Таърихи дусадсолаи ахир собит кардааст, ки дар майдони бозиҳои геополитикӣ ҳар созмони сиёсии динӣ мавриди истифода ва сӯиистифода қарор мегирад. Ташкилоти террористию ифротии наҳзатӣ низ ҳамчун лоиҳаи махсус аз тарафи баъзе қудратҳои минтақавию ҷаҳонӣ, ҳамчунин созмонҳои  манфиатдори байнамилалӣ, чи дар гузашта ва чи имрӯз мавриди истифода қарор гирифта ва мегирад. Масъалаи мавриди истифода ва суиистифода қарор гирифтани насли ҷавони рӯҳониёни исломӣ ва дар қолаби созмони динию сиёсие ба номи ТТЭ ҲНИ ғунҷонидани онҳо аз ҷониби муҷриёни тарҳҳои геополитикӣ ва хадамоти махсуси хориҷӣ, дақиқан аз охири солҳои ҳафтодуми садаи бистум ошкор мегардад. Албатта, пружаи исломи сиёсӣ ва татбиқи он дар манотиқи гуногуни Шарқи мусулмонӣ хеле пештар – аз асрҳои ҳаждаҳу нуздаҳ шурӯъ шуда буд ва мавҷи он ба ҳавзаҳои фикрию сиёсии мо баъдтар интиқол ёфт. Чуноне ки медонем, ҳадафи ба майдон овардани неруҳои исломӣ ва дар як созмон гирдоварӣ намудани онҳо танҳо роҳандозӣ кардани ноамнию бесуботӣ дар минтақаю кишварҳо аст. Ноамнию бесуботӣ фоҷиаҳои бузургро  тавлид мекунанд, бадбахтӣ меоранд ва мардумро ба вартаи қашшоқӣ, маргумир ва шикасти равонию фикрӣ мекашанд.

Агар саҳифаҳои таърихи муосири ватаниро дар охири солҳои ҳаштод ва ибтидои навадум варақгардон намоем, бидуни мушкил маълум мегардад, ки наҳзат (манзур ТТЭ ҲНИ аст), бо такя ба пуштувонаҳои хориҷӣ дар минтақа даргириҳоро доман зад ва сабабгори бурузи ҷанги шаҳрвандӣ ва фоҷиаи хашини миллӣ дар ҷумҳурӣ шуд. Албатта, ҷаҳолату таассуб ва хурофот, ки аз нимаи дуюми солҳои ҳаштодуми садаи бист дар шакли тарғиботи пинҳонӣ ва минбаъд таблиғоти ошкорою густурдаи муҷриёни барномаи наҳзатӣ сурат гирифта буд, бадана ва бофтҳои иҷтимоӣ ва маърифатиро заиф сохта, табақаҳои гуногуни иҷтимоиро ба доми вопасгаройӣ ва суннатписандӣ тела дод ва саранҷом рӯҳияи миллӣ ба шикаст мувоҷеҳ шуд. Сохти конститутсионӣ аз байн бурда шуд. Ин буд, ки бо як шуъла алангаи оташи низоъу бадбиниҳо баланд гардида, марзу буми меҳан якбора ба арсаи муноқиша ва низоъҳои хашин табдил ёфт. Муноқишоти бемаънӣ минбаъд ба даргириҳо ва билохира ба ҷанги шаҳрвандӣ бадал гаштанд. Дар натиҷаи даргириҳо, тибқи маълумотҳои гуногун, тақрибан саду панҷоҳ ҳазор нафар ҳалок гардид. Тақрибан ҳафтяки қисми сокинони ҷумҳурӣ иҷборан тарки хонаю ватан намуда, ба кишварҳои Афғонистону Покистон, Россия ва дигар мамлакатҳои ИДМ паноҳанда шуданд. ТТЭ ҲНИ ҳеҷ гоҳ ба манфиати миллату халқ кӯшиш накарда ва намекунад ва дар маҷмӯъ, ягон созмони динӣ ва мазҳабӣ, ки даъвии сиёсӣ менамояд, ба халқ ва мардум вафодор нест. Баръакс, созмонҳои динӣ ба хотири комфорти сиёсию иҷтимоӣ халқ ва дини онро ҳамчун васила ва абзори расидан ба қудрат истифода карда ва мекунанд. Ин ҳақиқатест, ки дар адёни характери муташаккилидошта, минҷумла исломи сиёсӣ ба мушоҳида мерасад. Бинобар ин, нозидани наҳзатиҳо аз як чунин созмони динӣ, ки ботинан бар мабнои қавонини шахшудаи исломӣ сохта шудааст, хандадор аст.

Набояд аз ёд баровард, ки дар ҳаводиси даҳшатбори ибтидои солҳои навадум нақши созмони наҳзатӣ ва сардамдорони он «калидӣ» аст. Маҳз он гурӯҳи ҷаҳолатписанд ҷомеаи тоҷикро ба бозии маргбор кашид ва бо суиистифода аз дин ва эҳсосоти мазҳабии мардум балои ҷонгудозеро сари ҷомеа овард, ки онро ба ҷуз фоҷиаи миллию мардумӣ чизи дигаре наметавон гуфт. Бо баҳонаи “ҳимоят аз дин” ва суиистифода аз зеҳниёти содаи ҷомеаи суннатӣ ходимони ифротии наҳзатӣ рӯйи мардум таъсир гузоштанд. Саранҷом таблиғоти ифртгароёнаи наҳзатӣ дар охири асри бист ҷомеаи тоҷикро ба дарди беҳувиятӣ мубтало карда, боиси сардаргумӣ ва бесуботӣ дар кишвар гардид ва барои чандин соли дигар мамлакати моро ба қафо бурд.

Мо медонем, ки ТТЭ ҲНИ ҳамеша аз фош шудани гуноҳҳои худ дар қазияи ҷанги шаҳрвандӣ, чи дар гузашта ва чи имрӯз сахт ҳарос дорад, чаро ки ҳар нафар аз насли миёнсол ва солманди солимфикр ва огоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон манзараи замони бебандубори ибтидои соли 90-уми садаи бистро, ки бо «ибтикор»-и муллоҳои наҳзатманиш рӯйи кор омада буд, хуб дар хотир дорад: даъвиҳои ба истилоҳ, муллоҳо, мазҳабиёни хурофотӣ, мутаассиб ва демократмаобони вақт, ки дар масҷидҳо алайҳи режими коммунистӣ (ва дар асл, алайҳи низоми дунявӣ, ки меъёри усулии системаи давлатдории имрӯзаи миллӣ маҳсуб меёбад) муборизаи ҳадафмандонаи сиёсӣ мебурданд, ба ҳама маълум буду ҳаст ва ҳар кӣ имрӯз дар бораи рабт надоштани наҳзат ба ҷанги шаҳрвандӣ даъвӣ пеш меоварад, рӯйирост дурӯғ мегӯяд ва умри найранги низоми рӯҳониятсолории наҳзатиро дароз мекунад. То имрӯз аз забони саркардагони наҳзатӣ ягон маротиба ҳарфи дар хаводиси солҳои навадум муқассир будан ва ба бадбахтӣ расондани мардуми тоҷик садо надодааст. Баръакс, аксарияти онҳо даъво мекунанд, ки гӯё дар ҷанги шаҳрвандӣ наҳзат муқассир нест ва танҳо неруҳои беруна миллат ва ҷомеаро ба ҷангу даргирӣ таҳрик додаанд.

Аз ҷониби доираҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии ғарбӣ додани минбари сиёсӣ ва таблиғӣ ба ашхосе, ки дар раддаи терроризм ва экстремизми динӣ-мазҳабӣ қарор гирифта, пинҳонӣ алайҳи низоми дунявӣ мубориза мебаранд, ростӣ, боиси нанги низоми демократӣ аст. Дидаю дониста фоҷиаи миллию мардумиеро, ки тавассути пружаи наҳзат дар ибтидои солҳои навад дар ҷумҳурӣ тарҳрезӣ гардид, напазируфтани сиёсиёни урупоӣ ва нодида гирифтани ҷиноёти тоифаи ифротии наҳзатӣ (ва онҳоро зиндонии сиёсӣ унвон додан), умедро ба ояндаи демократия ва мардумсолории  Аврупо зери суол мебарад.  Баъзе доираҳои манфиатдор дар Аврупо имрӯз, бо он ки аз пешинаю имрӯзаи ТТЭ ҲНИ огаҳанд, иловатан, далел металабанд ва бо ин “ибтикор”-и сиёсӣ ва ҳуқуқӣ умри риёкорию фитнаангезии раҳбарияти наҳзатиро дароз мекунанд. Чун ҳадаф доранд ва тавассути бозӣ дорондани наҳзат ва раҳбарияти наҳзатӣ манофеи худро дар минтақа пайгирӣ менамоянд ва механизмҳои сиёсаташонро, ки дақиқан барои манфиати миллат  ва мардуми Тоҷикистон нест, ба гардиш медароранд.  Одатан, факту арқом аз фоҷиаи миллию мардумӣ, ки дар имтидоди ҷанги шаҳрвандӣ иттифоқ афтодааст, ба мо аз тариқи пажӯҳишҳои коршиносони аврупоие, ки ҷанги шаҳрвандиро омӯхтаанд, маълум гардидаанд. Бовар дорем, ки муҳаққиқони аврупоие, ки дар заминаи ҷанги шаҳрвандӣ  дар Тоҷикистон таҳқиқот анҷом додаанд, далелҳои зиёди даст доштани наҳзатро  дар фоҷиаи миллӣ  (солҳои 1992-1997) ҷамъоварӣ намудаанд ва исломи сиёсиро ба унвони ташкилаи сиёсӣ-мазҳабӣ хеле хуб омӯхта ва медонанд. Мутаассифона, як идда аз бехабарон дар банди хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ гирифтор шуда, бар асоси эҳсосоти мазҳабӣ (на тафаккури мантиқӣ) дар таҳлилу таҳқиқи ҳаводиси ибтидои солҳои навадуми асри бист қазоват мекунанд.

Як нуктаро бояд хотирнишон кард, ки дар қиёс бо дигар созмонҳои террористии динӣ-мазҳабӣ, ки ҳадафи тамомиятхоҳиро рӯйирост дунбол мекунанд, ТТЭ ҲНИ роҳи дигари муборизаро пайгирӣ менамояд. Ин роҳ бар асоси рӯпӯш намудани аҳдофи пуштипардагии наҳзатӣ пиёда мешавад. Саркардаи наҳзатӣ, зоҳиран бар тан либоси аврупоӣ дорад,  истилоҳоти маъмулу гулзанандаи либерализм, демократия, парламентаризм ва амсоли инҳоро дар нутқу суханрониҳояш васеъ истифода мебарад, миёни баъзе созмонҳои байналхалқӣ чеҳранамоӣ карда, ба ин васила дар ҷомеаи маданӣ ва сиёсии ғарбӣ барои худ ва ҳизби султахоҳаш имиҷи сиёсӣ дуруст мекунад. Аммо ҷомеаи маданӣ ва фаъолони сиёсии аврупоӣ, махсусан коршиносони исломи сиёсии ғарбӣ чӣ навъ пружа будан ва чӣ аҳдоферо дунбол кардани наҳзатро хуб медонанд. Аз тарафи дигар, барои табақоти иҷтимоии аврупоӣ ва ғарбӣ вуҷуд ва ҳузури раҳбарияти наҳзатӣ дар муколима ва гуфтугӯҳои сиёсӣ, аслан аҳамият надорад. Аз ин ҷост, ки саркардагони пружаи наҳзатӣ ва доираҳои манфиатхоҳи аврупоӣ танҳо барои худ мизи гирд, семинар-машварат, конфронсу нишастҳо доир менамоянд ва миёни ҳам радду бадал мекунанд. Садои онҳоро танҳо гурӯҳҳои манфиатдор мешунаванду халос. Бинобар ин, созмони ифротии наҳзатӣ пружаи сиёсии хориҷиест, ки зидди давлат ва миллати тоҷик равона шудааст. Муҳимтар аз ҳама, ҳарфи наҳзатӣ ҳарфи меҳан, ҳарфи ҷомеа, ҳарфи халқ ва ҳарфи миллат набуду нест.

Бояд қайд кард, ки ба ном ташкилаи Паймони миллӣ, ки дар асл, ҳамон наҳзат мебошад, ба хотири идома додани аъмоли зишту нописанди наҳзатиён ва доираҳои ба он наздик дар хориҷи кишвар таъсис ёфтааст ва баъзе хадамоти иттилоотӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ин ташкилаи зиддидавлатиро сармоягузорӣ ва пуштибонӣ карда, аз ин тариқ манофеи худро дунбол мекунанд. Аз ин лиҳоз, шиорпароканӣ, ҳангомасозӣ ва иғвогариҳое, ки аз тариқи сомона, пойгоҳҳо ва расонаҳои иттилоотию таҳлилии наҳзатӣ пахшу нашр мешаванд, бар зарар ва зидди  манфиати миллат ва халқи тоҷиканд.

Имрӯз исбот шудааст, ки ТТЭ ҲНИ то ҳануз аз раҳи терроризму хушунат барнагаштааст. Қаноти ҷангии ин ташкилоти зиддимиллӣ  бо номи «Ансоруллоҳ» дар ҳудуди Афғонистон ҳамчун як созмони террористӣ амал дорад.

Хулоса, ТТЭ ҲНИ дар баробари лоиҳаи махсуси неруҳои манфиатдори хориҷӣ будан, як ҷузъи терроризми байналмилалӣ низ мебошад, ки на танҳо ба амнияти Тоҷикистон, балки ба амнияти тамоми минтақа хатар дорад.

 

А. Раҳмонзода,

номзади илмҳои сиёсӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь