Кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 5 нафар сокинони вилоятро бо иттиҳоми узвият дар равияи мамнуи «Салафия» боздошт намуда, равонаи зиндон карданд.

Чанде пеш мақомоти суддии ноҳияи Ҷаббор Расулов ва шаҳри Бӯстон парвандаи ҷиноятии 5 сокини Ҷаббор Расулов ва шаҳри Бӯстонро баррасӣ намуда, онҳоро ба муҳлатҳои гуногун равонаи зиндон намуданд. Бойматов Ҳомидҷон, Содиқов Ҳомидҷон, Аҳмадов Бахтиёр ва Файзиев Маҳмудҷон, ки ҳамаашон сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов мебошанд, моҳҳои аввали соли 2016-ум дар ҷойҳои алоҳида сарҷамъ гардида, бо даъвати Бойматов Ҳомидҷон ба гирифтани таълимоти динӣ, аммо дар асл ҷалб шудан ба гуруҳҳои тундрав, ба кирдорҳои ғайриқонунӣ даст задаанд. Онҳо ҳангоми ҷамъомад дар ҷойҳои алоҳида аз наворҳои видеоӣ ва варақаву адабиёти таблиғотии мутааллиқ ба равияи экстремистии “Салафия” истифода мебурданд. Ин гурӯҳ моҳи июни соли равон аз ҷониби кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дастгир карда шуда, нисбаташон аз ҷониби шуъбаи тафтишотии мақомоти амният парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Дар асоси моддаи 307 (3), қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бойматов Ҳомидҷон, Содиқов Муъминҷон, Аҳмадов Бахтиёр ва Файзиев Маҳмудҷон гунаҳкор дониста шуда, бо қарори суди ноҳия ба ҳар яки онҳо ба муҳлати 5 соли зиндон бо адо намудани ҷазо дар калонияи ислоҳоти низомаш пурзӯр таъин гардид. Суди шаҳри Бӯстон нисбати Холматов Ҳалимбой, ки ба кирдорҳои зиддиқонунӣ даст задааст, дар доираи талаботҳои қонунҳои амалкунанда 6 соли ҳабс ҷазо таъин намуд, ки номбурда ин муҳлатро дар калонияи ислоҳоташ пурзӯр паси сар хоҳад кард. Имкон даст надод, ки дар ин бора иттилои бештар ба даст оварда, бо пайвандонашон суҳбат намоем ва доири роҳҳои ҷалби онҳо ва сабабҳои шомилшавиашон маълумот гирем.

Пешгирии амалҳои террористӣ
Солҳои охир дар Тоҷикистон садҳо нафар бо ҷурми шомил будан ба ин ё он гуруҳи ифротӣ боздошт ва равонаи зиндон гаштаанд. Тавре кормандони мақомоти қудратӣ изҳор медоранд, гаравидани сокинон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро – ин таҳдид ба амнияти миллӣ ва ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон аст.
Сардори Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Шариф Назардода низ дар нишасти матбуотии нимсолааш иттилоъ дод, ки кормандони милитсия давоми 6 моҳи соли равон дар вилоят содиршавии ду амали террористиро пешгирӣ карданд. Бино ба гуфти ӯ, ин амалҳои террористӣ тасмим буд дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва шаҳри Истаравшан ба вуқуъ пайванданд: “Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пешгирӣ карда шуд, баъзе аъзое, ки ин ҷиноятро содир мекарданд, дар давлатҳои хориҷа буданд. Мо парвандаи ҷиноӣ оғоз кардем. Як нафараш дастгир карда шуд, якчанд нафарашон дар дигар давлатҳо буданд, ному насабашонро намегӯям, барои он ки аз дигар давлатҳоянд, мо пешниҳод кардем, онҳо дастгир шуданд, чор нафари дигарро дар давлати ҳамсоя боздошт карданд”.
Сардори Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар мавриди амалҳои террористии шаҳри Истаравшан гуфт, ки ҷинояткорон дастгир шуданд ва аз онҳо яроқи ҷангӣ ҳам мусодира карда шудааст: “Амалҳои террористӣ содир кардан актҳои террористӣ ҳам буд, нисбати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ. Дигараш содир кардани таркишҳо”.

Баргардонидани 8 нафар…
Дар пайи ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ 8 нафар сокинони вилояти Суғд, ки ғайриқонунӣ дар донишгоҳҳои хориҷи кишвар барои таҳсили динӣ рафта буданд, ба ватан баргардонида шуданд. Тавре аз ҷониби кормандони мақомоти қудратӣ таъкид гардид, ин нафарон аз 26 то 43-сола буда, дунафарӣ аз Мастоҳу Панҷакент ва якнафарӣ аз шаҳру ноҳияҳои Ашт, Гулистон, Б. Ғафуров ва Хуҷанд буданд.
Шариф Назарзода ҳамчунин дар ин нишасти матбуотии нимсола изҳор дошт, ки ду нафар ҷавонони 31 – 32-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ низ ба ватан баргардонида шуданд. Яке ҳамроҳи ҳамсар ва 4 фарзанди ноболиғ ва дуюмӣ ҳамроҳи ҳамсар ва ду фарзанди ноболиғ ба хориҷи кишвар рафта буданд.

Корҳои идеологӣ бояд пурзӯр карда шаванд
Коршинос Набиюллоҳи Суннатӣ дар масъалаи пешгирӣ кардани ин гуна ҳодисаҳо ва шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳибзу ҳаракатҳои ифротӣ мегӯяд, ки дар ин гуна масъалаҳо бояд пеш аз ҳама корҳои идеологӣ пурзӯр карда шавад.
– Яке аз сабабҳои аслии ба гуруҳҳои ифротӣ ва равияҳои экстремистию террористӣ шомилшавии ҷавонони мо – ин аз суст будани идеология аст. Қаблан, агар назар кунем, дар замони Шӯравӣ идеология ки ҷиддан ба тарбияи насли наврас машғул буд, як қувваи муқтадире буд, ки метавонист дар ботини ҳар як ҷавон, ҳар як кӯдак на фақат ҳуввият, балки муҳаббати ватандориро ҷойгир кунад, ки мутаассифона, имрӯз мо ин чизро надорем,- афзуд ӯ.
Коршиносон сабабҳои шомилшавии сокинон, махсусан ҷавононро ба суст будани корҳои идеологӣ, маърифати пасти шаҳрвандон ва паст будани шароити иқтисодӣ вобаста мекунанд. Инчунин, бетарафии сокинон ва дар сатҳи зарурӣ ҳамкорӣ накардани шаҳрвандон бо мақомоти дахлдор аз сабабҳои дигари пайвастани шаҳрвандон ба равияҳои тундрав арзёбӣ мегардад.

Афзал БОСОЛИЕВ

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь