Яке аз хурофазадагии асри имрӯз даъвои он аст, ки танҳо низомҳои динӣ гуё метавонанд мардумро ба саодат бирасонанд ва дунявияту низоми мардумсолорро ба ҳайси як низоми бидъат ва ғайриахлоқӣ таллаққӣ мекунанд. Ин навъи хурофот бештар марбут ба гурӯҳҳоест, ки аз дин ва боварҳои мардум сиёсат месозанд ва ба хотири расидан ба қудрат онро ба ҳайси як гузина истифода менамоянд.

Мусаллам аст, ки як марҳилаи муайяни замони зиндагии башарият чӣ дар Аврупо ва чӣ дар соири кишварҳои дигар, динҳо ба ҳайси дастурҳои сиёсӣ хидмат намуда, як муддати муайян вазифаи ҳокимияти сиёсӣ низ бар души онон буд ва тамоми қавонини идоракунии иҷтимоӣ дар чорчӯбаи  дастуроти фиқҳиву шариатӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар фарҳанги аврупоӣ ин марҳила бо номи асрҳои миёна ёд мешавад, ки муддати ҳазорсоларо дар бар гирифтааст ва тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию сиёсиро ниҳодҳои диниву калисо қабз намуда, танҳо аз рӯи дастуроти китоби муқаддас низоми идоракуниро ба роҳ монда буд. Аз он даврон то ҳанӯз дар Аврупо ба ҳайси давраи тираю тор ва даврони зулму истибдод ёд мешавад, ки ҳазорон ҳазор донишмандону дигарандешон бо сабаби мухолифати андешаашон бар низоми мавҷудаи сиёсии динӣ мавриди инквизатсия қарор гирифтаанд.

Пас, дар он айёми торике агар касе дар роҳи тахқиқи воқеъияти динҳо мепардохт бояд ё пардапушона амал мекард ё ҷуз хомуш будан чораи дигаре надошт. Вале баъд аз оне ки нури дониш ҷаҳонро мунаввар намуд ва сиапас тамаддуни навин ба миён омад ором-ором дар Аврупо хурофоту мавҳумпарастӣ аз байн рафт ва дунёро аз тасаллути ҷобиронаи руҳониён наҷот бахшид ва бисоти кашишбозӣ ва дастгоҳи ваҳшиёнаю махуфи инквизатсия аз байн бурда шуд.

Ҷомеаи аврупоӣ дар роҳи расидан ба дунявият ва ҷомеаи мардумсолор ҳазорон ҳазор донишмандонро қурбонӣ намуда, то ба дараҷаи имрӯзи ҷомеаи мутамаддини дунявӣ бирасад. Иддае аз кишварҳои шарқӣ низ дар саду панҷоҳ соли гузашта тавонистаанд ба низоми дунявӣ бирасанд ва ҷомеаи хешро ҳампояи кишварҳои аврупоӣ гардонанд. Дар ин роҳ омилу сабабҳо ва расидан ба ин поя гуногун будаанд.

Вале гурӯҳҳои фурсатталаби исломгаро ҳамеша барои расидан ба қудрат ва дубора қабз кардани ҳокимияти сиёсӣ дар ин кишварҳо сели борони таассубу хурофот ва арзишҳои пучу бебунёдро дар қолабҳои ҷаззобу дилфиреб ба мисли курраҳои рангии дарунхолӣ пешкаши тудаҳои мардум кардаанду мекунанд. Дар истилоҳ ва корбурди ин гурӯҳ агарчӣ мафҳумҳое аз қабили давлат, миллат ва озодӣ садо медиҳанд, вале ҳеҷ гоҳ онҳо на дар дифоъ аз давлату миллати хеш, балки бар алайҳи миллат ва мардуми хеш қарор мегиранд.

Онҳо ҳимоят аз авомиле мекунанд, ки ҳеҷ гоҳ миллат ва мардуми хешро ба пешрафт намерасонад ва санге дар масири рушд будаанду ҳастанд. Зеро афкори таассубзадаву хурофотӣ ва ғайримантиқиву бебунёд мардумро ба ҷаҳолату нодонӣ савқ медиҳад ва аз онҳо миллиятро салб мекунад. Ин ҳолатро метавон дар аксари кишварҳое, ки сохти сиёсии динсолор доранд, бармало мушоҳида намуд.

Мутаассифона, дар кишварҳои шарқӣ, бахусус дар кишварҳое, ки бошандагонашон мусалмононанд, гурӯҳҳои муайян аз бовару эътиқоди онон истифода намуда хурофот мебофанд ва яке аз хурофотҳои маъмулӣ ин аст, ки ин навъи гурӯҳҳои сиёсӣ ҳамагуна саодат ва пешрафтро даргузашта мебинанд ва ҳамин гуна онро ба як марҳилаи гулгулшукуфт ё марҳилаи тиллоӣ ёд мекунонад.

Агар ба воқеъияти ин гуфтор таваҷҷӯҳ намоем, аслан ҳамон марҳилаи гулгулшукуфт манзур осор ва эҷоди нафаронеро дар назар доранд, ки дар чорчубаи хирадгароиву озодандешӣ ва берун аз дастуроти шаръӣ бо такя ба улуми мантиқиву табиӣ кашфиётҳоеро анҷом додаанд ва ба дасти мутаассибону хурофазадагони замони хеш мавриди шиканҷа ё ҳиҷрат қарор гирифтаанд.

Дар ин росто метавон ба мисли Ибни Ровандӣ, Закариёи Розӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Умари Хайём ва садҳо нафари дигарро ном бурд, ки ҳамеша аз дасти таассубзадагони айёми хеш ранҷ дида. Дар сарсонӣ ба сар бурдаанд. Ин навъ дурӯғбофӣ ва шайёдӣ як навъ мағзшӯие аст, ки мардумро гумроҳ мекунанд ва ононро хаёлан ба нокуҷоободи таърих савқ медиҳанд. Гурӯҳе, ки исломгароӣ ё ҷомеаи исломиро таблиғ мекунанд, нафаронеанд, ки бозори хурофафуруширо дар авҷ нигоҳ медоранд ва тавассути он мехоҳанд мардумонро дар бумбаст, нодонӣ  ва ҷаҳолат нигоҳ медоранд.

Исломгароён одатан то замони расидан ба қудрат аз мафҳумҳое аз қабили ҳуқуқи башар, озодии инсон, мардумсолорӣ  ва амсоли ин ба таври густурда истифода менамоянд. Аз демократияе ҳарф мезананд, ки назирашро ҷаҳон надидааст, вале вақте ба қудрати сиёсӣ бирасанд ҳамаро канор мегузоранд ва аслан дар муқобили мардумсолорӣ ва ҳуқуқи башар қарор мегиранд.

Онҳо аксаран даъво мекунанд, ки гӯё эҳёгари маънавӣ ва бозгашт ба асри тиллоии дин бошад ва тамоми муқаддасоти диниро барои ҳимоят аз худ ва собит намудани гуфтаҳояшон мавриди суистифода қарор медиҳанд. Худро чунон вонамуд мекунанд, ки онон аслан иродаи холиқ ва фармудаҳои онро барои ҷомеаи башар дар миён мегузоранд. Яъне худро ҳамчун як пуле ё пайвандгаре байни замину осмон нишон медиҳанд.

Дар байни тудаҳои мардум худро инсони муъҷизаосо ва ба қавле “худодод” ё “хоса” ҷилва медиҳанд. Онҳо аз бовари мардум суистифода намуда, мухолифини хешро бо барчаспҳои гуногун мавриди таҳқир қарор медиҳанд. Ба ин восита дар ҷомеаҳои суннатгарою анъанавӣ тарсро дар дили рушангарону дигарандешон ба вуҷуд меоваранд. Яъне ба тарзе исломгароён то расидан ба қудрат чеҳраи дигар доранд ва аз афсонаю асотири дигар истифода менамоянд ва ба мардум ваъдаи биҳишту саодат ва ахлоқу одамият медиҳад. Вале чун ба қудрат мерасанд, ба баръакси хеш табдил меёбанд ва барои низоми ҳокимияти сиёсии хеш аз бадтарин шеваҳои саркӯбгар истифода менамоянд.

Ин гурӯҳ аслан нодониро бар доноӣ, ҷаҳлро бар хирад, зулмотро бар нур тарҷеҳ медиҳанд. Ҳамин аст, ки онҳо ҳамеша аз нодониву зудбоварӣ истифода менамоянд ва тудаҳои мардумро гул мезананду мефиребанд. Ҳамаи навъҳои ҳокимияти теократии имрӯзӣ нишон додаанд, ки ҳеҷ кадоме аз ин навъи низомҳои сиёсӣ низоми комил ва муваффақ набудаанд ва буда ҳам наметавонанд.

Ин пеш аз ҳама ба он вобастагӣ дорад, ки ҷаҳони имрӯзро, ки ҷаҳони дониш фанноварӣ ва техникӣ аст, онро бо шеваҳои асри миёна нашояд идора намуд. Зеро он шеваҳои идоракунии асри миёнагӣ марбут ба ҳамон тафаккур ва ҳамон тарзи зиндагӣ аст.

Инсони имрӯзиро бо он шеваҳо идора кардаанд ва ё дар ҳамон сатҳи ҷаҳонбинию ҷаҳонфаҳмӣ нигоҳ доштаанд ғайри имкон аст ва он ҳамеша мавриди бархӯрди байни ақшори ҷомеа ва ҳокимияти сиёсӣ қарор мегирад. Аз тарафи дигар, ин шева мардумонро ба барда табдил дода, ҷомеа ва давлату миллатҳоро осебпазир мегардонад.

Муқовимати иҷтимоиро аз байн мебарад ва ҳараҷу мараҷ ба миён оварда, заминаҳои миллиятро дар баданаҳои иҷтимоӣ аз байн мебарад. Ба ҷои ин ки инсонҳоро ба саодату хушбахтӣ бирасонад, онҳоро ба фақри маънавию  иқтисодӣ ва фақри ахлоқӣ гирифтор менамоянд.

Бо назардошти нуктаҳои дар боло ишора шуда зарур аст, ки он гурӯҳҳое динҳоро таблиғ мекунанд аз онҳо сиёсат месозанд ва ба мардум ваъдаҳои осмонӣ медиҳанд дуруст шинохта шаванд, зеро имрӯз ҳар ҷомеа ва ҳар кишвар танҳо аз роҳи дунявияту мардумсолорӣ метавонад ба пешрафт ноил гардад. Мардумонашро ба саодат бирасонад ва озодиву ҳуқуқи башарро барои онҳо таъмин созад.

Имрӯз дигар бо роҳи дурӯғгӯиву хурофафурушӣ намешавад мардум ва ҷомеаро пешбурд ва онро ба сатҳи кишварҳои ҷаҳон расонид. Дар замоне, ки инсоният аз фанноварии ҳушманд кардани заррот истифода менамояд ва ба сайёроти дигар роҳ мепаймояд барои миллату мардуми хеш тарвиҷ кардани донишҳои бебунёд ононро раҳнамун кардан ба самти нобудиву фано аст. Чун дар замоне ки дар ҳар бисту чор соати шабонарӯз ҳазорон навъи кашфиётро олимони ҷомеа ва кишварҳои дунёвию мардумсолор ба мардумони хеш арза медоранд, ба ҳаммилатону ҳаммеҳанони хеш ироа доштани афкори бебунёд, пуч ва тахрибгар ононро ба вопасгароӣ ва натиҷатан ба бардагиву нобудӣ мекашонад, ки ҷои сахт нигаронист.

Исомиддин ШАРИФЗОДА,

номзади илмҳои фалсафа,

мудири кафедраи гуманитарии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь