Ба андешаи муҳаққиқон танҳо сад ҳазор соли охир пайдоиши аввалин тасаввуротҳои динӣ дар инсон пайдо гашт. Ташаккули давлатдорӣ дар ҳаёти инсон ба сеҳазорсолаи қабл аз мелод рост меояд. Ҳарду падида аз дараҷа ва зинаҳои ақл, заковат, фаросат ва фарҳангу маданияти инсон шаҳодат медиҳад.

Дар масири таърих як умр ба бадӣ мубориза бурдан, вазифаи инсон будааст. Бадиҳои ошкор, бадиҳои пинҳонӣ, рӯйпӯш, таҳти ҳазору як шиору пӯшиш, маккорӣ, тавассути алфоз, аъмол, ду ва чандрӯягӣ. Мушкилии мубориза бо бадӣ низ дар он аст, ки он таҳти шиори некӣ амалӣ мегардад. Албатта, таърихи инсоният ба дин алоқаманд аст. Ҳаёти маънавии инсон, аз ҷумла, аз эътиқодот ва тасаввуротҳои динӣ сарчашма мегирад. Инсоният тавассути китобҳои осмонӣ тавонист чаҳонро ба таври худ дарёбад, онро дар тарозуи ақлу хирад баркашад, ба арзишҳои ҳаёт арҷгузорӣ намояд. Агар дар дунё бадӣ, хиёнат ба хеш, ба дарвеш, ба Ватан намебуд, ниёзи инсон ба панду насиҳат, арзишҳо ва муқаддасот намемонд.

Омӯзишу таҳлили китобҳои муқаддас нишон медиҳад, ки Парвардигор дар онҳо ҳикматҳоеро ҷой кардааст, ки зарурати ҳаётӣ доранд. Чун мавзӯи китобҳои осмонӣ ҳалли масоили заминиро дар бар мегиранд, инсон онҳоро ба осонӣ дарк мекунад, мефаҳмад, аз худ менамояд, дил мебандад, аз онҳо истифода мекунад, нафъ мебарад. Китобҳои муқаддас маҳз барои ҳамин арзиши абадӣ доранд.

Ашхосе, ки дар замин тухми бадӣ, кинаву адоватро корида хиёнатро дар рафтори худ ҳамчун касб ва воситаи нонхӯрӣ интихоб кардаанд, аз аъмоли худ ҷисман ва рӯҳан лаззат мебаранд, гумон мекунанд, ки онҳо дар ин замину замон, аввалинҳоянд. Магар дар зиндагӣ дидааст касе, ки дузд, авбош, зани сабукпо ва ба ин табақа монанд аз рафтори хеш эҳсоси хиҷолат карда бошанд. Албатта, не. Чунки ин аъмол барои онҳо аллакай касаба – воситаи нонхӯрӣ ва шуҳраталабӣ шудааст. Аз ин лиҳоз мо бояд муборизи чунин рафторҳои номатлуби ҷомеа, аллахусус ҷавонон бошем. Онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ меҳру муҳаббат, садоқат ба Ватан, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва муқадассот доштани истиқлолиятии давлатиамон тарбия  намоем. Нагузорем, ки шаҳрвандони хурду бузурги кишварамон фирефтаи васвасаҳои хоинони миллат гарданд.

Рушди устувору босуботи ҷомеа, бахусус, ҷомеаи муосири Тоҷикистон тақозо менамояд, ки ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ бештар дар рушди босуботи волоияти қонун бошад. Мақсади асосии онҳо таъмини волоияти қонун дар ҷомеа ва инкишофи бемайлони сиёсию ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҳар чӣ зудтар сатҳу сифати волоияти қонунро дар байни омма баланд гардад.

Қобили қайд аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ ҳамчун яке аз конститутсияҳои беҳтарин эътироф гардидааст. Ин пеш аз ҳама ишора ба он меъёрҳои конститутсия мо мебошад, ки онҳо зербинои ҷомеа ва давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро гузоштаанд.

Пешвои муаззами миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ таъкид намуд: «Дини Ислом набояд бо ғаразҳои сиёсӣ омехта карда шавад».

Аз ин лиҳоз, рушди минбаъдаи ҷомеа тақозо менамояд, ки бо мақсади танзими ҳамаҷонибаи муносибатҳои ҷамъиятӣ қонунҳои амалкунанда мунтазам фаъолият намоем. Дар воқеъ тайи чанд соли охир гуруҳҳои тундрав бо истифода аз ному мақоми дини мубини Ислом ба қатлу куштор ва даҳшату ғорат даст мезананд. Аммо дар асл, шариати исломӣ чунин зуҳуроти номатлуб ва даҳшатноки терроризму ифротгароиро шадидан маҳкум карда, мусулмонро ба аъмоли накӯ раҳнамоӣ мекунад. Бидуни шак, яке аз сабабҳои иштироки ҷавонони мо дар ҳаракату гурӯҳҳои ифротии динӣ, аз ҷумла дар даргириҳои хунини Ховари Наздик, ноогоҳии онҳо аз моҳияти ҳақиқии дин ба ҳисоб меравад. Сабаби аслии ба гурӯҳҳои тундрав шомилшавии ҷавононро Президенти кишвар дар Паёми худ аз сатҳи пасти донишҳои замонавӣ онҳо медонад. Чунин тарзи танзими ҳуқуқӣ имкон медиҳад, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолияти худро асосан дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон равона созанд, баҳри волоияти қонун ва пешгирии ҳамаи зуҳуротҳои номатлуби ҷомеа  аз қабили ифротгароӣ, терроризму экстремизм.

Вазифаи мо дар ин раванд пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ омили асосии эъмори давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмини волоияти қонун мебошад. Аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вақтҳои охир дастгир шудани гурӯҳои ҷиноятие, ки мехостанд, дар минтақаҳои кишварамон амалҳои ҷинояткории ифротгароӣ, хиёнат ба Ватан, терроризму экстремизм ва ба ин дом афтодани мардум, аз ҷумла ҷавонон мебошад.

Амалҳои хоинонаи генерали мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Назарзода Ҳалим бо ҳаммаслакони худ аз ҳизби мамнуъшудаи наҳзати ислом бо сарварии Муҳиддин Кабирӣ, гувоҳи ин гуфтаҳост. Бинобар ин, мо вазифадор ҳастем, ки бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ, инчунин, бо истифода аз шаклу усулҳои муосир дар ҳамбастагӣ бо ҷомеа муборизаро бар зидди ифротгарону моҷароҷуён  ва дигар равишҳои номатлуби ҷомеа, ки боиси нооромиву нотинҷии кишвар мегардад тавқият диҳем. Ҳамзамон ба роҳ мондани фазои якдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ мебошад.

Қайд кардан, ба маврид аст, ки пешрафти босуботи давлат ва ҷомеа, пеш аз ҳама, ба таъмини амният, волоияти қонун, таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд вобастагӣ дорад. Президенти маҳбубамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола бо ташаббуси бевоситаи сарвари давлат номгузорӣ гардида, баҳри ободонию созандагӣ бо ҷашнвораҳои гуногун мазмуни маънавӣ ҷашн гирифта мешавад, аз он ҷумла солҳои  2023-2026 “ Соли рушди саноат” номгузорӣ гардид.

Ватани маҳбубамон дар арафаи ҷашнӣ бузурги  35- солагии Истиқлолияти давлатии  ҷумҳуриамон қарор дорад. Аз ин хотир бо супориши Пешвои миллат, Президенти мардумиамон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди эҳё гардонидани марказҳои фарҳангию истироҳатӣ, ободу зебо гардонидани шаҳру деҳот, бунёди гулгашту иншоотҳои ҷашни бо инфрасохтори замонавӣ, на ин, ки дар ҳар 500 метр сохтани масҷидҳо. Вале мутобиқи дини мубини ислом- масҷид  ҳар қадаре  дур бошад,  барои ба масҷид рафтан, бояд зикри Худо кунӣ ва савоби калон мегирӣ. Масҷид ҷой зикри худо, намоз хондан ва дуо кардан аст, на ин, ки ҷойи вази беҳудагӯиву ғайбат. Мо ҳама мусулмонем, аммо рафтору кирдори як қисмат сокинон ба рафтору кирдори мусулмонӣ  далолат намекунад.

Ҳамарӯз  қариб ҳамаи шаҳрвандони мо аз субҳ то шом танҳо киноҳои туркӣ бо забони форсӣ тамошо мекунанд. Аксаран вақт ҳато модарон барои гусел кардани фарзандон ба мактаб ё шавҳар ба ҷойи кор дар вақти лозима хӯрок нахӯрда, баромада мераванд. Ҳолатҳое ҳастанд, ки муноқишаҳои оилавӣ низ дар тамошои  филмҳо ба миён меояд. Агар марди хона ягон чиз талаб кунад то филм хотима наёбад, ягон корро  ба анҷом намерасонад ё “худат рафта гир” мегӯянд. Чанд сол қабл бо тариқи телевизион филми “Проста Мария” мерафт. Дар ин аснод воқеаҳои нохуш руй дода буд аз қабили кӯдак дар ҷӯйбори об ғарқ шуд ва муноқишаҳои оилавии зиёд ба қайд гирифта шуда буд.

Фарҳанги куҳансолаи мардуми тоҷикро бегонагон ба худ тақлид карда дар фарҳанги худ омезиш доданд, ки аксари мо инро медонем ва мебинем. Пас, чаро ба қадри фарҳанги гаронбаҳои худ намерасем? Бисёри вақт аксари мо бетарафиро ба худ ихтиёр мекунем, аммо ногуфта намонад, ки бетарафӣ ин ба бор овардани ҷиноят дар паёмад мебошад.

Дини Ислом ҷонибдори он аст, ки дар ҳалли мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ  аз усули эътидол ё  миёнагароӣ бояд  дар асоси ояти сареҳи қуръонӣ ва аҳодиси саҳеҳу набавӣ, ахқоми шаръи шариф сурат гирад, то ин ки оромишу осоиш ва сулҳу суботро дар ҷаҳони ислом таъмин намояд. Яке аз сабабҳои асоси ин муноқишаҳои  мазҳабӣ мебошад. Агар мо ғояҳо ва арзишҳои олии исломро бо роҳи музокироти сулҳ, баланд бардоштани сатҳи маърифат ва худогоҳии исломӣ ба роҳ монем, ҳатман ба мақсади гузоштаи худ мерасем. Вале, мо бояд зиракии сиёсии худро аз даст надиҳем ва дар чорчӯбаи қонунҳои амалкунандаи давлатамон амал намуда, баҳри ободиву шукуфои ватани азизамон, ки як биҳишти руи замин аст, саҳмгузор бошем.

Фарҳод МАДАМИНОВ,

журналист, ш.Кӯлоб

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь