3-юми ноябри соли равон профессор Очилбой Зоҳидов ба синни мубораки 60 расиданд.
Ҳар қадаре ки мақоми омӯзгор дар ҷомеа шоиста бошад, ин шароит барои рушд сабаб мешавад ва падидаҳои номатлуб низ коҳиш меёбанд. Аз собиқаи панҷсолаи омӯзгориям дар мактаби олӣ метавонам гӯям, ки ин касби ниҳоят мушкил аст ва энергияи зиёдро талаб мекунад. Онҳое, ки собиқаи чандин даҳсолаи омӯзгорӣ доранд, воқеан заҳмат мекашанд, то рисолаташонро иҷро кунанд. Аз ин рӯ, навиштаи мазкур меҳрнома ва эътирофи хидматҳои устод Очилбой Зоҳидов назди мо шогирдонашон аз гурӯҳи муносибатҳои байналмилалии солҳои таҳсили 2003-2008-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мебошад.
Собиқаи шиносоии мо бо устод ҳудуди 17 сол аст ва дар тамоми ин муддат пайвандҳои фикриро ҳифз кардем ва дар Душанбею Хуҷанд нишастҳои зиёде доштем. Нахуст, бардошти аввалини худро инҷо меорам.
Аввали соли 2007 барои мо донишҷӯёни курси 4 семестри дуюм оғоз шуд ва дар ҷадвали дарсҳо фанни сиёсатшиносиро гузоштанд. Бо оғози дарсҳо устоди миёнсоли мо ба синфхона даромаданд ва дарсро ғайристандартӣ бидуни нависондани лексия оғоз карданд. Роҳбурди устод чунин буд, ки дар дарси аввалин зиддиятро миёни худ ва донишҷӯён бо саволҳои зиёд ба мо эҷод карданд. Имрӯз ман дарк мекунам, ки равиши мазкур барои бедор кардани фикрронии мо будааст. Ҳарчанд гурӯҳи мо дар факулта аз курсҳои “мушкил” ба ҳисоб мерафт ва чанд муаллим аз дарс додан ба мо даст кашида буданд. Зеро аз соли аввали таҳсил ба муҳити озод одат карда будем, дар семинару тренинг, озмун ва мактабҳои гуногуни омӯзишии донишҷӯӣ дар Душанбе ва хориҷи кишвар ширкат меварзидем, дар дарсҳо, бахусус, дар семинарҳо пайваста баҳсҳои доманадорро байни худ ва устодон ба роҳ мемондем.
Рӯйкарди устод Зоҳидов моро ноҳинҷор кард ва бачаҳое, ки нағз мехонданд, ба дарс бо омодагии ҷиддӣ барои баҳсу мунозира кардан бо устод ҳозир мешуданд. Ҳамин таҷриба идома ёфт ва мо як гурӯҳи ҳамкурсон ба китобхонаи Тошхӯҷа Асирӣ рафта, аз ошёнаи дуюми он, ки аз рӯйи кадом лоиҳае адабиёти сиёсӣ оварда буданд, китобҳои фанни сиёсатшиносиро гирифта, онро аз худ мекардем. Чанде аз ҳамкурсонам аз Русия барои худ китоби сиёсатшиносиро фармоиш ва дастрас карда буданд. Бо гузашти андак вақт фанни сиёсатшиносӣ ба дарси шавқовари мо табдил ёфт. Чун устод Зоҳидов ҳеҷ гоҳ дар назди миз наменишастанд, пайваста миёни партаҳо роҳ мегаштанд, бидуни қоғаз лексия мехонданд ва нуктаҳои лозимаро дар тахтаи синф менавиштанд. Вижагии дигари дарси устод дар он буд, ки мо барои омода шудан ба мавзӯъҳои семинарӣ комилан озод будем ва ихтиёр доштем аз дилхоҳ китоб истифода кунем. Шароити мазкур барои боз гардидани андеша ва ҷаҳонбинии мо таъсири мусбат расонид. Ниҳоят, соли таҳсил ба охир расид ва аксари бачаҳо бе додани пора аз фанни сиёсатшиносӣ баҳо гирифтанд. Он вақт аз касе пора гирифтанашонро нашунидем ва онҳое, ки қобилияти имтиҳон супориданро надоштанд, бо “илтимос”-и дигар омӯзгорон баҳо гирифтанд.
Вижагиҳои касбию инсонии профессор Очилбой Зоҳидовро чунин тафсир кардан мумкин аст:
Якум, профессионализм. Аз дарси нахустин эҳсос мешуд, ки устод нисбат ба донишҷӯён муносибати баробар, яъне уфуқӣ ва озод доранд. Дарсро дар сатҳи баланд ва маҳорати ба худашон хос мегузаштанд ва бо назарияҳои навтарини сиёсию фалсафӣ моро ошно мекарданд. Ҳаргиз аз устод мо муносибати амудиро (яъне ман устоду ту шогирд, ман “боақл”-у ту “беақл” ва барои ҳамин ҳаққи баёни андешаро надорӣ) эҳсос накардем. Дар дарс, ба донишҷӯён ҳамчун профессионал муносибат мекарданд ва ба баҳсу баррасӣ ва радду бадали афкор ҳамеша кушод буданд. Боре дар дарс баҳс бисёр сахт рафт ва ҳеҷ як далели устодро мо қабул намекардем. Дар ҳамон лаҳза як гапи аҷиберо бо ҳазлу шӯхӣ гуфта буданд, ки то имрӯз барояшон хотиррасон мекунам: “Ман доктори илм ва профессор ҳастам, ҳар вақте шумо доктори илм шудед, баъд баҳс мекунем”. Баъди ин суханон дигар баҳсро хотима бахшидем ва ба истилоҳи имрӯза ин гуфта ба як “мем” табдил ёфт.
Дуюм, садоқат ба илм ва пажӯҳиш. Профессор Очилбой Зоҳидов аз зумраи он олимоне ҳастанд, ки ба илм ва пажӯҳиши илмӣ воқеан содиқанд. Муносибат ба шогирдону аспирантонашон ниҳоят “демократӣ” аст. Ҳамеша ба онҳо ёрии амалӣ ва консептуалӣ мерасонанд, бобати кори илмии онҳо бо касе, ки набошад, баҳс меороянд ва ягон намуди мададро дареғ намедоранд. Худашон барои нашри мақолаҳо дар маҷаллаҳо мусоидат мекунанд, занг мезананд ва ба навиштаи шогирдонашон мисли матлаби худашон муносибат мекунанд. Мушоҳидаи ман нишон медиҳад, ки аз ин хислаташон аспирантҳои дирӯза ва имрӯзаашон ҳамеша сӯистифода мекарданд ва мекунанд. Барои аспирантони худ ва дигар хоҳишмандон семинари илмӣ ташкил карда, муҳити хурди пажӯҳиширо ба вуҷуд овардаанд, ки ҳар касе аз иштирокдорон метавонад мутолиоти охири худро муаррифӣ кунад, баҳси илмӣ орояд ва дар бораи мавзӯи пажӯҳишии худ фикрҳояшро радду бадал намояд.
Сеюм, ҷаҳонбинии муосири илмӣ ва огоҳӣ аз навгониҳои соҳаи худ. Чунин хислати профессор Очилбой Зоҳидов шояд аз давраи донишҷӯӣ сарчашма мегирад. Чун дар давраи бозсозӣ дар факултаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Ростов лаби Дон таҳсил кардаанд, давраҳои бозомӯзию коромӯзию мубодилавиро дар Маҷористон, Қазоқистон ва Амрико гузаштаанд. Аз ин ҷост, ки дар бораи соҳаи худ аз пажӯҳишҳои навтарин огаҳӣ доштанд ва имрӯз низ доранд. Тавре дар боло ишора шуд, ба мо дар курсҳои болоӣ аз фанни сиёсатшиносӣ дарс медоданд ва ҳар мавзӯи дарси устод нотакрор ва аз диди консептуалӣ бисёр олӣ буд. Ба донишҷӯён тамоми нозукиҳои мавзӯро мефаҳмонданд ва муҳимтар аз ҳама ба фикр кардан “маҷбур” мекарданд. Ҳар дарс дар сатҳи баланд мегузашт, зеро мавзӯъҳоро то хурдтарин ҷузъиёташ фаҳмонида, бо назарияҳои навтарини сиёсию фалсафӣ моро ошно мекарданд, мисолҳои зиёдеро аз андешаҳои олимони он вақт меоварданд, ки барои мо ноошно буданд.
Чорум, истиқлоли фикрӣ ва берун рафтан аз дидгоҳи истеъморӣ. Вижагии дигари дарси устод дар он буд, ки аз таърих ва имрӯзи сиёсати ҷаҳонӣ мисолҳои зиёд меоварданд. Ҳамин рӯйкард сабаб гардид, ки дар гурӯҳи мо фаргашти бесобиқаи фикрӣ ба вуҷуд ояд. Дар курси чорум, вақте мавзӯъ дар бораи давлат ва давлатдорӣ буд, секунҷаи “таърихӣ”-и худро дар тахтаи синф кашиданд. Дар рафти дарс барои мо собит карданд, ки баъди давлатдории Сомониён дар тӯли ҳазор сол тоҷикон соҳиби давлати худ буданд. Чун танҳо сулолаҳо ғайритоҷикӣ буданду аксари мардумро тоҷикон ташкил медоданд. Аз таҷрибаи мардумони дигар мисол меоварданд, ки сулолаҳои шоҳии онҳо аз қавмӣ дигар буданд: дар Русия – сулолаи олмонӣ, дар Инглистон – сулолаи олмонӣ, дар Суид – сулолаи фаронсавӣ, дар Испониё – сулолаи утришӣ ва ғайра. Ва савол мегузоштанд, ки барои чӣ соҳиби давлат дар он кишварҳо мардуми бумӣ мебошанду ин формула барои тоҷикон кор намекунад. Баъдан, ин дидгоҳи худро ба таври муфассал дар китоби “Таърихи сиёсии тоҷикон: таҳлили назарияҳо” шарҳу тавзеҳ доданд. Имрӯз ин сухан одӣ метобад, вале он вақт барои донишҷӯи курси 4 ин як фаргашти амиқ буд.
Панҷум, забондонӣ ва таҷрибаи ширкат дар ҳамоишҳои илмӣ. Баъди шиносоӣ бо профессор Очилбой Зоҳидов мо огоҳ шудем, ки устоди мо бо се забон равон сӯҳбат мекунанд (дарсҳоро бо русӣ мегузаштанд, баъзан маврид бо чанде аз шарикдарсонамон ба инглисӣ гап мезаданд ва дар танаффусҳо мо тоҷикӣ сӯҳбат мекардем). Ҳамчун пажӯҳишгари илмҳои фалсафа се забони корӣ доштан ба сатҳи ҷаҳонбинӣ ва ба сифати дарсдиҳӣ низ таъсир мерасонад. Шахсан бисёр хурсандам, ки дар давраи донишҷӯӣ аз профессор Очилбой Зоҳидов таълим гирифтем.
Навиштаи зерро бо як хотираи давраи донишҷӯии худ ба анҷом мерасонам:
Тобистони соли 2008 дар арафаи ҳимояи корҳои дипломӣ ва супоридани имтиҳони давлатӣ устод мо гурӯҳи донишҷӯёнро ба семинари чандрӯзаи илмӣ бо иштироки Галина Битюкова, доктори илмҳои сиёсӣ аз Қазоқистон ва олими ирландӣ (номаш дар хотирам нест) даъват карданд. Семинар ба мавзӯи транзитологияи сиёсӣ бахшида шуда, сухан асосан, дар бораи кишварҳои собиқи ҳавзаи сотсиалистӣ мерафт. Устодон ба мо иттилоъ доданд, ки дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ риштаи советология буд ва баъди пошхӯрии ИҶСШ он ба транзитология табдили ном кард. Дар он омӯзиш бо назария ва рӯйкардҳои муосири сиёсӣ ошно гардидем ва то андозае дар интихоби касби имрӯзаам ҳамон вақт хулосаи ниҳоӣ гирифтам.
Профессор Галина Битюкова ба ман як пешниҳоди ҷолиб карданд ва агар ҳамон вақт волидайн иҷоза медоданд, равиши зиндагиям комилан дигар мешуд (дар ин бора фурсати дигар менависам). Зикри ин семинарро барои он муҳим ҳисобидам, ки профессор Очилбой Зоҳидов барои рушди касбии мо хело кӯшиш мекарданд ва хулоса инсони фарҳехта ҳастанд.
Устод Очилбой Зоҳидовро бо 60-солагӣ табрик мекунам. Бигзор 101-сола шаванд ва асло каму ғамро набинанд.
Шералӣ РИЗОЁН