Алишер Қаноатзода, раҳбари Ансамбли “Тарона ва рақс”-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев 23-юми май, бахшида ба рӯзи ҷавонон шаби эҷодиашро бо Гулпарӣ Орифзода барпо мекунад. Мухбири “Фараж” бо ин маҳак ва фурсати муносиб ба ҷустуҷӯи ин ҳунарманд рафт ва перомуни ҳунари овозхонӣ, муҳити эҷодӣ, сурудаҳои хориҷӣ бо ӯ сӯҳбат орост. Қаноатзода дар студияи эҷодиаш буд ва суханро аз кӯлвори доштааш сар кард:

– Ҳар як ҳунарманд онеро ки дар кӯлбори худ дорад, бояд ҳар сари чанд вақт ба мухлисону ҳаводоронаш пешкаш созад. Ин аслан имтиҳон аст, имтиҳон дар назди як-яки шунавандагонаш ва аз ин ҳам бо сари баланд берун баромадан кори саҳлу осон нест. Мо ин шаби эҷодиамонро бо Гулпарӣ Орифзода, овозхони маҳбубу хушсадо ҳадя кардем ба ҷавонони хушзавқу хушзеҳн.

– Бубинед, аксари шабҳои эҷодии Шумо дар моҳи май гузаштааст. Чаро, ё магар ин рамзист?

– Ин нуктаро хуб дарк кардаед, ки аксари шабҳои эҷодии камина дар моҳи май будааст. Ин моҳи зебост ва ҷашнҳои зиёде ҳам дорад. Ҳоло ёдам меояд, ҳатто аввалин консертамро 1-уми майи соли 2001 гирифта будам ва минбаъд 9-уми май, 23-юми май гузошта мешуд. Нуктаи аҷибе ҳаст, ки маро водор карда, ҳама шабҳои эҷодиамро дар ин моҳ гузорам.

– Шумо раҳбари Ансамбли “Тарона ва рақс” ҳам ҳастед. Аммо аз ин пештар мегуфтед, чӣ гуна ин зинаҳоро тай кардед ва чаро сӯи ҳунар омадед?

– Ин саргузашти ман аҷиб аст: падарам бисёр мехостанд, ки овозхон бишавам, вале баъди хатми мактаби миёна аз Панҷакент ба Душанбе омадам ва ҳуҷҷатҳоямро ба Донишгоҳи тиббӣ супоридам. Дафтару китоби ин ҷо дар дастам буд. Падар медонистанд, ки майли ман ба ин самт беш аст, вале бо ман наёмаданд ва дар ин ҷо бо баъзе сабабҳо камина аз имтиҳон афтодам. Баъди он ба хидмати сарбозӣ рафтам. Қиблагоҳ то Хуҷанд ҳамроҳиам карданд ва баъди ба қатора нишастан аз он ки ман рӯҳафтода гаштам ва аз рӯи қаҳр ба сарбозӣ меравам, аз пасам кӯдаквор гиристаанд.

Пас аз адои хидмат ҳамон умеди кӯчаки падар маро ба боргоҳи Донишкадаи ҳунарҳои зебо кашонид ва 75-умин донишҷӯи ин даргоҳ шудам. Дуои падари раҳматиам пазируфта шуд ва умедҳои он касро баровардам. Имрӯз модар дар консертам иштирок мекунанд, ки 100 сол зиёд доранд ва ифтихор мекунам, ки суруди “Модар”-амро дар ҳузурашон хоҳам сароид.

– Дарвоқеъ, дӯстонатон гуфтанд, Алишер Қаноатзода Донишкадаи ҳунарҳои зеборо бо дипломи сурх хатм кардааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки давраи ҷанги шаҳрвандӣ будаву замони хурӯши бародаркушӣ. Чӣ дар ин давра Шуморо ба сурудхонӣ мекашид?

– Бале, чунин буд ва бо дипломи сурх камина ба Филармонияи давлатӣ роҳхат гирифтам. Вале сароғози хониши мо дар соли 1989 буд, замони хеле ором. Баъдан, ки ҷанги нангини бародаркушӣ сар шуд, муҳити Донишкадаи ҳунарҳои зеборо сарвари ҳамонвақтааш Тамара Абдушукурова хеле ба танзим дароварда буд ва аз ин боргоҳ касе сӯи майдонҳо намерафт. Ҳатто он кас хӯроки нисфирӯзии донишҷӯёнро омода мекарданд ва ба ошхоначӣ гуфта буданд, “касе пул надорад, хӯрокаш бидеҳ ва маблағашро ба номи ман навис”.

Бо донишҷӯён як – як кор мекарданд ва касе дар ин давра дар Донишкадаи ҳунарҳои зебо бекор намеистод. Радио хеле фаъол буд ва дар овони донишҷӯӣ ҳатто мо чандин сурудҳои худро сабт карда будем.

Вақте ба Филармонияи давлатӣ омадам, ин ҷо муҳити васеъро фарогир буд. Устодони санъати воло, мисли шоҳсутуни ҳунар Зафар Нозимов, Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов, Афзалшо Шодиев, Чиллахон Холов, Хосияти Зарафшонӣ, Олим Бобоев, Муродбек Насриддинов, Хурсандмурод Зарифов ин ҷо олами дигарро офарида буданд. Ҳар нафар самти хоси худро дошт ва дар ин байн агар роҳ наёбед, худро нишон дода натавонед, гум мешавед. Ба хотирам меояд, вақте дар назди устод Зафар Нозимов суруд мехондам, эҳсосоте фарогирам буд ва пешониам аз ҳаяҷон тар шуда буд. Он кас ин ҳолро дида, гуфтанд:

– Бачам, боке нест, ҳар гунае, ки мехоҳӣ – бихон. Саратро баланд гир. Дилатро пур кун. Ту хон, мо ислоҳаш мекунем, – ва баъди сукуте илова карданд, – мо ҳам як замоне ҳамин гуна будем.

Замоне мехостам нахустин консертамро баргузор кунам, устод Ҷӯрабек Муродов шабу рӯз дар канорам буданд ва сар аз ба саҳна баромадан то микрофонро доштан, суруд хондан, пеш рафтан, ҳамоҳанг сохтан, ҳатто хати меомадаро чӣ тарз гирифтан, хондан, посух додан ва аз “А” то “Я”-и саҳнаро омӯзонида буданд.

– Дар омади гап, дигар ҳамин муҳит ҳис намешавад…

– Ин ҷо бояд исте бикунем. Меандешам, заминаи ҳунар дар 3 фоизи нахустин аст: як фоиз – худодод; як фоиз – устоди хуб; ва як фоиз – саъю кӯшиш.  Мавлоно гуфтаанд:

Ҳеч кас аз пеши худ чизе нашуд,

Ҳеч оҳан ханҷари тезе нашуд.

Ҳеч Мавлоно нашуд Мавлои Рум,

То муриди Шамси Табрезӣ нашуд.

Устоди хуб фоизи марказӣ, ё худ пояи мобайнии нардбон аст, ки ҳунарварро ба зинаи болоӣ мебарорад. Ҳоло навбат ба мост, ки ин ҳунарро ба наслҳои баъдӣ гузаронем.

– Ақидае роиҷ аст, ки ҷои овозхон тӯй асту базм ва бас. Шумо бо ҳамин маҳдуд мешавед ва ин андешаро мепазиред?

– Не, ҷои сароянда саҳна аст. Тӯю базм ба соате мегузарад ва ҳама садову суруди ҳофиз бо ҳамин ҷамъбаст мешавад. Вале мақсади сарояндаи асил набояд пулу мол бошаду ду соати базм, балки ҳунар бошаду сурудаҳои мондагор.

– Ин шаби эҷодиатон аз гузаштаҳояш бо чӣ фарқ мекунад ва чӣ навгонӣ дорад?

– Ҳар маҳфил, консерт, шаби эҷодӣ бояд навгонӣ дошта бошад. Аммо шаби эҷодии навбатии мо куллан сурудҳои навро дар бар мегирад. Ҳамчунин, як блок ё худ қисми васеъи шаби эҷодиро сурудҳо бо 15 забони хориҷа дар бар мегирад. Аз ҷумла, суруди фаластини, туркӣ, қазоқӣ, непалӣ, озарӣ, ҳиндӣ ва монанди инҳо.

– Дарвоқеъ, Шумо аз сарояндаҳои камшуморе дар Тоҷикистон ҳастед, ки бо забонҳои зиёди олам суруд хондаед. Забони ин сурудҳоро то куҷо медонед ва чӣ тарз ин ё он сурудро интихоб мекунед?

– Ҳар як суруде, ки мо интихоб мекунем ва месароем, пеш аз ҳама аз мутахассис ва донандаи ин забон маслиҳат мегирем ва кори худро дар низом ва чаҳорчӯбае медарорем. Пас аз он суруд ва оҳангро аз назди донандагони ин навъи сурудҳо мегузаронем. Боз онро ба овозхони ҳамон забон ва ҳамон кишвар месупорем, ки бубинад, аз ҷиҳати матну оҳангу вазну гӯишу хониш латмае надошта бошад. Пас аз ҳамаи ин суруд омода мешавад ва манзури ҳаводорони оҳангҳои оламиён мегардад.

– Бо ин вазъ мушкиле барои Шумо пеш наёмадааст?

– Барои ҳунарманд 2 чиз муҳим аст: муҳаббат ва озодӣ. Албатта, овозхоне, ки ба кораш муҳаббат надорад, пеш рафта наметавонад ва буғзу рӯҳафтодагиву нокомӣ ҳамеша дар пояш аст. Озодӣ бошад, мисли парвози паранда, моҳии дар об буда, бояд барои ҳар ҳунарманд ва эҷодкор муҳайё бошад. Бо ин ду, ба гуфтаи бузургони зодгоҳи ман, “оламу одам гулистон мешавад”.

– Мавзӯоти онон чӣ аст ва мазмуни матни сурудаҳои худро ҳатман, ки медонед…

– Барои ҳар фард Ватан, озодӣ, муҳаббат ва ишқ азиз аст, махсусан барои ҷавони хунгарм. Ин натанҳо барои миллати мо, балки барои саросари оламиён аст ва борҳо мо дар таҷрибаамон дидаем. Вале барои сарояндае, ки худ, мухлисон ва дар сурудаҳои хориҷӣ, шунавандагонашро эҳтиром мекунад ва бар онон арҷ мегузорад, бояд бидонад, ки чӣ мехонад ва ин сурудаи ӯ чӣ мазмун дорад ва ба кадомин қишри ҷомеа равона мегардад. Ман низ ин ҷанбаъро ҳатман, ки ба инобат мегирам ва ба мухлисони худам эҳтиром мегузорам.

– Ҷолиб аст, ки бидонем, барои Шумо хониши суруд бо кадом забони олам хуш аст ва аз ҷониби мухлисон низ хуб пазироӣ гардида?

– Ҳар як забон лаҳну гуфтори худашро дорад. Аммо барои гӯиши мо забони ҳиндӣ хеле наздик аст ва лаҳни зебо дорад. Мо як дуэт бо ин забон дорем, ки ба ин зудиҳо клипи онро ҳам омода месозем, аз ҷониби мухлисонамон хуш пазируфта шуда буд. Ҳамчунин, ба ин монанд, дар чорабинии тантанавии сарони 27 давлати дунё дар Душанбе камина суруди фаластиниро сароида будам ва аз ҷониби меҳмонон низ хуб истиқбол ёфта буд. Бо ин таҷрибаҳо гуфта метавонам, сурудае, ки ба гӯишу тарзу услуби тоҷикона наздикӣ дорад ва мазмуну оҳанги хушу шунаво дорад, ҳатман аз ҷониби шунаванда ва ҳавасмандони ин ё он навъи мусиқӣ хуб пазируфта мешавад.

– Ҳис мекунед, ки ҳамин фазои сурудаҳои хориҷӣ аз ҷониби сарояндагони мо холӣ аст ва ё Шумо ҳамин қадарро кифоякунанда меҳисобед?

– Бале, дар олами муосир ва муносибатҳои дӯстонаи халқҳо ҳар чӣ суруд бештар бошад, беҳтар аст. Тасаввур кунед, шумо ба кишвари Ҳиндустон рафтед ва як овозхони ҳинду дар ҷамъомади тантанавӣ бо забони тоҷикӣ суруд хонд, чӣ ҳиссиёт ва фараҳ домани шуморо фаро мегирад, чӣ ифтихоре намекунед, чӣ аҳсанте намехонед. Ҳамин тавр, як ҳинду, озарӣ, фаластинӣ бо забону гӯишу лаҳни худаш суруде аз овозхони тоҷик бишунавад, чӣ эҳсосе дошта метавонад.

Ёдам ҳаст, чанд соли пеш дар ҳузури президенти вақти Қирғизистон камина суруди қирғизиро месурудам, ӯ чӣ қадар хурсанд шуда буд, кафкӯбӣ мекард ва ҳатто омада сӯҳбат карда буд ва акс мегирифт.

Ё замоне мо бо Гулпарӣ Орифзода дуэти ҳиндиро иҷро мекардем, як профессори ҳинду ҳеч бовар намекардааст, ки мо – ду нафар тоҷик ҳастем ва гуфта:

– Ин сурудро ду ҳинду месароянд, чӣ қадр зебо, бо ҳама сабку услубу қонуну қавоиди сурудаҳои ҳиндӣ…

Ҳангоме ки моро дид ва онро зинда ба профессор сароидем, чӣ қадр хурсанд шуда буд ва дасти моро мефишурд.

Ҳамин ҳолатҳо буд, ки моро ангеза медод, рӯҳбаландамон мекард ва мекӯшидем, сурудаҳои нав эҷод кунем. Ҳоло ҳам ин ҳама кифоя нест.

 – Имрӯзҳо аҳли зиёи кишвар аз ин нигаронӣ доранд, ки мазмуни сурудаҳои тоҷикӣ хеле паст рафтааст ва ҷомеаро ба сӯи нокуҷо мекашад. Ба андешаи Шумо матни баландмазмун чист ва қобили нигаронӣ ҳаст, ки сурудаҳои “сафсатаҳои манзум” (ибораи равоншиноси тоҷик) бештар мешавад?

– Мақсади ҳунар (новобаста аз он ки ҳунари театрӣ аст ё овозхонӣ) ва ҳунарманд баланд бардоштани савияи дониши ҷомеа аст ва кори ӯ, хоҳад – нахоҳад, бар ин замина мегузорад. Мазмуни матни интихобгашта дар ҳунари овозхонӣ бояд бомақсад бошад ва он инсонро ба кори хайр роҳнамоӣ бикунад, таъсир расонад, афкорро ба ҷунбиш биёварад. Агар ин гуна нест, кори бефоидае ҳаст.

– Барои Шумо комёбӣ таманно менамоям!

– Саломат бошед!

Мусоҳиб: М. РАҲМАТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь