Дар луғат маънои калимаи экстремист ифротгаро, дорои ақидаи ифротӣ, он ки дар корҳо зиёдаравӣ мекунад ва вожаи террор тарс, даҳшат, терроризм бошад эҷоди тарс ва ваҳшат дар баробари мардум шарҳ дода шудааст. Экстремизм аз вожаи фаронсавии “extremism” ва лотинии “extrems” гирифта шуда, маънои луғавиаш ифротгарӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона ва аз ҳад гузаштан аз андоза гузаштанро дорад.
Мақсади ин зуҳуроти хатарнок ва нангин – ифротгароии динӣ, ки ҳанӯз солҳои 70-80-уми қарни XX дар ҷаҳони муосир доман паҳн карда буд, бо роҳи зӯрӣ тағйир додани сохти давлатдории конститутсионӣ ва ғасби ҳокимият мебошад. Ҳанӯз аз оғози ҳазораи дуввум ифротгароӣ, терроризму экстремизм амалан асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон ва ба амнияти тамоми ҷаҳон таҳдид мекунад. Чи хеле ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 20-уми январи соли 2016 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид карданд, терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.
Қурбониёни терроризм дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ, ҷавононро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили шахсони ифротгаро ва гурӯҳҳои терроризмро биёмӯзанд ва барои рафъи он кӯшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад.
Таҳлили вазъи ҷаҳони имрӯза нишон медиҳад, ки бадбахтона, барои амалинамоии барномаи сиёсии созмону ҳаракатҳои ифротгаро амсоли «Ал-қойида», «Ҳаракати толибон», «Бародарони мусулмон», «Ҷундуллоҳ», «Аннусра», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҳизби «Нур»-и салафия», «Ҳизби исломии Туркистон» (собиқ «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон»), «Ҷамоати таблиғ», «Ҷамоати Ансурулло», доираҳову фондҳо ва ташкилотҳои тундгарои байналмилалӣ ва давлатҳои манфиатҷӯву ҷудоиандоз маблағгузорӣ менамоянд. Ақидаҳои назархоҳонаи ташкилот ва ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ бо вуҷуди он ки худро дар асоси шариати исломӣ ташкилёфта меҳисобанд, зидди ислом равона гардида, тавассути зархаридони аврупоӣ бо роҳи таъсиси хилофати ягона мақсадашон бенизомӣ ворид кардан байни мусулмонҳо мебошад. Яке аз ташкилотҳои ифротгаро, ки усули фаъолияташ аз амалҳои террористӣ иборат аст, ДОИШ рақибони худро бо бадтарин шеваҳои ҷангӣ нест мекунад. Аъзои он таҳти шиорҳои динию мазҳабӣ, ки ба дини мубини ислом иртибот надоранд, баромад карда, алалхусус, ҷавононро, ки қалбҳояшон орӣ аз ҳама гуна кинаву ғараз аст, ба идеологияи ифротгароёна ҷалб месозанд. Аммо кӯдакон, пиронсолон, занони ҳомила, маъюбон ва онҳоеро, ки дар амалисозии барномаҳояшон «халал» мерасонанд, қатли ом менамоянд. Саргузашти ниҳоят мусибатбори духтари 21-солаи язидӣ Нодия Мурод Баси Тоҳо (аз деҳаи Кочои Ироқи Шимолӣ, Курдистон), ки муддати се моҳ асир ва канизи ҷангиёни ДОИШ буду баъдан бо кӯмаки як оилаи мусулмон паноҳ бурд, мисоли он буда метавонад. Ӯ 16-уми декабри соли 2015 аз минбари Шӯрои амнияти СММ баромад кард, ки басо диққатовар аст. Имрӯз амали ғайриинсонии ҷавони суриягии гурӯҳи террористии ба ном “исломӣ”-ро, ки модари бо азобу ранҷ ҷуста ӯро пайдо намударо дар назди омма ваҳшиёна ба қатл расонид ва марди афғонеро, ки гӯшу бинии ҳамсарашро бурид, ҷаҳон маҳкум мекунад. Дуруст гуфтаанд, ки дар ҷойе садои тир ҳаст, садои ақл шунида намешавад. Сарвари давлат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи мубориза бо терроризм ва экстремизм бо боварӣ ва эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар муттаҳид гардидани кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо намудаанд. “Ман чандин маротиба аз минбарҳои СММ ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмиллалӣ таъкид карда будам, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”.
Барҳақ ифроту ифротгароӣ дар ҳар шакле, ки бошад, зуҳуроти номатлуб аст ва барои кишвари азизи мо низ, ки ҷузъи баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, масъалаи доғи рӯз маҳсуб меёбад. Мардуми тоҷик, ки ҳанӯз аз солҳои 90-уми қарни гузашта чӣ будани экстремизму терроризмро фаҳмидаанд, набояд бори дигар гумошта шуда сӯйи ҷаҳолату нодонӣ раванд. Барои амалисозии нақшаҳои харобкоронаи хоинони миллату давлат набояд имкон диҳем. Маҳз бо заҳмату талошҳои кишвар тамоми он рӯзҳои даҳшатнок паси сар гаштанд. Имрӯз аз гул-гулшукуфоии давлатамон бояд ҳар яки мо аз Худованд шукргузор бошем. Аз ин лиҳоз, мебояд тинҷиву амонии кишвар, ки худ аз худ ба вуҷуд намеояд, он шахсиятҳоеро, ки баҳри амнияти кишварамон шабу рӯз дар хизматанд, дуои нек кунем. Бинобар ин, ҳар як шаҳрвандро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, бар зидди вабои аср – террроризму ифротгароӣ мубориза барад.
Дар ин марҳалаи ҳассос зиракии сиёсӣ, дӯст доштани Ватан, номуси миллию мазҳабӣ ва аз ҳама болотар фирефтаю бозичаи ақидаҳои бофтаю сохта ва найрангу бозиҳои сиёсӣ, динӣ, мазҳабӣ ва экстремистию қавмӣ нагардидани ҳар як фард барои суботу оромии ҷомеа зарур аст. Мутаассифона, терроризм рӯз то рӯз қомат рост карда истодааст. Сабабгори аввалинаш манфиатхоҳии давлатҳои абарқудрат аст. Он аз хавфи ба вуҷуд омадани ҷанги сеюми ҷаҳон дарак медиҳад.
Тағйир додани фикру назари ҷомеа тавассути воситаҳои ахбори омма ва тариқи пинҳонӣ тарғиби ақидаҳои динӣ-экстремистӣ, ки мутаассифона, дар шаклҳои гуногун сурат мегирад, ба ҷавонони ноогоҳ таъсири худро мегузорад. Навад дарсади аъзоёни гурӯҳҳои фиребхӯрдаи ноогоҳ ҷавонон мебошанд, ки мактаб нахонда ва ё дар мактаб бо баҳои аз ҳама паст таҳсил намуда, аз таълимоти мазҳаби Имоми Аъзам ва умуман мазҳабҳои ислом заррае хабар надоранд.
Мо ҳар як фарди солимфикри тоҷикистонӣ, бахусус, волидайн, тарбиятгарону омӯзгоронро зарур аст, аз рӯйи ҳидоятҳои Сарвари давлат амал намуда, фарзандонро бо одобу ахлоқи ҳамида ба воя расонида, дар руҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва илмомӯзӣ тарбия карда, ба амалҳои созандагию ободкорона раҳнамун созем.
Хоҷаев Қ. Г.
Омӯзгори кафедраи “Фармакология ва забони лотинӣ”-и
Колеҷи тиббӣ-ҷумҳуриявӣ