Таъсири фалсафаи антиқаро дар инкишофи шуури фалсафии инсон баҳо додан душвор аст. Ватани маънавии антиқа Юнони қадим мебошад, ки бо сафарҳои ҳарбии Искандари Мақдунӣ дар асрҳои 3-4 то м. ҷаҳонбинии Юнони қадим дар қисмати шарқии Миёназамин (Осиёи Хурд ва Миср) ба таври васеъ интишор ёфта, дар асри 2 м. бошад ба маданияти Юнон маданияти Рими қадим низ илова гардид.
Ҷаҳонбинии антиқа дорои хусусиятҳои хосаи худ мебошад:
Афзалият доштани ангезаҳои эвдомонистӣ дар ҷустуҷӯҳои маънавии мутафаккирони юнонӣ (ба андешаи онҳо инсон бояд хушбахт бошад).
Ғояи ҳамоҳангии маънавӣ ва ҷисмонӣ. Ахлоқ дар Юнони қадим кӯшиш накардааст, ки ба мисли Ҳинди қадим барои пайваст шудан бо Худо аз болопӯши моддӣ раҳо гардад. Баръакс антиқа парастиши ҷисмро, ки барои дигар маданиятҳо тамоман ношинос буд, оғоз мекунад.
Самтнокии иҷтимоӣ доштани андешаи ахлоқӣ, робитаи ногустании ахлоқ бо сиёсат. Накӯкориҳои шаррвандӣ чӣ дар Юнон ва чӣ дар Рим қадрдонӣ мешаванд. Арзишҳои демократӣ низ нақши муайян бозиданд. Барои антиқа давлат ба мисли Чин ҳадаф набуд. Дар ибтидои антиқа тасаввурот дар бораи ваҳдати фард ва давлат интишор ёфта бошад, баъдан бо ҳам муқобилгузории олами ботинии инсон ва ҳаёти иҷтимоии ӯ пайдо шудааст.
Тавсифи муҳими ҷаҳонбинии ахлоқии антиқа ақлгаро (ратсионалӣ) будани он аст. Барои бо ҳадафи ниҳоӣ иттиҳод ёфтани инсони антиқа бартараф намудани модда ва ё ташкил намудани ҷомеаи комил шарт набуд: вай инро тавассути ақл татбиқ намуд. Олами ғайб, барои антиқа тавассути ақл шинохташаванда аст ва он дорои номи макони “оқилона” буд. Инсон қодир буд, ки чунин маконро мустақилона шинохта гирад. Ин далели он аст, ки инсон дорои арзиши муайян ва худмухтор буд. Аз ин ҷо, тасаввурот дар бораи инсон, ҳамчун инсони оқил ва рафтори маънавӣ ҳамчун рафтори оқилона бармеоянд. Илм дар бораи ахлоқ низ ба вуҷуд омадааст. Дар байни худшиносӣ ва камолот, саодат ва лаззати оқилона робитаи муайян вуҷуд дорад.
Антиқа ба оламиён чунин шакли дониши ҷамъиятӣ – илмро додааст.
Ахлоқи антиқаро метавон ба се марҳала ҷудо кард: архаистӣ аз асри 7 то 5 то м., дар ин давра ташаккулёбии аҳкоми ахлоқӣ оғоз ёфтааст. Классикӣ аз асри 5 то 4 пеш аз м. коркард ва ба низомдарории андешаҳои ахлоқӣ. Эллинӣ тахминан асри 3 то 6 м. Дар ин давра ахлоқи антиқа аз ҳудуди полисҳои (шаҳр-давлатҳои) юнонӣ берун мебарояд.
Дар фалсафаи антиқа муҳимтарин проблемаҳои назариявии ахлоқ матраҳ ва роҳҳои гуногуни ҳаллу фасли онҳо пешниҳод шудааст. Идеали оқилона, саодатмандӣ, шахсияти баркамол тарҳрезӣ шуда, дар тасаввуротҳои гуногуни рафтор: гедонизм (киреикҳо), эвдемонизм (Арасту, Эпикур ва диг.), аскетизм ва ригоризм (равоқиён, киникҳо, шаккокон), ратсионализми ифротӣ (Суқрот, Афлотун) ва ғ. инъикос ёфтаанд.
Зиёева ЗЕБО,
ходими илмии ИФСҲ