Ифротгароӣ ва шеваҳои хашини он сабаби аслии қатлу куштор ва нобудии давлату миллатҳо гардида, ахиран боиси аз даст додани минтақаву мамлакатҳо ва ба харобазор табдил гардидани онҳо мешавад. Воқеиёти дар Афғонистон ва Шарқи Наздик ба вуқуъ пайваста, нишон додааст, ки гурӯҳҳои исломгаро, ки даъвои табдили зиндагӣ ва ҷомеа барои мусалмононро ҳамчун ваъдаи биҳишти адн медиҳанд, танҳо зоҳири як бозиест, ки роҳандозӣ гардида, бунёдан бар алайҳи худи ҷомеаи мусалмонон ва пешрафти онҳо нигаронида шудааст.

Яке аз шеваҳои асосии исломи сиёсӣ то замони ин ки заминаи иҷтимоӣ надошта бошад, ё бадномшуда бошад, пайравони ин ҷараён ба қоидаву қонунҳои мардумсолорӣ такя мезананд ва ҷиҳати ҷойгоҳ пайдо намудан аз ҳуқуқи башар ва мардумсолорӣ ҷор мезананд. Замоне, ки исломи сиёсӣ дар ҳавзаи умумӣ таҳти фишор бошад, аз эҳёгарии маънавӣ ва бозгашт ба асри тиллоии дин сухан мегӯянд. Вале агар ба умқи ин гуна амалкардҳо назар андозем ин танҳо як тактикае аст, ки исломгароён дар давраҳои гуногун барои боқӣ мондан ва таъсиргузор будан дар арсаи қудрат ба иқтидори иҷтимоӣ дар пеш гирифтаанд. Аммо онҳо ҳангоме, ки ҳукуматро ба даст мегиранд, ҳама қоидаҳои мардумсолорӣ ва он ҳарфҳое, ки дар бораи эҳёгарии суннатҳои миллию маънавӣ доштаанд, онҳоро канор мегузоранд ва бар алайҳи гуфтаҳои хеш амал мекунанд. Чунин шеваро метавон дар амалкардҳои толибон ва гурӯҳҳои дигари исломгаро ба ососнӣ мушоҳида намуд. Замони аввали қудратро ба даст гирифтани Толибон иддае аз кишварҳо чунин бардоштеро изҳор намуда буданд, ки гӯё онҳо воқеан дигар шуда бошанд ва дар баробари аҳли ҷомеа аз муносибатҳои мардумсолорӣ кор мегиранд. Вале пас аз гузашти муддати вақт онҳо ҳамон шеваҳои хашинеро мавриди истифода қарор доданд, ки ба бунёди идеологияшон созгор аст. Аз ҷумла дур кардани занон аз тамоми равандҳои иҷтимоӣ, онҳоро ба ҳошия рондан ва мамнуъ кардани таҳсил фаъолияти иҷтимоӣ ва бидуни маҳрим ҳозир нашудан ба малои ом ва куллан аз ронандагӣ мунсариф кардани онҳо ба ҳисоб мераванд. Агар ба мабнои ҳокимияти исломгароёни толибонӣ таваҷҷӯҳ намоем, онҳо занонро ба як барда ва махлуқи беҳуқуқ табдил додаанд, зеро ба назари идеологияи толибонӣ ҳатто берун омадани зан аз хона бояд барои хидмат ба мард анҷом гирад, на барои хост ва дилхоҳии худи онҳо. Ҳатто тибқи чунин қавонин зан ҳуқуқи дар танҳоӣ ва бидуни маҳорим ба пизишк муроҷиат карданро надорад. Да баъзе аз кишварҳое, ки исломгароён ҳокимиятро қабза кардаанд, ҳаракат ва фаъолиятҳои сиёсии занонро иҷозат медиҳанд, танҳо ба хотир аз ин ки барои таблиғи мардсолории мазҳабӣ ҷаласаҳои занона ташкил диҳанд. Барои мардон ва дар ҷиҳати тасмимгирии онҳо, ки ҳокимият дар дасти онон аст, роҳпаймоиҳо ташкил намоянд. Аз таҳсил дар риштаҳое, ки хос ба мардон аст, бояд худдорӣ намоянд ва аз кор кардан дар умуре, ки бар асоси қонунҳои ба табъ расонидани онҳо барои занон шуғли муайян маън карда шудааст, худдорӣ намоянд. Ба баҳои ҳузур дар ҳошияи маҷлиси мардона ва бар тасмимоти онҳо ризоият бидиҳад. Дар аксар аз низомҳои сиёсии динӣ хонашинӣ ва ё дар мазраа мондан барои занон тарҷеҳ дода шудааст. Чунин тарзи амалкард нишон медиҳад, ки дар низоми динсолор ва исломгароии сиёсӣ занон ҳуқуқи чандоне надоранд ва онҳо танҳо иҷрокунандаи тасмимоти мардон ва иҷрокунандаи хоҳишу амалҳои онҳо боқӣ мемонанд. Ҳатто дар масоили интихоби ҳамсар ҳеҷ райъе дар аксар аз ин низомҳо ба занон қоил нестанд. Ҳамин аст, ки имрӯз дар Афғонистон падару модарон ба хотири зинда мондан духтарони хурдсоли худро, ки ҳатто синни 6, 9 сола доранд ба баҳои ночизе ба нафарони муйаян гӯё ба издивоҷ медиҳанд, ки дар асл он аз як ғуломфурӯшие беш нест. Чунин тарзи муносибат боиси аз назари равонӣ осебпазир гардидани занон ва минбаъд на ҳамчун як шахсияти солим балки аз лиҳози равонӣ ба як шахсияти носолим табдил меёбад. Аз тарафи дигар чунин никоҳҳои хеле барвақт боиси он мегардад, ки занон аз лиҳози физиологӣ низ осебҳои ҷиддӣ бардошта, ба амрози гуногун мубтало мешаванд, ки дар оянда ба сарнавишти онҳо таъсири манфии хешро мегузоранд. Дар чунин низом ҳеҷ гоҳ ба назр гирифта намешавад, ки руҳияи зане, ки аз лиҳози равониву физиологӣ осеб бардоштааст, то чӣ андоза метавонад дар сарнавишти фарзандони он таъсиргузор бошад. Аз тарафи дигар дар аксар аз ин низомҳо нобаробарии издивоҷ ба роҳ монда мешавад, ки барои мардон дар як вақт зиндагӣ кардан ба як чанд занро муҷоз медонад. Чунин ҳолат боиси он мегардад, ки мушкилоти зиёди иҷтимоӣ ба вуқуъ пайванданд ва рашк норизоӣ ва хушунатро дар байни занон ва фарзандон, ки аз занони гуногунанд, ба миён оварда, печидагиро як бар сад биафзояд. Чунин бебандуборӣ ва муносибати нобаробар ба занон сабаби он мегардад, ки дар оянда иддае аз фарзандон аз таҳсилу тарбият берун мемонанд. Онҳо ба дониш фаро гирифта намешаванд ва натиҷатан ҳамаи ин ба бебандубории ҷомеа ва вопасгароии он оврда мерасонад. Тавре айён аст, чун вақте як мард дар як вақт бо чанд ҳамсар зиндагӣ мекунад, тарбияти хонаводагӣ бештар бар души занон меафтад. Аммо масъалаи матраҳ ин аст, ки вақте зан аз лиҳози маънавӣ дониши амиқеро фаро нагирифта бошад, он наметавонад фарзанди хешро дуруст тарбият созад. Ҳамчунин зан вақте аз лиҳози равонӣ ва физеологӣ осеб бардошта бошад, табиӣ аст, ки чунин вазъ ба сарнавишти фарзандон низ метавонад таъсири хешро гузорад. Яке аз печидагии асосие, ки ҷомеаи таассубзадаи динӣ бисёр ба оҳистагӣ ва кундӣ рушд мекунад, ҳамин дар инзиво қарор додани занон ва аз таҳсил дур мондани занон ва барои онҳо танҳо таблиғ намудани тааассубу хурофот боиси он мегардад, ки онон ҳангоми тарбияти фарзанд аз ҳамин руҳия кор бигирнад ба ҳамин навъи муносибат, ба ҳамин навъи донишҳо ба насли баъдӣ интиқол мегардад. Дар тасаввури насли баъдӣ низ беэътиноӣ ба занон ба як амали маъмулӣ табдил меёбад, ки он минбаъд аз насл ба насл интиқол мешавад.

Бо назардошти ҳамин нукта аст, ки ҳоло занони пешқадами Афғонистон дар баробари низоми ғайриинсонии толибон гирдиҳаммоӣ мекунанд ва онҳо даъвои ҳуқуқ ба занон ҳуқуқ ба кор ва ҳуқуқи сиёсие доранд. зеро  онҳо хуб пай бурдаанд, ки идомаи чунин амаклкард метавонад, боиси он гардад, ки насли минбаъдаи онҳо яъне фарзандонашон боз ҳам дар ботлоқи таассубу нодонӣ фурӯ рафта ба ғулому бардаи гурӯҳҳои сиёсии исломӣ табдил ёбанд ва дар оянда бесарнавишт гардида, ба хотири чизҳои содда яъне ақоиди исломгароёни сиёсӣ ҷони хешро қурбон созанд. Вале ба чунин вокуниши сахти занон толибон ба ҷойи гузашт кардан ва ҷойгоҳи муносиби қоим шудан барои занон бар сари онҳо аз аслиҳаҳои вазнин тир мепаронанд. Кас ҳайратзада мешавад, ки чи сон онҳо дар лобалои заноне, ки бидуни силоҳ ҷиҳати дифоъ аз ҳуқуқҳои хеш ба майдон баромадаанд, аз аслиҳаву лавозимоти ҷангӣ истифода менамоянд. Чунин ба назар мерасад, ки идеологияи исломигароӣ мухолиф бар ҷойгоҳи иҷтимоии зан аст. Ин гурӯҳ меандешанд, ки агар воқеан занон ҷойгоҳ пайдо намоянд ва ба фаъоли иҷтимоӣ табдил ёбанд, онҳо намегузоранд, ки чунин навъи ҳукуматҳои худкома фаъолият намоянд ва ҷомеаро ба як дузахи рӯи замин табдил дода боиси ноадолатӣ қатлу куштор ва харобӣ иҷтимоӣ гардад.

Исомиддин Шарифзода,

номзади илмҳои фалсафа,

мудири кафедраи гуманитарии

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь