Дар вазъияти имрӯзае, ки ҷаҳони муосир дорад, омилҳои зуҳури аз чанд ҷиҳат нодида гирифтани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, тахриб кардани онҳо ва ғаразнокии кишварҳои ба истилоҳ, мутарақии демократиро баёнгар аст. Бо баҳонаи таъмини демократия ва риояи ҳуқуқи инсон чанд кишвар, аз ҷумла, Ироқ, Либия, Сурияро ба оташи хоку хун кашида, ба харобазор табдил додану миллионҳо нафар сокинони ин кишварҳоро бераҳмона қатл, бехону мон ва гуреза кардани Нерӯҳои Муттаҳидаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) ва дар чанд кишвари дигар ба вуҷуд овардани нооромиҳои зиддидавлатӣ амали дуруст ва риояи санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмилалӣ будаву аз ҳуқуқи аксарияте, ки дархости кӯмак карданд, ҳимоя намудани як кишвари бузурги дигар нишони ғасбкорӣ будааст.

Чунин муносибати духӯра ба меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ки имрӯз намунаи барҷастаи он дар мисоли қарорҳои Созмони Милали Муттаҳид ва амали кишварҳои ба истилоҳ, мутараққӣ ба назар мерасад, касро ба андеша водор месозад. Ба манфиати худ истифода бурдани муқаррароти санадҳои байналмилалӣ масъалаи ниҳоят нозуку ҳассоси ҳуқуқист, зеро мазмуни онҳоро пурра зери суол мебарад.

Ҷанг ҳамеша ва дар ҳама ҳолат маҳкумшаванда аст, зеро ҳеҷ гоҳ роҳи ҳалли масъала буда наметавонад, чунки оқибатҳои ногувори он ба ин роҳ намедиҳад. Аммо ногузир ба ҳолати ҷангӣ рӯ ба рӯ сохтан ҳам маҳкумшавандатар аз ҷанг аст.

Сухани мо асосан атрофи санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмилалиест, ки аз лиҳози таъйиноти тахассусӣ бояд назму низоми ҷаҳониро барқарор, таъмин ва пойдор гардонанд. Риояи конвенсияҳои байналмилалӣ, талаботи қарорҳои Созмони Милали Муттаҳид, ки қаблан пазируфта шудаанд ва аҳдномаҳои байналмилалӣ, ки аксарият эътироф кардаанд, то ин замон шарти муҳим дониста мешуд.

Аммо ин ҳолате, ки имрӯз ҷаҳон дорад, хеле нигаронкунанда аст, зеро айнан ҳамон масали мардумии “ҳарф дигару амал дигар”-ро мемонад. Вазъи нангину сангини мардуму кишвари Афғонистони имрӯза дар ҷаҳони “мутамаддину демократӣ”, ки онро ба ҳоли худ партофтааст, хеле таҳлукаангез аст. Ҳолати чандин кишварҳои дигар ҳам, ки “инқилобҳои ранга”-ро таҷриба кардаанд, шигифтангез аст.

Ин ҳама ҳолатҳое, ки қаблан буданд ва имрӯза вазъияти ҳассосе, ки ҷаҳони муосир дорад, бори дигар моро ба он нукта мувоҷеҳ месозад, ки бузургтарин неъмат амният, субот ва осоиштагист, зеро дар чунин сурат дар бораи ҳуқуқи инсон ва эҳтирому риояи он сухан гуфтан мумкин аст.

Роҳбарии хирадмандона ва дурандешонаю вазъшиносонаи сиёсии роҳбарони давлатҳо ҳам хеле муҳим аст. Хушбахтона, кишвари азизи мо ин ҳамаро дорад. Дар чунин шароит аз ҳар як фарди соҳибшуур тақозо мешавад, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва барои ҳифзи чунин неъматҳои бебаҳо кӯшиш намояд.

Абдуфайёз ШАРИФЗОДА,

ҳуқуқшинос

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь