“Терроризм фаъолияти афроди давлатӣ ё ғайридавлатие мебошад, ки дар кишварҳояшон барои дастёбӣ ба аҳдофи сиёсӣ аз равишҳо ва воситаҳои хушунатомез истифода мекунанд. Шеваҳои корбурдашуда аз тарафи террористҳо аз ҳавопайморабоӣ, гаравгонгирӣ, харобкорӣ, бомбгузорӣ, бонкзанӣ, одамрабоии сиёсӣ ва одамкушӣ иборатанд. Созмонҳои террористӣ саъй мекунанд, ки вобаста ба иқдомҳояшон таваҷҷуҳи расонаҳои гурӯҳӣ ва мардумро ҷалб кунанд. Аксари созмонҳои террористӣ намояндаи мавозеи сиёсии ифротӣ ҳастанд, ба ин маъно, ки гурӯҳҳои чап ба фаъолиятҳои сиёсӣ даст мезананд, то сабаби шурӯи инқилоб ё ҷанги дохилӣ шаванд”.

Ин шарҳ дар асари устодони Донишгоҳи Мичигани Ғарбӣ (воқеъ дар ИМА) Ҷек Си Плано ва Рой Олтон “Фарҳанги равобити байналмилал”, ки ҳанӯз соли 1969 интишор ёфта буд, оварда шудааст. Агар ба этимологияи вожаи терроризм назар афканем, дармеёбем, ки он аз вожаи фаронсавии “Terrorisme” гирифта шудааст ва муодили тоҷикии он ҳаросафканӣ, даҳшатафканӣ ва ваҳшатафканӣ мебошад. Аввалин корбурди вожаи “террор” ва “терроризм” ҳамчун истилоҳ дар замони муосир аз Инқилоби Кабири Фаронса (1793-1797) сарчашма мегирад.

Терроризм падидаи номатлуби замони муосир буда, ҷараёне гуфта мешавад, ки гурӯҳҳои ҳаросафкан бо истифода аз зӯровариву хушунат ё таҳдид ба ҳадафҳои сиёсӣ, мазҳабӣ ва ё идеологии худ расидан мехоҳанд. Мақсади ибтидоии терроризм, халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани одамон, ба воҳима ва таҳлука овардани аҳолӣ буда, тавассути он фишор овардан ба мақомоти давлатист. Мақсади ниҳоии чунин ҳаракатҳо бошад, маҷбур сохтани мақомоти давлатӣ барои қабули қарори ғайриҳуқуқӣ мебошад, ки ба манфиати онҳост ва ё бо мақсади резонидани обрӯ ва манзалати мақомоти давлатист.

Ба ибораи дигар, асоси терроризмро равиши таҳмили ақидаҳо ба дигарон фақат аз тариқи зӯроварӣ, террор, ҷанг, ҳаросафканиву ваҳшат, ошӯб, кушторҳои ҷамъӣ, шиканҷа, қатли ом, амалиёти чирикӣ ва инқилоб ташкил медиҳад. Пайравони терроризмро, ки онро пазируфта ва барои расидан ба ормону ҳадафҳояш аз он истифода мекунанд, “террорист” (terorist) меноманд.

Бо дарназардошти падидаи хушунатбор ва таҳдидомез будани терроризм, ба осонӣ метавон гуфт, ки дар ҳар кадом аз давраҳои таърихӣ терроризм шакли хосе ба худ гирифтааст, ҳарчанд ҳар кадом аз он шаклҳо ҷойи баҳс, баррасӣ ва нақди худро доранд.

Терроризм як падидаи сиёсӣ буда, дар рӯзгори қадим бо дарназардошти системаҳои сиёсии ҳоким дар он замон самтҳои густурда надошт ва танҳо дар доираи маҳдуди қудратҳои сиёсӣ мавҷуд буд, ки бештар аз тариқи соҳибони қудрати сиёсӣ бар зидди якдигар истифода мешуд. Дар натиҷа он замон падидаи терроризм бештар дар доираҳои маҳдуд рух медод ва пойи мардуми одӣ дар байни чунин моҷароҳои террористӣ камтар кашида мешуд. Дар ин давра мумкин буд, афроди ғайрисиёсӣ вориди амалиёти террор бишаванд, вале дар ниҳоят терроризм марбут ба қудратмандон ва ё муддаиёни қудрати сиёсӣ дар ҷанги расидан ба қудрат бо якдигар буд.

Дар замони муосир ба даст овардани қудрати сиёсӣ мисли замонҳои қадим бо зӯрӣ муяссар намешавад ва содаву осон ҳам нест. Муҳраҳои арсаи қудрати сиёсиро зарур аст, ки дар рафторҳои худ аксуламалҳои мардумро ба инобат бигиранд. Бинобар ин, кашида шудани мардум ба саҳнаи ҷанги қудрат ва истифода аз онҳо дар амалисозии ҳадафҳои мустақиму ғайримустақим барои расидан ба қудрат ва имтиёз аз ҷумлаи махсусиятҳои терроризми даврони модерн аст. Ҳадафҳои мустақим тавассути маҳви физикии муҳраҳои қудрати сиёсӣ ва ҳадафҳои ғайримустақим аз тариқи ҳаросафканӣ ва таҳдиди мардум ба террор ва баъзан бо анҷоми чанд иқдоми террористии маънодор (ба ин маъно, ки дар сурати бароварда нашудани хостаҳо, иқдомҳои террористии бештаре хоҳад шуд) мардумро водор мекунанд, ки бар давлатҳои худ фишор биёваранд, то ин кишварҳо дар баробари ҳалли мушкилоти терроризм чораҷӯӣ намоянд, вагарна эътибор ва машруияти мардумии худро аз даст хоҳанд дод.

Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯзҳо дар ҷаҳон равандҳои (падидаҳои) гуногуни хатаровар авҷ гирифта истодааст, ки терроризм аз ҷумлаи онҳо маҳсуб меёбад. Ин падидаи номатлуб аз давраҳои дури таърихӣ шуруъ шуда, дар замони муосир хусусияти глобалиро ба худ касб кардааст ва таъсироти манфиашро тамоми кишварҳои ҷаҳон эҳсос намуда истодаанд. Амалиёти террористӣ, махсусан, дар охири асри ХХ ва ибтидои асри ХХI хеле афзоиш ёфтанд. Агар аз соли 1970 то соли 1980 дар тамоми дунё 1814 амали террористӣ анҷом ёфта бошад, аз соли 1980 то 1986 шумораи онҳо ду баробар афзуд.

Дар ҷаҳони муосир ба далели тавсеаи алоқа ва табодули иттилоот марзҳои миллии кишварҳо убур шудааст. Созмону ниҳодҳои фаромиллӣ қудрати бештаре ёфтаанд ва ба ҳамон андоза ҳавзаи иқтидори давлатҳои миллӣ коҳиш ёфтааст. Дар натиҷа фазо барои зуҳури созмонҳо ва гурӯҳҳои хусусӣ боз шудааст. “Ҷаҳонишавӣ” низ фурсати бештареро ба террористҳо барои расидан ба ҳадафҳояшон фароҳам кардааст.

Дунёи имрӯзи олами расонаҳо шабакаҳои интернетӣ ва компютерӣ аст. Миллатҳо ва сохторҳои ҳаётии онҳо ҳамарӯза беш аз пеш ба шабакаҳои компютерӣ вобаста мешаванд ва ҳеҷ ҷомеа ё гурӯҳе наметавонад бидуни дастрасӣ ба компютерҳо баробари ҷомеаи дигаре пешрафт кунад. Мардум ҳатто дар зиндагии рӯзмарраи худ бо истифода аз расонаҳо ва компютерҳо ниёзҳои худро бароварда мекунанд. Бо ҳамдигар иттилоотро додугирифт менамоянд, манфиат ба даст меоваранд, тиҷорат мекунанд ва ғ. Аммо ҳамон андоза, ки компютерҳо дар некӯаҳволиву коҳиши ранҷи мардум дар зиндагияшон мусбат ва коршоям ҳастанд, ҳамон андоза ҳам заминае барои иқдомоти террористии вайронгар ҳастанд, ки онро “терроризми маҷозӣ (кибернетикӣ)” мегӯянд. Ҳамзамон, бо рушди бемайлони технологияҳои иттилоотӣ, густариши интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ терроризми маҷозӣ ё кибертерроризм таҳдиди ғайрианъанавиест ба амнияти афрод, давлат ва созмонҳо. Ин падида яке аз навъҳои хатарноки терроризми байналмилалӣ буда, террористон барои расидан ба аҳдофи ғаразноки худ аз шабакаҳои иҷтимоӣ, технологияи муосири иттилоотӣ ва компютерӣ васеъ истифода мебарад. Кибертерроризм бештар ба маънои ҳамла ё таҳдид алайҳи компютерҳо, шабакаҳои компютерӣ ва иттилоотии захирашуда фаҳмида мешавад.

Гурӯҳҳои мухталифи террористӣ интернетро ба мақсадҳои ғайриқонунии хеш истифода бурда, ҳар чӣ бештар ҷавононро ба фаъолияти ғайриқонунии таҷовузкорона ҷалб менамоянд. Дар ин хусус муҳаққиқи рус А.Г.Александров барҳақ қайд менамояд, “… Воридшавии ташкилотҳои экстремистӣ ба шабакаи ҷаҳонии интернет бидуни ягон мушкилӣ анҷом дода мешавад, чунки муҳити иттилоотии зикршуда дорои дараҷаи пасти бехатарӣ аст. Сомонаҳои иҷтимоӣ қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи муосири иттилоотӣ ва ё телекоммуникатсионӣ гардидаанд. …Ин масъала айни замон низ хеле ташвишовар буда, захираҳои иттилоотии сомонаҳои иҷтимоӣ гирифтори фаъолияти ҷинояткорона қарор гирифта, ба сифати воситаи ташвиқот ва паҳнкунии идеологияи экстремистӣ истифода бурда мешаванд”.

Фаъолияти гурӯҳҳои махсус ташкилшудаи террористӣ ва террористони алоҳида, ки амалҳои худро барои расидан ба мақсадҳои муайяни сиёсӣ дар қаламрави як давлат ба амал мебароранд, терроризми дохилидавлатӣ номида мешавад.

Дар банди 9-и моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба терроризм” ин мафҳум чунин тасниф ёфтааст: Терроризми байналмилалӣ – терроризме, ки амалҳои он дар ҳудуди бештар аз як давлат содир шудаанд, дар як давлат содир шуда, аммо тайёрӣ, банақшагирӣ, роҳбарӣ ё назорати онҳо асосан дар давлати дигар сурат гирифтаанд, дар як давлат содир шуда, вале бо иштироки гурӯҳи террористӣ ё ташкилоти террористӣ, ки фаъолияти ҷиноятиро дар ҳудуди на камтар аз як давлат амалӣ мегардонад, содир шудаанд, дар як давлат содир шуда, оқибатҳои ҷиддии онҳо дар давлати дигар ба вуқуъ омадаанд. Фаъолияти террористии байналмилалӣ бошад, фаъолияти террористие, ки аз ҷониби террорист ё ташкилоти террористӣ дар ҳудуди зиёда аз як давлат амалӣ гардонида мешавад ё ба манфиатҳои зиёда аз як давлат зарар мерасонад, аз ҷониби шаҳрвандони як давлат нисбат ба шаҳрвандони давлати дигар ё дар ҳудуди давлати дигар содир мегардад, берун аз ҳудуди давлатҳое содир шудааст, ки ҳам террорист ва ҳам ҷабрдидаи терроризм шаҳрвандони ин давлатҳо мебошанд.

Дар миқёси сайёраи мо ҳаракатҳои террористӣ гуногун буда, шаклҳои гуногуни он вуҷуд дорад, аммо онҳоро унсурҳои умумии халалдор сохтани амнияти ҷомеа, ҳаросафканӣ, эҷоди тарсу ваҳшат ва фалаҷ сохтани пояҳои ҳокимияти давлатӣ дар як раддабандии умумӣ қарор медиҳад. Бинобар ин, дар адабиёти илмӣ терроризмро аз ҷиҳати таърихӣ, фарогирӣ, моҳият ва ғояҳояшон гурӯҳбандӣ намудан мумкин аст.

Таҳқиқот нишон медиҳад, ки дар замони муосир аз ҳама беш терроризми динӣ ҷаҳони муосирро ба мушкилот гирифтор намудааст. Ба ақидаи аксар сиёсатшиносон, терроризм бештар дар дин, ки хусусияти ҷалбнамоӣ дорад ва пайравони худро ба тарс аз дӯзах ва умедвор кардан ба биҳишт даъват мекунад, реша давондааст. Дар бисёр мавридҳо чунин ба назар мерасад, ки ифротгароён дар зери шиорҳои динӣ баромад намуда, фармонҳои худро аҳкоми динӣ меноманд. Ин, пеш аз ҳама, ба хотири расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ равона шуда, бо сӯистифода аз шуури динии мардум амалӣ мегардад, ки дар асл ҳеҷ рабте ба арзишҳои динӣ ва аҳкоми он надорад. Имрӯзҳо ифротгароии динӣ дар тамоми кишварҳои олам, махсусан, кишварҳои исломӣ доман паҳн намуда, афроди зиёде аз таъсир ва паёмадҳои нохуши он, қурбонии ин зуҳурот мегарданд, ки ин ҳолат хеле нигаронкунанда аст.

Солҳои охир гурӯҳҳои зиёди ифротии динӣ, ба монанди Давлати исломӣ (ДИИШ), Ал-қоида, Ҳизб-ут-таҳрир, Салафия, Ансор-ул-лоҳ, ТТЭҲНИ ва ғайра фаъолияти ифротгароёнаи худро ба роҳ монда, аз номи дини ислом баромад намуда, мардумро ба самти ифроту ваҳшоният мекашонанд.

Дар рӯзгори мо ҳама шаклу намудҳои терроризм омили умдатарини таҳдид ба амнияти ҷомеа буда, мутобиқ ба қонунгузории аксарияти кулли кишварҳои олам ҷиноят маҳсуб меёбад. Дар замони муосир, дар шароити ҳассосу зудтағйирёбандаи низоми ҷаҳонӣ таҳдиду чолишҳо (бавижа террорризм) ба амнияти ҷомеаи башарӣ ба таври бесобиқа дар шаклу намудҳои гуногун рушд ёфтааст.

Кишварҳои олам дар алоҳидагӣ ва ҳамбастагӣ ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо ин падидаи хатарзо чораҳои амалиеро рӯйи даст гирифтаанд. Бо мақсади муқовимат бо терроризм ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста талош менамояд, ки мизони матлуб аз ҷониби кишварҳои алоҳида ба роҳ монда шавад, зеро ин падидаи манфӣ барҷастатарин таҳдид алайҳи суботу амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

Мавқеъгирии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бар алайҳи терроризм аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар мушаххас буда, дар суханрониҳои Роҳбари давлат аз минбарҳои ниҳодҳои муътабари байналмилалӣ, аз ҷумла СММ мавзеъгирии оштинопазиронаи кишвар дар баробари терроризм ва дигар ҷиноятҳои муташаккили зиддибашарӣ пайваста таъкид шудааст.

Бо мақсади мубориза бар зидди терроризм аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмуи тадбирҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ-динӣ андешида шудаанд.

Мусаллам аст, ки кишваре дар танҳоӣ тавоноии мубориза бо терроризми байналмилалиро надорад ва ин чиз боис мешавад, ки кишварҳо дар сатҳи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ иқдомҳои муассиру дастаҷамъонаеро рӯйи даст бигиранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин замина кишвари пешгому фаъол муаррифӣ гардидааст ва саҳми он дар самти мубориза бо террорризм дар миқёси созмонҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ хеле назаррас аст. Тоҷикистон ҷонибдори қатъномаҳои Шурои Амнияти СММ дар бораи мубориза бо терроризм буда, аз стратегияи зиддитеррористии глобалии СММ пуштибонӣ менамояд.

Санҷар АМРИЕВ,

магистранти АМИТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь