Гавҳари пурбаҳое, ки ба синаи хок рафт…

Хабари марги ногаҳонии Аловуддин Абдуллоро рӯзи 17 феврал дар фурудгоҳи шаҳри Машҳади  Ҷумҳурии исломии Эрон шунида, ҷои тассуроту шодиҳои сафар хонаи қалбҳоямонро ғаму андӯҳ фаро гирифт. Ҳамаи мусофироне, ки ба ватан бармегаштанд, аз шунидани ин шумхабар гирён шуданд. ..

Аловуддине, ки ҳама умр ба мардум хандаву шодӣ бахшида, рӯҳу қалбҳоро лабрези фараҳ менамуд, ғайриинтизор ҳамаро ғамгину гирён сохт. Охир ӯ фарзанди азизи ҳар як хонадони тоҷик буд. Ӯро дар Осиёи Миёна, дар бисёр ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, дар Афғонистону Эрон мешинохтанду дӯсташ медоштанд. Ҳунари волову истеъдоди баландаш, ҳазлҳои ширину намакинаш тавассути нақшҳо ва образҳои баркамоли офаридааш дар театру синамо ва силсилабарномаҳои рангини «Шӯхиҳои Аловуддин» марзҳоро убур карда, чеҳраи гарму нуронӣ ва хандаҳои беғашаш муаррифгари миллати дарёдилу хушзавқ, дӯстхоҳу дӯстпарвар ва некдилу меҳмоннавози тоҷик гашта буд.

Аловуддин Абдулло мисли Убайдуллоҳи Раҷаб дар риштаи ҳазлу зарофат бешак ҳунарманди дараҷаи аввал буд. Дар радифи ҳунарманди беҳамтову нотакрор, хушзавқу баландистеъдод буданаш ӯ ҳамзамон инсони басо неку некдилу покзамире буд. Хеле кам иттифоқ меафтад, ки як фард ҳам инсони хуб ва ҳам эҷодкори асилу тавоно буда бошад. Хоксориву хислатҳои наҷибаш, лутфу меҳрубониҳояш, фарҳанги баланди муоширату муносибати самимияш бо одамон, бо ҳампешагону мухлисонаш беҳтарин намунаи одоби накӯи инсонӣ буд…

Сад ҳайфу дареғ, ки ба ёди Аловуддини азиз акнун ноилоҷ вожаи хабарии  «Буд»-ро ба маънии замони гузашта истифода мекунем. Охир Аловуддин ҳоло барои иҷрои нақшу образҳои зиёде, барои амалӣ намудани як ҷаҳон орзуву ормонҳо ва нақшаҳои зиёди эҷодӣ, барои хандондану шод намудани мардум, барои фараҳу хушҳолии миллионҳо мухлисонаш, барои бо шӯхиву зарофат марҳам бахшидан ба ҳазорон қалбҳову дарду ғамҳои мардум (хусусан ғарибону муҳоҷирони меҳнатӣ), барои рушду нумӯъи санъати касбии тоҷик ками кам 20 соли дигар фурсат дошт… Дод аз дасти аҷал, ки моро аз як ганҷи бебаҳо, дурдонаи асили ҳунару зебоӣ, як ҷаҳони шодиву фараҳ, лутфи латиф, зарофату хушгӯиҳо маҳрум сохт…

Эй чарх, ҳама харобӣ аз кинаи туст,

Бедодгарӣ шеваи деринаи туст.

В-эй хок, агар синаи ту бишкофанд,

Бас гавҳари пурбаҳо, ки дар синаи туст.

Вале ба қавли азизе:

Ончунон зӣ, ки чу аз ҳодиса барбод равӣ,

Ҳусни маънӣ нагузорад, ки ту аз ёд равӣ.

Хуш ба ҳоли инсонҳое, ки мисли Аловуддини Абдулло, ки бо номи нек, бо шарафу ифтихори баланди инсонӣ ин дунёи пурҷафову фониро бидруд мегӯянду ба ҷовидон мепайванданд. Аловуддин дар умри 57-солаи худ дар ҷодаи ҳунар кори чандин садсоларо ба анҷом расонд. Ҳунарманди пуркору пурборе буд, ки пайваста меҷусту меёфт, месӯхту месохт ва ҳамеша дар «ҳоли тобу таб» (таъбири Низом Қосим), дар ҳоли эҷоду эъҷоз қарор дошт…

Ёд дорам рӯзи ҷанозаи ҳунарманди зинданом устод Ато Муҳаммадҷонов Аловуддин ба назди ман омада иброз дошт, ки ният дорад театри вилоятии шаҳри Қурғонтеппаро (ҳоло Бохтар), ба номи Атоака номгузорӣ кунад ва ин пешниҳоди саршор аз эҳтирому ихлоси самимонаи худро бо талошу пофишориҳо амалӣ сохт.

Мо низ изҳори умедворӣ мекунем, ки дар Хатлонзамин кохи фарҳанге, кӯча ва ё хиёбони ба унвони Аловуддин Абдуллозода номгузорӣ шаваду хамасола ба ёду гиромидошти ҳунару номи некаш озмуни ҷумҳуриявии ҳаҷвнигорону зарифон доир гардад…

Шод будан ҳунар аст,

Гар ба шодии ту дилҳои дигар бошад шод.

Зиндагӣ саҳнаи яктои ҳунармандии мост,

Ҳар яке нағмаи худ хонаду аз саҳна равад,

Саҳна пайваста ба ҷост.

Хуррам он нағма, ки мардум бисупоранд ба ёд …

Дар зер мақолаеро, ки ҳафт сол қабл ба ифтихори ин ҳунарманди асили театру синамои тоҷик навишта будам, чун ёдномае манзури мухлисону ҳаводорони ҳунари Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллозода мегардонам.  

 АЛАНГАИ ҲУНАРИ АЛОВУДДИН

Чашмандози мухтасар, вале басо ҷиддӣ ба ҳунар ва шӯхиҳои Аловуддини Абдулло

Субҳи 15-майи соли 1965 тақрибан соатҳои 5-у 43 дақиқа (Ин ба вақти пагоҳӣ бошад ё бегоҳӣ номаълум. Ҳаволааш ба муаллиф!) росташ дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар хонаводаи Абдуллоевҳо ҳодисаи ниҳоят аҷибу фараҳбахш рух дод.

Ҳангоми алангаи алови танӯри рӯи ҳавлӣ дар ин оилаи калон писараке таваллуд шуд, ки бо гиряи баланди худ ҳамаи аҳли хонавода ҳатто ҳамсояҳоро шоду хандон намуд. Ба ифтихори ба дунё омадани фарзанди панҷуми хонадон бародарон рубобу доира навохтанд, хоҳарон ба рақс омаданд, падар суруди шодиву таронаи «натоиҷ-ул-заҳмат»-ро тараннум намуданд. Алови базму тараб дар хонадони амаки Ҷаъфар чунон аланга зад, ки ба навзод Аловуддин ном гузоштанд. Дар ҳамовозӣ бо гиряи тифлонаи Аловуддин барномаи  ансамбли оилавӣ боз ҳам рангинтару ҷолибтар гардид. Ҳама хандон буданду ӯ гирён.

Ансамбли оилавӣ, шӯхиҳои падар, навозиш ва суруду рақсҳои бародарону хоҳарон ба ӯ ғизои маънавӣ мебахшиданд. Дар натиҷаи щӯхиҳои амаки Ҷаъфар бо холаи Соифа (Худо раҳматашон кунад) Аловуддин боз соҳиби додару хоҳарон гашта, дар байни 8-нафар фарзандони оила ӯ бо кунҷкобию ҳозирҷавобӣ, мушоҳидакориву тақлидкорӣ фарқу ҷойгоҳи хоса дошт. Ниҳоят соли 1972 ҳафтсола шуду якуми сентябри ҳамон сол амаки Ҷаъфар Абдуллоев дасти Аловуддинро гирифта ба синфи 1-и «а» -и мактаби миёнаи №6-и шаҳри Қӯрғонтеппа бурданд. Аловуддин Ҷаъфарович дар баробари 10-соли таҳсил фаъолияти эҷодии хешро бо тақлиду суханварӣ сайқал доду дод. Ин фаъолият дар маҳфилҳои бадеиву драмавии мактаб, озмунҳои шаҳриву вилоятии «Ғунчаҳои санъат» дар филми синамогарони рус «Агар хушбахт шудан хоҳӣ» ва ансамбли оилавии «Абдуллоевҳо» ҳамчун ровӣ ва тақлидгар паҳно гирифта, аз лиҳози ҳунар ва истеъдод рӯзафзун такмил меёфт.

Дар доираи хонавода ва дӯстону мактабиён ӯ бо тахаллуси «артист» маъруф гашт. Баъди дидани намоишҳои Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Қӯрғонтеппа ва шиносоӣ бо аҳли эҷоди театр дар дили Аловуддин шӯълаи меҳри ҳунару санъат ва интихоби касби актиёрӣ фурӯзон ва мустаҳкам ҷой гирифт. Ин буд, ки соли 1982 баъди хатми дабистон бе ягон дудилагӣ ӯ ҳуҷҷатҳои худро ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода супорида, бидуни дахолати ягон тағо ва бидуни пардохти ҳеҷ гуна пора донишҷӯи ин даргоҳи ҳунар ва зебоӣ гардид.

Дар Донишкада устодон Назари Назар, Марями Исо, Абдулҳафизи Қодир, Сорои Музофиршоҳ, Тағоймуроди Розиқ, шодравонҳо Низом Нурҷонов, Маҳрам Файзов ва дигарон барои аланга задани оташи маҳорату истеъдоди Аловуддин бо «ҳезуму ангишт»-и донишу таҷрибаи хеш сахтгиронаву ғамхорона мусоидат намуданд.

Агар ӯ дар макаби миёна бо меҳр хислату гуфтори муаллимони худро тақлид мекард, акнун шӯхиҳои бачагию наврасиҳояш ба шӯхиҳо ва тақлидҳои ҷиддитар, яъне аз лиҳози илмиву омӯзишӣ хеле асосноктар табдил ёфтанд. Акнун устодони маъруфи  Донишкада, арбобони намоёни фарҳангу ҳунари тоҷик ва шӯравӣ (хусусан устодон Низом Нурҷонов ва Ҳошим Гадоев) мавриди таҳқиқ ва тақлиди Аловуддин қарор мегирифтанд. Вақте ки тақлид эҷодкорона, бо истеъдод ва маҳорати баланд, дар пояи меҳру эҳтиром иҷро мешавад, он на боиси ранҷиш, балки мояи ифтихор ва фараҳу шодмонӣ мегардад.

Аловуддин соли 1989 донишкадаро бо дипломи ҳунарпешаи театр ва синамо хатм намуд. Нақшҳои дар спектаклҳои дипломӣ бозидаи ӯ Соддақул аз «Шаби гирифтани моҳ» -и М.Карим, Скапен аз «Найрангҳои Скапен»-и Ж.Б.Молйер, Франса Маман аз «Духтари арлезиани»-и А.Доде ҳар яке зинаи камолоти истеъдоду маҳорати касбии ӯ гардиданд.

Ӯ акнун бачаи калону қобиле шуда буд. Аз ин рӯ ӯро ба театр-студияи навтаъсиси «Нимҷазира», ки бо ташаббуси коргардони шинохтаи шӯравии тоҷик Валерий Аҳадов арзи ҳастӣ намуда буд, ба кор даъват намуданд. Иҷрои нақши посбон Жона дар намоиши «Антигона»-и Жан Ануй дар таҳияи коргардони ҷавону навҷӯй Барзу Абдураззоқов аз аввалин ва яке аз хотирмонтарин дастовардҳои эҷодии Аловуддин ҳамчун ҳунарпешаи касбӣ дар ин театр маҳсуб мешавад.

Аловуддини ҷавонро ифтихору шарафи бузурге насиб гардида буд, ки дар намоиши «Антигона» бо Ато Муҳаммадҷонов ва Соро Сабзалиева барин ҳунармандони маъруфи театру синамои тоҷик ҳамкорӣ мекард ва ин намоиш дар фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ- «Парасту» ғолиб дониста шуд. Соли 1990 ҳайати эҷодкорони намоиши «Антигона» бо даъвати роҳбарияти театри «Дӯстии халқҳо»-и Маскав ба Руссия сафар намуда, онро манзури тамошогарони сахтгиру ҷиддии шаҳри Маскав гардонид.

Нақши бозидаи Аловуддин ҳам дар озмуни «Парасту», ҳам дар имтиҳони сафари Маскав аз ҷониби мухлисони асили санъати театр баҳои баланд гирифт. Дар иҷрои нақш Аловуддин дар саҳна хеле сабук, озод ва табииву самимӣ амал мекард ва дар як муддати кӯтоҳ худро чун як ҳунарпешаи ботаҷрибаву соҳибистеъдод муаррифӣ намуд.

Баъд аз ин барои аланга задани оташи ҳунар ва шӯълаи истеъдоди Аловуддин «Нимҷазира» тангӣ мекард. Аз ин рӯ, ӯ соли 1991 ба Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон ба кор даъват шуд. Шаҳри тифлиҳову наврасиҳо, шаҳри орзуву ормонҳои модар, шаҳри шӯхиҳои падар, шаҳри оғозҳо боз писари шӯху зариф, фарзанди хушзавқу хушсалиқа, соҳибҳунару боистеъдоди худро чун ҳунарпешаи касбӣ ба оғӯш гирифт, то ба оғозҳои ӯ оғозҳои дигар, ба эҷоди ӯ эъҷозҳои дигар ато намояд.

Акнун оташи ҳунару истеъдоди Аловуддин дар танӯри кори душвору мураккаб, вале пурифтихори театр аланга мезад. Дар ин танӯр ӯ нақшҳо, образҳо, чеҳраҳо, хислатҳо, ҳолатҳо ва амалиётҳои мухталифро бо орду обу намаки истеъдод ва маҳорату малакаи баланд пазонда, рӯйи дастурхони саҳна, пешкаши мухлисону муштариёни саршумор мегардонид.

Кулчаву нонҳои пухтаи Аловуддин бо унвони Расул аз «Моҷарои имтиҳон»-и А.Атобоев, Кали зирак ва «Бойи золим ва Кали зирак»-и П.Сатторӣ, Духтури чашм аз «Шоҳ»-и С.Мрожек, Ҳақдодов аз «Садқаи санъат шавад»-и А.Азимов, шайх Муслиҳиддин ва «Ҳазрати Амирҷон»-и С.Сабзаев, Скапен аз «Найрангҳои Скапен»-и Ж.Б.Молйер, Султонбек аз «Аршин-мол олон»-и У.Ҳоҷибеков ва ғайраро муштариён бо иштиҳо ва завқи беҳад истеъмол намуда ҷаҳон-ҷаҳон лаззат мебурданд.

Вале на ҳар як бинандаву ҳаводори ҳунар медонад ва ё эҳсос мекунад, ки барои офаридани ҳар як нақш Аловуддин чӣ қадар сӯхтанҳою гудохтанҳо, обутобҳову заҳматҳо, машаққату бедорхобиҳо ва ҷустуҷӯҳои эҷодии дар замири қалбаш ниҳон бударо дар пеши назари тамошобин ифшо месозад. Аммо барои тамошогари театр ин чандон муҳим нест. Муҳим он аст, ки ӯ аз бозии ҳунарпеша лаззати маънавӣ бибарад, аз намоиш дастуре, ҳикмате, ғановати бадеӣ, бардоште дар андешаву афкори хеш ҳосил намояд, дар қалбаш, дар замираш шодиву фараҳ, эҳсоси хушу гуворо, гармиву ҳарорат ва ангезаҳои мухталиф зуҳур кунанд. Аловуддин рисолати хешро дар саҳнаи эҷод ҳам чунин дарёфтааст.

Ҷавҳари истеъдоди табиӣ, озодии мутлақи ҷисму бадан дар саҳна, парвози андешаву афкор, мушоҳидакориву тобишҳои рангини ҳунари тақлид, имкониятҳои фарохи нутқу овоз, мимикаи чашму рӯй, дарки амиқи ҳолату ҳодисаҳои саҳнавӣ, муносибати озоду самимӣ бо ҳамбозиҳо, эҳсос ва гӯш кардану фаҳмидани ҳампеша дар саҳна ва дигар василаву омилҳои ҳунарӣ Аловуддинро дар иҷрои нақшҳои мухталиф комёбу муваффақ гардонидаанд.

Ҳар як нақши иҷрокардаи Аловуддин, ки ба дараҷаи образ мукаммал шудаанд, таҳқиқу таҳлил ва баррасии нақди театриро тақозо дорад, вале афсӯс, ки дар мо нақди театрӣ аслан вуҷуд надорад.

Агар паҳлуҳои мухталифи ҳунар ва истеъдоди Аловуддин барин ҳунарпешаҳои асил эҷодкорона ва ба таври касбӣ таҳқиқу баррасӣ шаванд, барои насли нави эҷодкорон, барои ҳавасмандону роҳҷӯёни ҷодаи ҳунар беҳтарин сабақу дастур хоҳад буд.

Дар ҳар намоиши бо хуни дил таҳияшуда Аловуддин чун меҳвар гуруҳи эҷодиро гирди хеш муттаҳид сохта, бо ҳарорату нерӯи ҳунар бори маънавию ғоявии асарро бар дӯши худ гирифта, аз ҳайати ҳунармандон ансамбли мукаммалеро созмон медиҳад. Аз инҷост, ки Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Қурғонтеппа дар қиёс бо дигар театрҳои музофотии кишвар ҳамеша дар фазои эҷодӣ қарор дошта, дар саҳнаи он ғайрату сарсупурдагӣ, муҳаббату садоқат ба касбу ҳунар пайваста гарму фурӯзон аст.

Дар радифи кори сангини эҷодӣ аз соли 2004-ум боз Аловуддин Ҷаъфарович, масъулияти гарони маъмурӣ, сарварии театрро ба зимма дорад. Ба ақидаи Наполен лашкари бузургеро сарварӣ кардан осонтар аст, аз он ки масъулияти роҳбарии гурӯҳи эҷодиеро ба дӯш дошта бошӣ. Ин бори гарону сангинро Аловуддини Абдулло бо иҷрои рисолати хеш ҳамчун ҳунарманд, инсон, ҳампеша, ҳамкор, дӯст ва шахсият ба дӯш гирифтааст. Ин борро ӯ бо нерӯи ҳунару ҷаззабаи шӯхӣ сабук мегардонад.

Шӯхиҳои Аловуддин маҳсули мушоҳидаҳои ӯ бо ҳамбастагии санъату истеъдоди табиии ӯст. Ҳунари тақлидгарӣ, ки аз овони хурдӣ дар хуну вуҷуди Аловуддин ҷой дошт, меҳвару ҷавҳари асосии шӯхиҳои ӯ мебошад.

Қаҳрамони «шӯхиҳо» одамони гирду атрофи мову шумоянд, ҳар кадом бо хислату рафтор, гуфтору пиндори мухталиф аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Дар саҳна як Аловуддин бо чанд чеҳраву хислат нақш меофарад, ки бинанда аслан як нафар будани иҷрокунандаро фаромӯш мекунад. «Шӯхиҳо»  бештар дар заминаи мушоҳидаҳо, ҳодисаву қиссаҳои воқеӣ, зарофату латифаҳои мардумӣ эҷод мешаванд, ки зуд ба дили мардум роҳ меёбанд.  Меъёри забон дар «шӯхиҳо» бисёр хубу ба ҷой риоя мегардад.  Забони «шӯхиҳо» асосан адабӣ буда, лаҳҷа ва гӯишҳои  мардумӣ хеле эҷодкорона ва мутаносиби муҳтавои саҳна ба маврид истифода мешаванд. Махсусан лаҳҷаи мардумони турктабор (лақайҳо) ва лаҳҷаи мардумони манотиқи мухталифи кишвар аз забони қаҳрамонони Аловуддин хеле ширину гуворо ба гӯш мерасанд, ки  бо нерӯи истеъдоду ҳунари волояш боиси ранҷиши хотире намегардад.

Тавре, ки ишора кардем, сабаби асосии писанди ҳамагон шудани «шӯхиҳо» ин маҳорату истеъдоди табиии Аловуддин мебошад. Истифодаи имкониятҳои фаннии телевизиону синамоӣ низ яке аз сабабҳои вижаи комёбу муваффақ гаштани «шӯхиҳо» маҳсуб мешаванд.

Барои иҷрои нақши занҳо Аловуддин мӯйлабҳои зебои худро борҳо қурбони теғ гардонидааст. Нақшҳои занонаи ӯ мисли ҳамаи қаҳрамононаш оддиву самимиву табииву беозору шодибахшу фараҳафзоянд.

Дар ҳамаи саҳнаҳои «шӯхиҳо» Аловуддин ҳам муаллиф, ҳам коргардон, ҳам рассоми пардозгар ва албатта иҷрокунандаи қариб ҳамаи қаҳрамонҳост. Ёварону шогирдон ва аъзои доимии барномаи «шӯхиҳо» ба мисли Маҳмадулло Кабиров, Ардашер Абдуллоев, Отахон Абдуллоев бо ширкати худ муҳтавою ғояи саҳнаҳои алоҳидаро комил месозанд.

Дар эҷоди «шӯхиҳо» ӯ аз кӯмаки моддиву дастгирии амалии бисёр дӯстон, аз ҳунари коргардонии Станислав Макиевский барин ҳаммаслакон сипосгузору сарфароз аст. «Шӯхиҳои Аловуддин» дар ҳоле, ки зиндагӣ сахту номард аст, ба дардҳои рӯҳиву ҷисмонии ҷомеа ва мардум доруву дармон аст. Ӯ мехоҳад бо ханда ба захмҳову дардҳои мардум шифо баҳшад, давои дарду доғҳои ҷомеа гардад. Мусаллам аст, ки хандаву фараҳ беҳтарин омили қавӣ гаштани масъунияти бадан (иммунитет) мебошад. Аловуддин дар ин амали хайр муваффақ гашта бо ғайрату илҳоми хоса ин рисолати наҷиби хешро идома мебахшад.

Ӯ дар ҷодаи синамо ва тарҷума (дубляж)-и филмҳо низ комёбу муваффақ аст. Нақшаҳои офаридаи ӯ дар филмҳои «Падари моҳтобӣ», «Братан», «Тӯҳмат», «Чоҳ», «Муҳаббат» филмҳои телевизионии «Дар орзӯи падар», «Багаж», «Нисфирӯзӣ» силсилафилми «Хуррамдиёр» ва ғайра бо рангу ҷилло, бо ҷаҳони ботинии қаҳрамонон, хислату чеҳраҳои мухталиф басо диданиву хотирмон баромадаанд.

Овози ӯ дар тарҷумаи филмҳои «Бандии Қафқоз», «Ман бо духтаре вохӯрдам», «Ҷаноби Бин» ва ғайра бо хислату рафтори қаҳрамонон басо созгору мутаносиб афтодааст.

Ҳанӯз солҳои 80-уми асри ХХ шӯълаи ҳунари Аловуддин аз алангаҳои баъдина дарак медод. Барои хизматҳои пурарзиш дар ҷодаи санъати театр Аловуддин Абдуллоев соли 2006 бо дарёфти унвони «Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон» мушарраф гардид.

Дар озмунҳои ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту» борҳо барои беҳтарин нақши мардона ҷоизаҳо гирифтааст.

Барои хизматҳои шоиставу арзандаи худ Аловуддин Абдуллоев аз дасти Президенти кишвар медали «20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро гирифта, аз мухлисонаш як ҷаҳон ташаккур шунидааст.

Тавре ишора кардем, ҳунару истеъдоди Аловуддин табиӣ ва самимӣ буда, қаҳрамонҳояш хайрхоҳу хайрандешанд, чеҳраҳояшон гарму ошноянд, яъне басо мардумиянд. Аз ин рӯ соли 2013 Ҳукумати Ҷумҳурӣ ӯро бо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон мушарраф гардонд. Табиист, ки худи Пешвои миллат яке аз мухлисони самимии шӯхиҳои Аловуддин мебошанд.

Аловуддин адади ҷуфтро дӯст медорад ва дар фаъолияти оиладорию хонадорӣ низ ин шеваро гиромӣ доштааст. Ӯ падари шумораи ҷуфти фарзандон буда, ҳар як намоиш, ҳар як нақши офарида, ҳар як саҳнаву ҳар як шӯхии навбатиро низ чун тавлиди тифли нав азизу гиромӣ медорад.

Алови ҳунару истеъдоди Аловуддин сӯзанда нест, созанда аст. Шӯълаву алангаҳои он ба қалбҳо гармӣ ва равшанӣ ато мекунад, дилҳои мардумро моломоли фараҳу шодӣ мегардонад. Марому шиори зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии вай дар ин мисраҳои Жола Бадеъ таҷассум ёфтаанд.

Шод будан ҳунар аст,

Шод кардан ҳунаре волотар,

Лек ҳаргиз написандем ба хеш,

Ки чу як шаклаки беҷон шабу рӯз,

Бехабар аз ҳама хандон бошем

Беғамӣ дарди бузургест, ки дур аз мо бод!..

Бале, хандаи ӯ, шӯхии ӯ аз беғамӣ нест. Дар таҳти зарофату шӯхиҳои ӯ дард ниҳон аст. Аз ин ҷост, ки ӯ ҳунарманд аст, ҳунарманди асил аст…

Майи соли 2015.

Ортиқи Қодир, Ҳунарпешаи халқииТоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь