Дар дарозои ду қарни ахир Ислом ба ҳайси пуружаи сиёсии кишварҳои абарқудрат табдил ёфта, ҷиҳати дастёбӣ ба манофеъи иқтисодиву сиёсии худ мутаассифона, аз он ба ҳайси абзори таъсиргузор кор гирифта мешавад. Бархӯрдҳои диниву мазҳабӣ дар кишварҳои мусалмоннишини бо ҳадафҳои муайян ба роҳ мондашуда, ҷиҳати расидан ба он аз таъсиси созмонҳо ва ҳизбу ҳаракоти динӣ ба кор гирифта мешавад. Дар ҷаҳони муосир суистифода аз бовару эътиқодоти мардумон ба хотири таҳкими қудрат барои сиёсатҳои минтақавию ҷаҳонӣ ба як амали маъмулӣ табдил ёфтааст. Махсусан, дар кишварҳои мусалмоннишин ин тактикаи сиёсиро метавон ба осонӣ мушоҳида намуд. Ин кишварҳо барои бархурди манфиати абарқудратҳо ва аз нав тақсим кардани ҷаҳон размозмоишгоҳ ва майдони таҷрибавӣ мебошанд.

Намунаи як чунин бозиро дар Афғонистон метавон мушоҳида намуд. Ҳоло гуруҳе, сохтаву муздурони бегонагон, яъне гуруҳи “Толиб” дар ин кишвар қудратро ба даст гирифта, бо қабеҳтарин шева ба инсонкушиву озори мардум даст задаанд.

Ҳоло ҳар куҷо нафари озодае, донишманде, зиёие, ки ба қавонини асримиёнагии ин гуруҳи ваҳшсират мухолиф аст, мавриди куштори бераҳмона қарор мегирад. Манзараҳои дилхарош ва саҳнаҳои қатлу ғорат, ки тавассути ин афроди нимаваҳшӣ сурат мегирад, сахт озордиҳандаву ғайриинсониянд. Имрӯз, мутаассифона, ба дасти ин ҷаллодони хуношоми қарни равон беҳтарин фарзандони кишвари Афғонистон, ҳар куҷо мард ё зани озодандеш ва ё аъзои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба қатл мерасад. Ҳарчанд “Толибон” даъво доранд, ки гӯиё токтики хешро иваз кардаанд, ин танҳо як зоҳирсозие беш нест ва онон амалан ҳамон бедодгариҳоеро анҷом медиҳанд, ки бисту анде сол анҷом медоданд. Онҳо бар зидди ҳамагуна дастовардҳои тамаддуни инсонӣ қарор гирифта, онҳоро ғайришаръиву ғайримуҷоз дониста, пайи нобудии онҳо қарор мегиранд. Ҳар куҷое дигар аз ҷинси латиф дорои мақоми иҷтимоӣ аст, мавриди озору қатли ин дастаи ваҳшӣ қарор мегирад.

Мушкили меҳварӣ ин аст, ки ин гуруҳҳо ҳеч гоҳ тағйир намекунанд, зеро бунёди идеологии онҳоро хушунату мардумозорӣ ва ҷаҳолати густурда ташкил медиҳад. Ба ин шумул тамоми созмонҳо ва ташкилотҳое, ки аз номи Ислом мехоҳанд қудратро тариқи зуроварӣ ба даст оваранд, аз ҳамин қабиланд. Таҷриба нишон додааст, ки аксари равияҳои Исломи сиёсӣ аз қабили “Ихвон –ул- муслимин”, ДОИШ, “Ал-Қоида”, “Толибон”, ТТЭ ҲНИ  ва амсоли ин аз лиҳози бунёдӣ, хушунатгарӣ ва ҷаҳли густурда тафовути ҷиддие надошта, ниҳоятан ҳамаи онҳоро як даъво ба вуҷуд овардани давлати фаромиллии исломӣ бо номи хилофат метавонад умумият бахшад. Дар ин ҳадафи ниҳоӣ ва фундаменталӣ байни ҷараёнҳои гуногуни исломи сиёсӣ, аз ҷумла “Толибон” “Ал-қоида”, “салафия”, “ҳизби таҳрир”, ТТЭ ҲНИ, ДИИШ ва ғ. фарқияти принсипиалӣ вуҷуд надорад. Мусаллам аст, ки амалӣ намудани ин ҳадаф кори саҳлу осон нест. Барои расидан ба ин ҳадаф аксари онҳо кушиш менамоянд, пеш аз ҳама, низоми давлатҳои дунявиро аз байн бибаранд. Аз тарафи дигар, ҳамеша бо донишу дидгоҳҳои илмиву муосири башарӣ дар мухолифат қарор мегиранд. Ҳамин аст, ки дар мухолифат ба давлатҳои низомашон миллӣ ва дунявӣ қарор мегиранд.

Ҳоло агар ба вазъу муносибати Толибон назар андозем, хоҳем дарёфт, ки бо расидан ба қудрат ҳамон аъмоли зиддибашариву зиддиинсонии хешро идомат медиҳанд. Куштори дастаҷамъии дигарандешону мухолифон, аз байн бурдани фаъолони ҷомеаи маданӣ ва ба ҳошия рондани занон идома дорад. Инҳо ҳоло душмани сарсахти таълиму тарбияи муосир буда, маҷмуъи донишҳои дунявиро аз барномаҳои таълимӣ хориҷ намудаанд. Муаллимону санъатварон ва театру мусиқӣ ва амсоли ин ҳамаро бидъату куфр эълон намудаанд. Тамоми ин ташаккулаҳо шеваҳояшон ба ҳам монанданд, ки қаблан ҳамин гуна ҳолатро дар Сурияву Ироқ ДИИШ анҷом дода буд. Ин воқеияти талхро қаблан ҳаводиси ба вуқӯъ пайвастаи Шарқи наздик ва саросари ҷаҳон собит намудааст.

Амалҳое, ки имрӯз Толибон дар Афғонистон анҷом медиҳанд, ҳамон амалҳоаенд, ки дар солҳои 90-уми асри гузашта дар қаламрави Тоҷикистон наҳзатиҳо анҷом дода буданд. Онҳо ҳамон замон аз аввалин корҳое, ки шурӯъ карданд, мухолифат бар илму дониш ва ба ҳошия рондани донишмандону мутахассисон буд. Аз ҷониби дигар барчаспҳои куфру бидъатро дар муқобили муаллимон ва фаъолони мадании ҷомеа ба роҳ монда, тамоми дигарандешонро мавриди озору шиканҷа ва қатлу куштор қарор дода буданд.

Ҳоло дар Афғонистон ҳам агарчи Толибон даъво пеш меоваранд, ки гӯё онҳо дигар шуда метавонанд, бо мардум ба масоили гуногун дар созиш биёянд ва гузашт кардану тааммулпазириро риоят мекунанд, аммо ин танҳо як фиреби назаре беш нест. Ҳаводиси ду моҳи охир нишон додааст, ки Толибон ва идеологияи толибонӣ ҳеҷ гоҳ тағйирпазир набуду нест. Зеро он дар пояи хушунат ва саркубгарӣ бунёд ёфта, барои инсони имрӯзӣ ва ҷомеаи имрӯз ҳеҷ гоҳ ҷавобгӯ буда наметавонад. Ҳоло дар давоми ин ду моҳ ба ҷуз аз маҳдудкунии мардум қатлу ғорат, ноамнӣ, ҷисман аз байн бурдан дигар ҳеҷ амали инсоние аз ҷониби ин гурӯҳ дар Афғонистон ба чашм намерасад. Зеро инҳо ғайр аз дидгоҳи таассубзадаи шахшудаи асримиёнагии худ ҳеҷ як шеваи наве дар муносибати сиёсӣ ва идоракунӣ надоранд. Ҳамин аст, ки онҳо танҳо ба вуҷуд овардани бесару сомонӣ ҳараҷу мараҷ ва нобудии мардум танзими иҷтимоиро дар Афғонистон ба роҳ мондаанд. Имрӯз дар сафҳои Толибон террористон аз ақвому миллатҳои дигар меҷанганд, дар нобудии мардуми Афғонистон саҳм мегиранд.

Масъалаи дигар он аст, ки агарчӣ ҳоло Толибон даъво доранд, ки ҳадафашон танҳо барпо намудани ҳокимияти сиёсӣ дар Афғонистон аст, аммо ин ҳам аз шеваи амалкардашон танҳо як тактикаи сиёсист. Вақт нишон хоҳад дод, ки онон ҳатман ба даъвои сохтмони як давллати фаромилии динӣ вориди майдон хоҳанд шуд.

Наҳзатиён низ ки имрӯз даъво пеш меоваранд, ки гӯё онҳо ба вазъи имрӯзаи ҷаҳон мутобиқанд ва аз ҳуқуқи башару озодиҳои инсон метавонанд дифоъ варзанд, танҳо як дурӯғи таблиғотии маҳз ва як фиреби назар аст. Зеро давоми 30 соли ахир ҳаводисе, ки аз ҷониби гурӯҳҳои гуногуни сиёсие, ки бо номи ислом мехоҳанд ҳокимияти сиёсӣ барпо намоянд, собит гардидааст. Онҳо низ ба ҷуз аз даҳшатафканиву аз байн бурдани осори тамаддуни инсонӣ ва ба асри санг баргардонидани ҷомеа кори дигареро анҷом надодаанд.

Сарварони фирории ТТЭ ҲНИ, ки айни ҳол дар хориҷи кишвар фаъолият доранд, даъво пеш меоваранд, ки гӯё онҳо ниҳоди орому сулҳпеша буда, танҳо аз роҳи муборизоти мусолиматомез мехостанд қудратро дар кишвар ба даст дароранд. Аммо ин танҳо як ҳарфи пучу беасос буда, агар ба таърихи фаъолияти ин ҳизб дар кишвар назар афканем, хоҳем дарёфт, ки ин ташаккул низ ба мисли дигар ниҳодҳои сиёсии хусусияти экстремистию террористӣ дошта, на танҳо аз роҳи таблиғ, балки аз роҳи силоҳ ва аз байн бурдани ҷисмии мухолифони хеш барои дастрасӣ ба ҳокимият нерӯҳои худро сафарбар намудааст. Дар ҷанги шаҳвандии соли 1992 – 1997 ин созмон дорои нерӯҳои ҷангӣ буд, ки мардумро террор мекарданд. Пас аз истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳарчанд қисмате аз ҷангиёни ин ҳизб халъи силоҳ шуда, ба ҷараёни умумии сулҳ ворид шуданд ва ба раванди корҳои мулкӣ ҷалб гардида, айни ҳол дар осоиштагӣ ва пешрафти кишвар саҳмгузоранд, аммо иддае аз онҳо дар сафҳои ба ном ҷиҳодиёне дар Афғонистону дигар кишварҳо ҳатто дар дохили худи Тоҷикистон бо роҳи силоҳу террор ба фаъолияти худ идома додаанд, ки намунаи он фаъолиятҳои терористӣ гурӯҳи мулло Абдулло ва Алии Бедакиро метавон ҳисобид. Ҳамчунин, дар тӯли солҳои 1997 то 2015 бо роҳи таблиғотҳои ҷиҳодию экстремистӣ сафи нафаронеро, ки ба ташкилотҳои ҷиҳодӣ пайвастаанд бо роҳи таблиғи густурда аз тарафи гумоштагони ТТЭ ҲНИ ниҳоят боло будааст. Айни замон низ иддае аз пайравони ТТЭ ҲНИ дар сафҳои давлати исломӣ дар Шарқи наздику Афғонистон ба амалиётҳои террористӣ идома дода, то ҳанӯз ба қатлу куштор ва аз байн бурдани мардуми осоишта машғуланд. Делели равшани он ҳамин гурӯҳи «Ансоруллоҳ», ки шохаи ҷангии наҳзат буда, ҳоло дар Афғонистон бо ҳамсангарии Толибон фаъолият менамояд, мисол шуда метавонад.

Инҳо танҳо аз рӯи дурӯғпардозӣ мехоҳанд ба зеҳнҳо таъсир расонда, чойгоҳеро дар боварҳои мардум аз худ ба вуҷуд оваранд. Вале ҳар фарди бедордил ва огоҳи миллат бояд андеша намояд, ки инҳо ҳамон гурӯҳоеанд, ки бо ҳарфҳои бе рабту вопасгароёна ва ҳангомаҷӯёнаи худ миллатро ба кофару муслим тақсим намуда, давлату миллати тоҷикро дар вартаи нобудӣ қарор доданд ва сабабгори аслии бадбахтии солҳои 90-ум гардиданд. Бояд ҳар фарди миллат дарк намояд, ки инҳо бештар аз марази вогире дар баданаи миллат нестанд. Онҳо нафаронеанд, ки манфиати бегонагонро таблиғ менамоянд ва мехоҳанд аз нав истиқлолияти миллӣ ва давлати миллиро аз байн баранд ва онро дубора ба дастнигару бардаи бегонагон табдил диҳанд. Чун худ озод нестанд, ба дигарон низ озодӣ бахшида наметавонанд. Барои онҳо ҷуз манфиати бегонагон манфиати миллӣ ҷаве арзиш надорад.

Моҳиятан, байни ТТЭ ҲНИ ва Толибону ДИИШ, Ал-Қоиада,  Бокоҳарам ва дигар созмонҳои ҷиҳодиву террористӣ тафовути бунёдӣ вуҷуд надорад. Онҳо ҳамагӣ аз як реша об мехӯранд ва ба як ҳадаф нигаронида шудаанд. Даъвое ки ҳоло наҳзатиён мекунанд, ки гӯё онҳо оромишписанду мудерн шуда бошанд, танҳо як дурӯғи таблиғотӣ барои аз нав ҷойгоҳ пайдо намудан дар зеҳнҳо аст. Вагарна наҳзату Толиб ҳамон буданд, ки ҳастанд.

Толибу наҳзат ҳар ду аз як мактаб сарчашма мегиранд, аз як решаанд ва аз як дидгоҳи ақидатӣ кор мегиранд. Шеваву муносибат ва тарзи идораашон як аст. Онҳо ҳеҷ гоҳ аз идеологияи хушунату зуроварӣ ва нобуд кардани арзишҳои муҳими инсонӣ даст нахоҳанд кашид. Ҳарчанд фирориёни наҳзатӣ ҳоло дар Аврупои дунявӣ худро бо либосҳои шику мудерни аврупоӣ ороиш медиҳанд, вале то ҳанӯз мағзи онҳо, тарзи андешаи онҳо, тарзи андешаи толибонӣ ва дигар гурӯҳҳои террористӣ аст. Аз ин рӯ, ҳар фарди огоҳи ҷомеаро зарур аст, ки ба таблиғоти бепояи онҳо дода нашуда, аз хиради комил кор бигирад ва ҳама он вазъиятҳое, ки дар Сурияву Ироқ ва ҳам акнун дар Афғонистон мегузаранд, бояд барои мо як таҷрибаи равшан ва сабақӣ таърихӣ гардад. Бояд ҳамин низоми дунявӣ ва миллиро, ки метавонад заминаи хубе барои рушди миллат муҳайё созад ва аз ҳама гуна хатар миллатро эмин нигоҳ дорад.

Азимҷон РАҲМОНЗОДА,

номзади илмҳои сиёсӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь