5-уми августи соли 1993 таҳти роҳбарии Бегмуҳаммади Асомиддин ва бо дастгирии “Хазинаи кӯдакон” театри нав бо номи “Афсона” таъсис ёфт. Мақсад аз таъсиси театр шод гардонидани кӯдакон буд. Фикри таъсиси театр замоне пайдо шуд, ки аз Тошкент гурӯҳи лилипутҳо ба Тоҷикистон омаданд.

“Афсона” театрест, ки тамоми ҳунармандони онро лилипутҳо ташкил мекунанд. Театри мазкур зиёд аз 10 ҳунарманд дорад, ки дар саҳна ҳунарнамоӣ мекунанд. Ғайр аз намоишҳои кӯдакона намоиши сеҳргариро низ метавон дар театри мазкур дид.

Ба нақли роҳбари театр Бегмуҳаммади Асомиддин, он замоне ташкил шуд, ки дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ мерафт ва аксар театрҳои ҷумҳурӣ аз кор монда буданд. Ба ин нигоҳ накарда, “Афсона” ташкил шуд ва ба гузоштани намоишҳои худ дар мактабҳои шаҳру навоҳии кишвар оғоз намуд. Дар ин баробар аксар маъракаҳои фарҳангии шаҳри Душанберо ҳунармандони театри мазкур обод мекарданд.

– Шукр, ки бо дастгирии Ҳукумат то ба имрӯз театр фаъолият дорад ва мо намоишҳои худро дар мактабҳо, мактаб-интернатҳо, дар боғчаи кӯдакон ва дар аксар гӯшаву канори Тоҷикистон гузаронида истодаем ва аз тамошои намоишҳои мо бачаҳо хеле роҳат мекунанд. Аксар вақт аз мактабҳову боғчаҳо ба мо занг зада хоҳиш мекунанд, то барояшон намоиш гузорем,- мегӯяд роҳбари “Афсона”.

Ба нақли Бегмуҳаммади Асомиддин, дар пайдо намудани актёрони лилипут он қадар мушкилӣ пеш наомадааст: “Ҷамъ овардани ҳунармандон ба театр он қадар мушкил набуд. Чун ман аллакай аз сафарҳои корӣ дар куҷо будани лилипутҳоро медонистам. Ба хонаи ҳар якеаш рафта, бо онҳо сӯҳбат карда, онҳоро ба ин кор ҷалб намудам”.

“Афсона” дар ҳақиқат ба мисли афсонаест, чун дар онҷо лилипутҳо аз боби ҷавоби некиву бадӣ ва оқибатҳои он ба тамошобин бо роҳи нақш маълумот медиҳанд. Дар ин баробар дар театри мазкур намоишҳои сеҳргарӣ низ ба роҳ монда шудааст, ки ин намоишҳо на танҳо кӯдакон, балки калонсолонро низ ба худ ҷалб месозанд.

Дар бораи “Афсона” аз ҷониби кормандони телекомпанияи “Мир” филми ҳуҷҷатие бо номи “Повсюду жизнь” (“Дар ҳама ҷо ҳаёт аст”) ба навор гирифта шудааст. Филми мазкур дар бораи ҳаёту фаъолият ва мушкилоти пасипардагии театр қисса мекунад.

Чаро маҳз “Афсона”? Ба ин суол таъсисдиҳандаи театри мазкур чунин посух дод: “Барои он ки кӯдаконро аз рӯзи аввал бо афсона тарбия мекунанд. Маҳз тариқи афсона ба кӯдак ғаюриву нотарсӣ омӯзонида мешавад. Афсона ба кӯдак аз мағлубияту ғолибият, фиребгариву ростгӯӣ қисса мекунад. Чун театри мо барои кӯдакон аст, қарор дода шуд, ки номашро “Афсона” гузорем ва бо пешниҳоди афсонаҳои рангин бобову бибии кӯдакон шавем”.

Таърихи театри мазкур лаҳзаҳои хотирмонеро низ дорост. Новобаста аз маҳдудияти худ ҳунармандон меҳри бузурге ба саҳна доранд.

– Боре ҳангоми тамрин хӯроки нисфирӯзи омода намудам ва ҳунармандонро ба хӯрок даъват кардам. Ҳамин асно яке аз ҳунармандон ба гилем пешпоӣ хӯрда афтид ва як дасту як пояшро шикаст (дасту пойи онҳо каме нозук мешавад). Аз дард ҳунарманд инони гиряро сар дод. Ҳамраҳаш ӯро дилбардорӣ намуда, гуфт:

– Сахт дард дорад, ки гиря карда истодаӣ?

– Не, ман барои он гиря дорам, ки нақши маро кӣ мебозад…

Чунон меҳре доранд ба саҳна, ки ногуфтанист,- нақл мекунад Бегмуҳаммади Асомиддин.

Давоми 30 соли фаъолияти худ “Афсона” бисёр дастоврадҳои бузургеро соҳиб гардидааст. Чандин нақшҳои моҳияти бузурги тарбиявӣ доштаро рӯи саҳна овардааст. Якчанд филмҳои тарбиявӣ низ ба навор гирифтааст. “Ҳамсинфон” яке аз филмҳои тарбиявии ӯ мебошад, ки аз тарафи тамошобин баҳои баланд гирифта, боиси таҳсину офарин гардидаааст.

30-юмин солгарди фаъолият муборак бошад!

Бахтиёр РАҲМАТУЛЛОЕВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь