, аз сӯи дигар, рафоқати коллективро қавитар месозад. На ҳар сарвари ташкилоту коргоҳ чунин ташаббускору иқдомгаро шуда метавонад.

Дар ҷодаи ҷавонмардиву хештаншиносӣ ва дилогоҳиву ватандорӣ ба роҳбари корозмуда ва содиқ ба халқу Меҳан Раҳим Санъат Асо комгории бештар хоҳонем.

Сипеҳр Абуабдуллоҳи ҲАСАНЗОД, адиб

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь