Дар ҷаҳони муосир равандҳои пурпечутоб таҳдиду хатарҳо, шаклу усулҳои нави тахрибкориву монеагузорӣ, садди роҳи рушду пешрафти давлатҳо гардида, дар баъзе маврид хатари аз байнравии истиқлоли давлатҳоро ба вуҷуд овардааст. Рақобат миёни қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ барои ба фазои геополитикии худ ворид кардани ин ё он мамлакат бо шиддат идома дошта, инчунин, соҳиб шудан ба сарватҳои табиии ҳавзаи зери нуфузи худ аз равишу воситаҳои гуногун истифода гардида истодааст. Аз ҷумла, истифодаи ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ҳамчун воситаи фишороварӣ ба кишварҳои гуногуни дунё одати маъмулии баъзе қудратҳои ҷаҳонӣ шудааст, ки ба таври ошкору ниҳон аз онҳо ҷонибдорӣ ва маблағгузорӣ менамоянд.

Дар натиҷаи истифодаи гурӯҳҳои даҳшатафкану ифротӣ аз ҷониби манфиатхоҳони сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ вазъияти минтақаҳои гуногуни олам печидаву мураккаб гардидааст. Тавоноӣ ва имконияти баъзе абардқудратҳо барои сохтан ё офаридани “системаҳо”, “зерсистеамаҳо” ва идора намудани онҳо кофӣ аст ва аз ҳамин лиҳоз системаҳои гуногунро барои пиёда кардани нақшаҳои худ дар дилхоҳ минтақа тарҳрезӣ ва амалӣ мегардонанд. Масалан, ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистие, ки дар кишварҳои Ховари Миёна ва Афғонистон вуҷуд доранд, аслан бунёди мардумӣ надоранд. Ин гурӯҳҳо ҳадафмандона аз тарафи манфиатҷӯёни сатҳи ҷаҳонӣ бо мақсадҳои ғаразнок созмон дода шудаанд. Созмонҳои террористиву ифротӣ иҷрокунанда, амаликунандаи нақшаҳо ва ҳимоягари манфиатҳои баъзе давлатҳои судҷӯй мебошанд. Хусусан, ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистии динӣ, ба монанди “Ал-Қоида”, “Ҳизб-ут-Таҳрир”, “Толибон”, “Лашкари Тайиба”, “Ихвон-ул-муслимин”, “Ансоруллоҳ”, “Ҳаракати Исломии Туркистон”, “Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон”, “ДОИШ”, ТТЭ ҲНИ ва ғайра, ки зери ливо ва шиорҳои дурӯғини ба номи дин сохта шуда, асосан дар доираи манфиатҳои идеологияҳои муайян ба вуҷуд оварда шудаанд.

Ҳаракатҳои террористии динӣ аз ҷониби баъзе доираҳои манфиатхоҳон бо “ҳадафи ғамхориҳо” дар ҳолате маблағгузорӣ мешаванд, ки “даъвои сиёсӣ” дошта бошанд. Ба ҳамин восита ҷомеаи як кишварро пора намуда, ба эҳсосоти мардум бозӣ менамоянд, ихтилоф, даъвоҳои беасос миёни зиёиён, равшанфикрон ва донишмандон ба вуҷуд меоянд ва ҷудоиталабиву бо роҳи хушунат ҳал намудани моҷароҳоро ба миён меоранд, ки оқибат як кишвари обод валангор гардида, мардуми он фақиру саргардон ва дарбадар мегарданд.

Ҳамин тавр, баъзе мамлакатҳои абардқудрат барои тавсеаи мавқеи геополитикӣ ва геостратегии худ бозиҳои калон ва хатарнокро ба роҳ мемонанд, ба монанди роҳнамоӣ, дастгирӣ ва кумакҳои моддии пинҳонии ташкилотҳои террористиву экстремистӣ, ки барои кишварҳои ҷаҳони дуюм ва сеюм хатарнок буда, ҳатто истиқлоли онҳоро зери хатар қарор медиҳанд. Баъзе неруҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ барои расидан ба аҳдофи худ ҳозиранд ба ҳар коре даст зананд, муҳим нест, ки он барои давлатҳои рӯ ба рушд бо чӣ натиҷа ба анҷом мерасад.

Ҳамчунин, муборизаҳо, зидиятҳо ва даргирии байни давлатҳои абардқудрат барои ҳимояи манфиатҳо ва мустаҳкам намудани мавқеи геоиқтисодӣ ва геопалитикии худ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, дар шаклҳои мухталиф сурат мегирад, ки дар ин миён манфиатҳои кишварҳои хурд поймол ва мавҷудияташон зери суол меравад.

Барои ҳамин, дар чунин шароит имрӯз ҷойгир будани кишварҳои хурд дар минтақаҳои дорои сарватҳои бойи зеризаминӣ эҳтимоли сар задани хатар вуҷуд дорад. Зеро дар ҳолати дастдарозии баъзе мамлакатҳо ба сарватҳои табиии кишварҳо на сабаби рушд, балки омили қафомонӣ ва беназмии онҳо гардида, сохторҳои давлатӣ фалаҷ гашта, гирифтори ҷанги дохилӣ, низоъҳои қавмӣ ва худи мардум бо ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ даст ба гиребону дар бесуботии бардавом солҳои сол зиндагӣ доранд. Ба ин гуфтаҳо Афғонистон, Ливия, Сурия, Яман, Ироқ ва дигар мамлакатҳои ҷангзада мисол шуда метавонанд.

Хулоса, ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ аз тарафи баъзе кишварҳои манфиатдор ба хотири мустаҳкам гардонидани мавқеи геопалитикӣ ва геостратегии хеш созмон дода шудаанд ва мақсаднок истифода шуда истодаанд. Ба ташкилотҳои террористӣ ва экстремистии динӣ асосан ҷавонони камсавод ва роҳгумзада бо суиистифода аз эътиқодоти динӣ ҷалб карда мешаванд. Дар раванди ҷалбкунии ҷавонон барномаҳои махсуси “даъватӣ”, “ҷиҳодӣ” роҳандозӣ гардида, дар вақти мағзшӯӣ намудан, “рӯҳияи ғуломи”-и ҷавононро баланд мебардоранд ва ба хурофоту ваъдаҳои осмонӣ ва қасру кушкҳои боҳашамат дар “охират” ҷавононро ба фиребу найранг ба сафи созмонҳои даҳшатафкану ифротӣ ҷалб мегардонанд. Албатта, истифодаи ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ барои расидан ба ҳадафҳои геополитикии худ, кори баъзе абардқудратонро осон менамояд. Аз ҳамин хотир, баъзе бозигарони байналмилалӣ ва минтақавӣ худро манфиатдор меҳисобанд, ки барои рушду нумӯъи гурӯҳҳои тундгаро мусоидат намоянд ва шароит фароҳам биёваранд, то аъзоёни ташкилотҳои террористиро паноҳгоҳ бидиҳанд. Барои ҳамин, интихоби мавқеи духӯрагӣ нисбати ҳаракатҳои террористӣ- экстремистӣ ба вуҷуд омадааст ва бештари кишварҳо дар мубориза бар зидди ҳаракатҳои мутаассиб ба як қатор монеаҳо дучор гардида истодаанд, чандин мушкилотро ба миён меоранд.

Ҳамин тавр, ҷомеаи ҷаҳониро лозим аст, нисбати гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ба як андеша биёянд ва хатари онҳоро аз як дидгоҳи ҳамоҳангшуда дида тавонанд, дар сурати ғайр, ин мушкилот тӯли асрҳо ҳамчун фоҷиа болои халқҳо ва миллатҳои дунё боқӣ хоҳад монд.

Ҷаҳонгир Маҳмадзоир,
мутахассиси пешбари Раёсати
таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии
МТСи назди Президенти
Ҷ
умҳурии Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь