Таъсири мусиқии Афғонистон бар мусиқии Тоҷикистон мавзӯи фарохест, ки дар мавриди он ҳарфҳое барои гуфтан ҳамеша пайдо мешаванд. Мусиқии Афғонистон бо таровати ҳиндувона ва лаҳни ширини дарӣ хеле рӯҳнавоз аст. Аз ин ҷост, ки таронаҳои ҳунармандони Афғонистон аз ҷониби сарояндагони тоҷик ҳамвора бозхонӣ мешаванд.

Сабабгори иншои ин матлаб ҳам як таронае буд, ки пайи ёфтани эҷодгараш мегаштам. Таронаи “То тура дидам”. Таронае, ки ҳунарманди тоҷик Шабнами Сурайё хеле зебо иҷро ва маҳз ин тарона ӯро ба шуҳрат расонид. Қабл аз ин, ки бо хонум Шаҳло Залонд дар тамос шавам, пеши худ ҳадс мезадам, ки ин тарона аз сохтаҳои оҳангсози номдори Афғонистон Ҷалили Залонд аст. Барои дарёфти ҳақиқат бо духтари Ҷалили Залонд – Шаҳло Залонд, ки овозхони саршиносест ва солҳост дар Амрико зиндагӣ мекунад, дар тамос шудам. Шаҳло Залонд тасдиқ кард, ки ин тарона аз сохтаҳои ноби падари бузургвораш аст ва бо таассуф қайд намуд, ки тӯли ин солҳо таронаҳои падарашро дар Эрону Афғонистон ва Тоҷикистон пайваста бозхонӣ мекунанд, вале зикре аз номи эшон намебаранд. Аз ин рӯ пеши худ ҳадаф гузоштам, то аз Ҷалили Залонд ва эҷодиёти монадгори ӯ дар ин навишта ёдоварӣ намоям.

Дар олами мусиқии форсизабон оҳангсозеро монанди Ҷалили Залонд пайдо наметавон кард, ки офаридаҳояшро ҳунармандони бешуморе аз Афғонистону Эрону Тоҷикистон то Ҳиндустону Покистон суруда бошанд. Аммо дар воқеъ исми Ҷалили Залонд барои дӯстдорони санъати мусиқӣ дар Тоҷикистон камтар ошност. Ин ҳам дар ҳолест, ки таронаҳои ӯ ҳамеша аз ҷониби ҳунармандони мо суруда мешаванд ва аз ӯ ҷойе зикр намешавад. Ҷалили Залонд кӣ буд ва аз ӯ чӣ таронаҳое барои мо ёдгор мондааст? Дар ин навишта мурур мекунем ба корҳои зиндаёд Ҷалили Залонд.

Устод Залонд ва мусиқии Афғонистон

Ҷалили Залонд дар Афғонистон ба унвони “ҳунарманди ҳанҷаратиллоӣ” шӯҳрат дорад. Унвони “устод” маҳз барои шаҳомати ҳунари волояш ҳамеша бо исми ӯ пайваст аст. Устод Залонд барои бисёре аз ҳунармандони мусиқии попи Афғонистон улгӯ буд. Махсусан барои “Булбули Шарқ” – Аҳмад Зоҳир. Овозхон ва муҳаққиқи тоҷик Ҷӯрабек Назрӣ, ки ифтихори дӯстӣ бо Аҳмад Зоҳирро дошт, дар хотираҳои худ аз боби он, ки Аҳмад Зоҳир дар оғози кори худ бештар аз эҷоди Устод Залонд месуруд ва ба ӯ пайравӣ мекард, ёд кардааст. Ин нуқтаро Султони Ҳамад – журналисти тоҷик низ дар таълифоташ, ки перомуни ҳаёту фаъолияти Аҳмад Зоҳир анҷом додааст, менависад.

Ҷалили Залонд соли 1935-и мелодӣ дар шаҳри Кобул таваллуд шудааст. Ӯ дар оилаи ҳунарпарвар ба воя расидааст. Мусиқиро пеши устод Абдулғафури Биришно омӯхтааст. Ҳанӯз дар замони донишомӯзӣ дар Радиои Афғонистон таронаҳои нахустинашро сурудааст. Ҷалили Залонд аз нахустин овозхонони омотур (худомӯз) дар риштаи мусиқии попи Афғонистон буд. Ӯ аз ҳамон авоил бо салиқаи иҷро ва садои зебояш шӯҳрат пайдо кард. Дертар ӯ бар симмати мудирияти бахши мусиқии Радиои Афғонистон расид. Дар шаклгирии мусиқии попи Афғонистон ва ё мусиқии муосири Афғонистон нақши Ҷалили Залонд бориз аст. Ӯ дар якҷоягӣ бо устодоне мисли Салими Сармаст  ва Нангиёлай аввалин оркестри мусиқиро дар Радиои Афғонистон таъсис додааст. Ҳамин гуна дар тарбияи ҳунармандони ҷавон, ки масири мусиқии попро пайгирӣ менамуданд, саҳм гузоштааст.

Ҷалили Залонд барои ҳирфаӣ ва академӣ шакл додани мусиқии попи Афғонистон заҳмати зиёде кашидааст. Устод Залонд бар он андеша буд, ки мусиқии асили ҳар як миллат маҳз фолклори он миллат аст. Аз ин рӯ ӯ ба ҷамъоварӣ ва таснифи таронаҳои фолклори Афғонистон машғул шуд ва талош намуд, то масири мусиқии Афғонистонро аз мусиқии Ҳинд ҷудо созад. Ӯ барои самту сӯ додани мусиқии Афғонистон бо мусиқии ҷаҳонӣ заҳамоти зиёде кашид. Созҳои ғарбиро аввалин шуда вориди мусиқии суннатӣ кард. Барои ҷавонони навроҳ ва ҷудо аз мактаби “Харобот” масири дурусти ҳунарро нишон дод. Инчунин ӯ дар ҷалб кардани занон ба ҳунари овозхонӣ дар Афғонистон корҳои чашмрасе анҷом дод. Аввалин шуда ҳамсари ӯ Соро Залонд ва хоҳари ҳамсараш хонум Жило рӯйи саҳнаи ҳунар омаданд ва роҳро барои дигар занони овозхон дар Афғонистон боз карданд.

Тасниф ва шакли дуруст додан ба оҳангҳои фолклор аз корҳои муҳиме буд, ки Ҷалили Залонд анҷом додааст. Тарзи мисол таронаи “Мулло Мамадҷон”, ки аз эҷодиёти халқ аст ва таснифоти мусиқии он аз ҷониби Устод Залонд сурат гирифта. Ин таронаро ҳунармандоне мисли Маҳваш ва Салмо Ҷаҳонӣ (Афғонистон), Пурон ва Гугуш (Эрон), Самӣ Юсуф (Бритониё), Сурайё Қосимова (Тоҷикистон) ва дигарон иҷро кардаанд.

“Ай шӯълаи ҳазин”, “Ай нигори ман”, “Мурғи озодӣ”, “Дилбаракам биё ба Кобул бурем”, “Эй Зуҳра, эй ситораи зебои осмон”, “Рафтем аз ин боғ” ва ғайра аз таронаҳои зебои мусиқии Афғонистон маҳсуб меёбанд, ки бо иҷрои худи Ҷалили Залонд шуҳрат ёфтаанд.

Дар бойгонии Радиои Афғонистон беш аз 700 тарона аз сохтаҳои Ҷалили Залонд маҳфуз аст.

Устод Залонд ва мусиқии Тоҷикистон

Аснои иншои ин матлаб бо як қатор ҳунармандони тоҷик, ки аз Устод Залонд хотираҳо доранд, дар тамос шудам. Бо устодони номдори санъати мусиқии Тоҷикистон мисли Дона Баҳром, Исмоил Назрӣ ва Давлатманд Холов.

Мусоҳибони ман танҳо аз таронаи “Эй сорбон” ёдовар мешуданду халос. Аз осори ҳунарии Устод Залонд хеле кам медонистанд ва бештар аз худи овозхонони Афғонистон ном мегирифтанд. Омили аслии инро ман дар канда шудани робитаҳои ҳунарӣ мебинам. Зеро Устод Залонд аз охири солҳои 70-уми қарни гузашта тарки Афғонистон мекунад ва то охири умр дар Амрико зиндагӣ мекунад.

Аз рӯйи нақли Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Исмоил Назрӣ, Ҷалили Залонд борҳо ба Тоҷикистон сафар доштааст. Махсусан дар солҳои 60-уми қарни гузашта. “Устод Залондро як бор дар Душанбе, замоне, ки ҷамъе аз ҳунармандони Афғонистон монанди Сорбон, Зоҳири Ҳувайдо ва Устод Хиёл бо сафари ҳунарӣ омада буданд, дидаам. Он замон мусиқие, ки ҳунармандони афғон иҷро мекарданд, барои мо нав буд. Таваҷҷуҳ ба осори Устод Залонд ва Устод Хиёл аз ҳамон замон пайдо шуд ва минбаъд ин таъсир дар мусиқии мо дида мешуд”, – мегӯяд Исмоил Назрӣ.

Давлатманд Холов – Ҳунарманди халқии Тоҷикистон дар суҳбат бо мо аз истеъдоди сарояндагии Ҷалили Залонд ёдовар шуд: “Устод Залонд дар сарояндагӣ ҳунари воло дошт. Садои ӯ тембри қавӣ дошт. Ӯ бо оркестр низ суруд мехонд. Ин хусусиёт дар оҳангҳои сохтааш низ дида мешаванд. Оҳангҳояшро хеле ҳирфаӣ сохтааст”, – зикр намуд, Давлатманд Холов.

Таронаи “Эй сорбон” (бар ғазали Саъдии Шерозӣ) дар Тоҷикистон бештар маҳбубият дорад ва он бо садои марғуладори ҳунарманди зиндаёд Зафар Нозим дар дилҳои мардуми тоҷик ҷо гирифтааст. Дар мавриди робитаҳои ҳунарии Зафар Нозим бо Ҷалили Залонд рӯзноманигори тоҷик Аҳмадшоҳи Комилзода чунин менигорад: “Вақте Зафар Нозим ба пораи дигари сарзамини фарҳангияш, ба Афғонистон сафар кард, мардуми ҳунардӯсти он диёр аз  ҳунару истеъдоди ӯ истиқболи гарме доштанд. Вай дар ҷараёни дидораш аз Афғонистон бо чеҳраҳои барҷастаи мусиқии он сомон, ба монанди Ҷалили Залонд, Хиёл ва Сорбон ошно шуд ва ин ошноиҳо бар зеҳну сабку сиёқи ӯ таъсири амиқе гузошт”.

Маҳз пас аз ин ошноӣ ӯ чанд таронаеро аз эҷодиёти Устод Ҷалили Залонд месарояд. Таронаҳои “Эй сорбон”, “Эй Зуҳра, эй ситораи зебои осмон” ва “Ай шӯълаи ҳазин”-ро Зафар Нозим бо садо ва сабки хоси худ дар сатҳи бало сурудааст.

Рӯзноманигори фақиди тоҷик Султони Ҳамад, ки солҳои зиёд рӯйи мусиқии Афғонистон, махсусан осори ҳунарии Аҳмад Зоҳир пажӯҳиш анҷом додааст, дар мавриди Устод Залонд чанд нуқтаи ҷолиберо менависад: “Ҷалили Залонд баъзе аз шеърҳои Мирзо Турсунзода, шоири фақиди тоҷикро низ хондааст, ки шеъри маъруфи “Чун ниҳодам пойи худро бар сари хоки ватан” аз ҷумлаи онҳост. Ба гуфтаи таронасарои маъруфи тоҷик Абдуллоҳ Қодирӣ матни шеъри ӯ – “Аввалин ишқам ту будӣ”, ки марҳум Аҳмад Зоҳир ба он оҳанги марғубе сохтааст, маҳз тавассути устод Залонд ба дасти Аҳмад Зоҳир расидааст”.

Ин ҷо мехоҳам ёде аз чанд таронаи Устод Залонд намоям, ки ҳунармандони тоҷик иҷро кардаанд.

Таронаи “Рафтем аз ин боғ” дар иҷрои Хуршеди Алидод дар Тоҷикистон шунавандагони зиёд дорад. Онро духтари ин ҳунарманд Ширинмоҳ Ниҳолова низ сурудааст. Ин тарона миёни ҳунармандони Афғонистон ҳамчун таронаи “маҷлисӣ” машҳур аст:

Рафтем аз ин боғ, ҳиҷри ту ҳосил,

Доғи таманно чун лола бар дил

Таронаи “Нозанини ошиқ” миёни шунавандагони эронӣ бо садои Нушофарин маъруф аст:

Нозанини ошиқ,

Ба дидорам биё ки

Лола-лола гулҳоро ба гулзор мебарам ман.

Нозанини ошиқ,

Харидорам биё ки

Тоза-тоза руъёро ба бозор мебарам ман.

Ин таронаро солҳои 90-уми қарни гузашта сарояндаи овозадори тоҷик Олег Фезов бо тағйири матн сурудааст, ки баъдан аз ҷониби Некрӯз Ниёзов ҳам сароида шуд:

Нозанини лаъли Бадахшонам марав ки

Тоза-тоза гулҳоро ба Кобул мебарам.

Маҳҷабини ганҷи Бадахшонам марав ки

Нола-нола диле ба таҳаммул мебарам.

Таронаи дигар “Дили девона” унвон дорад, ки аз ҷониби ҳунарманди ҷавон бо исми Камила Раҳимова иҷро шудааст ва муаллифи он Устод Залонд ишора шудааст:

Диле дорам, диле девона дорам,

Ғами бисёр аз ҷонона дорам.

Барои он ки аз ғамҳо гурезам,

Ба дастам то саҳар паймона дорам.

Устод Залонд ва мусиқии Эрон

Ҷалили Залонд дар Эрон ба туфайли таронаи “Эй сорбон” шӯҳрат пайдо мекунад. Замоне, ки гурӯҳе аз ҳунармандони эронӣ қабл аз Инқилоби исломии Эрон ба Афғонистон сафар мекунанд, таронаи “Эй сорбон”-ро  Гугуш дар Кобул иҷро мекунад. Ин сабт то ҳол мавҷуд аст. То ҳол Гугуш дар конертҳо ва суҳбатҳои телевизионии худ, барои ҳамсадоӣ бо миллати ранҷкашидаи афғон маҳз ҳамин таронаро иҷро мекунад.

Аз рӯйи нақлҳои Ҷалили Залонд солҳои қабл аз Инқилоби исломии Эрон ҳамасола ҷамъе аз ҳунармандони Афғонистон барои иштирок дар зодрӯзи валиаҳд ба Эрон сафар мекарданд. Ҳамин гуна ҳунармандони эронӣ барои таҷлил аз ҷашни Истиқлоли Афғонистон ба Кобул меомаданд. Ба ҳамин васила робитаҳои ҳунарии Устод Залонд бо ҳунармандони эронӣ дар ин сафарҳо шакл мегиранд.

Машҳуртарин кори ҳунарии Устод Залонд дар Эрон таронаи “Ман омадаам” дар иҷрои Гугуш аст. Матни ин тарона моли фолклор буда, оҳангаш аз ҷониби Ҷалили Залонд тасниф шудааст. Қиссаи сурудани ин таронаро хонум Гугуш дар як барномаи телевизионӣ ба таври зайл тавзеҳ медиҳад: “Шабе Ҷалили Залонд дар Теҳрон, дар хонаи ман меҳмон буд. Ин таронаро аввал худаш бо ҳормуния бароям сароид ва сипас ба ман ҳадя дод. Субҳ ба студия рафтам ва онро забт кардам, ки ба “мегахит” табдил шуд”.

Таронаи дигаре аз Устод Залонд, ки дар Эрон зиёд маъруф аст, таронаи “Вақте ошиқ шавӣ рози дилата гуфта натонӣ” аст, ки рӯйи шеъри Абдулло Шодон сохта шудааст. Устод Залонд аслан ин таронаро барои духтараш Суҳайло ки ӯ ҳам ҳунарманд аст, сохтааст. Замони дар Амрико зистани Устод Залонд хонум Ҳойида аз ӯ иҷозаи бозхонии ин таронаро мегирад. Ҳамин тавр ин таронаи зебо дар иҷрои Ҳойида машҳур мешавад. Соле қабл ин таронаро ҳунарманди баноми тоҷик Шабнами Сурайё низ бозхонӣ намуд. Таронаи “То туро дидам”, ки дар оғоз зикраш рафт, аз ҷониби Саттор – овозхони маъруфи эронӣ иҷро шудааст.

Ҷалили Залонд қабл аз Инқилоби исломӣ замоне бо хонаводааш дар Эрон зистааст ва корҳои муштараке бо ҳунармандони саршиноси Эрон монанди Дорюш ва Ромиш низ анҷом додааст. Дар ин замон ӯ бо таҳаввулоти шеъри форсӣ ошно мешавад ва ҳамчунин меҳмони хонаводаи Фурӯғи Фаррухзод мегардад. Бо хоҳиши модари Фурӯғ ва бародари ӯ Фаридуни Фаррухзод, ки шоиру сароянда буд, бар шеъри “Духтар ва баҳор”-и Фурӯғ оҳанг мебандад:

Духтар канори панҷара танҳо нишасту гуфт:

Эй духтари баҳор ҳасад мебарам ба ту.

Атру гулу таронаву сармастии туро,

Бо ҳар чи толибӣ ба Худо мехарам зи ту

Таронаи “Чашмонсиёҳ”, ки аз ҷониби Мансур иҷро шудааст, барои шунавандагони тоҷик бо иҷрои Аҳмад Зоҳир бо номи “Чашми сиёҳ дорӣ” маъруф аст. Ин тарона низ аз сохтаҳои Устод Залонд аст. Чанде пеш сарояндаи ҷавоне аз  Тоҷикистон бо исми Ёсамин Давлатова сурудеро зери унвони “Дилак” суруда, ки дар он қисмате аз ин оҳанг бо матни зер иҷро мешавад:

Сӯям нигоҳ дорӣ, меҳмонат шавам ман,

Оҳ чӣ бало дорӣ? Дармонат шавам ман.

Аммо зери ин клиптарона ҷойе аз Устод Залонд ёд намешавад.

Устод Залонд ва мусиқии Ҳинду Покистон

Ҷалили Залонд замони зиндагӣ дар Афғонистон симмати Раёсати мусиқии Радиои Афғонистонро бар ӯҳда доштааст. Аз ин ҷост, ки робитаҳои ҳунарии ӯ бо ҳанармандони кишварҳои ҳамсоя густариш меёбанд.

Ошноии Устод Залонд бо Нур Ҷаҳон – ҳунарманди шаҳири Покистон, ки лақаби “Маликаи тараннуми Покистон”-ро дорад, дар Афғонистон сурат гирифтааст. Хонум Нур Ҷаҳон барои иҷрои консерт ба Афғонистон меояд ва ин ошноӣ сабабгори тавлиди таронаи машҳури “Зад зи бераҳмӣ” мегардад.

Зад зи бераҳмӣ ба теғам ёр, ёриро бубин,

Сохт корамро ба захме, захми кориро бубин…

Ин тарона бо сабки зебои ҳиндӣ иҷро шудааст ва сабти он бо садои дилнишини Нур Ҷаҳон мавҷуд аст. Чанд сол қабл ин таронаро ҳунарманди ҷавон аз Афғонистон Фаҳими Фано бозхонӣ намуд.

Соли 1988 таронаи “Ман омадаам” аз ҷониби ҳунарманди овозадори ҳинд Ошо Бҳусле (хоҳари Лото Мангишкар) дар як филми ҳиндӣ, бо забони ҳиндӣ иҷро шудааст.

Ҷалили Залонд дар ғурбат

Фарзандони Ҷалили Залонд низ пешаи мусиқиро ихтиёр намудаанд. Ваҳид, Шаҳло ва Суҳайло Залонд аз ҳунармандони матраҳи Афғонистон ба шумор мераванд. Фарзанди дигари ӯ Фарид Залонд дар мусиқии муосири Эрон аз ҷойгоҳи хосе бархурдор аст. Ӯ барои сарояндагоне чун Гугуш, Ҳойида, Лайло, Эбӣ, Дориюш ва Саттор  оҳангҳои мондагоре сохтааст.

Ҷалили Залонд баъд аз Инқилоби савр маҷбур ба тарки ватан мешавад. Аввал ба Покистон ва сипас ба Амрико, ба иёлоти Колифорниё муҳоҷир мешавад. Идомаи кори эҷодии Ҷалили Залонд дар Амрико сурат мегирад. Дур аз ёру диёр. Солҳои зиёд барои муҳоҷирини Афғонистон дар Амрико барномаҳои консертӣ иҷро мекунад. Бо ҳунармандони ҳамзабони худ робитаҳои ҳунарӣ ба роҳ мемонад.

Билохира 30-юми апрели соли 2009 қалби ин ҳунарманди шӯридадил, ки садояш садои озодии миллату меҳанаш буд, дар синни 74 солагӣ аз тапидан боз мемонад.

Тӯли солҳои ғурбат Ҷалили Залонд ҳамеша бо ёду зикри ватани худ будааст. Афғонистони ҷангзада ва ранҷҳои ҳаммеҳанонаш бар рӯҳу равони ӯ таъсири амиқ гузоштааст. Ӯ то охири умр барои сулҳ ва иттиҳоди миллӣ дар Афғонистон садо баланд кардааст, ки ин нуқта низ дар эҷодаш рӯшан аст:

Аё эй мурғи озодӣ, садоятро шавам қурбон,

Баҳоят сели хун бошад, баҳоятро шавам қурбон

Ҳусайн Маҳмудов

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь