Дар мақолаи навбатии хеш мехоҳам, ки диққати хонандаи закиро оиди фаъолияти бузургтарин овозхону ромишгари садаи бисти мардуми порситабор, устод Аҳмад  Зоҳир вобаста ба сурудани шеърҳо, ки аз  ашъори шуарои тоҷики  сарзамини имрӯзаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон сурудааст, андаке ҳам бошад ҷалб намоям.

Қайд бояд намуд, ки тибқи сарчашмаҳои мавҷуда Аҳмад  Зоҳир бо ханҷари ба истиллоҳ довудии хеш аз ашъори адибону шоирони бузурги адабиёти классикӣ ва ҳозираи форисизабон, мисли Мавлоно Ҷаллолидини Балхӣ, Шайх Саъдии Шерозӣ, Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, Абдулқодири Бедил то шоирони асри ХХ мисли  Маликушшуарои Баҳор, Эраҷ Мирзо, Халилуллоҳи Халилӣ, Фурӯғи Фаруғзод, Симини Беҳбаҳонӣ,  Зиё Қоризода   ва  ғайраҳо зиёд  хондааст.

Дар ин мақола бошад  кӯшиш менамоем, ки  дилбастагии ҳунарманд  Аҳмад Зоҳирро ба шоирони сарзамини имрӯзаи Тоҷикистони шӯравӣ нишон диҳем. Аслан нобиғае чун Аҳмад Зоҳир шеъри ноби порсиро зиёд хуш дошт ва чун ба эҷодиёти ӯ назар меафканем, мебинем, ки ин ҳунарманди нобиға  байни шурои Ирону Афғонистон Ҳинду Покистону Тоҷикистону  шоирони дигари порситабор ҳеҷ вақт сад намегузошт ва бо як муҳаббати хоса ва дилбастагӣ ҳамон ашъори зодагони  Бухорову  Ҳирот, Теҳрону Кобул,  Лоҳуру Деҳлиро бо  оҳанги рӯҳнавозу садои ширадору нарми порсӣ месуруд. Фардояш бошад ин оҳангу ин суруди хондаи овозхон ба дуриҳои дур парвозу дар дили миллионҳо порситаборону иронинажодони  дунё маъво гирифта  ба мардум  солҳо ғизои маънавиву рӯҳӣ ато мекарданд. Хосатан дӯстию ваҳдату ошноиро миёни хитаи бузурги Ориё ба бор меоварданд. Онҳо ҳамдилии   умимипорсию умумиирониро солҳо ба вуҷуд овардаву  ҳоло низ бо гузашти беш аз 44  соли пас аз  ба ҳалокат расониданаш,  вазъ ҳамон гуна пойдор аст. Суруду оҳангҳои офаридаи ин нобиға ҳамоно мисли даҳсолаҳо пеш дар ҳар як хонаи порсизабону иронитабор танинандозанд. Суруду оҳангҳои малакутию овози атои худовандӣ доштаи эшон чун як гимну яште барои ҷомеъаи бисёр бузурги  иронинажодони олам хизмат мекунанд. Ҳоло бошад ин ҷо мехоҳем, ки дар доираи шоирони Вароруд, қисмати ба ном тоҷикистонии он, қаламфарсоӣ кунем.

Нахуст иброз медорам, ки дар ин мақолаи таҳлилӣ, ман устод Абулқосим Лоҳутӣ, шоири саршиносу инқилобӣ, аломаи бузурги шеъри порсии асри ХХ-ро ба қатори шоирони тоҷикистонӣ ҳамроҳ менамоям, зеро устод яке аз саромадони адабиёти ба истилоҳ шӯравии тоҷик ва қаҳрамони миллии мо низ ҳаст. Шояд хонандагоне пайдо шаванду суол гузоранд, ки устод Лоҳутии бузург зодаи Ирон  аст. Оре, устоди бузург Лоҳутии ширинсухан таваллудгаштаи  хоки поки Ирон аст. Ба хушбахтии миллати тоҷик баъди  як исёни бузурги монанд ба  инқилоб, эшон  аз хоки ватани хеш  хориҷ гашт. Майор Лоҳутӣ, дорандаи ордени Ситораи Сатторхон  ҳамроҳи ҳамфикрону қувваҳои лашкарии инқилобгар  соли 1921 ба хоки Иттиҳоди Шӯравӣ пойи мубораки худро гузошт.Чун яке аз роҳбари фирқаи коммунистии Ирон, ки назди  Коминтерн нуфузи бузурге дошт,  баъдан  дар доираи роҳбарияти вақти сиёсии СССР, ки он замон сохтмони сотсиализму инқилобҳои коммунистиро дар тамоми курраи замин зери нақша дошт,  ҷой ва мавқеъи баланде ёфтаву барои тамоми маврдуми шӯравӣ, хосатан Тоҷикистони ҷавон хизматҳои бузургеро ба анҷом расонидааст. Ба андешаи банда то ҷаҳон ҳасту тоҷик асту Тоҷикистон, мо хизматҳои ин марди бузурги ҳамхуну ҳамзабони худро фаромӯш нахоҳем сохт!

Устод Лоҳутии бузург  фурӯ аз соли 1925  то вопасин давраи ҳаёташ, соли 1957 дар хизмати миллати тоҷик ва Тоҷикистон қарор дошт. Абулқосим Лоҳутӣ  дар шафати мардони бузурги сиёсат Нусратулло Махсум ва Шириншо Шоҳтемур  ва шахсияти фарҳангии миллат устод Садриддин Айнӣ барои миллати тоҷик, хосатан барои то  статуси ҷумҳурии иттифоқиро гирифтани Ҷумҳурии  мухтори Тоҷикистон хизмати волоеро ба анҷом расонидааст. Бояд гуфт, ки Абулқосим Лоҳутӣ бузургтарин шоири Шарқи  иронизабон баъди аломма Муҳаммал Иқболи Лоҳурӣ  низ арзёбӣ  мегардад ва ин мояи ифтихори ҳар як порсигуй низ ҳаст.

Устод Садриддин Айнӣ дар солҳои 30-юми асри пор ба эҷодиёти устод Абулқосим Лоҳутӣ баҳои баланд дода гуфта буд, ки  «Агар адабиёти форсу тоҷикро ба занҷирае нисбат диҳем,  пас як сараш дар дасти Абулқосим Фирдавсӣ ва сари дигараш дар дасти Абулқосим Лоҳутӣ хоҳад буд».

Ин баҳо башорат аз   бузургии устод Лоҳутӣ медиҳад.  Ба ҳамин хотир аст, ки номи устод Лоҳутӣ чун яке аз саромадони адабиёти шӯравии тоҷик ва  шоири бузурги Шарқ шинохта мешавад. Мо аз ин ифтихор дорем ва ифтихори мо боз аз он ҳаст,  ки бар  ашъори ин шоири шӯридадил, пуровоза ва инқилобӣ  Аҳмад Зоҳири бузург оҳангҳои дилнишин офаридаву басо ҷазоб сароидааст. Сарчашмаҳои мавҷуда ба он ишорат менамоянд, ки Аҳмад  Зоҳир ба ашъори устод Лоҳутӣ арҷи ниҳоят баланде мегузоштааст. Нахуст бояд гуфт,  ки Аҳмад Зоҳир  ба  шеърҳои  зиёди Лоҳутии зиндаёд  оҳанг баставу сароидааст. Тибқи сарчашмаҳои мавҷуда устод Абулқосим Лоҳутӣ  дар рӯйхати шоироне ки аз ашъорашон Аҳмад Зоҳир сароидааст дар ҷои аввал меистад. Бояд гуфт, ки дар китоби устоди  равоншод Султони Ҳамад «Аҳмад Зоҳир-султони қалбҳо» (Душанбе-2005) аз 15 шеъри хондаи Лоҳутӣ ёд шудааст. Дар ин асос ба  ӯ ягон шоирони муосир ва классик ҳампоягӣ карда наметавонанд. Бояд гуфт, ки тибқи навиштаи устод Султони Ҳамад, ки дар китоби арзишмандаш бо номи «Аҳмад Зоҳир ва  Мусиқии Ғарб» (нашриёти «Бухоро» соли 2012, Душанбе) дар нигоштае бо номи   «Шоҳвалӣ Валии Таронасоз» овардааст, аз рӯи  сухан ва тамосҳои дошта бо духтари устод Валии Таронасози Дарвозӣ, Фирузаи Таронасоз, ки ҳоло дар шаҳри Сан-Франсискои ИМА зиндагӣ мекунад, маълум мегардад,  ки падараш оҳангҳои зиёдеро барои таронаҳои Аҳмад Зоҳир офаридааст ва дар ин замина Аҳмад Зоҳир  дар 15 оҳанги устод Валии Таронасози Дарвозӣ боз 15 шеъри шоир Валии Таронасозро мехондааст, ки дар ҳамин китоби ишораёфта 14 шеъри устод Таронасоз зикр ёфтаанд. Аз ин рӯ фикр мекунам, ки айни замон эҷодиёти устодон Лоҳутӣ ва Валии Таронасоз шояд баробар бошанд ва шояд аз ашъори устод Лоҳутӣ   зиёдтар Аҳмад Зоҳр низ хонда бошад.

Шоири орифи мо Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ  ва  шоираҳои  хушилҳом, хубони порсигӯ мисли Симини Беҳбаҳонӣ ва Фурӯғи Фарухзод, бо устодон  Лоҳутӣ ва Валии Таронасоз  шояд ҳампоягӣ карда тавонанд,  лекин доманаи  ашъори онҳо дар  фаъолияти эҷодии Аҳмад Зоҳир  аз 8-12  суруд болотар нест ва  дар ин асос дар ҷои аввал устод Абулқосим Лоҳутӣ  ва Валии Таронасози Дарвозӣ айни замон қарор доранд. Вобаста ба ашъори Валии Таронасози Дарвозӣ  ва бо оҳангҳои офаридаи худаш иҷро намудани онҳо аз тарафи   Аҳмад Зоҳир, ки ин суханро дар иштироки худи Аҳмад Зоҳир, устоди тавонони шеъри Варорӯд, Мӯъмин Қаноат ба ҳангоми  меҳмонияш дар хонаи Валии Таронасоз шунидааст ягон ҷои шак ҳам нест.

Шукри беҳад худойро, ки бону Фирӯзаи Таронасози Дарвозӣ  имрӯз  бо пайвандони худ, мардуми хушилҳоми  Дарвози Тоҷикистон  ва ҳунармандони ин минтақа дар мукотибаи телфунӣ ва гуфтугӯйҳо  қарор дорад  ва аз сарзамини бобоии худ низ хело гарм ёд мекунад.

Ба андешаи банда рӯ  овардани Аҳмад Зоҳир ба ашъори устод Лоҳутӣ  сабабҳои худро дорад. Шоири инқилобӣ, солҳои зиёде дур аз ватан аммо бо ёди ватан, бо ишқи Ирон, ёди ҳамватанону хешу таборону дӯстон  мезист. Аз  тарафи дигар  чун муборизи инқилобӣ  дар сар андешаи   давлати озоду адолатпарвареро, ки  тамоми мардум аз зери юғи ғуломӣ озод бошанду  баробарии иҷтимоӣ ва сиёсиро дошта бошанд   то вопасин лаҳзаҳои умр  дар сар  дошт. Табиист, ки мавзӯъҳои  инқилобию  дурии ватану озодӣ ва сӯзу  фироқи ватану ёру дӯстон, вазъи меҳнаткашони азиятдида, синфи ранҷбар    дар ашъори шоир нақши боризеро ба ҷой доранд. Чунин  мазмуну мундариҷаи ашъори шоирони инқилобӣ ва озодипараст бахусус дар солҳои 50-ум ва 60 уми асри гузашта, дар кишварҳои бедоргаштаи Осиё ва Африқо, дар муқобили режимҳои худкомаи ғуломдорию феодалӣ қарор дошта,  барои ҷавонону хосатан ҷавонони озодихоҳи солҳои 60-ум ва 70-уми асри пор, дар Афғонистон ва дигар кишварҳои осиёгиву африқоӣ таъсири зиёде доштанд  ва ин гуна суруду таронаҳо он замон байни ҷавонон хело машҳур буданд. Агар ба таърихчаи Афғонистони солҳои 60-ум ва 70-уми асри пори Афғонистон нигоҳ кунем, ба чунин ҷавонони озодихоҳ ҳам ҳунармандону ҳам донишҷӯёни зиёд, ҳам намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеъа  дохил буданд. Устодон  Бурҳониддин Раббонӣ ва Шери Панҷшер Аҳмад Шоҳи Масъуд низ аз ҳамин  ҳаракатҳои вақти озодихоҳиву адолатҷӯӣ баромадаанд.

Бо  сурудани ин таронаҳо ҷавонони он давра худро дар олами инқилобиву муборизаҳо барои озодиву ҷомеъаи адолатпарвару пешрав  тасаввур мекарданд. Худи Аҳмад Зоҳир бошад, шахсияти оддӣ набуд. Ӯ як инсони хело фарҳагӣ, адабпарвар, инсони вологуҳар, башардӯст, имондор, хоксор, шариф  ва то ҷое ирфонӣ низ буд ва раҳмдилии  зиёдеро дар ботин дошт, ки дар ин хусус сарчашмаҳо зиёд ҳастанд. Ба овони наврасию ҷавонии хеш, дар умри бисёр  кӯтоҳи хеш дасти садҳо нафар фақиру бозмондаро  аз қишри поёни ҷомеъаи шоҳии Афғонистони онвақта гирифтаву ҳатто номи худро низ ба онҳо нагуфта.

Мана ин аст оини ҷавонмардӣ, мана ин аст оини мусулмонӣ!

Инро, ки хоҳарбузургаш иттилло дода буд, ки Аҳмад Зоҳир аёми наврасияш ба ӯ дарси зиндагӣ дода буд ва баъдан гуфта буд, ки вақто, ки хайр кардӣ бояд дасти чапат нафаҳмад, ки бо дасти рост чӣ хайре кардӣ, бисёр як дарси ҷолибе будааст барои хоҳарбузургаш ва дигарон.

Ҳунарманди шинохта, устоди зиндаёд Ҷӯрабек Назрӣ дар як мусоҳибааш бо устод Султони Ҳамад овардааст, ки боре ба Аҳмад Зоҳир ёдовар  гаштааст, ки «Рӯзгори бофароғат дорад, ҳама чиз барояш муҳаёст». Аҳмад Зоҳир зуд ҷавоб додааст – «Ин чӣ рӯзгори бофароғат аст? Як нафареро мебинӣ, ки сабад болои сар банан, банан гуфта фаёд мекашад, як нафари дигарро мебинӣ, бо мутари шашметра мегузарад, ки ин муҷиби қабули дилам нест».

Чӣ тавре, ки дар як мусоҳибааш Аҳмад Зоҳир бо рӯзноманигори нашрияи «Паштун-Жағ», ки аз тарафи устоди зиндаёд Султони Ҳамад ба ҳуруфоти кирил баргардонида шудааст, иброз медорад:

«Орзӯямро дар он мебинам, ки як рӯз шоҳиди хушбахтии инсонҳо бошам».

Оре инҷо инсондӯстии ин шахсияти хело ва хело замони ҷавонӣ машҳургашта ва ҳамчунин хело хоксор ба хубӣ аён мегардад. Аҳмад Зоҳир ҳамчунин дар сӯҳбатҳо бо дӯсташ Ҷӯрабек Назрӣ ва дигар рафиқон иброз доштааст, ки ашъори Мавлоно Ҷалолидин Балхӣ ва Абулқоим  Лоҳутӣ  ба дили ман наздик аст. Овозхон бо як шӯру  фитрати хоса ашъори Лоҳутиро сароидааст. Аҳмад Зоҳир ашъори зиёди  устод Лоҳутиро, ки  дар сарчашмаҳо ҳоло нопурра оварда мешаванду   худ ва дигар ромишгарон, ба онҳо   оҳанг бастаанд,   сароидааст. Масалан:

1.Ай фиребгар (оҳанги  А.Зоҳир).

2.Меҳан, эй меҳан, (оҳанги А.Зоҳир).

3.Ёр аз дили ман хабар надорад (оҳанги Фазлаҳмади Найнавоз).

4.Аё сайёд.

5.Ҳамрози парвона.

6.Баҳри ғам.

7.Ошиқам, ошиқ ….

8.То як садои пойе….

9.Бути нозанинам.

10.Бандагӣ даркор нест.

11.Камонабрӯ….

12.Ошиқ шудаам, гуноҳам ин аст.

13.Сад раҳ дар интизорат.

14.Девона намудам дили фарзонаи худро.

15.Нашуд як лаҳза аз ёдат ҷудо дил.

Бояд гуфт, ки  миқдори  ашъори  оҳангбаставу аз тарафи Аҳмад Зоҳир хондаи  устод Абулқосим Лоҳутӣ айни замон дақиқан муайян нест. Дар китоби бисёр  маъруфи устоди зиндаёд, яке аз беҳтарин аҳмадзоҳршиносони давр Султони Ҳамад, «Аҳмад   Зоҳир  садои ишқ асту дилтангӣ» ( чопи нашриёти “Эр-Граф”, шаҳри Душанбе, соли 2021) оиди аз тарафи Аҳмад Зоҳир суруда шудани   11 шеър ва 3 байти устод Лоҳутӣ ҷое қайд шудааст. Ҳамчунин дар ҳамин китоб ва китоби дигараш бо номи «Аҳмад Зоҳир-султони қалбҳо» (Душанбе-2005) қайд шудааст, ки Аҳмад Зоҳир  аз ашъори устод Лоҳутӣ бештар аз 15 суруд хондааст ва номи сурудҳо низ оварда шудааст. Дар китоби шоир, дӯстам Исфандиёри Назар  бо номи «Аҳмад Зоҳир хунёгари солҳову садаҳо» (чопи нашриёти «Ирфон» -шаҳри Душанбе-2005) оиди 10 суруди  устод Лоҳутӣ, ки аз тарафи Аҳмад Зоҳир  сароида шудаанд, сухан меравад. Чи тавре, ки аз китобҳои тадқиқотчиёни осору рӯзгори Аҳмад Зоҳир бармеояд ва  тибқи изҳори назари устод Султони  Ҳамад, ки дар мақолааш бо номи «Феълан дар куҷо қарор дорем»  дар ҳафтаномаи «Миллат» (чопи соли 2007) овардааст ва иброз медорад, ки баъди ҳисобу китоб бо усули оқои Сипос (аҳмадзоҳиршиноси афғонӣ)   ин нобиғаи  ҷаҳонии савту суруд дар давоми умри кӯтоҳи худ бештар аз 600 сурудро, ки қисмати бузургашро худ оҳанг бастааст, сароидааст. Дар ин росто дар китобҳои то ҳол оиди ҳаёту эҷодиёти Аҳмад Зоҳир нашр шуда, аз ҷумла китоби ишораёфтаи «Аҳмад Зоҳир садои ишқ асту дилтангӣ»-и устоди бузург Султони Ҳамад   қайд гаштааст, ки матни  211 шеъру таронаи аз ҷониби 95 шоир хонда, то имрӯз маълум карда шудааст. Ҳамчунин оиди 4 шоири дигар аз ҷумла Валии Таронасоз низ гуфтааст, ки ҷамъан шоирон 99 нафарро ташкил менамоянд. Дар ин асос бо 14 шеъри дар ин китоб оварда аз устод Валии Таронасоз миқдори таронаҳои маълуми сароидаи  Аҳмад Зоҳир аллакай ҳамон давра ба 225 адад рафта расидааст.Чи тавре, ки устоди зиндаёд Султони Ҳамад қайд намудааст, таҳқиқи ашъори сурудаи Аҳмад Зоҳир давом хоҳад дошт ва ин гуфтаи устод ҳақ асту рост.  Аз ин рӯ фикр мекунам, ки дар ҳамин асос аз 15, 20  ва ё зиёдтар шеърҳоро аз ашъори устод Лоҳутии ширинкалом хондани Аҳмад Зоҳири зиндаёд шояд аз эҳтимол дур набошад, чун овозхон  дарди худро дар ашъори ин шоири овораи меҳану шӯридадил зиёд ҳис мекард. Ин масъаларо тадқиқотҳои оянда вобаста ба фаъолияти Аҳмад Зоҳир, ки омӯзиши  мероси бою пурғановати ин шахсияти бузурги  фарҳангии ҷаҳони порситаборон аслан ба таври ҷиддӣ  аз ибтидои асри ХХ1 шурӯъ гаштааст метавонад  ба таври пурра равшан намояд.

Агар  ба зиндагии чун бод гузарони ин ҷавони  пуровоза ва машҳур Ахмад Зоҳир назар  афканем  ва ба ашъори сурудаю оҳангҳои офаридааш, ки пур аз дарду доғ, фиғону ҳасратанд хоҳем дид, ки монандие дар ашъори Мавлои  Балх ва Лоҳутӣ  бо зиндагии ин ҷавонмард дида мешавад. Ӯ дар ҷавонӣ аз ҳамсари аввали худ, ки зиёд дӯсташ медошт бо сабаҳои ба ӯ новобаста ва шӯҳрати зиёдаш,  ки ҳасудон аз пасаш ҳар гуна овозаву тӯҳматро раво медиданд ҷудо гашт, баъди чанде аз тарафи душманонаш ӯ ба тӯҳмат кашидаву зиндонӣ шуд, ба болои ин ҳангоми дар зиндонӣ буданаш модари ба ҷон баробараш вафот мекунад. Чунин зарарҳои  ҷонкоҳи аз тарафи ҳасудону нотавонбинон  дар зиндагӣ  ба ӯ расонидашуда,  кам набуданд ва чунин зарбаҳои нохалафонро  метавонист танҳо бо шеър, шеърҳои осмоние чун ашъори Мавлонои Балхӣ  ва ашъори ҷонгудози шоири инқилобии Шарқ устод Лоҳутӣ таҳаммул кунад ва худро  то  ҷое  ором созад.

Оре сухани шоири ширинкаломи мо устоди равоншод Лоиқ Шералӣ «Бузургонро бузургон зинда медоранд» комилан дуруст аст ва  ҳамин ашъори баландмазмун ва малакутии Мавлои Балх, Лоҳутӣ, Фурӯғ, Симин ва дигар шуарои порсизабон тавонист, ки то ҷое марҳами дили пурдарду захмини хунёгару овозхони ҳамаи давру замонҳои мардуми ориёитабор гардад. Пасон эшон тавонад  бо истеъдоди худовандӣ ва ханҷари довудии худ барои миллионҳо дармондагону дардкашидагону дарди носур доштаи миллати порситабор ва дигар мардуми башар  нӯшдоруе аз шеъру оҳангҳои шуарои мо бо оҳангҳои   худовандӣ биёфарад. Ана ҳамин дарду эҳсос ва ғубори дили ин ҷавонмард буд, ки ӯ то ҷое  рӯ  ба мардуми рӯҳонӣ овард ва нисбати ин гурӯҳи дарвешон таваҷчӯҳи хосае зоҳир намояд. Бояд гуфт, ки ағлаби эҷодиёти Аҳмад Зоҳирро ашъори баландмазмуни шоирони бузурги мо ташкил медиҳанд ва аслан ҳамагӣ ашъори орифона, сӯфиёна  ё худ рӯҳонӣ ва ҳамнаво бо дӯстдории худованди якто на чизи дигар. Дар ин хусус устоди равоншод Султони Ҳамад беҳуда дар навиштаҳояш нанигоштааст:

“Оре ба аёми наврасӣ ва ҷавонӣ  низ мо дар ҳар як навову сурудаи Аҳмад Зоҳир танҳо ишқу муҳаббати оддии заминию ҷудоӣ аз маъшуқаро медидем ва ба таври худ солҳои донишҷӯӣ  дар пахтазору ба вақти дилхушӣ  лаззат мебурдем. Чун бо зиндагӣ, фаъолияти ин шахсияти бузург ва муҳимаш   дарки  овозхонияш  бар ашърои шоироне чун  Мавлои Рум, Шайх Аттор, Саъдӣ, Ҳофиз…..  ва дигарон  дар ин замони баъди атеизми илмии имрӯза  назар медӯзӣ,  назару фикру андешаат нисбат ба Аҳмад Зоҳир ва шинохти ин шахсият ба куллӣ тағир меёбад ва дар симои ӯ як  дарвеш, як маҷзуби роҳи  ишқи худованду адлу адолату даъват ба оромию осудагии мардуми башариятро мебинӣ на чизи дигарро ва ҳаққо ҳамин тавр низ ҳаст”.

Дар ин асос навиштаҳои пуразиши  устод Султони Ҳамад «Пайванди Аҳмад Зоҳир ва Мавлавӣ» ва навиштаи олими шинохта ва сермаҳсули тоҷик Ҷалолидин Саидзода оиди ашъори Мавлоно дар фаъолияти  Аҳмад Зоҳир мавҷуданд. Дар ҳақиқат замони пуршӯр, ки золимони давр ва ҳасудон ба сари ин овозхони доди худовандӣ дошта меоварданд ӯро торафт зиёдтар ба хондани ашъори орифона талқин мекарданд ва беҳуда нест, ки мавсуф ба доираи тариқати чиштияи дарвешон кашида мешавад ва дар ин доира бо дарвеше ё худ маланге  шинос мешавад. Ин дарвешон ва дигар ҳамтоёнаш овози малакутии Аҳмад Зоҳирро сабт кардаву ҳангоми пахши суруди хондаи Аҳмад Зоҳир ба рақс даромадаву даст ба осмон мебурданд. Гурӯҳи дарвешон ҳатто рӯзи ҷанозаи Аҳмад Зоҳири шаҳид дар манзили охираташ низ овози ӯро тариқи магнитофон пахш намудаву ба рақси само, мисли замони бузургвори роҳи ишқи худованд Малоно Ҷалолидин Балхӣ рафта буданд. Инҷо бо пуррагӣ бузургии шеъру оҳангу орифии Аҳмад Зоҳир, ки замони шӯравӣ ин бузургии рӯҳонии ӯ барои мардуми Тоҷикистони шӯравии бо  атеизми илмӣ таълимгирифта, билкул ошно набуд, рӯи об мебарояд.

Бояд гуфт, ки то ҳанӯз қисмати зиёди овозхонони Тоҷикистон ва  махсусан аз байни ҷавонон  ба дарки маънии овозхонии Аҳмад Зоҳир нарасиданд ва сурудҳои пурсӯзу гудоз ва баландмазмуни орифонаи ӯро бар матни ашъори Мавлоно, Саъдӣ, Ҳофиз ва дигарон, ки аслан маънӣ аз  ояту сураҳои Қуръони Каримро дар худ доранду   роҳ ба сӯи ишқи худованд доранд нафаҳимда,  бо як ҳаракатҳои ноҷо, ларзиши бадан  ва  хандаовари ишқи ба истилоҳ замииӣ иҷро менамоянд, ки ин амал билкул хандаовар ва боиси шарм низ ҳаст. Зеро дар замони нанотехнологияи мардуми бисёрмиллионаи порсизабон, ки  ашъори орифонаи шоирони бузурги порсизабонро  ба таври аъло медонанд,  пас аз дидани чунин «хонданиҳои булаҷаб» ба мо порсизабонони ин суи Омӯ ришханд хоҳанд зад.

Аз  шоирони дигари Тоҷикистон Аҳмад Зоҳир аз ашъори шоири тавонои точик, таронасарои маъруф Абдулло Қодирӣ ду суруд сароидааст.

1.Аввалин ишқам ту будӣ, (оҳанги Аҳмад Зоҳир).

2.Аз он лабон бӯса бидеҳ.

Бояд гуфт, ки устод Абдулло Қодирӣ, ки солҳо охир тахаллуси Мумтозро гирифта буд, яке аз беҳтарин шоирони таронасарои Тоҷикистон буд. Бисёр ифтихор дорам, ки бо устод, ки ҳамсабақи тағоии бузургворам Амрияздон Алимардонов буд, шиносоӣ доштам ва як сӯҳбатӣ   самимӣ ва орифонае оиди адабиёту фарҳанг низ доштем. Равони ин ҳамсабақон  шод бод.

Тибқи баромадҳои телевизионии устоди равоншод Абдулло Қодирӣ ва навиштаҳои хосатан устод Султони Ҳамад маълум мегардад, ки вақто, ки ӯ донишҷӯ будааст (солҳои 1956-1961 донишҷуи факултаи филологияи тоҷики УДТ ба номи В.И.Ленин-шарҳи Варқаи Зайниддин)дӯсти оҳангсозаш Амнун ба ӯ гуфтааст, ки шеъре бигӯяд то онро оҳанг бандад. Устод Абдулло Қодирӣ баъди 15 дақиқаи сукут бадеҳатан шеъри «Аз он лабон бӯса бидеҳ»-ро эҷод намудааст. Оҳангсоз Амнун онро ба оҳанг даровардаву дар ҷашни адабиёт ва санъат соли 1957 онро сароидаанд. Баъди чанд соле дӯсташ Хуррам Раҳим  ба ӯ фитаеро оварда додааст, ки онҷо ин таронаи шоирро Аҳмад Зоҳир хело зебо месароидааст. Бояд гуфт, ки ин шеър баъдан дар байни қариб тамоми овозхонхои порситабор ва дигар халқҳо машҳур мегардад ва онро устод Зоҳир Ҳувайдо, хонум Жило, Пӯпак, Саттор ва дигарон хондаанд. Вобаста ба шеъри дуюмаш «Аввали ишқам ту будӣ», устод Қодирӣ ба устод Султони Ҳамад қисса намудааст (бояд гуфт, ки ин қиссаро ҳамчунин аз забони устод Қодирӣ аз  телевизион шунида ва тамошо кардаем), ки соли 1964 ҳангоми дар Ашқобод, пойтахти Туркманистон ба ҳайси афсари тарҷумон дар хизмат буданаш бо ҳунармандони афғонӣ, ки онҷо омада  буданд, аз ҷумла хонум Рахшона ва Абдуҷалили  Залонд мулоқот намудааст. Чун ин ҳунармандон аз шеърҳои қаблии мавсуф медонистаанд, хоҳиш намудаанд, ки агар шеъре дошта бошад  барои хондан ба онҳо  бидиҳад. Устод Қодирӣ он вақт шеъри тозае дар даст доштааст ва онро бо камоли майл ба Залонд медиҳад. Солҳо аз ин воқеъа гузаштааст ва рӯзе дӯсти овони донишҷӯияш  Ашӯр Ғулом гуфтааст, ки Аҳмад Зоҳир як шеъри ӯро  оҳанг баставу дар шаҳри Мазори Шариф хондааст, ки таъсири оҳангу шеър  боиси ғавғо бардоштани мардуми шаҳр  гаштааст. Да ҳақиқат ин шеъри «Аввалин ишқам ту будӣ»-и устоди зиндаёд Абдулло Қодирӣ буда, ба он шахсан Аҳмад Зоҳири зиндаёд оҳанг баставу аъло низ сароидааст. Бояд гуфт, ки воқеъан устод Абдулло  Қодирӣ яке аз шоирони беҳтарини  таронасароӣ мо ва шояд яке аз хушбахтарин шоирони тоҷик низ бошад, ки бузургтарин хунёгару овозхони олам ду шеъри ӯро мехонад ва боз ба яке аз ин шеърҳои хондааш худ оҳанг мебандад. Чунин хушбахтӣ  на ба ҳар шоир муяссар гаштааст. Агар устод Абдулло  Қодирӣ шеъре эҷод намекард, ғайри ҳамин ду шеър, ӯ дар адабиёти порсизабон аминам, ки ана бо ҳамин ду таронаи ҷазоби худ ҳамчун шоири тавоно боқӣ  мемонд ва ҳамин тавр низ ҳаст. Воқеъан дар байни таронаҳои хондаи Аҳмад Зоҳир ҳастанд шоироне, ки бисёр ношиносанд, вале ба шарофати «ханҷари довудии  гулӯи Аҳмад Зоҳир» имрӯз шеъри онҳоро бештар аз 250 миллион мардуми порситабору иронинажод мешиносад. Ин низ яке аз рекломҳои беминнати Аҳмад Зоҳир барои шоирони порситабор аст. Аз ин рӯ устод Абдулло Қодирӣ бемуҳоббот ифтихори миллати тоҷик ва Тоҷикистон як умр боқӣ  хоҳад  монд ва ба ин ҷойи шубҳа низ нест.

Устод Аҳмад Зоҳир аз ашъори устод Мирзо Турсунзода як шеъреро бо номи «Ҳамин кофист»  оҳанг баставу сароидааст. Бояд гуфт, ки  аз ҳамон замони мактабхонии солҳои 70-уми асри пор инро медонистем ва мо  мактабачагони тоҷик аз ин кор сахт ифтихоре низ доштем. Таърихчаи оҳанги суруду интихоби ин шеър аз ҷониби Аҳмад  Зоҳир хушбахтона имрӯз маълум аст ва дар китоби устод Султони Ҳамад «Аҳмад Зоҳир садои ишқ асту дилтангӣ» гуфтаҳои устоди зиндаёд Ҷӯрабек Назриев ва шоирабону Меҳринисо бисёр хуб оварда шудааст. Аз ҷумла дар китоби устод хотираи шоира Меҳринисо оварда шудааст, ки вақто, ки бори дигар Аҳмад Зоҳир ба хонаи  онҳо дар шаҳри Кобул ташриф меорад ӯ чаҳор мисраъ шеъри худро дар китобе бо номи «Муошират», ки дар Маскав  бо ҳуруфоти порсӣ аз ашъори шуарои порсизабони қитъаи Осиё чоп гашта буд бо номи “садои ту садои резиши садои ту садои ғиреви обшорон аст, садои ту сафои чашмаи кӯҳӣ, ки дармони дили шӯридаҳолон  аст” тақдим менамояд. Баъдан онҳо (устодон Ҷӯрабек Назрӣ, Шаҳбоз Кабиров  ва бону Меҳринисо) аз Аҳмад Зоҳир хоҳиш менамоянд, ки аз байни ашъори шоирони тоҷик шеъреро интихоб намуда ба оҳанг дароварда бихонад. Баъдан боз гуфтаанд, ки беадолатӣ нашавад китобро ба тарзи фолкушоӣ кушояд ва шеъри аввалини пешомадаи шоири тоҷикро ба оҳанг дарорад. Аҳмад Зоҳир китобро кушода шеъри ба чашмаш афтодаро баланд мехонад:

«Туро сад бор гуфтам, ки ғуломат ман ҳамин кофист,

Фидои як саломат, як каломат ман хамин кофист».

Баъдан маслиҳат мешавад, ки ин шеъри устод Мирзо Турсунзодаро то соли нав (ҷашни Наврӯз) Аҳмад Зоҳир оҳанг баставу сарояд. Дар  ҷашни Наврӯзи соли 1976 Аҳмад Зоҳир ба ваъдааш вафо кардаву  ин шеъри устодро дар хонаи бону Меҳринисо бо ҳамон акордеони аз «Гӯшаи сурх» оварда сурудааст. Аз ёддоштҳои устод Гулназар бошад бармеояд, ки соли 1977 ҳангоми аз Афғонистон ба Тоҷикистон баргаштааш ин шеъро дар иҷрои Аҳмад Зоҳир дар дӯконе дар Кобул мешунавад ва бо илтимоси ӯ  инро дар фиттае сабт менамоянд ва баъди чанде шоири зиндаёд Гулназар  ба Тоҷикистон баргашта ин фитаро ба устод Мирзо Турсунзода, ки бемори бистарӣ дар беморхона будааст чун тӯҳфа бурда медиҳад. Устод Мирзо Турсунзода аз шунидани оҳангу шеъри худ дар иҷрои Аҳмад Зоҳир сахт шод мешавад ва тибқи шаҳодати шоҳидон  ҳолати рӯҳии он вақтаи устод хело беҳтар мешавад.  Устод  баъди чанде саломатияш беҳар гаштаву аз беморхона ҷавоб мешавад. Оре бузурги шеъру сухану оҳанги волову овози худовандӣ низ  дар ҳамин аст ва мусиқаву суруди хушнавоз як тарзи муолиҷа низ аз замонҳои қадим дар тиб  ба шумор меравад.

Дар китоби «Аҳмад Зоҳир садои ишқ асту дилтангӣ» мақолаи донишманди шинохта ва шоир Раҷабалӣ Худоёрзода бо номи «Ифтихори тамоми порсилисонҳо» чоп гаштааст, ки онҷо дар қатори шоирони шеърашонро  сурудаи Аҳмад Зоҳир аз  шеъри «Хуш омадӣ эй дилситон» -и устоди зиндаёд Ширин Бунёд ном бурдааст. Дар ҳақиқат Аҳмад Зоҳир як шеъре бо номи «Боз омадӣ эй дилситон, ангуштарини осмон» -ро мехонад. Инҷо як масъала ҳамин аст, ки оё ҳамин суруди «Хуш омадӣ эй дилситон», ки дар ашъори устод Ширин Бунёд шеъреро  чунин мо хондаем, ҳамон аст ва ё ашъори дигари монанд ба ҳамон. Замоне бархе аз шеърҳои монандро мухлисони Аҳмад Зоҳир гумон мекарданд, ки аз ашъори устод Лоиқ Шералӣ ҳастанд ва чунин иштибоҳ дар мақолаи ман «Ахмад  Зоҳир ва худшиносии миллӣ» низ ҷой дорад.

Имрӯз пурра медонам, ки он шеъри хондаи Аҳмад Зоҳир моли дигар шоир буда, ба ашъори устод Лоиқ Шералӣ комилан иртиботе надорад. Аз ин рӯ сари ин масъала тадқиқот лозим ҳаст, агар воқеан шеъри устод Ширин Бунёд бошад, бисёр ҷои ифтихор ҳам ҳаст. Он давра ба андешаи банда ашъори устод Ширин Бунёд нав байни мухлисони шеъру суруди Тоҷикистон паҳн мегаштанд. Шояд шеъри устоди зиндаёд Ширин Бунёд тариқи муттахасисони тоҷик ба  Афғонистон рафта бошад. Ба ҳар ҳол сари ин масъала ва гуфтаи олими варзида ва шоир, дӯсти азизи мо Раҷабалӣ Худоёров  чустуҷӯйҳо лозим аст.

Ҳамчунин ба гуфтаи устоди зиндаёд Султони Ҳамад, дар китоби «Аҳмад Зоҳир султони қалбҳо» аз ашъори шоири дигари тоҷик Султон Шоҳзода низ хондааст. Ба қавли сарчашмаҳо,  шоири зиндаёд Султон Шоҳзода соли 1978 дар Кобул, зимни консерти Аҳмад Зоҳир билет намеёбад ва ба Аҳмад Зоҳир шахсан муроҷиат менамояд. Овозхон ӯро бо камоли эҳтиром дар толор ҷой медиҳад ва баъди шиносоӣ Султон Шоҳзода худро чун шоир муаррифӣ мекунад ва онҳо бо ҳам дӯст мешаванд. Бо хоҳиши Аҳмад Зоҳир ӯ шеъри «Осмон чашмам ба сӯят, бар сарам борон бибор»-ро  навишта ба овозхон медиҳад. Баъди чанде дар як консерт, ки онҷо шоир ҳузур доштааст, Аҳмад Зоҳир ин шеърро бо оҳанги зебои офаридаи  худ сароидааст. Бояд гуфт, ки агар ин суханҳо рост бошанд, пас ин бозёфт низ боиси ифтихори тоҷикони Вароруд хоҳад буд.

Дар ин асос   аз шоирони  хоки имрӯзаи Тоҷикистон ҳамчунин тибқи сарчашмаҳо як ғазали Баҳрини Дарвозӣ  низ аз ҷониби Аҳмад Зоҳир хонда шудааст. Махдуми Нурулҳак, тахаллусаш Баҳрин, зодаи деҳаи Сангевни ноҳияи Дарвози имрӯзаи Тоҷикистон аст. Дар китоби «Маҷмӯаи шоирони Дарвоз», чопи нашриёти «Ирфон» Душанбе -2008 (ба чоп тайёркунанда Савлатшоҳ Мерганов) ва дигар сарчашмаҳо оиди ин шоири овозадор ба ғайр аз таҳсилаш дар Бухоро ва ба ҳайси мударрис кор карданаш дар Дарвоз ва ҳамчунин мухаммаси навиштааш бар ғазали шоир Оҷиз (Амир Абдулаҳадхон) дигар ашъори ӯро пайдо карда натавонистем. Ин шоири соҳибдевон то арафаи Инқилоби Сурх дар ҳаёт будааст (1860-1915) ва мазори муборакаш низ имрӯз дар зодгоҳаш хело обод асту зиёратгоҳи мардуми дуру наздик гаштааст. Дар бораи ӯ дар китоби устод Мӯъмин Қаноат «Ёддоштҳо ва бардоштҳо» суханҳои самимие иншо гардидаанд. Ин масъала низ муҳим аст ва воқеъан аз шоир Баҳрини Дарвозӣ, агар Аҳмад Зоҳир шеъре хонда бошад  бояд мардуми тоҷики Тоҷикистони имрӯза аз он огоҳии комил пайдо кунанд ва аз ин шоири  худ низ ифтихоре дошта бошанд.

Агар ҳамаи ин сарчашмаҳо ва гуфтаҳо рост бошанд, пас Аҳмад Зоҳир аз аз ашъори ба истилоҳ шоирони Тоҷикистонӣ, аз эҷодиёти   Абулқосим  Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Абдулло Қодирӣ, Ширин Бунёд, Султон Шоҳзода  ва Баҳрини Дарвозиро сароидааст, ки ин мояи ифтихори тамоми мардуми Тоҷикистон  низ аст. Метавон ба ин гурӯҳ ҳамчунин писари генерал ва собиқ садри аъзами Афғонистон Муҳаммадвалихони Дарвозиро ки худ тавалудгаштаи Дарвоз аст, Валии Таронасозоро низ ба таври нисбӣ ҳамроҳ кард. Бояд гуфт, ки устод Мӯъмин Қаноати бузург ифтихори меҳмондории худро дар хонаи  бузургтарин оҳангсози вақти Афғонистон  Валии Таронасози Дарвозӣ, ки онҷо  Аҳмад Зохири бузург ширкат доштаву бо ҳам шинос гаштаву сӯҳбат намудаанд, доштааст, вале мисли шоирабонуи азизи мо Меҳринисо низ барои хондан ба Аҳмад Зоҳир  ва ҳамчунин эҷоди оҳанге  ба Валии Таронасози Дарвозӣ ягон шеъри худро  надодааст.

Ин ҷо фурӯтанӣ  ва хоксории шоир ва ё чун  шахси  баландпояи СССР буданаш шояд таъсиргузор бошад. Ҳоло он, ки  имкони бузурге пеши рӯи ӯ вуҷуд дошт  ва хосатан, ки Аҳмад Зоҳир баъди шиносоӣ, дар хонаи устоди худ Валии Таронасози Дарвозӣ  бо як ҳурмату муҳаббати хосаеро  чанд рӯзи дигар  нисбати  устоди тавони шеър Мӯъмин Қаноат зоҳир мекарду бағал кушодаву вохӯрӣ мекарду ҳатто шеърҳояшро Таронасози Дарвозӣ низ метавонист ба оҳанг дарораду барои хондан ба Аҳмад Зоҳир диҳад.

Ҳамчунин устоди равоншод, Гулназар ки тибқи навиштаҳояш ва ҳамчунин дигар сарчашмаҳо дар шаҳри Мазори Шариф хонумаҳои шӯравиро ба базми Аҳмад Зоҳир бурдаву аз номи намояндагони СССР ба Аҳмад Зоҳир гулчанбар тақдим намдудаст, имконияти додани порае аз эҷодиёти худро дошт ва боварии комил дорам, ки овозхон бо он дили бузурге,  ки дошт, ҳеҷ гоҳ не намегуфт ва чуноне, ки илтимоси Ҷурабек Назриву Меҳринисоро дар замин намонду бо як фолбини  шеъри «Ҳамин кофист»-и устод Мирзо  Турсунзодаро оҳанги хубе баст ва инак он бештар аз 47 сол боз дар ҳар як кошонаи форсизабон садо медиҳад, ҳатман оҳанги қашанге офарида мешуд.

Ба ҳар ҳол мояи ифтихори мост ки бузургтарин овозхони сад соли охири мардуми порситабор (шояд ҳазор соли охир низ бошад) Аҳмад Зоҳири ҷовидон ашъори шуарои ба истиллоҳ тоҷикистониро  хондааст ва ин сурудҳои эҷодкардаи шоирони мо инак беш аз  50 сол боз дар ҳар як хонаи порсизабонони олам ва иронинажодон, ки ҳудудан на камтар  аз 250 миллион нафарро  ташкил менамоянд,  баланд садо додаву ба мардуми ҳамзабон ғизои маънавӣ мебахшанд ва аминам, ки ин навиштаҳои  шурои Тоҷикистонро овози алмосии Аҳмад Зоҳир ҳатман аз аср ба аср хоҳад бурд ва ба ин ягон ҷои шубҳае низ нест.

Мавлуди 77-умини ин шахсияти бузургро, ки бо ханҷари довудии гулӯи худ забони модариямонро дар қитъаҳои олам  ҳамарӯза барои ҷаҳониён бо оҳангҳои марғубаш тарғиб менамояд,  барои ҳамагон табрик менамоям.

Дар паноҳи Худованди бузург бошед ҳамдиёрони азиз!

Варқаи  Зайниддин,

Узви ИЖ Тоҷикистон,

Аълочии матбуот ва фарҳанги Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь