Мусаллам аст, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз тарафи силоҳбадастони террористи наҳзатӣ кушторҳои бераҳмонаву сангине сурат гирифт, ки дар онҳо аксаран донишмандон, зиёиён, бахусус пизишкону омӯзгорон кушта шудаанд. Ҳадаф аз чунин навъи кушторҳо дар он буд, ки чун мафкураи таассубию хурофотии наҳзатӣ наметавонист аз тарафи нафарони огоҳу соҳибдониш пазируфта шавад, аз ин рӯ онҳо ҳамеша бар зидди нафарони огоҳ ҳуҷуми густурдаи маънавиро ба роҳ монда буданд. Яъне сараввал бо роҳи барчаспзаниву беобрӯ кардан ва дар ниҳояти кор то ҳадди ҷазо додану ҷисман нобуд карданро ба миён гузошта, буданд. ҳамин аст, ки дар тамоми минтақаҳое, ки ячейкаҳои террористии наҳзат ҷой гирифта буданд, дар он ҷо алайҳи қишри бедори ҷомеа кинаву кудурат, бадбинӣ, фишору таҳдиди пайваста ба роҳ монда шуда, ҷисман нобуд кардани онҳо ба як ҳодисаи маъмулӣ табдил ёфта буд. Вақте ба саҳифаҳои таърихии воқеияти он солҳо назар меафканем, хоҳем дарёфт, ки куштори озодандешон, донишмандон, рӯзноманигорон ба як амали ҳар рӯзаи онҳо табдил ёфта буд. саҳифаҳои таърихи сиёҳи миллат, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба дасти террористони наҳзатӣ навишта шуд, пур аз чунин ҳаводиси даҳшатбор аст.
Ҳоло ҳарчанд онҳо даъвои озодандешӣ ва расонанигорӣ мекунанд вале дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз байн бурдани аксари рӯзноманигорон, ки онҳо ақидаи миллию дунявӣ доштанд ба дасти онҳо сурат гирифтааст. Махсусан он рӯзноманигороне, ки дифоъ аз қонунмандиву қонунсолорӣ ба ҳукумати конститутсионӣ менамуданд, аз ҷониби ин авбошони террорист ҳеҷ гуна раҳм карда намешуд. Агар аввалин куштори наҳзатӣ бо аз байн бурдани Муродуло Шерализода оғоз гардида бошад, ин раванд пасон идома ёфта, ба як ҳолати давомдор табдил ёфт. Дар солҳои 92-юм то 2000-ум даҳҳо рӯзноманигорон қурбони ҷаҳолати террористони ТТЭ ҲНИ гардиданд.
Яке аз чунин рӯзноманигорони озодандеш ва дорои руҳияи дунявӣ Зикрулло Валӣ (Валиев) ба ҳисоб меравад. Номбурда зодаи ноҳияи Хуросон буд. Моҳи декабри соли 1992 террористони ТТЭ ҲНИ мухбири ҳафтаномаи “Халқ овозӣ” Зикрулло Валӣ (Валиев) ро ба хотири ҳақиқатнигорӣ ва напазируфтани идеяҳои ифротии ин гурӯҳ, ки онро борҳо таъкид намуда буданд ва ӯ низ аз мавқеи милливу дунявии худ даст накашида, ҳамоно сияҳкорӣ ва идеологияи зиддимилливу зиддиинсонии онҳоро фош менамуд, аз ин хотир онҳо даҳшати гушношунидиро дар ҳаққи Зикрулло Валиев раво диданд. Онҳо ба хонаи ӯ, ки дар ноҳияи Хуросон мавқеъ дошт, ҳамла намуда, Зикрулло Валиевро ҳамроҳи падар, хоҳар ва язнааш, яъне як оиларо пурра ба қатл расонидаанд. Номбурда он замон танҳо 36 сол дошта, ҳануз аз зиндагони умедҳои зиёде дошт.
Зикрулло Валӣ дифоъ аз қонунсолорӣ ва ҳукумати конститутсионӣ намуда, ҷинояту ҷинояткорӣ ва идеологияи зиддиинсонии наҳзатиро фош менамуд.
Аз тарафи дигар, аз руҳияи миллӣ арзишҳои миллию дунявӣ даст накашида, онҳоро дар авлавият қарор дод ва ба афкори зиддинсонию хурофотии наҳзатӣ нагаравид. Аҷиб ин аст, ки ин гуруҳ ҳоло ки дар кишварҳои аврупоӣ мустақар шудаанд, гӯё аъмоли хашину зиддиинсонии хешро фаромуш намуда бошанд, ҳоло аз озодии сухан ва ҳуқуқи инсон ҳарф мезананд, ки он замон худ ҳар нафареро, ки дар дифоъ аз озодии виҷдон ва воқеияти аъмоли бади онҳо ҳарф мезад, на танҳо худи ӯро, балки ба тарзи дастаҷамъӣ ба хешу табор пайванди ӯ ҳамлавар шуда, хонаю ҷояшро месӯзонданд ва хонаводаҳоро ба тамом аз байн мебурданд. Чунин амалкардҳои наҳзатиро ҳеҷ миллате дар ёд надорад, ки дар баробари пайвандони миллати худ, чунин хушунату бедодгариро раво дида бошад.
Ҳоло ҳам агарчи наҳзатиён ниқоби хешро иваз намудаанд ва акнун аз демократияву ҳуқуқи башар ва озодии баён ҳар замон ҳарфҳои наверо дар миён меоваранд, вале воқеият ин аст, ки онҳо ҳануз ҳам аз ҳамон афкори муҳризона ва идеологияи хашину зиддиинсонии хеш даст накашидаанд ва ҳоло танҳо дар вазъу ҳолате қарор доранд, ки бо дар миён гузоштани чунин ҳарфу ҳиҷоҳо мехоҳанд хешро ҳамчун инсонҳои мутамаддин ба намоиш дароранд ва маҷмуи аъмоли зишту хашини анҷом додаи хешро бо ин роҳ шӯянд. Зеҳнияти таърихӣ ва ҳаводисе, ки сабт шудааст он бо дуруғпардозӣ ислоҳ нахоҳад шуд ва халқи тоҷик аҳмоли хашину зиддинсонии наҳзатиёнро фармуш нахоҳад кард.
А. РАҲМОНЗОДА, номзади илмҳои таърих