Ман зодаи Кобул ҳастам ва дар он шаҳр бузург шудам. Замоне ки мо кӯдак будем, як рӯз ҳам намешунидем, ки Наврӯз ширк аст ва ҷанда боло кардан дар мазори Шоҳ Авлиё ширк аст ва таҷлил аз ин рӯз куфр асту бидъат аст. Далели он ин аст, ки мо – мардуми Афғонистон ҳанафимазҳаб ва шиамазҳаб будем ва ҳастем. Дувум ин ки Афғонистон аз шимол то ҷануб ва аз шарқ то ғарб сарзамини авлиё, зиёратгоҳҳо ва хонақоҳу аҳли тасаввуф ва ирфон будааст. Муҳим ин ки Имом Абу Ҳанифа алайҳирраҳма, ҳаргиз нагуфтааст, ки Наврӯз ширк аст, бо ин ки худаш аз ҳамон сарзамин буд.

Вақте ба таърихи ҷангҳо ва лашкаркашиҳо назар меафганем, мебинем, ки ба ҳамон андоза, ки ҷанг ва ҷиҳод нукоти мусбат дорад, нукоти манфӣ ҳам дорад. Дар асари ҷиҳод дар кишвари мо аз нигоҳи тарзи тафаккури динӣ, чун Арабистони Саудӣ ҷиҳодро тамвил мекард, Афғонистон зери таъсири афкори ваҳҳобӣ ва салафӣ қарор гирифт ва гумоштагонашон, ки Толибон бошанд, ҳамон тафаккури мутаҳаҷҷири салафӣ ва ваҳҳобиро таблиғ карданд ва махсусан табақаи муллоро мағзшӯӣ намуданд. Ва яке он зиддият ба фарҳанги панҷҳазорсолаи сарзамини мо мебошад.

Ҳар чӣ, ки хилофи ақидаи ваҳҳобӣ аст, ширк ва куфр аст. Вақте мусулмонон хиттаи Хуросонро мусаллат шуданд, муҷассамаи Буддоро инфиҷор накарданд, аммо Толибон инфиҷор кард. Барои ин ки ваҳҳобӣ ва салафӣ ба фарҳангу таъриху бостоншиносӣ ҷузъитарин алоқамандӣ надорад. Ва инҳо ҳама назди ваҳҳобӣ ширк аст. Дар айёми адои ҳаҷ дидам, ки қабрҳои саҳобаи киромро ҳама мунҳадим кардаанд, зеро барои ваҳҳобиҳо зиёрат кардан ширк аст.

Афғонистон на танҳо кишвари авлиё ва бузургони дин, монанди Имом Абуҳанифа аст, яке аз ғанитарин кишварҳои ҷаҳон дар бахши таърихи бостон аст. Замоне, ки дар музеи Кобул чиҳилу се сол қабл хидмат мекардам, муҷассамаҳоеро мутолиа мекардам, ки аз нигоҳи ҳунарҳои наққошӣ ҳайратангез буд ва ҳамчу осор дар ҳеҷ нуқтаи ҷаҳон вуҷуд надорад. Таври мисол, муҷассамаи греку будик ва ё римии мухаллат бо ҳар ду юнонӣ ва буддоӣ.

Тавҷеҳоти ширку куфр ва бидъат имрӯз тасаллути ваҳҳобиҳоро, мутаассифона, дар кишвар нишон медиҳад, ки билохира баъд аз се кӯшиш муваффақ шуданд то ин сарзамини куҳани таърихиву бостонӣ ва фарҳангиро маҳор кунанд. Аввал дар аҳди амир Шералихон кӯшиш карданд то Афғонистонро ваҳҳобӣ созанд ва уламои вақти Афғонистон ваҳҳобиҳоро назар ба ақоиди мутаҳаҷҷирашон ба куфр гирифтанд ва ба зиддашон рисолаи “Шаҳоби соқиб”-ро навиштанд ва аз Афғонистон хориҷ карданд.

Бори дувум ваҳҳобиҳо кӯшиш карданд, ки дар замони амир Абдурраҳмонхон Афғонистонро ваҳҳобӣ созанд. Боз чун уламои Афғонистон аз Туркияи Усмонӣ ҷонибдорӣ мекард, ваҳҳобиҳоро ба куфр гирифтанд ва мухолифаташонро дар китоби “Тақвим уд-дин “, ки дар аҳди амир Абдурраҳмонхон ба чоп расид, ба нашр супурданд ва эшонро аз кишвар берун карданд. Бори севум ба марҳум сардор Муҳаммад Довуд наздик шуданд ва аммо он марҳуми аммор маркази ваҳҳобиро дар Афғонистон имзо накард.

Аммо дар даврони оқои Ашраф Ғанӣ, чун “мусалласи гуноҳ”, яъне Амрико, Саудӣ ва Покистон арзи андом кард, маркази ваҳҳобӣ ба Афғонистон роҳ пайдо кард ва эъмор шуд ва ба таблиғоти зиддифарҳангӣ шиддат бахшид.

Наврӯз як масъалаи табиат аст ва таҷлил аз табиат мухолифат бо дин надорад. Ҷолиб аст, ки суханони хандаоварро мехонем, ки чун Наврӯз мероси зардуштиҳост, ҳаром аст. Каъба ҳам тавассути куффори қабл аз ислом тавоф мешуд, пас имрӯз тавоф накунем, ки куффор тавоф мекарданд?

Вақте ислом ба хиттаи Хуросон расид, дар аҳди Ҷалолуддин Маликшоҳи Салҷуқӣ дар соли 467 ҳиҷрии қамарӣ Тақвими Ҷалолӣ, ҳамин тақвим, ки имрӯз сари кор аст, тадвин шуд. Муташаббиси ин тақвим Хоҷа Низомулмулки Тӯcӣ, нахуствазири мудаббир ва донои дарбори салҷуқӣ, Ҳаким Умари Хайёми Нишопуриро, ки риёзидони машҳур буд, ба ин кор гумошт. Хайём як риёзидони дигарро ба номи Абулаббос Лугарӣ, ки ӯ ҳам риёзидон буд, бо худ гирифт ва ба таҳқиқи ин кори нуҷумӣ ва илмӣ оғоз карданд. Дар натиҷа понздаҳи марти 1079-и исавиро тахмин заданд, ки аввали баҳор бошад. Баъд аз ҳисобу китоб дақиқтар мутаваҷҷеҳ шуданд, ки 21 март мусодиф ба аввали баҳор мешавад. Тақвими Ҷалолӣ ба асоси гардиши замин ба даври офтоб ва ҳиҷрати ҳазрати Муҳаммад (с ) тадвин шуд, ки се фоида дорад. Аввал, монанди ҳиҷрии қамарӣ ҳар сол даҳ рӯз тағйир намехӯрад, дувум, ин аз нигоҳи идорӣ ва махсусан муҳосибаи кишвардорӣ бисёр осонтар аст ва севум, мусодиф аст бо аввали баҳор, ки аз қадимулайём таҷлил мешавад.

Аз нигоҳи илмӣ рӯзи аввали баҳор, рӯзу шаб як баробар аст. Яъне equinox (эътидол) аст. Аввали сол аст, Наврӯзи бостонӣ аст ва муҳимтар ин ки исломӣ аст, яъне ба асоси ҳиҷрати Расули Карим (с) аз Макка ба Мадина тадвин шудааст ва билохира чаҳор фасл дорад, ки зироат ва кишту корро осон месозад. Солҳо Тақвими Ҷалолӣ истифода нашуд то шурӯъи қарни бистум, ки Афғонистон ва Эрон якҷо ин тақвимро ба ҷои тақвими қамарӣ истифода карданд ва аммо бо як тафовут, ки эрониҳо номҳои моҳро аз айёми қадим гирифтанд, монанди урдибиҳишт, исфанд ва ғайра, афғонистониҳо аз рӯи аломоти нуҷумӣ монанди асад, саратон, ақраб ва ғайра…

Фарид Юнус

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь