Терроризм аз забони лотинии (terro) гирифта шудааст, маънояш “даҳшат, ҳарос” мебошад.

Экстремизм (ифротгароӣ) шакли ниҳоии он- терроризм (даҳшатафканӣ) ҳам, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари ҷиддӣ дорад.

Экстремизм аз забони лотинии (extremes) гирифта шудааст, маънояш “охирин, канора” мебошад.

Терроризм чун рӯйдоди воқаен хавфнок, ки пешгӯии он дар замони муосир мушкил аст, бо шаклҳои мухталиф доман паҳн мекунад, ҳамсафари доимии одамон гаштааст. Ҳамлаҳои террористӣ дар кулли ҷаҳон хисороти зиёди ҷонӣ оварда, ба ҷомеаи инсонӣ дар баробари таҳмили фишору ҳамлаҳои пси­хологӣ, инчунин, хисороти моливу маънавиро дар пай дорад, ки барқаро­рии он аксар вақт барои одамон имконнопазир мегардад. Терроризм ху­шунат, нобоварию бадбиниро миёни кишварҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоию миллӣ тавлид намуда, барои бартарафсозии оқибатҳои он баъзан ҳаёту зиндагии як насл камӣ мекунад. Терроризм, чун рӯйдоди манфии ҷомеа, ки баъзан ба он либоси сиёсӣ мепӯшонанд, натиҷаи сиёсатбозиҳои бе­маънӣ аст. Гурӯҳҳои ҷудогона ҳуқуқ ва қонуниятҳои давлатро зери шубҳа гузошта, барои ба ҳадафҳои худ расидан, аз террор истифо­да карданӣ мешаванд, ки ин комилан хилофи қонун ва ҳатто хилофи ахлоқи инсонӣ мебошад. Гурӯҳҳои мухталифи ҷиноятпеша барои фароҳам сохтани шароити номусоид, ҷиҳати фаъолиятҳои ғаразнок ба ҳарифон ва сохторҳои давлатӣ ҳамлаҳои террористӣ анҷом медиҳанд. Қурбонии терроризм метавонад ҳар инсоне гардад, ки ба муноқишаҳо ягон муносибат ва ҳатто рабитае надошта бошад. Дараҷаи пайдоиши терроризм, таъсири шаклҳои мушаххаси зуҳури он дар ҷомеа падидаи номатлуб аст. Мубориза дар муқобили он пурқувватсозии неруҳои солими ҷомеа ва давлатро дар ҳалли масъалаҳои хеле муракаб тақозо намуда, ба пешгирӣ ва решакансозии терроризм мусоидат мекунад. Мутаассифона, терроризм силоҳи тарсу ваҳм, қатлу куштор ва нобудсозӣ миёни ҷаҳони оштинопазир гашта, дар фаҳмиши ҳаёт назариёти мухталифу фарқкунанда ва ахлоқу фарҳанги заифро ба бор овардааст. Дар чанд соли охир терроризм чун мушкилоти ҷаҳони муосир доман паҳн намуда, афзоиши устувор касб кардааст. Ҳодисаҳои террористӣ аз рӯйи хусусияти худ сол то сол мута­шаккилонаю бераҳмона гардида, дар созмондиҳии он аз васоити мухо­биратии ҳозиразамон, техникаву дигар муҳиммот истифода мебаранд.

Радикализм аз калимаи лотинии (radix) гирифта шудааст манояш “реша, бех” мебошад. Дар қисматҳои гуногуни дунё радикалҳои сиёсӣ ва миллатгаро барои ба ҳадафҳои ниҳоии худ расидан, террорро интихоб намуда, шабакаҳои ҷосусӣ, анборҳои силоҳу маводи таркандаро барои такмили сохтор ва дастгирии молиявӣ моҳирона истифода мебаранд. Созмонҳои террористӣ барои амалиётҳои хеш шаклҳои мухталифи ширкат ва фондҳоро чун сипар дар ихтиёр қарор медиҳанд. Возеҳ аст, ки барои ташдид бахшидани мубориза бо ин рӯйдоди хеле хавфнок зарур аст, ки роҳбарони сатҳи олии давлатҳо муттаҳид ва созмонҳои байналмилалӣ таъсис ёбанд. Барои ба амал баровардан ва шаклгирии муборизаи чашмгир алайҳи терроризм таҳлили фаҳмиши ягонаи байналмилалӣ – ҳуқуқии он ва тавсифи аниқи ҳуқуқии ин навъи ҷиноят ба эътибор гирифта шавад. Дараҷаи хатаре, ки терроризм ба ҷомеаи муосир дорад, далелҳои раднопазир бозгӯйи он аст ва кишварҳои абарқудрат бар зидди терроризм қонунҳо кабул менамоянд ва ягон мулоқоти сарони кишварҳо бе муҳо­кимаи ин мушкилот намегузарад. Воқеаҳои охири дар давлатҳои Амрико, Руссия, Ироқ, Сурия, Ливия, Афғонистон, Камерун ва Испания аз он шаҳодат медиҳанд, ки ягон кишвари дунё дар алоҳидагӣ аз ҳамлаҳои ваҳшиёнаи террористон дар амон нестанд.

Одамони бегуноҳ қурбон меша­ванд. Ана, барои чӣ Тоҷикистон муттаҳидсозию ҳамоҳангсозии нерӯҳои минтақавӣ ва байналмилалиро дар мубориза алайҳи терроризми бай­налмилалӣ, экстремизми динӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар зуҳу­роти нангинеро, ки барои инсоният хатарзо ҳастанд, зарур мешуморад. Таърихи тӯлоние, ки терроризм дорад, он бо ҳар гуна роҳу шева зуҳур намуда, ин падида ҳазору панҷсад сол аст, ки дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон ҷонҳои ҳазорон одамони бешуморро рабудааст. Президентҳои Амрико, импера­торҳои Рум, султонҳои Туркия, шоҳони Рус ва ғайраҳо қурбонии терро­ризм гаштаанд. Дар зуҳуру пайдоиши ин падида ҳар як кишвар «қаҳра­монон»-и худро дорад. Дар рӯзҳои мо шаклҳои гуногуни терроризм вуҷуд дорад, ки аз рӯйи хусусият ва фаъолияти тахрибкоронаашон мақ­саду ҳадафи онҳо барои муваффақ шудани натиҷаҳои гуногун нигарони­да шудааст. Терроризми дохилидавлатӣ фаъолияти гурӯҳи муташаккили террористӣ ва ё террористони инфиродиро муаррифӣ менамояд, ки мақ­сади онҳо барои ба даст овардани ҳадафҳои сиёсӣ дар дохили як давлат мебошад. Терроризм асосан зӯроварӣ аст ва он дидаву дониста муқоби­ли ҳар кишвар нигаронида мешавад. Вақте терроризми давлатӣ аз мар­зи кишварҳои алоҳида берун меояд, он хусусияти терроризми байналми­лалиро касб мекунад. Вақтҳои охир ин шакли терроризм дар сатҳи васеъ ва чашмгир доман паҳн намудааст ва он ба устувории давлатҳо зарба ворид менамояд, хисороти зиёд тавлид карда, ёдгориҳои фарҳангӣ ва таърихиро нобуд месозад ва ба муносибатҳои байналмилалӣ зарба мезанад. Тер­роризми байналмилалӣ мисли дигар шаклҳои террор зӯроварии гӯшно­шуниди низоми бегонаро ба амал оварда, дар шакли хеле содалавҳона барои пайдо шудани идеяҳои зиёд замина мегузорад ва мақсаду ҳадафи он шиддат бахшидани ҷиноятҳо ва амалҳои террористӣ аст, ки ин аз нигоҳи худи террористон мусбат аст.

Терроризм, ки ба ҷаҳон хатари калон дорад, дар ҳоли ҳозир таҳдидро ба сохти сиёсӣ, иқтисодӣ ва ниҳодҳои иҷтимоии давлатӣ густурда намуда, озодӣ ва ҳуқуқи одамонро зери шубҳа гузоштааст. Ба ин нигоҳ накарда, сокинони сайёраро боз терроризми ҳастаӣ, силоҳи кимиёвӣ ва терроризми иттилоотӣ таҳдид менамояд. Дар замони муосир акса­ри ҳамлаҳои террористӣ дар заминаи эътиқоду боварии динӣ ба амал меоянд. Ҷаҳонбинӣ ва эътиқоди динии Усома бини Лодан ба он оварда расонд, ки террористон аз шумули шогирдони вай солҳои зиёд кӯши­ши рабудани технологияи ҳастаиро намуданд. Онҳо бо ин андеша ба он муътақид буданд, ки барои расидан ба ҳадафҳои бо ном «исломӣ» ҳатто ба силоҳҳои кимиёвӣ, биологӣ ва куштори оммавӣ даст меёбанд. Дар онҳо меъёрҳои ахлоқӣ вуҷуд надорад ва ҷаҳонбинии эшон танҳо аз фанатизми динӣ иборат аст. Терроризм дар замони муосир ба давлатҳо, шахсони сиёсиву ҷамъиятӣ, пешвоён ва ҳатто моликони сар­моя таҳдид менамоянд. Паҳншавии терроризм нигарониро аз он ҷиҳат ба бор меорад, ки инсоният ба хатари ҷиддии нестшавӣ рӯ ба рӯ гашта­аст. Террористон дар роҳи расидан ба мақсаду ҳадафҳои шуми хеш аз истифодаи ҳатто силоҳҳои мамнӯъ даст кашиданӣ нестанд. Кӯшишҳои онҳо дар роҳи ба дастёбии силоҳи бактериологӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба он ҳушдор медиҳад, ки дар мубориза бар зидди терроризм боз ҳам мута­шаккил гардида, пеши паҳншавии ин вабои асрро дастаҷамъона ги­рифтан лозим аст.

Ҳазратқулов Абдумалик,

омӯзгори МДТ “Литсейи Умари Хайём”-и н. Синои ш. Душанбе

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь