Консертҳои бошукӯҳ: аз дастовардҳо то нуқсонҳо

Ҳар кадоми моро зарур аст, ки ғамхориҳо ва дастгириҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро махсусан барои пешравии мусиқии касбӣ, тадбирандешиҳои дуруст, фароҳам овардани шароиту имконот сипосгузорӣ бикунем. Дар натиҷа мо дар андак муддат ба дастовардҳо ноил гардидем. Таъсисёбии оркестри нави симфонӣ, мукаммалсозии оркестри симфонии Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ва фаъолияти Консерваторияи миллии ба номи Т.Саттор ба рушди бештари мусиқии касбӣ мусоидат намуд. Дар консертҳои калони ҳукуматӣ ҳатман оркестри симфонии театр, дастаи хорсароёни он ширкат меварзанд. Мутахассисони ҷавони соҳа дар дохил ва берун аз кишвар тарбия меёбанд, такмили донишу маҳорат мекунанд.

Яъне дар ин ресто наметавон дастовардҳоро инкор намуд. Аммо ҳанӯз ҳам дар баргузории консертҳо, тарзи иҷро нуқсонҳое вуҷуд доранд, ки чун хорҳо дар миёни гулҳо ба назар мерасанд. Бешак, онҳо сабаби костагии соҳа мегарданд ва аз фориғболии масъулон гувоҳӣ медиҳад. Ҳамин тавр, консертҳо ҳама вақт бо нуқсонҳои саҳнавӣ гузаронида мешаванд. Яъне талаботҳои касбии мавҷударо махсусан коргардонҳо ё худ режиссёрҳо риоя намекунанд. Ҳол он ки иҷрои талаботҳои касбӣ аз ҷониби ба саҳнагузорандагон бояд ҳатман риоя шаванд. Сухан пеш аз ҳама дар хусуси консертҳои ҷашнӣ мебошад. Маълум аст, ки бисёр нуқсонҳоро фонограмма рӯпӯш мекунад, аммо ин монанд ба пӯшидани офтоб бо доман мебошад. Ба чашм аён аст охир, ки як гурӯҳи калони иҷрокунандагон аз микрофон (баландгӯяк) истифода намебаранд. Киро мефиребем? Худро? Оқибати ин ҳама ба чӣ меанҷомад? Оё дар ин бора андешидаем? Ин гуна консертҳо дар баробари намоиш додан баяд хусусияти тарғиботиву ташвиқотӣ ва тарбиявӣ барои рушди ҳунари касбӣ, муаррифии бештару беҳтари миллат бошанд.

Аз ҷумлаи нуқсонҳои дигари ин консертҳо, ки ба чашм аён аст, банд намудани тамоми саҳна аз ҷониби оркестри симфононист. Яъне чапу рост, пешу қафо пур аз навозанда аст, вале тавассути фонограмма. Ин дар ҳолест, ки на зиёда аз 8 соз шунавонда мешавад. Дар пеши оркестр бошад, иҷрокунандагони хорҳои умумӣ қарор мегиранд. Режиссёрон ҷой ё худ тақсимбандии иҷрокунандагонро мисли ин аст, ки намедонанд. Дар натиҷаҷойу замони баровардани овозҳо иваз мешаванд, рабти худро гум мекунанд. Масалан, овозҳои сопрана бо тенор, бас бо алф бояд якҷоя садо диҳанд, то ин ки ансамбл ташкил ва ҷӯрӣ пайдо шавад. Онҳо тенорро дар як кунҷ ва сопранаро дар кунҷи дигар, дур аз ҳам ҷой медиҳанд, ки ин хилофи тақсимбандии овозҳо ва талаботи касбӣ аст. Мутахассис ва шунавандаи огоҳ ин нуқсҳоро бармало эҳсос менамояд ва ба осонӣ хулоса мебарорад, ки режиссёр шахси ноогоҳ аз касбияти ин соҳа аст. Ба ҷуз ин, гурӯҳи мардҳоро дар як тараф ва гурӯҳи занҳоро қариб 20 метр дур аз онҳо, ки боиси ноҷӯрӣ ва ихтилофу парокандагии овозҳо мегарданд, ҷой медиҳанд. Ин хатоҳои одӣ ва бахшиданӣ нестанд, баръакс, ҷиддианд. Тамошобин, мутахассис аз амали мазкур ба ҳайрат меафтад, ки чӣ гуна дар ин ҳол овозҳо чӯр мешаванду мепайванданд ва ҳам чун иҷро бо фонограмма аст. Ин амали ноогоҳонаву ғайриҳирфаиро на танҳо ҳеҷ нафари огоҳ пазируфта наметавонад, балки аз он ба риққат меояд ва ҳам он ҷой ва сабаби хашму ханда мегардад.

Гурӯҳи хорсароёнро, тавре зикр шуд, пеш аз оркестри симфонӣ ҷой медиҳанд. Хор дар ин ҳол мусиқиро пахш мекунад, дирижёри оркестр аз чашми бинанда нихон мемонад. Ин гуна берабтӣ ва ногоҳӣ дар ягон кишвари дунё ба мушоҳида намерасад. То ба кай ин ҳоли ногувору дур аз касбият бояд идома биёбад? Миллатамонро ҳамин тавр бояд муаррифӣ бикунем, ки махсусан боиси хандаи намояндагони хориҷӣ бишавем?

Ва ё ҳеҷ вақт ҳеҷ мумкин нест, ки хор аз пушти дирижёр садо диҳад, яъне сурудхонӣ кунад. Аз пушти дирижёр тибқи талаботи касбӣ фақат то 7 нафар солист метавонад ҷой бигирад.  Солист мехонад, гарчӣ ишораи дирижёрро намебинад. Ин ҳолат ба тамошобин таъсири манфии худро намерасонад. Хор бояд аввал аз пушти оркестри симфонӣ гузошта шавад ва баъди он дирижёри гурӯҳи овозхонҳо ҷой дошта бошад.

Бо як нафас баргузории консертҳо ихтирои кадом як нафари ғайриҳирфаӣ ё худ касбӣ аст?! Билкул ин ғалат мебошад. Вақтро мехоҳанд, ки сарфа намоянд? Хуб, мақсад аз баргузории консертҳо фақат сарфаи вақт аст? Аҷабо? Барои 1 ё 1,5 соат, ки консерт идома меёбад, бояд саросема шуд? Дар ҳеҷ як кишвари ҷаҳон ба  чунин саросемагӣ роҳ дода намешавад. Инро магар онҳо барои кишвари мо ихтироъ намудаанд?

Фосила, то ба эълони суруди дигар аз рӯи талабот бояд вуҷуд дошта бошад. Дар ин муддат тамошобин фурсати тааммул ва хулосабарорӣ аз суруди иҷрошударо чаро бояд дар вақташ аз даст бидиҳад? Як номера тамом нашуда, иҷрокунандагони баъдӣ дар саҳна ҷойи худро мегиранд. Худи ҳамин ҳолат ба рафту рабти суруди иҷрошудаистода халал ворид месозад ва ҳам диққати тамошобинро ба худ ҷалб мекунаду дар хусуси номераи навбатӣ, инчунин, тарзи иҷро наметавонад, ки биандешад. Ин амалҳо нав пайдо шуданд. Пештар дар саҳнаҳои профессионалӣ дида намешуд ва ҳам инро раво намедиданд.

Оркестри симфонии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз панҷ со ласт, ки фаъолият менамояд, аммо барномаи консертӣ надорад. Дар тамоми дунё ин гуна оркестҳо вуҷуд доранд, аммо онҳо на ба ин маъниянд, ки консерт доир накунанд. Баръакс, масъулиятро беҳтару бештар эҳсос мекунанд ва барномарезиву консерт доир менамоянду ба тамошобин сари ҳар чанд вақт намоиш медиҳанд. Яъне дар таҳти сарпарастии махсуси президентанд, аммо консертҳояшон барои мардуманд. Ин ҳайати эҷодӣ тибқи талаботи муайянгардида дар дунё ақаллан  дар ду моҳ як консерт барои тамошобинон баргузор намоянд. Дар репертуар ҳатман асарҳои композиторони сатҳи ҷаҳонӣ ва маъруф, аз қабили Иоган Бах, Людвик Бетховен, Феликс Менделсон, Франт Шуберт, Иозиф Гаидн, Гектор Берлёз, Роберт Шуман, Фридик Шопен, Пётр Чайковский, Михаил Глинка, Сергей Рахманинов, инчунин, композиторони тоҷик Шарофиддин Сайфиддинов, Волфанг Мотсарт,  Ёқуб Сабзанов, Зиёдулло Шаҳидӣ, Дамир Дӯстмуҳаммедов, Фозил Солиев, Аъзам Солиев, Талаб Сатторов бояд ҷой дошта бошанд. Бе иҷрои асарҳои ин композиторон мавҷудияти  оркестрро бояд напазиранд ва эътироф накунанд.

Номи оркестр, охир, оркестри симфонист. Яъне ҳатман бояд классика навозанд. Мутаассифона, асарҳои композиторони классик ба репертуари он роҳ наёфтаанд.

Ба ҷуз ин, барномаи консертӣ ҳатман аз ҷониби мутахассисони асили соҳа санҷида шаванд. Дар як сол баргузории консерти ҳисоботӣ ҳатмист. Агар ин талаботи асосӣ иҷро нашавад, он оркестр оркестри фавтида маҳсуб мегардад. Тамоми оркестрҳои дунё тибқи ин талабот амал мекунанд, аммо риояи онро аз ин оркестри симфонӣ ҳеҷ масъуле намепурсад. Дар мавриди либосҳои саҳнавии он низ эътибор намедиҳанд. Ман аз фаъолияти Вазорати фарҳанг вобаста ба ин масъала ва мушкил дар тааҷҷубам. Ба куҷо менигаранд? Чӣ кор мекунанд? Аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тавре дар оғоз зикр шуд, тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд ва шароитҳои мусоидат барои фаъолияти дурусту густарда фароҳам гардидаанд. Аммо Вазорати фарҳанг барои вазифадор  кардани мутахассисони худ дар ин қисмат чораандешӣ намекунад.

Бояд махсус таъкид кард, ки дар ягон оркестри симфонии ҷаҳон навозандагону сарояндагон либоси сафед намепӯшанд, зеро ин ба ҳеҷ сурат мумкин нест, қабул нашудааст. Либоси сафед дар саҳна маънои санъати сабукро дорад ва он хоси консертҳои эстрадӣ мебошад. Аз он ҳам дар ансамблҳо, ҳам дар алоҳидагӣ ва якканавозҳо, яккахонҳо истифода мебаранд. Барои оркестри симфонӣ либоси ягона, яъне либоси сиёҳ, муқаррар шудааст. Тамошобин аз он мефаҳмад, ки барояш ҳатман мусиқии классикии ҷаҳонӣ пешкаш мешавад. Аз фаҳми нодурусташон масъулон ба нафарҳои дигар мувофиқи завқи пасти худ либосҳои сурх ҳам мепӯшонанд.

Боз мегӯям, ки ин ба ҳеҷ ваҷҳ мумкин нест. Муқоиса шавад, охир барои ҳарбиён як либоси махсус мавҷуд аст. Дидаед, ки шаҳрванди одӣ либоси ҳарбиро бипӯшаду ба кӯча барояд? Не, мумкин нест. Дуруст аст, ки дар баъзе аз консертҳо, хосса шабҳои эҷодии композиторон, ин оркестри симфонӣ баромад мекунад, аммо консертҳои мазкур консертҳои оркестр маҳсуб намеёбанд. Ин ба он монанд аст, ки як эҷодкор дар шаби эҷодии эҷодкори дигар баромад мекунад ва асареро пешкаши тамошобинон мегардонад. Бо дидани либосҳои сафед дар ин мавридҳо табъҳо хира мегарданд. Таҳаммули ин ҳолат барои мутахассисон ва донандагон бисёр вазнин аст. Ба ҷуз ин, оркестр оҳангҳои сабукро менавозад ё мусиқии фолклорӣ, ё оҳангҳои бачагона ва ё аз барномаҳои оркестри хонаҳои фарҳангиро. Ин оркестр мақому мансубияти баланд дорад ва вобаста ба мақому мансубияташ бояд фаъолият дошта бошад. Яъне талаботу меъёрро бояд шинохт.

Нуктаи дигар ин аст, ки мехоҳанд оркестри симфониро миллӣ намоянд. Миллӣ, яъне чӣ? Мутаассифиона, фаҳмиш дар бораи он нодуруст ва ҳам маҳдуд аст. Роҳбарияти оркестр мепиндоранд, ки чун як асари миллӣ  ва ё халқии тоҷикиро бинавозанд, оркестр миллӣ мешавад.

Инчунин, 2-3 сози мусиқии миллиро ба ҳайат ворид бикунанд, он миллӣ мешавад. Не, ин тавр нест. Панҷ аср аст, ки дар дунё оркестри симфонӣ вуҷуд дорад. Дар ин муддат боре он дигар нашуду мо мехоҳем дар асри шашум дигар намоем? Хусусияту шукӯҳи оркестр, умуман гум мешавад, аз байн мераванд бо чунин навовариҳову фаҳмишҳои ғалат.

Чанде пеш ба воситаи шабакаи телевизионӣ як номераи консертии оркестри симфониро дидам. Композитор оҳанги миллиро такмил дода ва овозхону навозандаи созҳои миллӣ дар 5-6 дақиқа 5-6 сози миллиро иваз мекунаду менавозад, ки ин барои оркестр билкул хандаовар ва гувоҳ аз ҷаҳл аст. Ғалати фоҳиш ба шумор меравад. Ғижжак баръало равшан  аст, ки бо скрипка ҷӯр нест ва ҷӯр шуда ҳам наметавонад. Диапазонҳои онҳо аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Сабаб чист? Грифи скрипка кӯтоҳ аст ва дар якҷо бояд навозанда позитсия бинавозад. Грифи ғижжак дароз мебошад ва навозанда наметавонад зуд аз боло ба поён ва баръакс, инчунин, ба ҷойи авввала бираваду ба авҷи калон бирасад.

Истифодаи 5-6 сози миллӣ ба чӣ хотир аст? Ба хотири худнамоишдиҳӣ, ки навозанда метавонад чанд сози миллиро навозад?

Дар баъзе аз кишварҳо дар оркестр сози миллӣ истифода мешавад, аммо ба нудрат, яъне бисёри бисёр кам. Барои ин композитор бояд махсус асар биофарад. Ӯ ба ин васила гуфтан мехоҳад, ки сози миллии кишвараш дар ин ё он қисмати асар чӣ таъсире гузошта метавонад. Аммо ин созҳои миллиро аз оғоз то анҷоми иҷрои оҳанг истифода намебаранд.

Ҷойи таассуф боз дар он аст, ки овозхонҳои халқӣ ва худфаъол бо оркестри симфонӣ асарҳояшонро пешниҳод мекунанд. Ҳол он ки онҳо солист нестанд, мактаби ҳунариро дар ин соҳа нагузаштаанду мутахассиси соҳа ба ҳисоб намераванду талаботу меъёрҳоро намешиносанд. Мутахассис барои ин, аз ҷумла дарси вокал, диксия, яъне нутки вокал, маҳорати сарояндагӣ, артистизмро гузаштааст. Тарзи истифода, либоспӯшии махсусро ӯ рияо мекунад.

Ягон овозхони халқӣ бо чунин баромадҳои ғайриҳирфаӣ набояд, ки обрӯи оркестри муҳташиму бообрӯи симфониро паст бизанад. Ин зидди талабот ва классикаи ҷаҳонӣ мебошад. Инчунин, ҳеҷ овозхон композитор нест. Асарро барои оркестри симфонӣ бояд композитор эҷод бикунад. Ӯро пас аз он зарур аст, ки бо дирижёр, оркестр кор кунад.

Албатта, оркестри мазкур овозадор нест ва мавқеи худро ҳанӯз пайдо накардааст, аммо бо чунин фаъолият ҳеҷ гоҳ пеш рафта наметавонад. Баръакс, обрӯи худро мерезонад. Агар нуқсҳо, камбудиҳои мавҷуда сари вақт рафъ нагарданд ва аз ҷониби мутахассисони Вазорати фарҳанг тадбирандешӣ нашаванд, ба яқин, он оқибати ногувор дорад ва миллати моро дар назди хориҷиён шоиста муаррифӣ карда наметавонад.

Ноҷӯрнавозиҳои оркестр агар мутахассисонро асабонӣ намояд, ҳатман завқи бе ин ҳам пасти шунавандаи одиро коҳиш медиҳад.

Дар даврони шуравӣ ҳамаи инро Вазорати фарҳанг назорат мекард. Он замон ду оркестр: яке дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ва дигаре дар Филармония давлатӣ фаъолият дошт. Гурӯҳи махсус (комиссия)-и вазорат рафта, репертуари театр ва иҷрояшро назорат  мекард, барои пешравии соҳа дастуру маслиҳатҳо медод. Дар натиҷа нуқсҳову камбудиҳоро рафъ менамуданд. Ҳоло Вазорати фарҳанг ба ин масъалаҳо таваҷҷуҳ намекунад. Ё мутахассис надораду ба ин соҳа ошно нестанд? Пас, ин чӣ гуна вазорат аст? Агар мутахассис доранд, барои чӣ фориғболанд ва фаъолияти ғайриҳирфаии оркестр беназорат мондааст?

Ҷойи тааҷҷуб боз дар он мебошад, ки ягон намояндаи ин вазорат барои дидани консертҳои ҳисоботии Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов, Консерваторияи миллии ба номи Талабхӯҷа Сатторов, Донишкадаи ҳунар ва санъати ба номи М. Турсунзода низ намераванд. Дар дигар консертҳо мераванд, аммо дар ин ҷойҳое, ки асарҳои классикони ҷаҳонӣ ва касбиро иҷро мекунанд, ширкат намеварзанд.

Воқеан, дар ин маврид бо дидани камбудиҳо, нуқсонҳо хомӯш мондан гуноҳест азим.

Холаҳмади МАҶИД,

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here