Чанде пеш  дар  толори “Боргоҳи Сухан”  маҳфили  адиб, олим ва рӯзноманигор Абдулқодири Раҳим баргузор гардид. Хушбахтона, дар ин нишаст намояндагони фарҳангу адабиёту ҳунар ва онҳое, ки суханро воло медонанд, иштирок намуда, баромад карданд. Адиб ва рӯзноманигор Абдулқодири Раҳим дар оғози маҳфил шукргузорӣ аз роҳбари давлат ва сулҳу ваҳдати кишвар кард. Дар маҳфил адибону ҳунармандон баромад намуда, аз сатҳи баланди маънавии эҷоди эшон сухан гуфтанд. Ман низ аз даврони бачагӣ ва донишҷӯии адиб ёдовар шуда, печу хам ва шебу фарозҳои зиндагии  ӯро кӯтоҳ рақам задам.

Афсӯс, ки  хеле дер бошад ҳам, хушбахтона бо шарофати дӯстӣ бо шоиру муҳандис Мирзо Шералӣ ва хоҳари муҳандисам Робия Завқиева бо устод  Абдуқодири Раҳим шинос шудам.

Боре меҳмонӣ рафта, хонаи хурдашро дар шаҳри Душанбе, пур аз китобҳои нодир дидам. Шиносоӣ бо оилаву фарзандонашон ва бо яке аз фарзандони сазовору бинодилу хушнавояш ба дӯстӣ мубаддал гашта, эҳтиромам нисбаташ афзуд. Ӯ толибилм асту аъло мехонад, вале ба ёрии падар ниёзи зиёд надорад.

Вале дар ин мақола сухан  аз боби худи Абдулқодири Раҳим аст. Бояд гӯшзад намоям, ки падари бузургвори эшон аз дӯстдории беинтиҳо аз эҷоди Абдулқодири Бедил фарзандашро Абдулқодир номгузорӣ менамояд. Ӯ дар оилаи серфарзанд ба дунё меояд.

Ҳаёти ин адиб дардолуду ғамангез ва пурпечу тоб аст. Ба зарбаҳои тақдир, ки ҳама аз санҷиши Ҳақанд, тобоварӣ намуда, имрӯз даст андар кор буда, ба халқу ҷомеа хоксорона хизмат менамояд. Мавсуф чанде пеш пешорӯи мо бо шаст соли камол чун устод, хирадманд, шоир, олим, нависанда ва рӯзноманигор ҳунарнамоӣ намуд. Бо ҳунари волои хеш аз эҷоди пурҷабҳааш сухан гуфта, шеърхонӣ кард, шӯхӣ намуд ва аҳли толорро мафтуни хеш сохт. Гуфтораш шукӯҳу шаҳомат дошт, тасвиру санъати суханаш, эҷодаш арзанда буд. Дилнишину шавқовар суханронӣ мекард. Маҳфилаш хеле хотирмон буд. Ҳаводорону ҳамдарсонаш аз сухани волову нобаш лаззат мебурданд, ба иродаи қавиаш ва хирадмандиаш қоил буданд.

Дар тӯли ҳаёту фаъолияти хеш адиб шеъру ҳикояҳои зиёду пурмаъно ва дилрас эҷод кардааст. Нигоштаву пешниҳодҳояш дар тарбияи маънавии ҷомеа саҳм гузоштаву хоҳанд гузошт. Шеъру  байтҳои зебову ноби форсиро рӯи қоғаз оварда, ҳамзамон, осори хешро рӯз то рӯз сайқал медиҳад. Доим дастандар кор буда, ба дигарон ёрии хешро дареғ намедорад.

Ёдовар мешавем, ки эшон муборизона дар рӯзномаи “Мубориз” – и ноҳияи Восеъ ва “Ҷумҳурият”, ҳамчунин пештар дар маҷаллаи “Фарҳанг” фаъолият карда, мақолаҳои зиёди хешро ба табъ расонидааст. Дар киоби “Назаргоҳи аҳли дил” як гуруҳ муаллифон аз ҳаёт ва фаъолияти эҷодии шоир, нависанда, олим ва рӯзноманигор Абдулқодири Раҳим маълумоти пурра додаанд.

Дар ин китоб тадқиқоти хубу хондание аз услубу истифодаи санъатҳои бадеӣ, волоияти сухан, маънии баланд ва дигар ҷиҳатҳои хоси офаридаҳои эшон сухан меравад.

Чуноне, ки онҳо зикр кардаанд, ӯ навиштаҳои хешро ба хотири касе ва ё сарвату шуҳрате нагуфтааст. Ҳамчун як фарди худогоҳу худшинос фақат дуои некеро дар ҳаққаш хоҳон асту бас. Ашъору навиштаҳояш китобҳои зеринро зебо гардонидааст: “Дурӯғи шабнам”, “Чароғи ошноӣ”, “Ҷилваи як нола”, “Нусхаи парешонӣ”, “Рӯшноӣ”. “Фиреби меҳр”. “Хилвати оина”, “Духтари афсонаҳо”, “Пайвандгари марзҳо ва дилҳо”, “Ашки сари мижгон”. “Назари лутф”. “Домони абр”, “Оби дари  хона тира нест”, “Рангҳо”, “Дигар дурӯғ нест”, “Шод зӣ, шод!”, “Гулҳои худрӯ” ва  “Раҳи ашк”.

 Сухане чанд боз аз ҷавонии Абдулқодир

Мутаассифона, барои рафъи беморӣ беш аз чор сол дар мавзеи Харангони ноҳияи Варзоб табобат мегирад.

Замоне ӯро ба зодгоҳаш меоранд, ки аллакай ба синни мактабхонӣ расида, вале аз забони модариаш қариб дараке намонда. Дар  табобатхонаи Харангон бо табибони рус русзабон мегардад… Ба ҳар ҳол, ин аввалин дарсҳо дар ҳаёти рангинии баъдии ӯ буд. Ҳангоми бозгашт ба зодгоҳ на танҳо суҳбати ҳамсолон ва калонсолонро хуб дарк намекард, балки сухани модарро низ намефаҳмид…

Ба Абдулқодири хушзеҳ як сол басанда буд, ки тоҷикзабон шаваду дар дарсазхудкунӣ дастболо гардад.

Ҳафт бародарон, аз ҷумла Абдуқодир, дар ҳафтсолагӣ аз гармии муҳаббату домони модар бенасиб мегарданд. Падар аз ноилоҷӣ эшонро ба мактаб – интернати шаҳри Кӯлоб мебарад. Ӯ баъд аз чанде, мутаассифона, аз тарбияи падар ҳам маҳрум мешавад. Чунин зарбаҳои зиндагиро шахсоне хуб дарк мекунанд, ки ин ҳолатро аз сар гузарондаанд.

Ба ҳаёти пур аз оби чашм ва азобҳои пай дар пайи зиндагӣ ва печу хами ҳаёти вазнин нигоҳ накарда, ӯ таҳсилро бо баҳои аъло давом медиҳад ва яке аз хонандагони беҳтарини мактаб шинохта мешавад. Ҳамон вақт меҳру муҳаббаташ ба осори адибони муосиру гузашта зиёд мегардад.

Хирман – хирман шеъри бузургони дину ойин ва адабиёти ниёгонро дар зеҳни худ ҷо карда, аз хурдсолӣ шеър мегӯяд. Албатта, шеърҳои гуфтаи замони мактабхонӣ шеърҳои соддаву барои кӯдакон буд, вале аз дигар ҷиҳат исботи худҷӯӣ ва аз завқи баланду истеъдоди худододии ӯ хабар медод.

Ин аст, ки ин раванд ӯро дар ҷавонӣ ба омӯхтани алифбои ниёгон ва хондану навиштани хати шикаставу настаълиқ мебарад. Дар ҳамон давра шеърҳои хуб эҷод менамояд ва дар мактаб аз дигарон ба куллӣ фарқ мекард.

Баъди синфи ҳашт Абдулқодирро ба омӯзишгоҳи маданӣ – равшаннамоии ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ)  раҳнамоӣ менамоянд ва эшонро онро баъди се сол бо баҳои аъло – дипломи сурх хатм мекунад. Албатта, дарсомӯзӣ ҳам дар мктаб – интернат ва ҳам дар ин омӯзишгоҳ барояш, ки азияти ҷисмонӣ мекашид, осон набуд. Ба ин нигоҳ накарда, бо ҳукми тақдир ва шавқу завқи зиёдаш аллакай ҷиддан ба навиштани шеър машғул мегардад.

Шеърҳояшро дар рӯзномаву маҷаллаҳои гуногуни замони шӯравӣ чоп намуда, бо бисёре аз адибони номдори кишвар шиносоӣ пайдо менамояд. Акнун Абдулқодир пасту баландиҳои зиндагиро сабурона тай карда, роҳи Донишгоҳи миллиро интихоб менамояд ва дар риштаи филологияи тоҷик ба омӯзиши ҷиддӣ мепардозад. Аслан, аз овони ҷавонӣ то ҳол дар омӯзишу навишт, гуфтору рафтор ва ҳаёти ҳамарӯза ӯ бо таҳаммул, озод ва дурандешона рафтор менамояд.

Шеър навиштану адиби асил шуданро ҳам аз ниёгони бузургамон ва ҳам аз омӯзгорони беҳтарини онвақтаи донишгоҳ меомӯзад ва хушбахтона, муваффақ ҳам мешавад.

Баъди хатми донишгоҳ мақсади рӯзноманигор шудан дошт, вале ҳангоми тақсимоти маъмулии онвақта лозим донистанд, ки ӯ ба ҳайси муаллим барои кор ба зодгоҳаш биравад. “Хушбахтона”, дар диёр ба ӯ кор ёфт нашуд ва ӯ бо розиги Ҳақ ба пойтахт баргашт ва корро дар Телевизиони Тоҷикистон ба ҳайси муҳарир оғоз намуд.

Аз шаҳр ба деҳа рафтан барои баъзеҳо зарба мебуд, ба шаҳр омадан мазмун дошт, вале барои Абдулқодир ин ҳолат чизи дуюминдараҷа буд. Бо сабаби он ки музди ночиз барояш басанда набуд, боз маҷбур аз шаҳр ба деҳа рӯ овард. Ин дафъа ба ноҳияи Нурообод. Дар мактаб зиёда аз чил соат дарс мегуфт. Ба ивазаш наздики сесад сӯми онвақта маош мегирифт. Ин маош дар он замон имкон дод, то андозае зиндагиаш хуб гардад. Бояд хотиррасон кунем, ки бо меҳнати ҳалол ва дарс гуфтанҳои аҷибаш назди мактаббачагон ва волидайни онҳо эҳтироми хосса дошт.

 Аз омӯзгории эшон қиссаҳои аҷиб боқӣ монда…

Вале маҷрои зиндагӣ самти хоси худро дошт. ӯро дар зодгоҳ интизор буданд. Соли 1987 оиладор шуд.

Дар ин миён “Маснавии маънавӣ” – и Ҷалолуддини Балхӣ дар зеҳнаш таъсиру илҳоми навиштани шеърро боқӣ мегузорад. Ва ин нақш то ҳол дар эҷодиёти адиб амиқан ҷилвагар аст. Ба ин маънӣ, Балхӣ устоди худинтихобу зиндаёди ӯ мегардад. Ҳоло, ки китобҳои ӯро варақ мезанем, маъниҳое аз бузургвор Балхӣ пеши рӯ меоянд.

Дар маҳфилҳои гуногун бо шеърхониву рафтори хоксорона аз дигар адибони замони хеш фарқ мекунад. Зеро ӯ адибу нависанда ва олимест дорои заковати ғаниву неруи баланди ақлонӣ ва фардест фавқулодда донишманд. Шаҳди суханро аз хазинаи шойгони ниёгонамон омӯхта, имрӯз бо рӯзгори нек ва қалби пур аз эҳсосоту саршори муҳаббат эҷодиёташро барои халқи хеш пешкаш менамояд.

Зиндагии ӯ қиссаҳои дарднок ва печу хами зиёди худро дорад. Ман қудрати он ғаму дардҳоро навиштан надорам.

Худро ором менамоям, чунки муҳаққиқону адибоне шуҳратманде чун Соҳиб Табаров, Шамсиддин Солеҳов, Гулрухсор, Муҳамммадалии Аҷамӣ, Абдулҳамид Самад, Ворис, Зиё Абдулло, Раҳими Қубодиёни ва даҳҳои дигар на танҳо достони зиндагии ӯро рақам задаанд, балки ба нозукии назму насраш, каломи волояш мафтун гардида, зиёд навиштаанд.

Навиштани ин мақола дар бораи фаъолият ва ҳаёти пур аз оби чашми ин фарзанди сазовори тоҷик бароям ҳам осон набуд. Агарчи чанд китобе аз боби ҳаёти дигарон навиштаам, вале худро дар навиштани ин мақолаи кӯтоҳ бо донистани ҳаёти вазнину пурарзиши Абдулқодире, ки ба қуллаи куҳи хирад расидааст, душворӣ кашидам. Ба ҳар ҳол, аз чархи тақдир ва Ҳақ Таъоло миннатпазирам, ки ин марди хирад тавонистааст, диққати маро ба ҳаёту фаъолияти худ ҷиддӣ банд намояд.

Хоҳишмандон метавонанд аз чанд китобе, ки ба сарнавишти қаҳрамони ин мақолаи хурди ман бахшида шудааст, ошно гарданд. Бовар дорам, ки аҳли зиёи кишвар аз бисёр  навиштаҳои Абдулқодири Раҳим бохабаранд ва онро мутолиа намудаанд.

Дар асл ҳам Абдулқодири Раҳим рангҳои зиндагиро хуб ҷило дода, онҳоро бо сӯзу соз, шӯру оҳанги дигар пешниҳоди хонанда менамояд. Аз ахтарони  иллму адаб тобишҳои бадеӣ ва дарси ниёгон истифода намуда, навиштаҳои худро дилкаш пешниҳоди хонандагон мекунад. Дар кадом соҳае, ки набошад, чи шоирӣ, чи нависандагӣ ва ё рӯзноманигорӣ, тавонистааст матлаби хешро бо сеҳри сухан ҳувайдо намояд. Бурду бохти зиндагӣ, шебу фарози он, дарди мардум, ору номус ӯро дардолуд намудаанд.

Ман бандаи он дамам, ки дарде дорам,

Аз ғуссаи халқ рӯи зарде дорам.

Рӯзе, ки ба дил намонад ин дарду азоб,

Чун ҷӯи харобаам, ки хушкидаст об.

(Хокироҳ)

Ҳаёт ва фаъолияти адиб, олим ва рӯзноманигор Абдулқодири Раҳим ва хаму печу рӯзгори рангинаш дастури омӯзандаест бо аҳамияти хосса барои ҷавонон. Ҳар ҷавоне, ки таманнои олим, адиб ва рӯзноманигор шудан дошта бошад, бояд дастовардҳои ӯро биёмӯзаду бидонад, он вақт дар бунёди кохи орзуҳояш гомҳои сазовору устувор мегузорад.

Дар пасманзари рӯйдодҳо ва талошҳои зиндагиаш ӯ самараи дилхоҳро ба даст овардааст. Аз Худованди муттаъол илтиҷо менамоям, ки умри дарози бобаракатро барои ӯ ва аҳли байташ арзонӣ дорад.

Мо дар маҳфили фарҳангии “Боргоҳи Сухан”, кори кӯчакеро бо супоридани нишони сарисинагӣ, ҷоизаи Сухан ва гузаронидани маҳфиле лозим донистем. Шояд идораҳои дахлдори дигар ва онҳое, ки ба қадри сухан мерасанд, низ ин иқдомро идома диҳанд. Абдулқодири хирадманду фурӯтан, хоксору соҳиби ахлоқи ҳамида ба ин муҳтоҷ нест. Ин моем, ки аз дил муҳтоҷи маҳфилу шунидани сухани волои ӯ ва ӯ баринҳоем.

 Бо иродат, Хокироҳи шумо – Бӯрӣ Карим

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь